ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 100

Абулҳасани Муншӣ

Дар навиштани хатҳои арабӣ маҳорат дошт. Аз осори ӯ як нусхаи девони Носири Хусрав бо хати настаълиқ боқӣ мондааст, ки дар Китобхонаи миллии Теҳрон маҳфуз аст.

Абулҳасани Насавӣ

Дар сарчашмаҳо бо шакли навишти арабии Абу-л-Ҳасан Алӣ ибн Аҳмад ан-Насавӣ вомехӯрад. Абулҳасани Насавӣ шогирди Ҳушёри Гелонӣ Ҷилӣ буд. Фаъолияти илмиаш асосан дар шаҳрҳои Рай ва Исфаҳон дар дарбори султони сулолаи Бувайҳиён Маҷдуддавла ва дар ша ...

Абулҳасани Нурӣ

Абулҳасани Нурӣ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, мулаққаб ба "Амирулқулуб" ва "Қамаруссуфия" - яке аз мутасаввифони машҳури форс-тоҷик.

Абулҳасани Омирӣ

Дар зодгоҳаш ба таҳсили улуми динӣ пардохта, баъдҳо ба Балх сафар кард ва назди донишманд Абуязиди Балхӣ ба омӯзиши фалсафа пардохт. Баъди марги устодаш ба Бухоро ва аз он ҷо ба Чоч омад ва дар он ҷо назди фақеҳ Абубакри Каффол илми фиқҳ ва калом ...

Абулҳасани Оғоҷӣ

Ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти шоирии ӯ дар зодгоҳаш Бухоро гузаштааст. Баъди дар илму дониш ва шоирӣ шӯҳрат ёфтан, ӯро соли 977 ба дарбори шоҳи сомонӣ – Нӯҳ ибни Мансур ҳукмронӣ 976 – 997 даъват намуданд. Абулҳасани Оғоҷӣ ба забони арабӣ ва форсӣ- ...

Абулҳасани Пушангӣ

Аз аҳли Пушанги Ҳирот буд. Зодгоҳи худро дар овони ҷавонӣ тарк карда дар Нишопур иқомат ихтиёр намуд. Ҳангоми дар Ҳирот буданаш аз Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Абдурраҳмону Ҳасан Идриси Ансорӣ ва дар Нишопур аз Абуусмони Хайрӣ илми ҳадис омӯхт. Абулҳа ...

Абулҳасани Симҷурӣ

Абулҳасани Симҷурӣ маҷмӯан наздик ба сӣ сол дар мақоми сипаҳсолории ҳукумати Хуросон буд. То замони интихоби ӯ ба вазифаи шаҳнагии Нишопур 954 дар девони Бухоро фаъолият дошт. Пас аз қатли Бакр – сипаҳсолори Хуросон, мақоми сипаҳсолорӣ насиби Абу ...

Абулҳасани Харақонӣ

Пас аз таҳсили улуми мутадовила ва расидан ба иршод ба умури тасаввуф машғул шудааст. Бо касби деҳқонӣ рӯз мегузаронд. Дар замони зиндагиаш дар байни хосу ом шӯҳратёр гардида буд. Мувофиқи маълумоти манобеи диниву адабӣ Абулҳасани Харақонӣ бо ашх ...

Абулҳасани Шозилӣ

Абулҳасани Шозилӣ Алӣ ибни Абдуллоҳ, мулаққаб ба Тоҷуддин - мутасаввифи машҳури араб, муассиси силсилаи шозилия.

Абулҳасани Ҳамадонӣ

Асари машҳуртаринаш "Такмилаи Таърихи Табарӣ" буда, замимаест ба "Таърихи Табарӣ". Дар китоби худ ба ғайр аз шарҳи географӣ ва топографии шаҳрҳои Ҳамадон, Нишопур, Ҷом, Сабзавор, Астаробод, Бағдод, ҳамчунин оид ба этнографияи аҳолии ин шаҳрҳо маъ ...

Абулҳақи Бухороӣ

Абулҳақи Бухороӣ асосан дар хидмати салотини Темуриёни Ҳинд будааст. Абулҳақи Бухороӣ дар таърих ва география осори қобили таваҷҷӯҳе аз худ гузоштааст. Китоби "Таърихи Ҳаққӣ" аз маъруфтарин таълифоти ӯ дар илми таърих буда, шомили иттилооти фаров ...

Абулҳусайн Аҳмад

Абулҳусайн Аҳмад ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Ҳасан машҳур ба Ҳасани Алавӣ - яке аз умарои Табаристон дар аҳди Сомониён.

Абумансур

Аз ашрофи шаҳри Туси Эрон. Муддате ҳокими ҳамин шаҳр буд. Солҳои 947 – 951 якчанд бор сипаҳсолори Хуросон таъйин гардида, боз маъзул шудааст. Давраи нисбатан оромтари сипаҳсолории ӯ солҳои 951 – 963 мебошад. Абумансур ба таърихи куҳани Эрон, ҳамо ...

Абумансур Азҳарӣ

Абумансур Азҳарӣ Муҳаммад ибни Нӯҳи Ҳиравӣ - адиб ва забоншиноси эронинажоди арабзабон. Ба забони арабӣ эҷод кардааст. Аввал дар зодгоҳаш, сипас дар Бағдод таҳсил кардааст. Мувофиқи маълумоти Ёқути Ҳамавӣ Азҳарӣ соҳиби 70 асари илмию адабӣ, аз қа ...

Абумансур Ҳусайн

Илмҳои тиб, мусиқӣ, фалсафаро дар зодгоҳаш шаҳри Исфаҳон аз бар намуд. Аз шогирдони боистеъдоди Абуалии Сино буда, бисёр илмҳои замонашро аз ӯ омӯхтааст. Дар илмҳои риёзиёт, фалсафа, ҳадис ва тиб таълифоти зиёд дорад, ки "Ал-ихтисор мин-ат-табииё ...

Абумансури Бухорӣ

Дар аҳди Сомониён зиндагӣ кардааст. Оид ба тиббу табобат таълифоти бисёр дорад: "Рисола андар илоҷи амрози садр" "Тарзу усулҳои муолиҷаи бемориҳои қафаси сина", "Китобу ғино ва муно", "Маҷмӯаи кабир дар адвияи муфрада", луғати тиббии "Ал-Манвир". ...

Абумансури Муваффақ

Абумансури Муваффақ ибни Алии Ҳиравӣ - табиб ва дорушиноси тоҷик. Ном ва таълифоти Абумансури Муваффақро ҳеҷ як аз соҳибони осори асримиёнагӣ зикр накардаанд.

Абумаъшари Балхӣ

Дар Аврупо бо номи Абумасар машҳур аст. Бино ба маълумоти баъзе маъхазҳо Абумаъшари Балхӣ бештар аз 100 сол умр дидааст ва зиёда аз 30 асар таълиф намудааст. "Мадхал ила илми аҳком-ин-нуҷум" "Мадхали илми ҳукми нуҷум" ном асри ӯ дар Европа машҳур ...

Абумаҳмуди Хуҷандӣ

Фаъолияти илмии Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳрҳои Бағдод ва Рай гузаштааст. Замони зиндагии Абумаҳмуди Хуҷандӣ ба давраи ҳукмронии Давлати Сомониён 825 - 999 рост меояд.

Абумузаффар Абевардӣ

Дар зодгоҳаш таҳсил карда ба камол расидааст. Бо мақсади таҳсили илм ба баъзе кишварҳои Арабистон сафар кардааст. Дар мадрасаи "Низомия" -и Бағдод муддате вазифаи китобдориро ба ӯҳда дошт. Дар асари Ёқути Ҳамавӣ "Мӯъҷам-ул-удабо" зимни маълумот о ...

Абумуслими Хуросонӣ

Ном ва кунияи Абумуслими Хуросонӣ аввал Беҳзодон Пурвандод Ҳурмузд بهزادان پورونداد هرمزد буда, сипас номашро ба Абдурраҳмон ибни Муслим ва кунияашро ба Абумуслими Хуросонӣ иваз намуд. Мутобиқи ҳаккокии сиккаҳои давраш номи расмиаш "Абдурраҳмон и ...

Абумуслимия

Абумуслимия, - наҳзати фикрӣ ва иҷтимоӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр. Ин ҳаракат асосан баъди қатли Абумуслими Хуросонӣ бо сабаби хунбаҳои ӯ ба вуҷуд омад. Гурӯҳҳое Кисония ва Разомия эътиқод доштанд, ки Абумуслим намурдааст ва рӯҳаш ба дигаре ҳулул ...

Абунаср

Абунаср, номи пуррааш Абунаср ибни Муҳаммад, машҳур ба Бунасри Мутриб - мусиқидон, навозанда ва сарояндаи форсу тоҷик.

Абунасри Мансур

Абунаср Мансур ибни Алӣ - ахтаршинос ва риёзидони хоразмӣ, яке аз се тан касоне, ки кашфи қонуни синусҳоро ба вай нисбат додаанд. Муаллими Абурайҳони Берунӣ.

Абунасри Мушкон

Пас аз таҳсили улуми мутадовилаи давр ба хидмати давлати Ғазнавиён дохил шуд. Муддати 30 сол дар девони рисолати султон Маҳмуди Ғазнавӣ ҳукмронӣ 998 - 1030 ва писари ӯ Масъуди Ғазнавӣ ҳукмронӣ 1030 - 1041 вазифаи дабириро ба ӯҳда доштааст. Дар да ...

Абунасри Толиқонӣ

Дар тазкираҳо аз ӯ чун шоири дарбори Салҷуқиён ва вазири машҳур – Низомулмулк 1017 – 1092 сухан меравад. Девонаш дастрас нагардидааст, вале қасоиди бисёре аз ӯ дар тазкираҳо омадааст, ки баъзеи онҳо дар мадҳи Низомулмулк мебошанд. Ба ғайр аз ин а ...

Абунасри Қубовӣ

Дар баъзе манобеъ ва асарҳои таҳқиқӣ нисбаи ин шахс Бухороӣ омадааст. Аз корҳои ба анҷом расонидаи Абунасри Қубовӣ тарҷумаи "Таърихи Бухоро" -и Наршахӣ мебошад. Наршахӣ ин асарро барои ҳукмрони сулолаи Сомониён Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ навишта буд. ...

Абунувос

Дар ҷавонӣ аз падар маҳрум шуд. Ҳамроҳи модараш ба Басра кӯчида, дар назди Волиба ибни Ҳубоб ном шоири араб аз шеъру шоирӣ сабақ гирифт. Пас аз муддате Абунувос дар шоирӣ шӯҳрат ёфт ва ба Бағдод рафта, дар силки шоирони дарбори халифаҳо Ҳорунурра ...

Абурайҳони Берунӣ

Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ - яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашиноси тоҷику форс.

Абусаид (ҳоким)

Абусаид, ҳокими Самарқанд - писари Кӯчкинчихон аз сулолаи Шайбониён, бародари Абдуллоҳхони I. Бо супориши Абусаид дар ҷануби Регистони Самарқанд мадрасаи кабудгунбази "Чилдухтарон" -ро бино кардаанд, ки дар он Кӯчкинчихон бо се писараш, аз ҷумла ...

Абусаид Баҳодурхон

Абусаид Баҳодурхон пас аз марги падараш ӯлҷойтухон 1316 дар Табрез ба тахти салтанат нишаст, вале чун ҷавон буд, қудрати воқеӣ дар дасти амир Чӯпон қарор дошт. Авзои сиёсии ин давра ба сомон набуд; амирони муғултабор пай дар пай қиём мебардоштанд ...

Абусаид Махдум

Аз оилаи мударрисоли Дар Мадрасаи Тиллокории Самарқанд таҳсил кардааст. Аз овони ҷавонӣ ба таъриху маданияти тоҷик ва дигарон халқҳои Осиёи Миёна шавқи зиёд дошта, ҳангоми таҳсил дар мадраса бисёр асарҳои таърихиро гирдоварӣ ва китобат намудааст. ...

Абусаид Маҳзум

Яке аз ёрдамчиёни ихтиёрии В. Л. Вяткин. Ӯ дар ҷамъоварии ривоятҳои халқӣ оид ба расадхонаи Улуғбек бо В. Л. Вяткин ҳамкорӣ кардааст. Маълумотро оид ба ҳамин расадхона аз дастхатҳои шарқӣ ва ёфта рӯнавис намудааст. Барои муайян кардани ҷои расадх ...

Абусаид Мирзо

Абераи амир Темур, набераи Мироншоҳ. Кӯдакӣ ва навҷавониашро дар Самарқанд назди Улуғбек сипарӣ кардааст. Ҳангоми қатли Улуғбек бо ҳукми Абдуллатиф дар зиндон буд, лекин баъди марги ӯ аз асорат раҳоӣ ёфта ба Бухоро рафт. Баъдтар бо кӯмаки Абулхай ...

Абусаиди Гургонӣ

Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нагардидааст. Аз ашъори боқимондааш бармеояд, ки ӯ дар онҳо андешаву матлабҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, танқиди зулму золимӣ, мубориза ба муқобили бемаърифативу мардумозории баъзе аъёну ашроф инъикос ёфтаанд. Мувофиқи маълумо ...

Абусаиди Санҷарӣ

Бо Аҳмад ибни Саффорӣ ва Иззуддавлаи Дайламӣ ҳамзамон буда, бо онҳо робитаи илмӣ доштааст. Аз осори боқии ӯ "Ҷомеи Шоҳӣ", "Таҳсил-ул-қавонин" "Тартиб додани қонунҳо", "Зоиҷот-ул-кавокиб" "Зиҷи ситораҳо", "Таҳсил-ул-қавонин-ил-ҳандаса ал-маҳдуда" ...

Абусаидхон

Ҳангоми хони Бухоро буданаш байни аҳли дарбор барои соҳиб шудан ба тахту тоҷ низоъҳои бисёре рух дода буданд. Абусаидхон олими машҳури соҳаи тасаввуф ва муриди вазираш Офоқхоҷа буд.

Абусайиди Сиҷзӣ

Асарҳои Абусайиди Сиҷзӣ бештар ба шаклсозиҳои геометрӣ, буришҳои махрутӣ конусӣ, вобастагии гипербола ба асимптотаҳояш, трисексияи кунҷ, масъалаҳои нуҷум ва ба сохти афзори мунаҷҷимӣ бахшида шудаанд. Қариб 30 рисолаи Абусайиди Сиҷзӣ то давраи мо ...

Абусаҳли Масеҳӣ

Аввал дар дарбори оли Маъмун дар Хоразм зиндагӣ ва фаъолият дошт. Абусаҳли Масеҳӣ устод ва дӯсти наздики Ибни Сино буда, дар Хоразм ҳамроҳ кор кардаанд. Ҳарду узви маҷлиси уламои Абулаббоси Маъмун буданд. Баъди истилои Хоразм аз ҷониби Султонмаҳм ...

Абусаҳли Саълукӣ

Дар зодгоҳаш таҳсил намуда ба камол расидааст. Сипас барои давом додани таҳсил ба Басра рафта, солҳои зиёде он ҷо зиндагӣ кардааст. Ба зодгоҳаш баргашт. Бо даъвати аҳли илму адаби Нишопур ба ин шаҳр кӯчид ва ба тадрис машғул шуд. ӯ чун донишманди ...

Абусимбал

Абусимбал - сахра дар соҳили ғарбии дарёи Нил, ки дар он дар давраи ҳукмронии Рамзеси II - ду ибодатхонаи машҳури Мисри Қадим тарошида шудааст.

Абусулаймон Банокатӣ

Зодгоҳаш Банокат – шаҳре дар Мовароуннаҳр аст, ки баъдҳо Шоҳрухия ном гирифт. Падараш Тоҷуддин аз уламои дин буда, писараш Фахруддинро ҳамчун марди шоиру донишманд тарбия кардааст. Банокатӣ соли 1301 дар дарбори хони муғул Ғазанхон ба мақоми фахр ...

Абусулаймони Мантиқӣ

Роҷеъ ба аҳволу осори ӯ шогирдонаш, аз ҷумла Абуҳайёни Тавҳидӣ ва Ибни Надим иттилоъ додаанд. Дар "Ал-Феҳрист" Ибни Надим дар ду маврид аз Абусулаймони Мантиқӣ ёд кардааст, вале таълимоти ӯ тавассути Абӯҳайёни Тавҳидӣ то ба рӯзгори мо омада расид ...

Абусууди Курдӣ

Маълумоти ибтидоиро аз падараш дар Инодияи Курдистон гирифт. Сипас барои идомаи таҳсил ба Истанбул рафт. Соли 1539 ба мансаби қозии аскар ва соли 1547 ба мансаби шайхулисломӣ расид. Абусууди Курдӣ дар баробари иҷрои корҳои давлатӣ оид ба илми фиқ ...

Абутайиби Мусъабӣ

Аз ишораҳову тавсифҳои сарчашмаҳои адабӣ масоли, "Лубоб-ул-албоб" -и Муҳаммад Авфии Бухороӣ бармеояд, ки шахси донишманд, соҳибмаърифат ва сиёсатмадор будааст. Аз шеъри дар васфи Рӯдакӣ сурудааш маълум мешавад, ки бо ин шоир дӯстӣ ва рафоқат дошт ...

Абутайиби Сарахсӣ

Аз шоирони давраи Сомониён. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Дар тазкираҳо масоли, "Маҷмаъ-ул-фусаҳо" -и Ҳидоят намунаҳои ашъораш омадаанд. Абёти зерин аз ӯст: Эй подшоҳи рӯи замин, давр аз они туст, Андешаи тақаллуби даврон куну замон. Бехе ...

Абутайиби Тоҳир

Аз донишмандони илми мусиқии аҳди Сомониён. Асосҳои амалӣ ва назариявии мусиқиро назди Абулаббоси Сарахсӣ вафот 899, Аҳмади Сарахсӣ вафот 901, Абулаббоси Бахтиёр вафот 920 омӯхтааст. Дар омӯзишу тарғиби осори хаттии паҳлавӣ, шарҳу тафсири асарҳои ...

Абутаммом Ҳабиб

Аз насрониён буд, вале ба дини ислом гаравид ва худро ба қабилаи Тай нисбат медод. Ба кишварҳои гуногуни араб – Шом, Миср, Ироқ сафар кардааст. Муддате дар хидмати дарбори халифа Муътасим буд.

Абутоҳири Тартусӣ

Дар баъзе сарчашмаҳо бо номи Тарсусӣ низ зикр шудааст. Абутоҳири Тартусӣ дар сарчашмаҳо муаллифи достонҳои "Абумуслимнома", "Қаҳрамоннома", "Искандарнома", "Қирони Ҳабашӣ", "Мусайибнома", "Қиссаи Ҷамшед", "Ҳушангнома", "Доробнома", "Айёрнома" ёд ...

Абутоҳирхоҷа

Аз Абутоҳирхоҷа асарҳои "Самария" "Ахлоқи Музаффарӣ" боқӣ мондаанд. Муҳимтарин асари таърихии Абутоҳирхоҷа китоби "Самария" аст, ки солҳои 30 асри XIX таълиф шудааст.Китоб аз муқаддима ва 11 боб иборат буда, воқеаҳои таърихии Самарқанд ва навоҳии ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →