ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 134

Бенефитсиар

Бенефитсиар - шахс ё муассисае, ки аз амале, полиси бимавӣ ё қарордод даромад мегирад; гирандаи даромад аз рӯйи суғурта; шахсе, ки аккредитив ба фоидаи ӯ пешниҳод карда шудааст; гирандаи маблағ аз рӯйи супоришномаи пардохт.

Бензин

Бензин - як навъ сӯзишворӣ; омехтаи карбогидридҳои сохташон гуногун. Моеи беранг, ҳарорати ҷӯшишаш 30-205 о С, ҳарорати яхбандиаш - 60 о С, зичиаш 700 - 780 кг/м 3. Ҳангоми 74-123 г/см 3 будани консентратсияи буғи бензин омехтаи тарканда ҳосил ме ...

Бензол

Бензол - як навъ пайвасти органикӣ карбогидриди ароматии содатарин; моеъи беранг, зудбухор; бӯйи хос дорад. Ҳарорати гудозишаш 5.5°С, ҳарорати ҷӯшишаш 80.1°С; зичиаш 879.1 кг/м 3. Бо ҳаво 1.5-8 дарсади ҳаҷми бензол омехтаи тарканда ҳосил мекунад. ...

Бенин

БЕНЍН, Ҷумҳурии Бенин - кишварест дар Африқои Ғарбӣ. Дар шимол бо Нигер, дар шимолу ғарбӣ бо Буркина Фасо, дар ғарб бо Того, дар шарқ бо Нигерия ҳамсарҳад буда, дар ҷануб онро халиҷи Гвинеяи Уқёнуси Атлантик иҳота кардааст. Масоҳаташ 112.6 ҳазор ...

Беннеттитҳо

Беннеттитҳо - як гурӯҳи рустаниҳои дарахтмонанди лучтухми мунқариз. Ба саговникҳои ҳозира монанд буданд. Беннеттитҳо аз номи ботаники англис Ҷ. Беннет гирифта шудааст. Беннеттитҳо пояи бешоха ё шоханок, барги паршакл ё муқаррарӣ доштанд. Гулашон ...

Беноми муъминободӣ

Беноми муъминободӣ, беном - навъе аз ангурҳои миёнапазаки маҳаллӣ. Селексияи хал­қист. Баргаш миё­наҳаҷми гирда, қифмонанд, панҷ­парра чоки байни пар­раҳояш рӯякӣ, дандонадори бепашмак баъ­зан каме пашмакдор. Гулаш модина, баъзан дуҷинса. Хӯша­аш ...

Бенсион Вул

Бенсион Вул - физикдони шӯравӣ, доктори илмҳои физика ва математика, академики АИ ИҶШС. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

Бентал

Бентал - - макони зисти мавҷудоти зериобӣ, ки дар дарун ё рӯйи лойқаи ҳавзҳои об зиндагӣ мекунанд. Дар уқё­нусу баҳрҳо ва обҳои ширин Б. ба табақаҳои амудии гуногун - сатҳӣ, зерисатҳӣ, мобайнӣ, қаърӣ ва ғ. тақсим мешавад.

Бентал (кӯҳ)

Бента́л - кӯҳи вулканӣ дар баландиҳои Голан, дар ҳудуди Исроил, начандон дуртар аз сарҳадди Сурия воқеъ аст. Якҷоя бо кӯҳи Авитал, ки каме дуртар аз қис­ми ҷанубиаш ҷойгир аст, силсилаи қаторкӯҳи ягонаро таш­кил медиҳад. Қуллаи нисбатан баланди к ...

Бентонит

Бентони́т - минерали табиии гилӣ, ки ҳангоми тар кардан чанд карат варам мекунад. Унсури асосии Бентонит - монтмориллонит Al 2 ОH 2 nH 2 О мебошад 60-70 %, ки аз варақ­санги силикат иборат аст. Ҳангоми маҳдуд кардани фазои варамкунии озод дар ҳол ...

Бентос

Бентос - маҷмӯи организмҳое, ки дар рӯй ё даруни лойқаи қаъри баҳрҳо ва ҳавзаҳои оби материкҳо зиндагӣ мекунанд. Бентос ҳайвонӣ зообентос ва наботӣ фитобентос мешавад. Аз рӯйи тарзи зиндагӣ Бентосҳо аз ҳамдигар фарқ доранд; баъзе Бентосҳо дар рӯй ...

Бераҳмӣ

Бераҳмӣ - хусусияти маънавӣ-равонӣ, ки дар муносибати ғайриинсонӣ, дағалона ва таҳқиромези шахс ба шахси дигар, инчунин зараррасонии рӯҳию ҷисмонӣ ва ҳатто таҳдид ба ҷон зоҳир мегардад. Инсонҳои бераҳм дар оила тоқатфарсо ва дар муносибатҳои шахс ...

Берг, Аксел Иванович

А́ксел Ива́нович Берг 1893, Оренбург - 9 июли 1979, Маскав) - радиотехники шӯравӣ, муҳандис-адми­рал, академики АИ ИҶШС, Қаҳрамони Меҳнати Сотси­алистӣ.

Берг, Лев Семёнович

Соли 1898 факулети табиатшиносии Университети Маскавро хатм кардааст. Солҳои 1904–13 дар Осорхонаи зоологияи АИ Петербург фаъолият дошт. Солҳои 1914–18 профессор ихтиологияи Институти хоҷагии қишлоқи Мас­кав, аз соли 1916 профессори кафедраи ҷуғ­ ...

Бергсон, Анри

Анри́ Бергсо́н - файласуфи фаронсавӣ, инкишофдиҳандаи ғояҳои спиритуализм, интуитивизм ва фалсафаи ҳаёт; узви Академияи Фаронса ва Президенти улуми ах­ло­қӣ ва сиёсӣ, нахустин Президенти Комиссияи байналмилалӣ оид ба ҳамкории маънавии созмондодаш ...

Бергстрём, Суне

Фаъолияти кориашро дар Институти Каролина 1934 аз омӯзиши моддаи кимиёии гепарин таҳти роҳбарии Эрик Йорпес оғоз намудааст. Ба ҳайси корманди илмӣ дар ун-тҳои Бернск, Лунда, Каролина фаъолият намуда, оид ба кимиё ва биокимиёи прос­тагландинҳо таҳ ...

Бердақ

Дар мактаби деҳа, сипас дар мадраса таҳсил кардааст. Дар мадраса ба ғайр аз улуми мутадовила, эҷо­диёти шоирон Алишери Навоӣ, Фузулӣ, Махдумқулӣ ва диг., инчунин эҷодиёти шифоҳии мардуми қарақал­поқро омӯхт. Дар эҷодиёти Б. мавзӯъҳои иҷтимоӣ-сиёс ...

Бердиев, Шӯҳрат Очилдиевич

Бердиев Шӯҳрат Очилдиевич - варзишгар, дорандаи камарбанди сиёҳ, Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон. Хатмкардаи ДМТ 2001. Дорандаи медалҳои биринҷии чемпионатҳои ҷаҳон байни ҷавонон, ғолиби Ҷоми Аврупо Санкт-Петербург, 1996, чемпиони ҷаҳо ...

Бере (навъи нок)

Бере // Асос - Боз. - Д.: СИЭМТ, 2013. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 2. - ISBN 978-99947-33-52-4.

Березит

Березит - ҷинси кӯҳии метасоматӣ, ки аз кварс, албит, серитсит ва карбонат иборат аст. Березит дар натиҷаи тағйирёбии метасоматикии ҷинсҳои хоро таҳти таъсири маҳлулҳои гидротермалӣ ба вуҷуд меояд. Березит нишонаи мавҷуд будани конҳои тило мебошад.

Береи Боск

Дарахташ баланд, шохаҳояш сирак, баргаш калони байзашакл. Апр. гул карда, сент. мевааш мепазад. Ба сабаби дер гул кардан шукуфааш аз хунукиҳои баҳор осеб намеёбад. Гулаш калон, хӯшагулаш аз 10–12 гул иборат аст. Мевааш калон 150–200 г, баъзан то ...

Береи Жиффар

Дарахташро бори аввал Н. Жиффар дар маҳалли Ангии Фаронса ёфтааст. Аз соли 1825 парвариш карда мешавад. Дарахташ хурди аҳромшакл, шохаҳояш паст, паҳну парешон. Навдаҳояш сиёҳи сурхча, баргаш борики дарозрӯя, бедандона, думчааш борик. Мевааш калон ...

Береи Лигел

Мувофиқи ақидаи як гурӯҳ олимон Береи Лигел навъи худрӯй буда, соли 1782 дар атрофи деҳаи Коперечеи Богема ёфт шудааст. Мувофиқи ақидаи дигар олимон А. Мас, А. Леруа ва Дитрих Береи Лигелро соли 1788 дар Белгия аз тухм рӯёндаанд. Дарахташ дарозум ...

Бери-бери

Бе́ри-бе́ри - бемориест, ки бинобар дар организм кам будани витамини В1, хусусан тиамин, сар мезанад. Ниёзи организми мардҳо ба витамини В 1 дар як шабонарӯз 1.6-2.5 мг, занҳо - 1.3-2.2 мг ва кӯдакон аз 0.5 то 1.7 мг аст. Беморӣ фаъолияти силсила ...

Бериев, Георгий Михайлович

Гео́ргий Миха́йлович Бери́ев - авиаконструктори машҳури шӯравӣ, генерал-майори хадамоти муҳандисию техникӣ, доктори илмҳои техникӣ.

Берилл

Бери́лл - минерал, силикати бериллий ва алюминий. Формулаи кимиёвиаш Al 2 Be 3 буда, вале аз сабаби дар таркиби худ доштани ишқорҳо Na,Ca, Rb, Li, Mn, Fe 2+, Fe 3+, Cr 2+, инчунин об, газҳои гелий, аргон хеле мураккаб аст. Низоми булӯрбандиаш гек ...

Бериллий

Бериллийро соли 1798 олими фаронсавӣ Л. Н. Воклен дар таркиби минерали берилл кашф намудааст. Бериллий филиззи сафеди хокистарранги сабук ва сахт аст, ҳарор. гудозишаш 1287°С, ҳарор. ҷӯшишаш 2770°С, зичиаш 1.816 г/см 3. Б. 6 10-4%-и массаи қишри ...

Беринг (гулӯгоҳ)

Беринг - гулӯгоҳи байни қораҳои Осиё ва Амрикои Шимолӣ, ки Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ - ро бо Уқёнуси Ором мепайвандад. Дарозиаш 96 км, бари миёнааш 134 км кӯтоҳаш 86 км, умқи қисми киштигардаш 36-60 м. Дар ҷаз-ҳои Диомида ба 3 гузаргоҳ ҷудо мешавад ...

Беринг (ҷазира)

Беринг, ҷазираи Беринг - яке аз ҷаз-ҳои ғарбии гурӯҳи ҷаз-ҳои Командори Баҳри Беринг. Масоҳ. 1667 км². Баландиаш аз с. б. то 751 м. Дарозии ҷазира то 90 км, бараш 24 км. Аҳолиаш 800 нафар. Беринг ба ноҳ. Алеути кишвари Камчаткаи Россия дохил меша ...

Берклий

Бе́рклий - унсури кимиёии гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 97, массаи ат. 247.0703. Мансуби актиноидҳост; унсури радиоактив.

Берлин

Дар андароби дарёҳои Шпре ва Хафел воқеъ буда, ба воситаи наҳрҳои киштигард бо Баҳри Шимолӣ ва Баҳри Балтика мепайвандад. Аҳолиаш 3479740 нафар 2011, асосан олмониҳо 86% ва миллатҳои гуногун 14%; полякҳо, туркҳо ва русҳо. Масоҳ. 891.85 км 2. Зичи ...

Бермудо

Бермудо, ҷазираҳои Бермудо - гурӯҳи ҷазираҳои марҷонӣ дар Уқёнуси Атлантик, 917 км дуртар аз қитъаи Амрикои Шимолӣ. Дар шимол аз димоғаи Гаттераси иёлати Каролинаи Шимолӣ тӯл кашидааст. Аз соли 1684 мустамликаи Британияи Кабир. Масоҳаташ 53.3 км² ...

Бернини, Ҷованни Лоренсо

Ҷованни Лоренсо Бернини - меъмор ва пайкарасози итолиёӣ, яке аз барҷастатарин намояндагони ҳунари барокко дар Рум ва тамоми Итолиё.

Берсим

Пояаш рост, 40-70 см қад мекашад бехи поя бебарг аст. Баргаш дарозрӯя дарозиаш 3-5 см, бараш 1-1.5 см, мӯякдор. Гултӯдааш хӯшанамо, гулаш сафеди зардчатоб 9-10 гардбарга дорад; косабаргаш махрутшакл дарозиаш 1 см, аз берун бо мӯяки зич пӯшида шуд ...

Бертело Бертло

Бертло, Бертело, Пер Эжен Марселен, кимиёшиноси фаронсавӣ. Проф. кимиёи Мактаби олии фарматсевтии Париж ва Коллеҷ де Франс, узви АИ Париж, узви вобастаи АИ Петербург, вазири маориф ва корҳои хориҷии Фаронса.

Бертелс, Андрей Евгеневич

Андрей Евгеневич Бертелс - шарқшиноси рус, доктори илмҳои филология, профессор, писари Е. Э. Бертелс.

Бертелс, Евгений Эдуардович

Евге́ний Эдуа́рдович Берте́лс декабри 1890, Санкт-Петербург - 7 октябри 1957, Маскав) - шарқшиноси рус, доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи АИ ИҶШС, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Ӯзбекистон ва ҶШС Тоҷикистон, узви вобастаи Фарҳа ...

Бертло, Марселен

Пйер Эже́н Марселе́н Бертло́ - кимиёшиноси фаронсавӣ. Профессор кимиёи Мактаби олии фарматсевтии Париж ва Коллеҷ де Франс, узви АИ Париж, узви вобастаи АИ Петербург, вазири маориф ва корҳои хориҷии Фаронса.

Берунит

Берунит - минерал, формулаи кимиёиаш 8.5CaSiO 3 8.5CaСO 3 CaSO 4 15H 2 0. Дар рӯйи минерали таумасит ба шакли булӯрҳои сафеди нахмонанди тунук 2 – 3 мм дучор мешавад. Сахтиаш 2; зичиаш 2300 кг/м 3. Ба ифтихори Абурайҳони Берунӣ номгузорӣ шудааст ...

Берунӣ (шаҳр)

Берунӣ, дар қадим Кос - шаҳр, маркази маъмурии ноҳияи Берунии и Мухтори Қарақалпоқистон. Дар соҳили рости дарёи Аму, 20 км шимол шақртари истгоҳи роҳи оҳани Урганҷ воқеъ аст. Роҳҳои автомобилгарду ҳавоӣ ва обӣ дарёи Аму, бандараш Чалиш Беруниро б ...

Берӯии Бухороӣ

Дар Бухоро таҳсил, зиндагӣ ва эҷод кардааст. Тазкиранигор Мутрибӣ "Тазкират-уш-шуаро" иттилоъ медиҳад, ки дар хонаи Берӯии Бухороӣ шаш моҳ зиндагӣ карда, "осори кашфу каромот аз ӯ мушоҳида" намудааст. Дар анвои гуногун шеър асар меофарид. Ба "Юсу ...

Бесипарҳо

Бесипарҳо - нармбаданҳои ҷӯякшикам, яке аз синфҳои ҷонварони баҳрӣ. Солҳои пеш бесипарҳоро гоҳ мансуби синфи сӯзанпӯстон, гоҳе мутааллиқ ба синфи кирмҳо медонистанд. Бесипарҳо бештар ба нармбаданҳои сипардор шабоҳат дошта бошанд ҳам, бо бисёр хус ...

Бесс

Бесс, ҳокими Бохтар дар замони Ҳахоманишиён. Тирамоҳи с. 331 то м., вақте ки Дорои III дар муҳорибаи Гавгамел аз Искандари Мақдунӣ шикаст хӯрд, Бесс он ҷо фармондеҳи лашкари дастаи савораи Бохтариёну Суғдиёни Доро буд. Искандари Мақдунӣ Дороро аз ...

Бесса

Бесса - паст фуровардани қурби коғазҳои қиматнок: паст шудани қурби коғазҳои қиматноки биржавӣ; ҳаннотии биржавӣ, ки мақсадаш паст фуровардани қурби коғазҳои қиматнок ё нархи мол мебошад. Ҳанноти коғазҳои қиматнок кӯшиш мекунад, ки лаҳзаи байни б ...

Бессонов, Владимир Василевич

Влади́мир Васи́левич Бессо́нов - варзишгар ва мураббии украинӣ, Устоди варзиши байналмилалӣ, Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС. Нимҳимоятгари дастаҳои украинии "Металлист" -и Харков 1975, "Динамо" -и Киев 1976–90 ва "Маккаби" Исроил, 1990–91. ...

Бестужев, Александр Александрович

Алекса́ндр Алекса́ндрович Бесту́жев -и 1797, Санкт-Петербург - 7 июл 1837, Адлер) - шоири рус, декабрист.

Бесутун

Бесутун ҳам ёд мешавад) - маҳалле дар ҳудуди 35 км шаҳри Кирмоншоҳи Эрон, ки бо кӯҳҳои сар ба фалак кашида ва бузургтарин тахтасангҳои катибадор. Нақшҳо ва катибаҳо бо фармони шоҳаншоҳи муқтадири Ҳахоманишӣ Дорои 1 522 - 486 кандакорӣ шудаанд, ки ...

Бета-зарра

Бета-зарра - электрон ва позитроне, ки ҳастаи атом ҳангоми бета-коҳиш меафканад. Сели бета-зарраҳо бета-афканиш номида мешавад. Бета-зарраҳо аз тарафи физикдони фаронсавӣ А. А. Беккерел соли 1876 кашф карда шуда буданд. Ҳоло маълум аст, ки бета-з ...

Бета-коҳиш

Бета-коҳиш коҳиши радиофаъоли ҳастаи атом, ки дар натиҷаи он ҳаста электрон ё позитрон меафканад. Ин раванд ба туфайли худ аз худ табдилёбии яке аз нуклонҳои дохилиҳастаи ба нуклони ҷинси дигар, яъне нейтрон ба протон ва ё баръакс, протон ба нейт ...

Бета-табобат

Бета-табобат - яке аз тарзҳои шуоъшифоӣ. Бета-табобат ба тавассути электронҳо бета-зарраҳо, ки ҳангоми бета-коҳиши изотопҳои радиоактив хориҷ мешаванд, сурат мегирад. Бета-табобат чанд хел мешавад: аппликатсиявӣ, дохилибофтавӣ, дохилибаданӣ ва ғ. ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →