ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 12

Масҷиди Сариҳисор

Масҷиди Сариҳисор - ёдгории меъморӣ дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара аст. Сақфи масҷид ба ду кодок ҷудо шудааст, ки ин усули пӯшиш хоси ҳунари устоҳои маҳаллист. Сутун, сарсутуни муқарнас ва пойсутуни кандакорӣ дорад. Рӯйи қисми "кӯзагӣ" -и он вар ...

Масҷиди Тӯхтақул

МАСҶИДИ ТӮХТАҚУЛ - ёдгории меъморӣ дар маҳаллаи Тӯхтақули ноҳияи Исфара. Масҷид авали асри XIX сохта шудааст. Масҷид аз ибодатхона в аду айвони алоҳида таркиб ёфта, аз қабили масҷидҳои одисохт аст. Биноҳои асосии масҷид росткунҷа, дар қисми шимол ...

Мақбараи Ёрмуҳаммади Валӣ

Мақбараи Ёрмуҳаммади Валӣ, яке аз ёдгориҳои нодири меъморӣ дар деҳаи Баҳораки Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод. Мақбараи Ёрмуҳаммади Валӣ аз ҳафи утоқи дар давраҳои гуногун сохташуда иборат аст. Бахши куҳантарини он гӯрхона, зиёратхона ва пешайвон мебо ...

Мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику-форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 60 км. дар қисмати шарқии шаҳри Панҷакент, дар маркази деҳаи Панҷрӯд ҷойгир аст. Он аз бинои ҳашткунҷаи хиштӣ бо ҳуҷраи якгумбаза ва галерея иборат аст. Соли 2008 ба муносибат ...

Мақбараи Бобо-Тағо

Мақбараи Бобо-Тағо - ёдгории мсъмооии садаи XV дар шаҳри Истаравшан. Мақбараи Бобо-Тағо бинои мураббаъшакли начандон калони гунбазист, ки пештоки васеаш тамоми иморатро фаро гирифтааст. Зиёратхонаи Мақбараи Бобо-Тағо гунбаз дошта аз хишти пухта с ...

Мақбараи Домуло Икром

МАҚБАРАИ ДОМУЛЛО ИКРОМ - ёдгории меъмории охири асри XIX дар деҳаи Лангари Калони ноҳияи Мӯъминобод. Дар теппаи барҳаво аз хишти пухта бино ёфтааст. Намош сода, бидуни ороиш. Аз ҷиҳати сохт ва банду баст ёдгориҳои меъмории Бухороро ба ёд меорад. ...

Мақбараи Лангари Бобо

МАҚБАРАИ ЛАНГАРИ БОБО, ёдгории меъмории асрҳои 17 – 18 дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Конибодом. Мақбара гунбаздор буда, пештоқ надорад. Бино аз хишти хом сохта шуда, ҳавличааш бо тавораи начандон баланде иҳота гардидааст. Мақбара мураббаъшакл б ...

Мақбараи Лангарота

МАҚБАРАИ ЛАНГАРОТА - ёдгории меъморӣ дар ноҳияи Спитамен. Асрҳои 16 – 17 бо хишти пухта сохта шудааст ва андоваи гаҷӣ дорад. Шаклаш мураббаъ, равоқтоқи ҳар ду тарафаш умқӣ. Дар дохили ин равоқтоқҳо равоқтоқҳои нисбатан хурд сохта шудаанд. Тоқи ша ...

Мақбараи Мавлоно Обиддин

МАҚБАРАИ МАВЛОНО ОБИДИН - ёдгории таърихӣ да қисмати ҷанубу шарқии деҳаи Корези ноҳияи Данғара. Мақбара хароб гашта буд ва солҳои 40 садаи XX хиштҳои онро дар сохтмони ҳаммоми совхози "Данғара" истифода бурданд. Мардуми деҳа гирди мақбараро маҳка ...

Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин

МАҚБАРАИ МАВЛОНО ТОҶИДДИН - ёдгории таърихӣ, ормгоҳи Мавлоно Тоҷиддини Даштикулакӣ. Дар масофа 4 км дуртар аз самти шимолии шаҳраки Данғара дар болои теппае дар деҳаи Корез воқеъ гаштааст. Дар ибтидо мақбара аз хишти хоми андзааш 21х21х4см сохта ...

Мақбараи Махдуми Аъзам

Мақбараи Махдуми Аъзам - ёдгории меъмории асри XVI дар ноҳияи Ҳисор. Мадраса қадимтарин илҳоқияи марбути ансамбли меъмории буда, дар масофаи садметри ҷануби Мадрасаи Кӯҳна дар ду давра болои қабри Сайид Аҳмад Ҷалолиддин Косонӣ аз пешвоёни бидъати ...

Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

МАҚБАРАИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ - ёдгории таърихӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб. Андозааш 23.85х21.5м. Мақбара аз утоқҳои гунбазпӯши бо роҳрав ба ҳам пайваст иборат аст. Аз ғарб, шимол ва шарқ дари даромад дорад. Даромадгоҳи асосӣ бо пешайвони начандо ...

Мақбараи Мир Сайид Ҷалолуддини Гулдаста

МАҚБАРАИ МИР САЙИД ҶАЛОЛУДДИНИ ГУЛДАСТА - ёдгории таърихӣ, марқади мутафаккири нимаи дуюми садаи XI – ибтидои садаи XII дар маҳаллаи Чорсӯи шаҳраки Мӯъминобод. Қаблан гирди мақбараро се бор девори сангӣ карда, болояшро пӯшонда буданд, вале бо гуз ...

Мақбараи Муҳаммади Башоро

Мақбараи Муҳаммади Башоро - ёдгории меъмории асрҳои XI – XIV дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент. Дар болои марқади донандаи машҳури ҳадисҳо Хоҷа Муҳаммади Башоро 782/783 – 866 бино ёфтааст. Мақбара мураккабсохт буда, аз се гурӯҳи хонаҳои да ...

Мақбараи сулолавии Сомониён

Мақбараи сулолавии Сомониён, ёдгории меъмории асрҳои IX – X дар Бухоро. Мақбараи сулолавии Сомониён мавсум ба асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ бунёд шудааст. Ба навъи мақбараҳои "мутамарказ" тааллуқ дорад. Мақбара мураббаъшакл буда, бо ...

Мақбараи Хоҷа Дурбод

МАҚБАРАИ ХОҶА ДУРБОД - ёдгории меъмории асрҳои XII – XIII дар ҳаволии деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус. Мақбара дар кӯҳнамазор аз хишти пухта бино ёфтааст. Намои асосии он рӯ ба ҷониби шарқ аст. Мақбара да ҳолати нимхароб то замони мо расидааст. Қисм ...

Мақбараи Хоҷа Нақшрон

МАҚБАРАИ ХОҶА НАҚШРОН - ёдгории меъмории асрҳои XI – XII аст ва дар ноҳияи Турсунзода ҷойгир шудааст. Мақбара яке аз намунаҳои қадимаи санъати меъмории халқи тоҷик мебошад. Мақбараи Хоҷаи Нақшрон ба феҳристи номзадҳо ба Феҳристи мероси фарҳангии ...

Мақбараи Худоёри Валъамӣ

МАҚБАРАИ ХУДОЁРИ ВАЛЪАМӢ - ёдгории меъморӣ дар ноҳияи Исфара. Мақбара дар асрхо XVI – XVII сохта шудааст. Дар силсилаи Маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ ҷойгир аст. Бино хиштини гунбаздор буда, пештоқи начандон амиқаш рӯ ба шарқ аст. Мақбара мувофиқи ...

Мақбараи Шайх Муслиҳиддин

МАҚБАРАИ ШАЙХ МУСЛИҲИДДИН - Мақбара ба шарафи Муслиҳиддини Хуҷандӣ - шоир, ҳокими шаҳр номгузорӣ шудааст. Мақбараи асри XII аз гӯрхонае, ки бо хишти пухта сохта шудааст иборат аст. Дар ҷойи он то асри XV мақбараи дигаре вуҷуд дошт, ки лавҳаҳои ми ...

Мақбараи Шоҳи Хомӯш

МАҚБАРАИ ШОҲИ ХОМӮШ - ёдгории таърихии асрҳои XIII – XIV дар деҳаи Лангари Калони ноҳияи Мӯъминобод. Шакли росткунҷа дошта, аз хишти пухтаи 25х25х4.5см сохта шудааст. Намои асосӣ, ки як даромадгоҳ дорад, рӯ ба шарқ нигаронида шуда, бо пештоқ оро ...

Мақбараи Эшони Мавлоно

Мақбараи Эшони Мавлоно. Мақбараи яке аз намояндагони намоёни дини мубини ислом Сайид Низомиддинхоҷа маъруф ба тахаллуси Эшони Мавлоно дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Истаравшан ҷойгир шудааст.

Мақбараи Ҳазрати Шоҳ

Мақбараи Амир Ҳамза Ҳазрати Шоҳ - ёдгории меъмории асрҳои XI – XII дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара. Ин мақбара аз беҳтарин намунаҳои кандакории Осиёи Миёна буда, ҷузъҳои алоҳидаи он бо нақшу нигор ва пардози сутунҳои Рарз, Фатмев, Оббурдан, Меҳро ...

Маҳмуди Ғазнавӣ

Маҳму́ди Ғазнавӣ - амир ва подшоҳи давлати Ғазнавиён аз соли 998. Дар замони ӯ давлат ба бузургтарин қудрат ноил гардид. Ба Ҳиндустони Шимолӣ 17 сафар анҷом додааст. Намояндаи бузурги сулолаи Ғазнавиёни туркҳои мусулмон.

Маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ

Маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ - ёдгории таърихӣ - меъмориест, ки дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ҷойгир аст. Маҷмааи таърихӣ аз се бино – мақбараи Ҳазрати Шоҳ, мақбараи Худоёри Валъамӣ ва масҷиди Ҳазрати Шоҳ иборат аст. Ҳазрати Шоҳ номи валиест, к ...

Маҷмааи таърихӣ - меъмории Шайх Муслиҳиддин

Маҷмааи таърихӣ - меъмории Шайх Муслиҳиддин ёдгории таърихӣ - меъмориест, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Маҷмааи таърихӣ - меъмории Шайх Муслиҳиддин аз мақбара-хонақо, масҷид аз зиёратхона, гӯрхона ва ҳуҷраҳои зиёде иборат аст. Мақбараи ...

Мирзо Абдулазими Сомӣ

Мирзо Абдулазими Сомӣ низ муаллифи" Таърихи салтанати манѓития” мебошад. ӯ ҳамчун А.Дониш баъди хатми мадраса дар хизмати дарбори амири Бухоро буд. Агар Аҳмади Дониш хизматро аз замони амир Насруллоҳ сар карда бошад, Сомӣ аз замони амир Музаффар ...

Музаффар (Амир)

Пас аз марги Насруллоҳ Амир сентябри соли 1860 ба ҷойи ӯ писараш Музаффар ба тахти Аморати Бухоро нишаст. Сайид Музаффар Баҳодурхон писари ягонаи амир Насруллоҳ буда, тақрибан с.1824 ё 1825 таваллуд шудааст. Падараш аз тарси ғасби тахт аз ҷониби ...

Мулки Вахш

Мулки Вахш – мулкест дар водии дарёи Вахшаб. Мулки Вахш, ки дар гузашта як бахши Бохтари Иронзамин маҳсуб меёфт Дар асрҳои V-VIII Мулки Вахш ба мулкдорони Хуттал тобеъ буд.

Мулки Истравшан (Усрушана)

Истаравшан - мулкест, ки дар байни Сирдарё дар шимол ва қаторкўҳи Ҳиссор дар ҷануб ҷойгир шудааст. Сарзамини имрўзаи ноҳияҳои Истаравшан ва Шаҳристон.

Мулки Фарғона

Мулки Фарғона - мулкест дар водии Фарғона, ки дар сарзамини имрўзаи Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон ҷойгир аст. Дар водии Фарғона низ иттиҳоди сиёсӣ ё давлати феодалии Фарғона Мулки Фарғона вуҷуд дошт. Дар қадим ин мамлакатро Даван, Бохан, ...

Мулкҳои Бухорои Шарқӣ

Дар Аморати Бухоро ба монанди Шаҳрисабз, Китоб, Бойсун, Деҳнав, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва дигар мулкҳои бекигариҳои Бухорои Шарқӣ буданд, ки ҳокимонашон худро мустақил ҳисобида, ба амир сар намефароварданд. Амир Музаффар с.1 ...

Муқаннаъ

Муқаннаъ, лақаби Ҳошим ибни Ҳаким - пешвои шӯриши халқҳои Осиёи Миёна ба муқобили истилогарони араб ва феодалону ашрофони маҳаллӣ. Ҳошим ибни Ҳаким - "Муқаннаъ" дар деҳаи Козаи наздикии шаҳри Марв дар оилаи косиб ба дунё омадааст. Номи аслии ӯ Ҳо ...

Муҳаммад ибни Тоҳир

Муҳаммад ибни Тоҳир - амири Хуросон аз хонадони Тоҳириён Охирин намояндаи Тоҳириён Муҳаммад ибни Тоҳир 862-873 дар умури давлатдорӣ шоистагии падару бобояшро надошт ва машғул ба айшу ишрат буд. Дар аҳди ҳукумати ӯ қиёми алавиёни Табаристон авҷ ги ...

Муҳаммад Раҳимбий (Амир)

Бо фаро расидани давраи бесарусомонии сиёсӣ ва таназзули иқтисодӣ дар давлати Аштархониён ҳуҷуми қӯшунҳои шоҳи Эрон – Нодиршоҳ ба Бухоро оғоз гардид. Ин ҳуҷум боиси таназзули давлатдории сулолаи Аштархониён ва ба сари қудрат омадани сулолаи Манғи ...

Муҷасамаи зану мард бо ситораҳо

12 апрели соли 1961 инсон бори нахуст ба кайҳон парвоз намуд. Ин ба Юрий Гагарин муяссар гардид. Олимону муҳандисони соҳаи кайҳоннавардӣ ба оламу оламиён қудрати шуури инсоро нишон доданд ва бо ин ба хулосае омаданд, ки на танҳо қуллаҳои баланди ...

Муҷассамаи "Водии Вахш"

Аз давраҳои қадим бошандагони ин водӣ ба кишоварзӣ машғулияти васеъ доштанд. Гувоҳии ин нуктаҳо дар китоби "Тоҷикони" -и Бобоҷон Ғафуров дарҷ гаштааст: "Каналҳои қадимаи давраи кушониён дар хоки Тоҷикистон ҳам масалан дар водии Вахш ёфт шудаанд. ...

Наврӯз

Наврӯз - ҷашни Соли Нави мардумони эронинажод аст, ки ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ фаро мерасад. Аз ин рӯ, Наврӯзро "Ҷашни сари сол" низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути ...

Наршахӣ

Абӯбакри Наршахӣ - муаррихи асри X, дар Наршах, наздикии Бухоро ба дунё омадааст, муаллифи асари "Таърихи Бухоро" аст. "Таърихи Бухоро" ар. تاریخ بخارا ‎ ба забони арабӣ солҳои 943-944 аз рӯи дигар маълумотҳо 948-949 таълиф шудааст ва якчанд маро ...

Наср ибни Аҳмад

Наср ибни Аҳмад - набераи Асад ибни Сомон, фарзанди Аҳмад ибни Асад. Ҳокими вилояти Самарқанд ва амири Мовароуннаҳр дар солҳои 864-892. Ҳанӯз дар аҳди салтанати Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, бародараш Исмоил ибни Аҳмад саъю кӯшиш намуд, ки дар Бухоро ...

Насри II ибни Аҳмад

Насри II ибни Аҳмад - солҳои 914-943 наздик ба 30 сол амири давлати Сомониён буд. Дар айёми ҳукумронии ӯ вазири донишманд ва олими ҷуғрофиядон Абдулло Муҳаммад ибни Аҳмади Ҷайҳонӣ идоракунии мулкро бар ӯҳда дошт. Бо вуҷуди ҳамаи нооромиҳо замони ...

Насруллоҳ (Амир)

Насруллоҳ - амири Аморати Бухоро. 27 апрели соли 1827 Насруллоҳ Ботурхон ба тахти Аморати Бухоро нишаста, иҷрои ҳама корҳои ҳукуматиро ба қӯшбегӣ Ҳакимбий супурд. Пас аз ҷулус амир Насруллоҳ дар давоми 6-7 сол бародарон, ҳамаи хешу табор ва тараф ...

Нӯҳ ибни Асад

Нӯҳ ибни Асад - набераи Сомонхудот, фарзанди Асад ибни Сомон. Аввалин сарвари Хонадони Сомониён дар Мовароуннаҳр. Ҳокими вилояти Самарқанд ва амири Мовароуннаҳр дар солҳои 819-841.

Нӯҳ ибни Насри II

Нӯҳ ибни Насри II - амири сомонӣ, ҳукумронии Нӯҳ II ёздаҳ сол давом кард. Дар ҳамин солҳо аломатҳои таназзули давлати Сомониён падидор мешавад. Нӯҳ ибни Насри II салтанати худро бо ҷазо додани карматиҳо-исмоилиён оғоз кард. Аз ҷумла Нахшабӣ ва би ...

Нӯҳи II ибни Мансур

Нӯҳи II ибни Мансур - амири Давлати Сомониён Пас аз марги Мансури I ибни Нӯҳ 961-976 писари хурдсоли ӯ Нӯҳи II ибни Мансур 976-997 амири Сомониён гардид. Аз хурдсолии ӯ истифода карда, вазирону дарбориён ва модараш ба корҳои давлатдорӣ дахолат ме ...

Оли Курт

Сулолаи Куртҳо, ё Оли Курт - силсилае аз амирони тоҷик, ки аз солҳои 1244 - 1381 дар Хуросон истиқлол доштаанд. Сабаби куртҳо ном бурда шудани ин сулола он аст, ки асосгузораш Курт ном шахс мебошад. Сулолаи Куртҳои Ҳирот ба халқи курди ба шумо ма ...

Ориёно

Ориёно – – кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили чапи Сирдарё, сипас, заминҳои соҳили чапи Амударё, сарзамини имрӯзаи Туркманистони ҷунубу ғарбӣ, Афғонистону Эрон. Ориёӣ - аз калимаи авестоии "ā́rya" ва эронии "airya" баромада маънояш "тоза", "асилзод ...

Ориёӣ

Ориёӣ - аз калимаи авестоии "ā́rya" ва эронии "airya" баромада маънояш "тоза", "асилзода" аст. Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро - ориёӣ мегуфтанд. Ҳама гуна мардуми ҳиндуориёизабонро инчунин, "ориёӣ", "нажоди ориёӣ" меноманд.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →