ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 125

Бадруддини Кашмирӣ

Маълумоти мукаммал оид ба шарҳи ҳоли ин шоир дастрас нагардидааст. Соли 1554 аз Ҳиндустон ба Бухоро омад ва ба хидмати шайхони Ҷӯйборӣ - Хоҷа Ислом вафот 1563 ва писари ӯ Хоҷа Саъд вафот 1589 дохил шуд. Бадруддини Кашмирӣ адиби пурмаҳсул буда, ас ...

Бадруддини Табрезӣ

Бадруддини Табрезӣ аз аҳли Қуния ва аз асҳоби Ҷалолуддини Румӣ ва эҳтимолан аз эрониёни аҳли илм ва санъат буда, ки пас аз ҳамлаи муғулҳо ба Эрон дар миёнаҳои садаи XIII ба Осиёи Хурд кӯч кардаанд. Маҷдуддин Фаридун ибни Аҳмади Сипаҳсолор ва Шамс ...

Бадрӣ, Амир Пӯлодхоҷа ибни Девонахоҷа

Бадрӣ - шоири тоҷик. Дар шаҳри Самарқанд илмҳои мутадовили замонро аз худ кардааст. Ӯ мувофиқи маълумоти "Тазкират-уш-шуаро" -и Мутрибии Самарқандӣ соли 1605 ҳокими яке аз вилоятҳои тобеи Насаф будааст. Аз осораш ғазалҳо, рубоиҳо ва абёти парокан ...

Бадъу-л-амолӣ

"Бадъу-л-амолӣ" - қасидаи Сироҷуддин Алӣ ибни Усмон ал-Ӯшӣ-ал-Фарғонӣ роҷеъ ба асосҳои эътиқодоти дини ислом дар баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат. Он ба забони арабӣ ва бо қофияи "лом" аз 67 байт иборат буда, соли 1174 ба риштаи назм кашида шуд ...

Баз

Баз, базз - навъе аз матоъ, катон, қумош, шоҳӣ, газвор ва дигар анвои матоъҳои ғайриабрешимӣ аст, ки аз қадим дар фурӯши баззозон будааст. Решаи калимаи баззоз низ баз аст. Баз дар осори адибон ба маънии матоъ ё порча фаровон ба кор рафтааст: Дар ...

Базалиома

Базалиома, карсиноид - омоси пӯст, ки аз эпидермис ва изофаҳои ғадуди пӯст ташаккул меёбад. Асосан дар одамони солхӯрда ба вуҷуд омада, бештар дар рӯй ҷой мегирад. Омос, одатан, танҳо буда, хеле суст дар давоми солҳо инкишоф меёбад. Базалиома дар ...

Базалт

Зичиаш аз 2520 кг/м 3 бо ғашҳо то 3300 кг/м 3 тоза. Рангаш сиёҳтоб. Асосан аз плагиоклаз лабрадор иборат буда, ба миқдори кам авгит, оливин, магнетит, илменит дорад. Базалти пурра кристаллбастаро долерит мегӯянд. Гудохтаи базалтӣ аз тарқишҳои буз ...

Базидиомитсетҳо

Базидия дорои 4 спораи якҳуҷайра базидиоспораҳо буда, онҳо дар нешҳои махсус – стерагмаҳо ҷой гирифтаанд. Дар натиҷаи сабзиш дар ҳар як базидиоспора митселияҳои гаплоидӣ, яъне танаи занбӯруғ ҳосил мешавад. Сипас дар аксари базидиомитсетҳо ҳуҷайра ...

Базилика

Базили́ка - бинои росткунҷаест, ки дохили он қаторсутунҳо дошта, ба якчанд қисм тақсим мешавад. Базиликаҳои Рим ва насрониёни қадим пӯшиши чӯбини болории кушода доштанд. Базиликаҳои баъдиро гумбазшакл сохтанд. Базиликаи сеқисмаи Константин яке аз ...

Базиси геодезиявӣ

Базиси геодезиявӣ - хатти рости дарозиаш тақрибан 8–15 км, ки бо нишонҳои махсуси геодезиявӣ муҷаҳҳаз буда, дар маҳал бо ченакҳои дарозии саҳеҳиаш баланд чен карда шудааст. Базиси геодезиявӣ барои сохтани шабакаи асосӣ бо усули секунҷаҳо истифода ...

Базла

Дар анвои гуногуни шеър - ғазал, рубоӣ, қитъа, байт ва осори мансури тоҷикӣ форсӣ ба таври алоҳида ё дар матни шеърҳо, ҳикоёту латифаҳо ва ғайра оварда мешавад. Як навъ сухани хушу марғуберо, ки дар вақти суҳбат бадоҳатан дар посух гуфта мешавад, ...

Базм

Базм дар ҳамаи ҷашнҳо, аз ҷумла, Иди Наврӯзу Меҳргон, хатнасур, тӯйи арӯсӣ, зодрӯз ва амсоли инҳо, барпо мешавад. Асоси базм фароғату хушҳолӣ, суруду рақсу бозист. Дар базмҳои ҷашнҳои бузурги миллӣ тамоми қишри ҷомеа – зану мард, пиру ҷавон. наво ...

Базморой

"Базморой" - тазкираи адиби форсизабони Ҳиндустон Саййидалӣ ибни Маҳмуди Ҳусайнист, ки таълифаш соли 1591 - 1592 ба итмом расидааст. Муаллиф асарашро ба Абдурраҳими Хони Хонон ибни Байрамхон - яке аз ашхоси бонуфузи дарбори ҳокими Ҳиндустон Акбар ...

Базофилия

Базофилия - қобилияти бо рангҳои асосӣ рангнок шудани ҳуҷайра. Базофилия аз қисмҳои таркибии кислотагие, ки дар ҳуҷайра мавҷуданд, масалан, аз кислотаи рибонуклеат КРН, вобаста мебошад. Хусусан ҳуҷайраҳое, ки сафедаҳоро синтез мекунанд ва КРН-и б ...

Базудин

Базудин, алфатокс, диазинон,C 13 H 21 N 2 O 3 PS - як навъ инсектитсид. Моддаи равғанмонанди беранг, ҳарорпти ҷӯшишаш 89°С. Дар шакли консентрати эмулсияи 60%-а, хокаи намкаши 40%-ва ғурӯшаи 5–10%-а истеҳсол мекунанд. Барои нест кардани ширинчаи ...

Байдарка

Байда́рка - заврақи камбари сабук барои варзиш дар об ва туризм. Бо ёрии белҳои дупарра, бодбон ё муҳаррики овеза ҳаракат мекунад. Қолаби байдаркаро аз чӯб, филизз ё пластмасса яклухт ё васлӣ сохта, бо матои обногузар рӯйкаш мекунанд. Байдарка 1, ...

Байзашакл

Байзашакли зарафшонӣ, дарахташ миёнақади аҳромшакл, сершохубарг, серҳосил; дарахти 20–25-солааш то 85 кг ҳосил медиҳад. Самараш байзашакл, нӯгаш паҳн андозааш 28.1×28.9×29.0 мм, вазнаш 8.9 г; 54.5% аз мағз иборат аст. Пӯстлохаш суфтаи нақшин, қаҳ ...

Баййина

Маънои ном Ҳуҷҷати равшан Гурӯҳбандӣ Маданӣ Омор Рақами сура 98 Шумораи оятҳо 8 Ҷузъ 30 Шумораи рукӯъ 1 Сураи гузашта Сураи Қадр Сураи раванд Сураи Зилзол Тарҷумаҳо QuranAcademy.org Koran.IslamNews.ru Сураи Баййина араб. سورة البينة - Ҳуҷҷати рав ...

Баййинот

Мувофиқи иттилои Наршахӣ дар "Таърихи Бухоро", баъди Туғшода писари вай Қутайба ба тахт нишаста, пас аз муддате мусулмон будан боз аз ислом рӯй тофт ва Абумуслим ӯро ба қатл расонд. "Баъд аз он Баййинот ибни Туғшода подшоҳи Бухоро шуд. Вай дар да ...

Байкал

Сатҳаш 31.5 ҳазор км². Тӯлаш 636 км, бараш, ба ҳисоби миёна, 48 км, ҷойи аз ҳама сербараш қариби 80 км. Кӯли жарфтарини дунё, ҷойи аз ҳама амиқаш дар мобайни кӯл 1620 м. Ҳаҷми об 23000 км3. Қариб 20%-и захираи оби ширин бенамак-и ҷаҳонро ташкил м ...

Байкал (қаторкӯҳ)

Қатторкӯҳи Байка́л - қаторкӯҳ дар соҳили шимолу ғарбии кӯли Байкал. Дарозиаш 300 км. Баландиаш то 2588 м. Аз варақсангҳои кристаллӣ, кварсит, оҳаксанг ва гранитҳои эраи протерозой таркиб ёфтааст. Нишебиҳои ғарбии Байкалро то баландии 1200 - 1400 ...

Байканд

Байканд, Пайканд - шаҳри асримиёнагӣ, воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки вайронаҳои он 35 км ҷанубу ғарбтари шаҳри Бухоро боқӣ мондаанд.

Байкас

Байкас - шаҳри асримиёнагӣ, яке аз шаҳрҳои асосии Чоч, ки дар ҷойи Тошканди кунунӣ воқеъ будааст. Дар маъхазҳои ҷуғрофии асримиёнагӣ ба гунаи "Бингат" Истахрӣ, "Бинкас" Минорский, "Байкат" ва "Найкас" Ҷайҳонӣ ҳам сабт гардидааст. Бино бар ахбори ...

Байконур

Космодро́ми Байкону́р - нахустин ва бузургтарин космодроми ҷаҳон. Дар ҳудуди Қазоқистон, дар наздикии шаҳраки Тюрат, воқеъ гардидааст. Масоҳаташ 6717 км² буда, онро дар ҷануб аз шарқ ба ғарб дарёи Сир убур мекунад.

Байнаннаҳрайн

Байнаннаҳрайн - сарзамине дар миёноб ва поёноби дарёҳои Даҷлаву Фурот ва Корун, ки аз Халиҷи Форс -ро фаро мегирад. Баъзан қисми шимоли ин ду дарёро, ки арабҳо онро "Ҷазира" мегуфтанд, Байнаннаҳрайн меномиданд. Байнаннаҳрайн яке аз гаҳвораҳои там ...

Байоннет

Байоне́т: Байонет - васлаки байоннетӣ, зуд васл намудани қисмҳо тавассути ҷойивазкунии меҳварӣ ва гардиши яки он нисбати дигараш. Чунин навъи васлкунӣ дар васлакҳои барқӣ хусусан бузургбасомад, чароғҳои барқӣ, дастгоҳҳои филиззбурӣ, объективҳои д ...

Байрамалӣ

Байрамалӣ - шаҳр, маркази ноҳияи Байрамалии вилояти Марви Туркманистон, дар водии Мурғоб ҷойгир аст. То Ашқобод 375 км, то Марв 27 км. Аҳолиаш 88.5 ҳазор нафар.

Байрамлик

Байрамлик - андозест, ки асосан дар қаламрави давлати Сафавиён маъмул буд. Истилоҳи байрамлик дар манобеи асрҳои 16–19 ба маънии андози вижа бештар ба чашм мехӯрад. Ин андоз ғолибан дар рӯзҳои ид ба унвони "ҳадоёи раъоё" ба нақд ба тариқи пул бар ...

Байрамхон

Байрамхон - яке аз амирон ва вазирони силсилаи Темуриёни Ҳинд. Арбоби намоёни даврони Бобуриён, шоир. Писари Сайфалибек аз тоифаи Баҳорлии туркман.

Байромия

Таълимоташ ба нақшбандия бисёр наздик аст, зеро пайравони он зикри хуфяро пазируфтаанд ва аз ин рӯ, баъзе муҳаққиқон байромияро шохае аз нақшбандия медонанд. Ин тариқат пас аз марги Ҳоҷӣ Байрам зуд пароканда шуд. Бархе аз пайравонаш ба халифаи ӯ ...

Байт

Байтро бори аввал соли 1956 В. Бухҳолс ба кор бурдааст. Дар низоми рӯимизии ҳисоб байт баробар ба ҳашт бит гирифта мешавад. Дар ин маврид метавонад яке аз 256 2 8 қимати гуногунро соҳиб шавад. Шумораи битҳо дар байт собит набуда, дар фосилаи фаро ...

Байт (хона)

Байт - маҳалли сукунат, ки баъдтар, дар аҳди ислом, маъноҳои истилоҳӣ ва маҷозӣ гирифт. Масалан, Каъбаро Байтуллоҳ, бутхонаро Байтуласном, масҷиди осмонии муқобили Каъбаро Байтулмаъмур меномиданд. Дар таълимоти ирфонӣ байт киноя аз қалби Инсони К ...

Байт (шеър)

Байт хурдтарин воҳиди шеър аст, ки аз ду мисраи баробарвазн ва аксаран, ҳамқофия иборат мебошад. Байт агарчи шаклан хурд аст, метавонад дар худ як мазмуни томи ҳикамӣ, ишқӣ, ахлоқӣ ва тасвири мазараҳои табиатро фаро гирад. Кӯтоҳбаёнӣ меъёри асоси ...

Байт (эҷодиёти шифоҳӣ)

Байт - навъи алоҳидаи шеър ва яке аз анвои жанри ғиноӣ дар эҷодиёти шифоҳии мардум. Байтро, аксаран, духтарону писарони ошиқу дилдода ё шахсоне, ки ғаму ғуссае доранд, шахсони ба ғарибӣ афтода, дур аз Ватан эҷод кардаанд. Ин гуна байтҳо сӯзу дард ...

Байтал

Байтал, модиён - аспи мода. Дар 6–7-солагӣ пурра инкишоф меёбад; 36 дандон дорад, даври ҳамлаш 11 моҳ; як бача мезояд. Солиму бардам ва боқувват таваллуд шудани тойчаҳо ба тарзи нигоҳубини байтал вобаста аст. Байталҳоро баъди 6 моҳи ҳомилагӣ дар ...

Байтбарак

Тартиби баргузор кардани байтбарак бад-ин қарор аст: як нафар аз иштироккунандагон байте мехонад, ҳариф ё ҳарифон агар байтбарак гурӯҳӣ бошад дар ҷавоб бояд байте бихонанд, ки бо ҳарфи охирини байти хондаи бозигари якум оғоз ёфта бошад. Дар байтб ...

Байтерек

"Байтерек" - иттиҳодияи ҷамъиятии қазоқҳои муқими Тоҷикистон. Соли 2006 таъсис ёфтааст. Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Норак, Хоруғ, Ваҳдат, Турсунзода, маркази ноҳияи Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳритус, Ҷилликӯл, Ҷалолиддини Румӣ созмонҳои ибтидоӣ дорад. ...

Байти восила

Байти восила, байти тарҷеъ - байтест, ки асосан дар шакли шеърии тарҷеъбанд офарида мешавад. Шоир баъди ҳар банди шеър як байтро такрор меорад, ки барои тақвияти баёну истеҳкоми сухан ва иртиботи умумии бандҳои шеър хидмат мекунад. Байти восила д ...

Байти гурез

Байти гурез - яке аз байтҳои қасида, ки асосан миёни ташбибу насиб ва мадҳ воқеъ мегардад. Шоир баъди ташбиб ё насиб як ё чанд байтро меорад. Байти гурез байти дилнишину гуворост ва таносубу пайванди қисматҳои шеърро барқарор нигоҳ медорад. Муҳақ ...

Байти мусарраъ

Байти мусарраъ - байтест, ки ҳар ду мисраи он ҳамқофияанд. Аксари шоирони қасидасарои форсизабон дар як қасида ду-се-чаҳор ва зиёда аз он байти мусарраъ овардаанд, ки инро таҷдиди матлаъ низ гӯянд. Ин чиз, асосан, дар қасидаҳои тӯлонӣ ба назар ме ...

Байти тахаллус

Байти тахаллус - байтест, ки дар он тахаллуси шоир зикр меёбад. Зикри тахаллус дар шеър аз замони Рӯдакӣ шурӯъ шуда, то имрӯз идома дорад. Байти тахаллус як навъ имзои муаллифи шеър аст, ки шеърашро аз шеъри шоирон диг. имтиёз медиҳад. Ҷойи байти ...

Байтиқӯрғонии 424

Байтиқӯрғонии 424 - навъе аз харбузаҳои миёнсолӣ. Давраи нашваш аз неш зада баромадани тухмӣ то пухта расидан 85 - 96 рӯз. Шаклаш дарозрӯя 28.5 - 35 см, вазнаш 4.1 - 6 кг. Пӯсташ суфта, ғафс, тӯрнок. Рангаш зарди баланд. Мағзаш 1.5 - 5 см сафед, ...

Байтулмаъмур

Байтулмаъмур - тибқи ривоятҳо, хона ё масҷиде, ки рӯёрӯйи Байтулҳаром дар осмон қарор дошта, бо ибодати фариш-тагон обод аст. Ҳамон гуна, ки дар рӯйи замин барои одамиён хонае ҷиҳати парастиши Парвардгор вуҷуд дорад, дар осмон низ барои фариштаго ...

Байтулмол

Байтулмол, Байтуламвол - макон ва ҷойи нигаҳдории дороиҳои манқули давлати исломӣ, ба монанди амволи закот, файъ, хумси ғаниматҳо ва ғ. Хазонаи давлати ислом, созмон ва ниҳод -и давлатӣ дар ислом. Унвоне, ки пас аз таъсиси давлати исломӣ ба тамом ...

Байтулмуқаддас

Дар матнҳои динӣ зиёда аз 20 номи он ба назар мерасад. Дар Қуръон бо номҳои "Арзу-л-муборака", "Ас-соҳира" ва ғ., дар Таврот бо номҳои Уршалим Иерусалим ва ғ. чандин бор батакрор омадааст. Маълумоти нахустин роҷеъ ба Байтулмуқаддас ба ҳазораи дув ...

Байъат

Дар байни арабҳои пеш аз ислом суннате вуҷуд доштааст, ки барои пазируфтани ҳокимият аз фарде ва уҳдадорӣ аз фармонбардорӣ аз вай байъат мекардаанд. Баъди ҷорӣ шудани ислом ҳам ин суннат идома ёфта, дар асри пайғамбар с ва хулафои рошидин аз тари ...

Байъона

Байъона - маблағи пулие, ки як тараф, мувофиқи маблағи дар шартнома пешбинигардида, ки бояд пардохта шавад, барои исботи бастани шартнома ва таъмини иҷрои он, ба ҳисоби тарафи дигар мегузаронад. Ҳоло чунин навъи таъмини иҷрои уҳдадорӣ васеъ истиф ...

Байғумалики Косонӣ

Авфӣ Байғумалики Косонӣро чун яке аз ҳокимони Косону Марғинон ба "Лубобу-л-албоб" ворид оварда, шахси соҳибфазлу донишманд тавсифаш намудааст. Ба қавли Авфӣ, Байғумалики Косонӣ "шоҳе буд, ки ҳам қуввати фазл дошту ҳам фазли қувват". Байғумалики К ...

Байҳасия

Байҳасия - фирқае хориҷия, ки муассисаш Абубайҳас Ҳайсам ибни Ҷобир мебошад, ки аслан аз Ироқ буда, аз таъқиби Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф ба Мадина фирор кардааст. Дар Мадина ба тавассути мулозимони ҳокими шаҳр Усмон ибни Ҳайён дастгир ва бо фармони Валид ...

Байҳақ

Дар маъхазҳои асримиёнагӣ ба гунаи "Байҳ" ҳам омадааст. Номи Байҳақ, зоҳиран, муарраби вожаи форсист. Шаклу решаҳои беҳа, ё номи бунёдгузори шаҳр дар асри Каёниён – Байҳаҷ беҳа: ҷойи неку бад ё пеҳа қадам паймудан шубҳаангез аст.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →