ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 106

Айюбиён

Айюбиён - сулолаи султонҳои Миср, ки баъди Фотимиён - хонадони халифаҳои араб ба тахти ҳокимият соҳиб шуданд. Асосгузори ин сулола амири курд Салоҳуддин Юсуф ибни Айюб – собиқ вазири халифа Ал-Адид аст, ки ӯро соли 1171 аз тахт барандохта буд. Ай ...

Айюқ

Айюқ - ситораи равшантарини бурҷи Мумсикулъинон ва наздиктарин ба Қутби Шимолӣ, шашумин ситораи равшан дар осмони ситоразор. Дар номи бурҷ дар асотири юнонӣ худои баҳр Посейдон ифода ёфтааст. Номи Айюбӣ дар лавҳачаҳое, ки зиёда аз 2 ҳазор сол то ...

Академизм

Академи́зм - равияи соф назариявии санъати тасвирӣ, илм ва фарҳанг. Академизм дар академияҳои рассомии асрҳои 16 - 19 маъмул буд. Назарияи академизм ба догма асос ёфта, рассом аз доираи он берун намерафт; нусхабардории намунаҳои санъати тасвирии ...

Академияи Афлотун

Академияи Афлотун - иттиҳоди динию фалсафиест, ки тақрибан соли 387-и то милод Афлотун таъсис дода буд; мактаби Афлотун то садаи VI-и милод вуҷуд дошт.

Академияи илмҳо ва ҳунарҳои синамо

Беш аз 4 ҳазор аъзоро муттаҳид менамояд, ки аксарашон намояндагони барҷастаи эҷодӣ ва маъмурии Голливуд ҳастанд. Аз 12 бахш - режиссёрӣ, актёрӣ, сенариянависӣ, композиторӣ, продюсерӣ ва ғайра иборат аст. Дорои бойгонӣ, китобхона, толори намоишдиҳ ...

Академияи санъати театрии Русия

Академи́яи санъа́ти театри́и Руси́я - бузургтарин мактаби олии таълимии санъати театрӣ дар Русия, ки соли 1991 дар заминаи Институти давлатии санъати театрии Москва ба номи А. В. Луначарский ташкил шудааст.

Академияи шеъри ҷаҳон

Акаде́мияи шеъри ҷаҳо́н, Фарҳангистони шеъри ҷаҳон - иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалии адабӣ, фарҳангии ғайридавлатӣ, ки дар асоси принсипҳои демократӣ, озодии сухан, баробарҳуқуқии ҳамаи аъзояш амал мекунад.

Акарапидози занбӯр

Акарапидози занбӯр, акароз, акариоз - касалии занбӯри асал, ки канаи Acarapis Wo odi Rennie ба вуҷуд меоварад. Бори нахуст соли 1904 дар ҷазираи Уайт Англия ба қайд гирифта шудааст. Барангезандаи акарапидози занбӯрро соли 1920 олими шотландӣ Ҷ. Р ...

Акарисидҳо

Акарисидҳо - моддаҳои химиявие, ки барои нобуд кардани канаҳо таъйин шудаанд. Барои несту нобуд кардани канаҳои растанихӯр инсектисидҳои фосфорорганикӣ, хусусан инсектисидҳои системавӣ аҳамияти калон доранд. Спиртҳои ароматӣ, эфири кислотаҳо, сул ...

Акароз

Акароз, хоришак - касалии музмини ҳайвонот, ки бо хоришу илтиҳоби пӯст ҷараён мегирад. Ангезандаҳои касалӣ хоришканаҳо мебошанд. Сироят ҳангоми тамос бо ҳайвони касал, ҳамчунин аз ашёи нигоҳубини чорво, ки дар онҳо канаҳо ҷой доранд, ба вуҷуд мео ...

Акарология

Акарология "кана" ва λόγος "илм") - як фасли зоология, ки канаҳоро меомӯзад. Акарология бахше аз арахнология илм дар бораи тортанакшаклон аст. Акарология доир ба анатомияи муқоисавӣ, эмбриология, физиология, экология, зоогеография, филогения ва т ...

Акартан

Акартан - як навъ акарисид. Барои нобуд кардани канаҳои растанихӯр, занбӯруғҳои касалиовари пахта, дарахтони меваи ситрусӣ ва зироат истифода мекунанд. Барои одаму ҳайвон зарар дорад.

Акбари Бузург

Акбар Абулфатҳ Ҷалолуддин Муҳаммад, машҳур бо Акба́ри Бузург - сеюмин ва машҳуртарин подшоҳи Ҳиндустон аз силсилаи Темуриёни Ҳинд, арбоби давлат, сарлашкар.

Аквамарин

Кристаллҳои Аквамарин шаффофи осмонранг ё сабзранганд. Баъди то 400°С тафсондани он рангаш баландтар мешавад. Минерали хеле мӯрт мебошад. Формулаи химиявиаш Be3Al2Si6O18. Сингонияаш гексагоналӣ. Ҷилояш шишагун буда, шаффофу ношаффоф мешавад. Сахт ...

Акварел

Акварел - рангест, ки дар об ҳал мешавад. Инчунин мусавварае, ки ба воситаи ин ранг меофаранд. Расмкашӣ бо акварели ғализ ҳанӯз дар Мисри Қадим, дунёи атиқа ва Европаю Осиёи асрҳои миёна маъмул буд. Ба истифодаи акварели мусаффо бе омехтаи ранги ...

Аквариум

Ҳаҷми аквариум бояд ба навъ ва миқдори моҳӣ мувофиқат кунад. Дар аквариумҳои калон оксигенро ба воситаи компрессорҳои махсус, дар аквариумҳои хурд бошад, бо моторча мефиристанд. Бо мақсади сероксиген шудани оби аквариум дар он рустаниҳои гуногуни ...

Аквариҳо

Аквариҳо - селҳои метеор, ки радианти он дар бурҷи Далв воқеъ аст. Муҳимтаринашон η-аквариҳо ва δ-аквариҳо мебошанд. Селҳои η ва δ-аквариҳо ҳар сол мувофиқан охири апрел ва аввали май ва охири июлу август меборанд.

Акведук

Акведук - иншооти гидротехникӣ, новаи обгузар барои интиқоли об ба мавзеъҳои аҳолинишин, иншоотҳои обёрӣ ва гидроэнергетикӣ аз манбаъҳои дар баландӣ қарордошта. Акведук аксар ба маънои пул аз болои дарё, роҳ ё ҷарӣ истифода мешавад. Сохтори аквед ...

Аквондев

Аквондев - аквони дев, яке аз офариниши бад, девест, ки дар қиссаву ривоятҳои мардуми эронинажод ба назар мерасад ва дар "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ низ амал менамояд. Аквондев дар "Шоҳнома" махлуқи зиштсурату бадниҳод, сеҳрангезу ҳавлнокест. Аз кирдор ...

Акка

Акка - алошақшақа, парандаест маъмул. Дарозии баданаш 45 – 48 см, вазнаш 160 – 260 г; думаш дароз, болу параш сиёҳ, шикам ва паҳлуҳояш сафеди ҷилодор. Нӯлаш рост ва сахт. Дар Тоҷикистон 2 намуди акка зиндагӣ мекунад. Ҷойи сукунаташ ҷангал, чакала ...

Аккад

Акка́д, Аккаде, Агаде - шаҳри қадим дар Байнаннаҳрайни Поён. Дар асрҳои 22 - 24 то милод маркази давлати ҳамном буд, ки тамоми Элом ва Байнаннаҳрайнро дар бар мегирифт. Аккаде, Агаде, яке аз шаҳри қадим дар Байнаннаҳрайни Поён мебошад. Дар асрҳои ...

Акклиматизатсия

Акклиматизатсия - к, барои ва юн қад. κλίμα - иқлим) - мӯътод, ба шароити нави ғайриодатии иқлим мувофиқ гардидани наботот, ҳайвонот ва инсон.

Акколада

Акколада - дар нотанависӣ бо хати рости амудӣ ва қавс пайваст намудани ду ва зиёда нотагоҳҳо. Дар партитураҳои хорӣ ва оркестрӣ дар шакли ду хати рости амудӣ тасвир мешавад.

Акколбозӣ

Акколбозӣ навъҳои бисёр дорад, ки махсуси баҳор, тобистон ва аввали тирамоҳ аст. Асбоби ин бозӣ аккол чиллак – чӯби тарошидаи 15 см ду нӯгаш тез ва акколдаста чиллакдаста – чӯби дарозтари 70 – 80 см тарошида мебошанд. Ҳангоми акколбозӣ бозигарон ...

Аккомпанемент

Аккомпанемент - қисми таркибии мусиқӣ, ки барои ҳамовозӣ ва пурмазмуншавии мусиқии овозӣ ва созӣ хизмат мекунад. Дар ҳунари сарояндагӣ бештар аккомпанемент ба тавассути созҳои мукаммал, инчунин ансамбл ва оркестр ифода мегардад. Мусиқии созӣ низ ...

Аккорд

Аккорд - дар баландиҳои гуногун баробар садо додани якчанд овоз, ки сомеа онро чун овози воҳид қабул мекунад. Одатан, чунин ҳамовозиро аккорд меноманд, ки овозҳои он дар терсия ҷойгир шудаанд. Садоҳои аккорд аслан мувофиқи терсияҳо аз сарпарда ба ...

Аккордеон

Аккордеон - 1) сози мусиқии забончадор, ки ба воситаи фишори ҳаво садо мебарорад. Аккордеон асосан аз 3 қисм иборат аст: а) клавиатураи тарафи чап, ки овозҳои аккордии тайёр доранд; б) клавиатураи тарафи рост, ки аз забонпардаҳо ва тугмаҳои регис ...

Аккра

Маркази саноатӣ, нақлиётӣ ва фарҳангӣ. Бандари баҳрӣ, роҳи оҳан, аэропорти байналхалқӣ дорад. Ба Аккра аввалин шуда садаи XV португалиҳо омаданд. Ин ҳудудро Дания, Нидерландия ва Британия соҳиб шудан мехостанд ва ҳар яке дар соҳил қалъаҳои мудофи ...

Аккредитатсия

Аккредитатсия - дар ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мафҳумест, ки тартиби муайян намудани мақоми субъектҳои ҳуқуқро оид ба пеш бурдани фаъолият тибқи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъйин мекунад ...

Аккредитонӣ

Аккредитонӣ - дар ҳуқуқи байналмилалӣ маҷмӯи амалиёте, ки вобаста ба таъйин ба мансаби сарвари намояндагӣ ва ё намояндаи доимии давлат дар ягон муассисаи байналмилалӣ сурат мегиранд. Раванди аккредитонӣ иборат аст аз: содир намудани акт дар бораи ...

Аккумулятор

Аккумулятор - асбобест барои захира кардан ва дар мавриди зарурӣ ба истеъмолкунандаҳо додани энергия. Вобаста ба навъи энергияи захирашаванда аккумуляторҳо электрикӣ, гидравликӣ, ҳароратӣ, инерсионӣ мешаванд. Аккумулятори электрикӣ энергияи элект ...

Аккумулятсия

Аккумулятсия - замшавии таҳшинҳо, седиментатсия, раванди ҷамъ шудани моддаҳои минералӣ ва органикӣ дар хушкӣ ва зери об. Аккумулятсия аз ҳаракати обҳои равон, бод, пирях ва омилҳои геологии дигар пайдо шуда, аккумулятсияи обӣ, пиряхӣ, бодӣ ном ме ...

Акмал Акмалхони Тошкандӣ

Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Тазкиранависони садаи XIX ӯро чун шоири тавоно тавсиф намуда, аз эҷодиёташ намунаҳо овардаанд. Пайрави Бедил будааст. Байтҳои зерин аз ӯянд: Зи бас дар бистари ғам нотавон аз заъфи ҳиҷронам, Бурун н-ояд зи дил ...

Акмал Мирзо

Аҷдоди Акмал аз Тошканд ба Бадахшон ва баъдан ба Ҳиндустон кӯчиданд. Нисбаи Бадахшӣ гирифтанаш аз ҳамин ҷост. Акмал яке аз шоирони сермаҳсул аст ҷамъи ашъораш 80000 байт. Мавзӯъҳои асосии нигоштаҳояш ирфону тасаввуф, фалсафа, ишқу муҳаббат, панду ...

Акмал Шермуҳаммади Хӯқандӣ

Асарҳояшро ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ навиштааст. Баъди таҳсил дар Мадрасаи Мири Хӯқанд ба тадрис машғул гардид. Мувофиқи маълумоти тазкиранигорон Фазлии Намангонӣ, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ Акмал дар шеъру шоирӣ обрӯю эътибори баланд дошта, соҳи ...

Акрам Акбаров

Акрам Акбаров - меъмори тоҷик, номзади илми меъморӣ, дотсент, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон.

Акрам Акобиров Қурбонович

Хатмкардаи факултети таърихи УДТ 1976. Муаллими мактаби миёна дар ноҳияи Ёвон 1976 – 1979, таҳсил дар Мактаби махсуси Комитети амнияти давлатии СССР шаҳри Тошканд, 1979 – 1980, ваколатдори фаврӣ дар ноҳияи Ёвон 1980 – 1984, таҳсил дар Академияи К ...

Акрекс

Акрекс - дезин, динобутан, динофен, як навъ моддаи химиявӣ. Кристаллҳои рангаш зард; ҳарор. гуд. 61 – 62°С. Дар об бад, дар спирт нисбатан беҳтар, дар атсетон ва ксилол нағз ҳал мешавад. Акрексро чун хокаи намкаши 50%-а истеҳсол мекунанд. Суспенз ...

Акридин

Акридин - дибензпиридин, пайвасти гетеросиклӣ, C13H9N, аз се ҳалқаи шашузвае, ки бо ҳам конденсатсия шудаанд, иборат аст. Акридин ба миқдори хеле кам дар таркиби зифти ангиштсанг дучор мешавад. Акридин кристаллҳои беранг ҳосил менамояд; ҳарор. гу ...

Акриламид

Акриламид, CH2 = CHCONH2 ; кристаллҳои беранг, ҳарор. гуд. 84.5°С, ҳарорати ҷӯш. 215°С. Дар об, метанол, этанол, атсетон хуб, дар этилатсетат, хлороформ, бензол, гептан бад ҳал мешавад. Гурӯҳи CONH2 ба реаксияҳое, ки барои амидҳои кислотаҳои карб ...

Акробатика

Акробатика - 1) навъи машқи варзиши ҷисмонӣ аз қабили гимнастика. 2) Навъи варзиш, ки машқҳои бисёри гимнастикиро дар бар мегирад: ҷаҳишҳои акробатӣ, машқи омехтаи дукаса марду зан, машқи дукасаи мардона, машқи гурӯҳии мардона секасӣ ё чоркасӣ ва ...

Акролеин

Акролеин - СH2 = OH – СНО, навъе аз алдегидҳои беҳад. Моеи беранг, бӯи бад дорад; ҳарорарти ҷӯшишаш 52.5°С. Ҳангоми буғронии чарбҳо бо миқдори хеле кам ҳосил мешавад. Акролеинро бо роҳи бо моддаҳои обгир гарм кардани глитсерин, дар техника бошад, ...

Акромегалия

Акромега́лия - беморие, ки сабабаш ихроҷи барзиёди гормони сабзиш аст. Сабабҳои акромегалия пурра омӯхта нашудаанд. Акромегалия дар аксари беморон бо омоси гипофиз алоқаманд аст. Баъзан захми cap, зарбаи рӯҳӣ ва сирояти музмин боиси акромегалия м ...

Акропол

Акропол - ӯрда ва ҳисори шаҳр дар Юнони Қадим. Акропол аввал ҷойи истиқомати одамон буд. Баъд дар атрофи он шаҳристони калоне бунёд гардид. Акропол ҳамчун қалъа ва истеҳкоми муҳофизатӣ хизмат мекард. Ҳангоми ҷанг аҳолӣ дар Акропол паноҳ меёфт. Ак ...

Акс (санъати бадеъӣ)

Акс ду навъ аст: Акси мураттаб ботартиб, агар шоир калимаҳои байтро аз рӯи тартиби муайян ё нисфи калимаҳои мисраъро чаппа гузорад, мисраи пурра ба вуҷуд меояд, яъне Акс дар дохили як мисраъ ба вуҷуд меояд Бӯса надиҳад моро, моро надиҳад бӯса, Ға ...

Аксёнов Вячеслав

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Ленинград ҳоз. Санкт-Петербург; 1967. Солҳои 1970 –1981 ходими илмӣ ва ходими калони илмии Донишкадаи химияи нефти шаҳри Томск, 1981 – 1997 ходими калони илмӣ ва мудири лабораторияи Институти химияи АИ ҶТ буд. Фаъоли ...

Аксбардории гравиметрӣ

Аксбардории гравиметрӣ - маҷмӯи ченкунии бузургиҳое, ки майдони ҷозиба -и ягон маҳалро тавсиф медиҳанд. Аксбардории гравиметрӣ бо мақсадҳои геологӣ асосан бо ёрии гравиметр, баъзан бо вариометр ва градиентометр сурат мегирад. Аз рӯи таъйинот аксб ...

Аксбардории кайҳонӣ

Аксбардории кайҳонӣ - аксбардории Замин ё дигар ҷирми осмонӣ аз аппарати париши кайҳонӣ, аксбардорӣ дар фосилаҳои гуногуни тайф, мас., дар фосилаи намоёни тайф, мавҷҳои инфрасурх ва радиомавҷҳо.

Акселератсия

Акселератсия - қадкашӣ ва рушди ҷисмонии босуръати бачагон ва наврасон. Бачагон ва наврасони имрӯза назар ба ҳамсолони солҳои пешини худ то андозае қадбаланд ва калонҷусса мебошанд. Акселератсия дар балоғати нисбатан бармаҳали ҷинсӣ низ мушоҳида ...

Аксели Галлен-Каллела

Аксели Валдемар Галле́н-Ка́ллела - мусаввир ва графики фин, роҳбари равияи миллию романтикӣ дар ҳунари нави фин.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →