ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 135

Бетатрон

Бори аввал бетатронро олими норвегиягӣ Ролф Видероэ соли 1928 сохт, вале он кор накард. Аввалин бетатрони амалкунандаро олими амрикоӣ Доналд Керст соли 1940 дар Донишгоҳи Иллинойс ИМА сохт. Маҳз дар бетатрон аввалин маротиба лаппишҳои квазидаврие ...

Бетпак-Дала

Бетпа́к-Дала́, - биёбон дар Қазоқистон. Аз ғарб ба шарқ ба масоҳат 400 км, дар байни пастхамиҳои дарёҳои Сарису, Чу ва кӯли Балхаш доман густардааст. Масоҳ. қариб 75 ҳазор км 2. Баландии даштҳои нишеби ноҳамвор аз с. б. ба ҳисоби миёна 300–350 м ...

Бефосилагии мунтазам

Бефосилагии мунтазам - мафҳуми муҳимми таҳлили математикӣ. Функсияи fx дар маҷмӯи G мунтазам бефосила номида мешавад, агар барои ҳар гуна адади ɛ > 0 чунин адади δ = δ ɛ > 0 ёфт шавад, ки аз нобаробарии |х 1 -х 2 | < δ x 1 ва x 2 ҷуфти д ...

Бефосилагӣ

Бефосилагӣ - яке аз мафҳумҳои асосии математика, ки бар хилофи мафҳуми дискретӣ набудани гусастагиҳо ва тағйирёбии тадриҷиро ифода мекунад. Бефосилагӣ бештар дар ду консепсияи математикӣ – бефосилагии маҷмӯъ ва бефосилагии инъикос функсия ба наза ...

Бех

Аз 30 то 80 см қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш нештаршакл, гулаш майдаи сафед ё гулобӣ, ғӯзааш байзашакл. Моҳҳои май-июн гул карда, июл-сентябр тухм мебандад. Одатан, дар дашту биёбон, нишебиҳои кӯҳ ва теппаҳо мерӯяд. Дар Тоҷикистон асосан дар ...

Бехабари Балгиромӣ

Бехабари Балгиромӣ Мир Азаматуллоҳи Ҳусайнӣ - шоир ва тазкиранигори форсизабони Ҳиндустон. Аз нисбааш бармеояд, ки дар ш. Балгиром ба дунё омада, дар ҳамон ҷо ба камол расидааст. Таҳсилро дар назди падараш, ки донишманд буд ва бо тахаллуси "Аҳмад ...

Бехатарӣ

Бехатарӣ - вазъи собит ва бидуни хатар, ки ба воситаи корбурди силсилаи чораҷӯиҳо амалӣ мегардад. Истилоҳи Бехатарӣ ба таври васеъ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар бахшҳои гуногуни ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Масалан, дар ...

Бехмева

Бехмева - бехи баъзе рустаниҳо, ки аз сабаби серобу сершираву серғизо буданашон парвариш карда мешаванд. Рустаниҳои бехмева, одатан, яксола шалғамча, дусола ва бисёрсола қатрон - қатран мешаванд. Аз рӯйи мавриди истифода ба ду гурӯҳашон ҷудо меку ...

Бехуди Истаравшанӣ

Бехуди Истаравшанӣ - шоири тоҷик. Дар Истаравшан зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз ашъори дар баёзҳову тазкираҳо боқимондааш бармеояд, ки ӯ ба мавзӯъҳои ишқӣ, тарғиби дӯстӣ ва рафоқат, шикоят аз беадолатиҳои замона ва ғ. даст задааст. Абёти зерин аз ӯ ...

Бехудуи Балхӣ

Бехудуи Балхӣ - шоири тоҷик. Аз ин шоир тазкиранигор Нисории Бухороӣ дар "Музаккир-ул-аҳбоб" маълумот дода, ӯро чун зодаи Балх ва нашъунамоёфта дар ҳамин ҷо муаррифӣ намудааст. Ин байт аз ӯст: Гар абрӯи туро нашудӣ моҳи нав ғулом, Айём ҳаргизаш н ...

Бехудӣ

Бехудӣ ва безорӣ, бехудӣ - вазъи ошуфтаи равонӣ, ки дар натиҷаи рӯиҳамоии падидаҳо, амалияҳо ва ҳолатҳои хосси рӯҳӣ ба вуҷуд омада, дар шахс боиси бетафовутӣ ва аз даст додани қобилияти танзим ва идораи аъмолу рафтор мегардад. Воқеият дар ҳолати ...

Бехҷаст

Бехҷаст - нардҳое, ки аз муғҷаҳои иловагӣ ва баъзан аз кӯрмуғҷаи кунда ё решаи дарахт месабзанд. Бехҷаст, одатан, дар муддати кӯтоҳ рушд ёфта, ба навниҳол монанд мешавад. Бехҷастро дар ҷангалпарварӣ, сабзкорӣ ва боғдорӣ истифода мебаранд. Дарахте ...

Бешазоркунӣ

Бешазоркунӣ - бо роҳи қаламча, шинондани ниҳол ё кишти тухми дарахтон бунёд намудани беша. Бешазоркунӣ чорабинии давлатӣ буда, яке аз вазифаҳои асосии хоҷагии ҷангал аст. Дар Тоҷикистон бешазоркунӣ асосан бо мақсади пешгирии эрозияи хок, мустаҳка ...

Бешаки зимистонӣ

Бешаки зимистонӣ - навъе аз харбузаҳои дерпазак. Давраи нашваш 95-115 рӯз. Харбузаи тухмшакл буда, ҳаҷман калон аст; вазнаш 8-12 кг, дарозиаш 35-45 см. Пӯсташ андаке чиндор, дурушт. Рангаш зард, сабзтоб, нақшҳояш сабзи тира. Доғҳои сиёҳтоби мавҷм ...

Бешаҳрвандӣ

Бешаҳрвандӣ - ҳолати ҳуқуқиеро номанд, ки мувофиқи он шахс табаъияти ягон давлатро надорад. Бешаҳрвандӣ мутлақ аз рӯзи таваллуд ва ё нисбӣ аз даст додани шаҳрвандӣ шуда метавонад. Ин гуна шахсро дар ҳуқуқи конститутсионӣ апатрид ё худ шахси бидун ...

Бешкент (водӣ)

Бешкент дар байни қ-кӯҳҳои Туюнтоғ дар Ғарб ва Ариқтоғ дар Шарқ ҷойгир аст. Дар Шимол теппаҳои начандон баланд онро аз водии Кофарниҳон ҷудо мекунанд. Дарозиаш 70 км, бараш то 5 км. Сатҳаш ҳамвор, баъзан пастию баландиҳо вомехӯранд. Дар қисми мар ...

Бешкент (нашрия)

"Бешкент" - нашрияи Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав. Аз соли 1997 ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ мунтазам ба табъ мерасад. Дар саҳифаҳои "Бешкент" роҷеъ ба мавзӯъҳои маориф, кишоварзӣ, танд ...

Бештентак

"Бештентак" - кони нафту газ дар ноҳияи Балҷувон, ки соли 1970 аз тарафи экспедитсияи иктишофии геологии Саридораи геологияи ҶШС Тоҷикистон дар ҷараёни гузаронидани корҳои иктишофӣ-геологии солҳои 1969 - 1978 кашф шудааст. Мавзеи ҷуғрофиёии кон б ...

Бешуурӣ

Бешуурӣ - тавсифи ҳолатҳо, равандҳо ва хусусиятҳои равонии одам, ки ба доираи шуури ӯ дохил намешаванд, аммо ба рафтори ӯ таъсир мерасонанд. Бешуурӣ маҷмӯи амал, раванд ва ҳолатҳои равоние мебошад, ки шахс дар зуҳуроти онҳо ба худ ҳисобот дода на ...

Беэътибории аҳд

Беэтибории аҳд - дар ҳуқуқшиносӣ бе риоя намудани шакл ва талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бастани аҳд аст. Аҳди беэътибор, ба истиснои оқибате, ки бо беэътибории он алоқаманд аст, аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор мебошад. Дар сурати беэътиб ...

Беғар (кон)

"Беғар" - кони сурбу флюорит дар қисмати ҷанубии қ-кӯҳҳои Ҳисор, дар водии д. Беғари рост. Дар баландии 1400 - 1600 м аз с. б. ҷойгир аст. "Беғар" дар давраҳои қадим кашф шудааст, ки инро мавҷудияти ковишҳои куҳна тасдиқ менамоянд. "Беғар" ба тар ...

Беқарорӣ

Беқарорӣ - ҳолати равонӣ, ки дар шахс ба сурати нооромӣ ва фаъолиятҳои гуногун, тағйирёбанда ва беҳадаф зоҳир мешавад. Беқарорӣ дар баъзе кӯдакон аз ҳамон моҳҳои аввали вилодат дар шакли нооромӣ ва рафтори гуногун мушоҳида мешавад. Тифли дучори Б ...

Беқасаб

Беқасаб - матои нимабрешимии якранг, рах-рахи гулдори мавҷнок. Нахи тори беқасаб борику нахи пудаш ғафс мешуд, ки он баръакси тори адрас мебошад. Тори онро аз абрешими нафиси сабз, кабуд, зард, сурх, гулобӣ, қаҳваранг тайёр мекунанд. Тори беқасаб ...

Беҳбуди Шоҳаншоҳӣ

Беҳбуди Шоҳаншоҳӣ - наққош ва хаттоти форс-тоҷик. Муаллифи "Маноқиби ҳунарварон" вайро шогирди Муҳаммад Ҳусайни Табрезӣ ва аз бузургони шоҳ Таҳмосби аввали Сафавӣ донистааст, ки дар ҳарами хосси ӯ ба китобат машғул будааст. Соҳиби "Муассири Раҳим ...

Беҳзодӣ

Беҳзодӣ, бекзодӣ - навъе аз харбузаҳои миёнсолӣ. Асосан дар вилоятҳои Суғду Хатлон, водии Ҳисор, инчунин вилоятҳои Бухорою Самарқанд, Хоразм ва водии Фарғонаи Ӯзбекистон мепарваранд. Баъди 85-90 рӯзи кишт мепазад. Ҳар як палакаш 2-3 харбуза мебан ...

Беҳокимиятӣ

Анархи́зм - ҷараёни сиёсӣ, ки ба ҳама гуна давлату ҳокимият муросо кардан намехоҳад, низоми муайяни муносибати байни одамонро барои ҳама эътироф наменамояд, озодии номаҳдуди шахсиятро тарғиб мекунад. Ғояҳои анархизм ҳанӯз дар асарҳои муҳаққиқони ...

Беҳрӯзи Табарӣ

Беҳрӯзи Табарӣ - шоири форс-тоҷик. Дар Табаристони Эрон ба дунё омадааст, аз ин рӯ ба нисбаи Табарӣ машҳур аст. Ба қавли тазкиранигор Муҳаммад Авфӣ аз шоирони дарбори Ғазнавиён буд. Аз намунаҳои осораш бармеояд, ки ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ, танқиду ш ...

Беҳсутун

Пас аз даргузашти падараш Вушмгир с. 968 ба тахти аморат нишаст, аммо бародари хурдиаш Қобус ҳам даъвои тахту тоҷ намуд. Б. барои ҳифзи қудрат ба оли Бӯя пайваст ва бо амири ин хонадон Рукнуддавла дӯстӣ барқарор намуд. Бо ёрии ӯ Б. тавонист ҳоким ...

Беҷода

Беҷода, гранат - гурӯҳи минерали силикатҳои мураккаби таркибашон тағйирёбанда, формулаи умумиашон R 3 2+ R 2 3+ 3 ; дар ин ҷо R 2+ =Mg, Fе, Мn, Са ва R 3+ = Al, Fe, Cr аст. Дар радикали SiО 4 як қисми Si ба Al 3+, оксиген бошад, ба гурӯҳи OH –1 м ...

Беҷоғҳо

Беҷоғҳо - яке аз забарсинфҳои ҷонварони муҳрадори дараҷаи паст. Беҷоғҳо ҷоғи ҳақиқӣ надоранд ва биниашон яксӯроха аст. Беҷоғҳоро халтағалсамаҳо Marsipobranchii низ меноманд, зеро ғалсамаи онҳо ба халта шабоҳат дорад. Устухонбандии панҷарашакли ға ...

Беҷумҷумаҳо

Беҷумҷумаҳо, бекосасарон - зертипи ҷонварони хордадори дараҷаи паст. Тану сари беҷумҷумаҳо яклухт буда, косаи сар надоранд; бадан, баъзе узвҳои дарунӣ, ихроҷ ва ғадудҳои ҷинсии онҳо бо бандҳо ҷудо шудаанд. Вазифаи дилро раге иҷро мекунад, ки дар ...

Би-би-сӣ

Би-Би-Сӣ соли 1922 таъсис ёфтааст. Аз маҷмӯаи барномаҳои радиоиву Интернет ва телевизион иборат аст. BBC ширкати ғайридавлатист; он созмони ҷамъиятӣ буда, дорои шӯрои назорат иборат аз 12 сарпараст аст, ки аз ҷониби маликаи Британия таъйин мешава ...

Биёбон

Биёбон - саҳрои камобу алаф, бодия, замини нокорам, ҳудуди иқлимаш хушки континентии арзҳои муътадил, субтропикӣ ва тропикӣ. Миқдори боришоти солонаи биёбон 150 - 175 мм буда, бухоршавӣ назар ба миқдори солонаи боришот чандин маротиба зиёд аст. Ҷ ...

Биёбони калони Виктория

Биёбони калони Виктория - биёбони регзор дар Чануби Австралия, байни 26° ва 30° арзи ҷанубӣ Масохати 300000 км 2. Аз шарқ ба ғарб, аз қаторкуҳи Стюарт то ҳамвории Кӯлҳои Шӯр, ба масофаи 1200 км тӯл кашидааст. Бараш то 550 км. Баландиаш аз с. б. б ...

Биёбони Либиё

Биёбони Либиё - биёбон дар Африқо, дар қисми шимолу шарқи Саҳрои Кабир, дар самти ғарбии дарёи Нил. Дар ҳудуди Либиё, ҶМА ва Судон воқеъ аст. Масоҳаташ қариб 2 млн км 2. Қисми шимолиаш пасти регзор, баландии хомаҳо то 300 м, шимол шарқиаш – пастх ...

Биёбони Нубия

Биёбони Нубия - биёбон дар Африқо, дар қисмати шарқии Саҳрои Кабир, байни дарёи Нил ва қаторкуҳи Этбай, дар қисмати Шимол бо Биёбони Араб мепайвандад. Масоҳаташ 1.2 млн км 2. Баландии миёнааш аз с. б. 500 м, нуқтаи баландтаринаш куҳи Ода 2259 м. ...

Биёбони регзори калон

Биёбони регзори калон - биёбон дар шимолу ғарби Австралия. Масоҳаташ 360 ҳазор км 2. Баландиаш ба ҳисоби миёна 400 - 500 м. Қисми зиёдаш аз қатортеппаҳои регзор аксар то 10-12 м иборат аст, ки онҳоро ҳамвориҳои шӯрзамину гилӣ аз ҳам ҷудо мекунанд ...

Биёбони Сурия

Биёбони Сурия - биёбон дар Осиёи Ғарбӣ, дар ҳудуди Сурия, Ироқ, Урдун ва Арабистони Саудӣ. Масоҳаташ тақрибан 1 млн км 2. Сатҳаш пуштакуҳ ва ҳамвори тадриҷан пастшаванда аз 800 то 500м. Дар шимолу шарқ бо водии дарёи Фурот маҳдуд шудааст. Дар он ...

Биатлон

Биатло́н - мусобиқаи муосири зимистона аз рӯйи ду намуди варзиш: лижаронию тирандозӣ. Масофаи мусобиқа 20 км тӯл кашида, дар чор нуқтаи муайяншудаи он аз панҷум то ҳаждаҳум км варзишгар аз туфанг тир холӣ мекунад ду маротиба рост истода ба ҳадафи ...

Бибеску, Марта

Марта Бибеску - нависандаи фаронсавизабони Руминия. Асарҳои тарҷумаиҳолии "Тӯтии сабз" 1924, "Катерин" 1927, "Варақҳои тақвим" 1939 ва ғ., инчунин шеърҳо эҷод кардааст. Дар ашъори Марта Бибеско мавзӯъҳо ва оҳангҳои шарқӣ, истифода аз эҷодиёти Ума ...

Бибизумрад Абдуллоева

Колхозчӣ, сардори звено ва бригадаи колхози ба номи Телмани ноҳияи Колхозобод 1937 – 72. Аз соли 1973 нафақагири шахсӣ буд. Абдуллоева солҳои 1948 – 50 аз ҳар га замин 35 – 41 сентнер ҳосили пахтаи маҳиннах рӯёнд. Бо ду ордени Ленин, орденҳои Бай ...

Бибинигорӣ

Бибинигорӣ - як навъ зардолуи маҳаллӣ; селексияи халқист. Дарахташ зудсабз, сершохи садамонанд, соли 3–4-уми шинондан ниҳоли пайвандиаш ба ҳосил медарояд. Дарахти 55–57-солааш 105–120 кг ҳосил медиҳад. Миёнаҳои моҳи март гул карда, даҳаи авв. июн ...

Бибираҷабӣ

Бибираҷабӣ, кампирхӯрак - навъе аз зардолуҳои маҳаллии қадимӣ; селексияи халқист. Дарахташ садамонанд, сершохубарг, баргаш калони дилшакл, атрофаш дандонаҳои майда дорад. Нимаи март гул карда, охири июн мевааш мепазад. Мевааш майдаи нӯгтез, зарди ...

Библио

Библио. - дар калимаҳои мураккаб муносибати калимаро ба китоб ифода мекунад, масалан, библиография, библиотека ва ғ.

Библиология

Библиология, илмест, ки пайдоиш ва инкишофи китобдорӣ -ро меомӯзад. Ҳоло ба ҷойи библиология истилоҳи "китобшиносӣ" роиҷ аст.

Библиопсихология

Библиопсихология - соҳаи равоншиносӣ, ки масъалаҳои равонии дарк намудани матнҳоро дар асоси назарияи библиопсихологӣ - назарияи дарки матни бадеӣ бо дарназардошти ҷанбаи фардии ширкатдорони раванд: муаллиф - матн - хонанда меомӯзад. Матн дар ин ...

Библиософия

Библиософия, истилоҳе, ки с. 1893 китобшиноси итолиёӣ Г. К. Пило барои ифодаи илми маҷмӯӣ оид ба китоб пешниҳод кардааст. Ӯ ба таркиби библиология, библиография ва библиотекономия -ро дохил намудааст.

Бибӣ Зоирӣ

Бибӣ Зоирӣ - шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз ҳунари шоирӣ ва табъи волои ӯ дар маъхазҳо, мас., "Нештари ишқ" -и Ҳусайнқулихони Азимободӣ, иттилоъ дода шудааст. Дар осори худ бештар ба ғазал таваҷҷуҳ доштааст анъанаҳои шоирони гузаштаи адабиёти кл ...

Бибӣ Фотима

Бибӣ Фотима, Бибӣ Зуҳро, Заҳро - қаҳрамони нақлу ривоятҳо ва устураҳои тоҷикист, ки маншаи он духтари пайғамбари ислом Муҳаммад Фотима мебошад. Бибӣ Фотима дар қиссаву ривоятҳои мардумӣ ҳаммонанди занҳои тоҷик ҳалиму меҳрубон, покдоман ва заҳматк ...

Бигиз

"Бигиз" - маҷаллаи ҳаҷвии тоҷикӣ, ки ҳамчун иловаи рӯзномаи "Ҳақиқати Ӯзбекистон" дар шаҳри Самарқанд солҳои 1931 - 1936 ба табъ мерасид. "Бигиз" то соли 1931 бо номи "Мулло Мушфиқӣ" аз 27 сент. 1926 ва дар солҳои 1929 - 30; 1936 бо номи "Мушфиқӣ ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →