ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 140

Бодомдонак

Дарахташ ба зардолуи бодомӣ монанд буда, бештар хамидашох мешавад. Мевааш – калони гирда вазнаш – 35–40 г, дар мобайн чоки сатҳӣ дорад. Пӯсташ – ғафси серпашмак, рангаш – сабзи зардча, тарафи офтобрасаш – сурхтоб. Гӯшташ – ғафс, зарди норанҷӣ, ха ...

Бодоми бухороӣ

Балан­диаш 6-7 м, қутри танааш 30-35 см. Пӯстлохи навдаҳояш хокистарранги тира, чокдор. Навдаҳои тарракаш пашмакдор. Баргаш дарозрӯя ё забоншакл дарозиаш 3-6 см, бараш 2-2.5 см, пашмакдор, рангаш сабзи равшан ё ти­ра, ҷилодор. Дарозии думчааш то ...

Бодоми коғотак

Бодоми коғотак - бодоме, ки пӯсти нафису нарми тӯрмонанд дорад. Қисми зиёди бодоми коғотак аз мағз иборат аст. Каҷакбодоми тоҷикӣ ва коғотаки ялтагӣ маъмуланд.

Бодомча

То 1-2 м қад мекашад; пӯстлохаш хокистарранги сиёҳтоб. Барги бедумчаи нештармонанд ё белчашакл, гули сурхи арғувонӣ ё гулобӣ 5-8-барга дорад. Моҳҳои март - апрел гул карда, июн - июл мевааш мепазад. Дар нишебии кӯҳҳо баландии 400 - 1400 м аз с. б ...

Бодомча (заргарӣ)

Бодомча / М. Шарипова // Асос - Боз. - Д.: СИЭМТ, 2013. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 2. - ISBN 978-99947-33-52-4.

Бодомча (мисгарӣ)

"Бодомча" - дар мисгарӣ – зарфи танааш бодомшакл. Ду нимаи зарфи ояндаро дар қолаби бодомшакл рехта, баъди рӯяшро бо усули заркӯбӣ ё нақшбурӣ оро додан ба ҳам васл мекунанд. Намунаҳои "Бодомча" дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузанд.

Бодомӣ

Бодомӣ - як навъ зардолу. Дар Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ ва шаробкашии ба номи Р. Р. Шредер рӯёнда шудааст. Дарахташ сармобардор, тезсабзи садамонанд, навдаҳои яксолааш борик ва дароз. Баргаш калон, паҳни нӯгтез, рӯяш суфтаи андак тӯр ...

Бодсанҷ

Бодсанҷ, шамолсанҷ, анемометр - асбобест барои чен кардани суръати бод. Анемометр аз фирфираки палладори ё паррадор дар тир насбшуда иборат аст, ки он бо механизми ченкунанда пайваст мебошад. Ҳангоми вазидани бод паллаҳо ба ҳаракат даромада, гирд ...

Бодуэн де Куртенэ, Иван Александрович

Ива́н Алекса́ндрович Бодуэ́н де Куртенэ́ март 1845, Радзимин - 3 ноябри 1929, Варшава) - забоншиноси руси лаҳитабор, узви вобастаи АИ Петербург. Яке аз намояндагони маъруфи забоншиносии умумӣ ва муқоисавӣ, саромади мактабҳои забоншиносии Қазон ва ...

Бодхез (парваришгоҳ)

Бодхез аз биёбонҳои регзор, даштҳои сералафи субтропикии ғешазор ва бешаҳои камдарахти пистазор иборат аст. Олами набототаш ғанӣ буда, 700 намуди гулу рустаниҳои нодир аз қабили лолаи кӯшкӣ, гули минои ориёӣ ва қариб 60 намуд рустаниҳои эндемӣ ма ...

Бодхӯрда

Бодхӯрда - бемории музмини илтиҳобии бофтаю рагҳо. Бодхӯрда бештар дар занҳои синни таваллуд пайдо мешавад. Сабаби беморӣ маълум нест. Тахмин мекунанд, ки он бар асари сирояти ниҳонии вирусҳо, ихтилоли ға­дуд­ҳои усораи дохилӣ ва тамоюли ирсии од ...

Бодғелак

Пояаш сершох аз 20 см то 1.5 м қад мекашад. Баргаш майда дарозиаш 10–60 мм, борик, нӯгтез. Гулаш беранг ё гулобитоб моҳҳои июл – авг. мешукуфад. Мевааш лӯнда, майда қутраш 1.5 мм. Бодғелак асосан дар гилхок, хоки регу сангрезадор, санглох, шӯрзам ...

Бодӣ (шоир)

Дар "Тазкират-уш-шуаро" -и Мутрибии Самарқандӣ, "Музаккиру-л-аҳбоб" -и Хоҷа Ҳасани Нисории Бухороӣ ва диг. манобеи адабӣ оид ба ин шоир маълумот дарҷ гардидааст. Дар зодгоҳаш Кашмир таҳсилро оғоз намуд ва барои такмили дониш, махсусан улуми адаб ...

Боз

Боз - номи умумии чанд намуд парандаҳои соҳиб­чан­гол. Дарозии танашон 21–50 см; болҳои дарозу тез, думи кӯтоҳ, пар­ҳои дурушти зич доранд. Дар дарахт, ҷарӣ, камари харсанг тухм 2–6-то мегузоранд; баъ­­зан лонаи дигар паран­даҳоро иш­ғол мекунанд ...

Бозича

Бозичаҳо дастӣ ва истеҳсолӣ мешаванд. Онҳоро аз чӯб, лой, оҳан, пластмасса ва ғайра месозанд. Аз рӯйи истифода бозичаҳо сенсорӣ, образнок, истеҳсолӣ, техникӣ, ҷамъиятӣ-маишӣ ва ғайра мешаванд. Бозичаҳо ба тарбияи фикрӣ, ҷисмонӣ ва зебоишиносии ба ...

Бозиҳои бачагон

Бозиҳои бачагон - яке аз воситаҳои тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ, ҷисмонӣ ва зебоишиносии бачаҳо. Дар бозӣ ҳолатҳои рӯҳӣ: эҳсосот, идрок, тафаккур, хаёл, хотира, ирода ва ғайра инкишоф меёбад. Дар бозиҳои бачагон мазмуни фаъолияти калонсолон инъикос меёб ...

Бозиҳои варзишӣ

Бозиҳои варзишӣ - навъи бозиҳои мусобиқавӣ. Бо ягон олоти варзишӣ бо истифода аз усулҳои техникию тактикӣ ба дарвоза ё майдончаи ҳариф задан ё партофтани тӯб.

Бозиҳои миллӣ ва мардумии тоҷикон

Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ - фаъолиятҳоеянд, ки ҳамчун воситаи тафреҳӣ ва дилхушӣ дар байни мардум новобаста ба синну сол аз замонҳои қадим то имрӯз барои тарбияи варзишӣ, ахлоқӣ ва зебоишиносии инсон хидмат мекунанд.

Бозоргул Алиаҳмадова

Колхозчӣ 1950 – 1957, сардори бригадаи пахтакории колхози ба номи Ленини ноҳияи Мӯъминобод 1957 – 1989. Аз соли 1990 нафақагири шахсӣ. Бригадааш ҳосили фаровони пахта рӯёндааст. Бо орденҳои Ленин ва Револютсияи Октябр, медали "Барои меҳнати шуҷоа ...

Бозори дохилии қоғазҳои қиматнок

Бозори дохилии қоғазҳои қиматнок - нашр ва фурӯши қоғазҳои қиматнок дао як мамлакат. Ба маънии маҳдуд бозори дохилии қоғазҳои қиматнок қисми бозори дохилии миллӣ буда, тариқи барориш ва савдои қоғазҳои қиматноки резидентҳоро ифода мекунад.

Бозори озод

Бозори озод - харидуфурӯши қоғазҳои қиматнок аз ҷониби бонки марказӣ бо мақсади таъсир расондан ба миқдори пули дар гардиш буда ва ҳаҷми қоғазҳо. Амалиёт асосан ба тавассути қоғазҳои қиматноки кӯтоҳмуддати давлатӣ ва баъзан бо қоғазҳои миёна ва д ...

Бозори сиёҳ

Бозори сиёҳ Савдои ғайриқонуние, ки дар шароити тақсимоти меъёрӣ ва танзими маъмурии нархҳо бар зиёни ҳуқуқи харидор ба миён омадааст. Савдои пинҳонии молҳои манъшуда. Нархгузории ғайрирасмӣ ва амалиёт бо қоғазҳои қиматнок дар ибтидои пайдоиши он ...

Бозорқалъа

Бозорқалъа - ёдгории давраи биринҷӣ дар поёноби рӯди Ому, мансуб ба асрҳои 15-12 то милод. Бозёфтҳои бозорқалъа дар бораи бо зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул будани қабилаҳои маҳаллӣ маълумот медиҳанд. Дар ҳамин ноҳия бошишгоҳҳое ба бозорқалъа мона ...

Бозӣ

Дар бозӣ талаби ба олами атроф таъсир расондани кӯдак зоҳир гардида, сифатҳои фикрӣ, ахлоқӣ ва иродавиаш ташаккул меёбанд. Бозӣ дар кӯдак ҳамчун шакли баамалбарории фаъолият хидмат менамояд. Амалҳои бозӣ дар кӯдакон дар натиҷаи тақлиди онҳо ба ра ...

Болдастҳо

Болдастҳо қобилияти парвози дурударозро доранд. Пойҳои пеши онҳо ба бол табдил ёфтаанд. Ангушти якум озод аст; ангуштони дигар, устухонҳои банди даст ва соид дароз шуда, пустпардаи болро ба вуҷуд меоваранд. Дум низ бо пустпарда пайваст аст. Суфра ...

Бон

Бон баргҳои нозуку хушбӯй дошта, аз донаҳои пистамонанди он равғани хушбӯй 35-40% мегиранд. Ба ақидаи Абурайҳони Берунӣ агар бонро ҷӯшонанд, бӯйи баланд пайдо мекардааст. Равғани бон аз беҳтарин равғанҳои хушбӯй аст. "Анбари бобон" анбари омехта ...

Бонки амонатӣ

Бонкҳои амонатӣ - бонкҳое, ки маблағҳои озоди аҳо­ли­ро дар шакли пасандозҳои дархостӣ, пасандозҳои фав­рӣ ё уҳдадориҳо аз рӯйи вомбаргҳо ҷамъ оварда, маб­лағ­ҳои ҷамъомадаро барои додани қарзҳои кӯтоҳмуҳлат ва дигар амалиёте, ки нигаҳдории сатҳи ...

Бонки марказӣ

Бонкҳои марказӣ - бонке, ки сиёсати пулию қар­зии ин ё он давлатро ба роҳ андохта, фаъолияти муасси­са­ҳои молиявиро назорат мекунад, барориши пулу ко­ғаз­ҳои қиматноки давлатиро анҷом медиҳанд, намояндаву ҳимо­ят­гари манфиатҳои давлат дар ҳисоб ...

Бонки сармоягузорӣ

Бонки сармоягузорӣ - бонке, ки маблағҳоро ҷамъ оварда, барои маблағгузории ширкатҳои саноатӣ ва дигар муассисаву корхонаҳо истифода мебарад. Бонкҳои сармоягузорӣ дар ҷа­ра­­ё­ни барориш ва ҷойгирсозии коғазҳои қиматноки муш­та­риё­нашон ширкат ва ...

Бонки тиҷоратӣ

Бонки тиҷоратӣ - бонке, ки ба муштариёнаш дар бобати пешбурди суратҳисобҳои ҷорӣ, додани кредитҳову қарзҳои тиҷоратӣ ва ғайра хидматҳои мух­талиф мерасонад. Муштариёни асосии бонкҳои тиҷора­тӣ шахсони алоҳида ва корхонаҳое мебошанд, ки фаъолияти ...

Бонҷул

Бонҷу́л, пештар Батерст - пойтахти Гомбиё. Аҳолиаш 392066 нафар. Бандари баҳрӣ дар шарқи ҷазираи Сент-Мэрӣ, дар резишгоҳи дарёи Гомбиё. Аэропорти байналмилалӣ Юндум дорад. Соли 1816 чун дидбонгоҳи ҳарбии бритониҳо барои пешгирии ғуломфурӯшӣ ва ба ...

Борзад

Пояаш хазанда дарозиаш 8-50 см, бандҳояш решадор. Баргҳои бехаш панҷашакл, баргчаҳояш байзашакли дарозруя. Гулаш калони тилоранг. Давраи гулшукуфташ май – август, тухмаш август мепазад.

Борис Андреев

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи театрии Саратов Русия, 1937. Дар кино зиёда аз 50 рол бозидааст. Ролҳои аввалинаш дар кино: Назар Дума "Ронандагони трактор, 1939, Харитон Балун "Ҳаёти бузург, 1940. Ғайр аз ин чандин ролҳои хотирмон ба мисли Довбня "Богдан ...

Борис Бабочкин

Бабочкин Борис Андреевич - ҳунарпешаи театру кино ва коргардони шӯравӣ. Артисти халқии ИҶШС, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

Борис Галёркин

Галёркин Бори́с Григо́ревич 1871, Полотск - 12 июли 1945, Ленинград) - муҳандис ва олими рус дар соҳаи назарияи чандирӣ, академики АИ ИҶШС, узви воқеии Академияи меъмории ИҶШС, муҳандис-генерал-лейтенант.

Бориҷа

Бориҷа рустании монокарп аст, яъне, як бор гулу мева карда, баъд тамоман мехушкад. Танҳо дар алафзори минтақаи даштии Осиёи Марказӣ Копетдоғи Туркманистон мерӯяд; дар Эрон низ дучор меояд.

Боронхоҳӣ

Парастиши худои борон ва эътиқод ба фуруд овардани борон аснои таъхири он миёни қавмҳову динҳои гу­ногун аз аҳди бостон роиҷ будааст. Масалан, дар "Вандидод" Аҳурамаздо ваъда медиҳад, ки ба замин борон биборонад, то барои мардуми имондор ғизо ва ...

Босмачиҳо

Босмачигӣ - унвони ҳаракати муташаккилу мусаллаҳо­наи аксулинқилобии халқҳои Осиёи Миёна ба муқобили ҳокимияти шӯроҳо дар солҳои 1918 - 1935. Босмачиён худро муҷоҳид ҷиҳодкунанда меномиданд. Ҳокимияти Шӯравӣ ин муҷоҳидонро ба гордиёни сафеди Русс ...

Боязид Ансорӣ

Дар тифлиаш хонаводаи онҳо аввал ба мулки Биҳор ва баъдан ба Вазиристон воқеъ дар Покистони кунунӣ ҳиҷрат кардааст. Аз соли 1546 Боязид Ансорӣ ҳамроҳи падараш ба тиҷорат шуғл варзида, дар яке аз сафарҳои тиҷоратӣ бо намояндаи мазҳаби исмоилия Сул ...

Боязиди Ансорӣ

Боязиди Ансорӣ - муассиси таълимоти динӣ ва миллӣ дар миёни афғонҳо. Дар тифлиаш хонаводаи онҳо аввал ба мулки Биҳор ва баъдан ба Вазиристон ҳиҷрат кардааст. Аз соли 1546 Ансорӣ Боязид ҳамроҳи падараш ба тиҷорат шуғл варзида, дар яке аз сафарҳои ...

Боязиди Бастомӣ

Абуязид Тайфур ибни Исо ибни Одам ибни Сурушон, лақабаш "Султону-л-орифин" ва "Бурҳону-л-муҳаққиқин" - мутафаккири маъруф, асосгузори тайфурия, аз машоихи бузурги суфия, табақаи аввалӣ ва аз машҳуртарин орифони форсу тоҷики асрҳои 8-9.

Боғ

Боғдорӣ шуғли қадимаи тоҷикон аст. Ҳанӯз дар китоби Авесто муқаддасии дарахтони меваю ток зикр ёфтааст. Бино ба маъхазҳои таърихӣ аҷдоди тоҷи кон дар давраи Подшоҳони Юнону Бохтар ва аҳди Кушониён ба бунёди боғ машғул будаанд. Солҳои 400 - 350 то ...

Боғдорӣ

Дар байни тоҷикон мафҳуми "боғ" -ро ба се маънӣ шарҳ додан мумкин аст: боғи дар паҳлӯи ҳавлӣ қарордошта, ки бо девор ё шиғадевор иҳота шудааст; боғи даруни ҳавлӣ; боғи аз хонаву ҳавлӣ дуртар, ки тобистон соҳибони боғҳо ба он ҷо мераванд ва дар хо ...

Боғи ботаникии Хуҷанд

Боғи ботаникии Хуҷанд - муассисаи илмиву таҷрибавӣ. Соли 1955 таъсис ёфтааст. Дар шим. Тоҷикистон, дар соҳили рости д. Сир воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. – 333 м. Масоҳат – 16 га буда, тақр. 3 га-ро тӯғайзори табиӣ фаро мегирад. Ҳудуди Боғи ботани ...

Боғи боғбон

Ширкаткунандагони "Боғи боғбон" дасти якдигарро гирифта, мисли камон паҳлуи ҳам меистанд. Ду нафар сардор дар ду тарафи нимдавра ҷой мегиранд ва як занҷирае ба вуҷуд меояд. Байни сардорҳо муколама сурат мегирад: Сардори якум: Боғи боғбон? Сардори ...

Боғи гиёҳшиносӣ

Боғи ботаникӣ, муассисаи илмию таҷрибавӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ, ки ба парваришу омӯзиши рустаниҳо машғул аст. Боғи ботаникӣ маркази тарғиботи илмҳои ботаникӣ мебошад. Вазифаи асосии Боғи ботаникӣ таҳқиқ ва мазрӯъ намудани рустаниҳоест, ки барои ки ...

Боғи Зоғон (Самарқанд)

Боғи Зоғон - боғе, ки амир Темур дар қисмати шарқии хиёбони Самарқанд бунёд карда будааст. Ҳоло дар ҷойи Боғи Зоғон деҳаи бузурге ба ин ном вуҷуд дорад. Ҳамчунин ба ҳамин ном боғест дар Ҳирот. Ин боғ маркази ҳукумат ва иқомати шоҳон будааст, ки б ...

Боғи Ирам

Гулзори Ирам, Боғи Ирам, Гулистони Ирам, Бӯстони Ирам, Ирами Шаддод, Ирамазоталимод - яке аз образҳои маъмулӣ ва серистифода дар адабиёти форс-тоҷик, ки маъниҳои мармузи боғи мусаффо, манзили роҳатафзо, кишвари ободон, биҳишти мавъуд ва мазҳари т ...

Боғи маъонӣ

"Боғи маонӣ" - тазкираест аз таълифоти Нақши Алӣ ном шахс, ки дар Ҳиндустон таълифаш соли 1760/61 шурӯъ шуда, соли 1776 ба анҷом расидааст. Аз ин тазкира нусхаҳои дастнависи ноқис, танҳо ҷ-ҳои 2 ва 3 боқӣ мондаанд. Аз бахшҳои боқимондаи асар барм ...

Боғи миллӣ

Боғи миллӣ - қитъаи ҳифзшавандаи ягон маҳал, ки бо мақсади маҳфуз доштани ҷойҳои хушманзара, рустаниву набототи нодир, ёдгориҳои табиию таърихӣ ва ғ. бунёду нигоҳбонӣ карда мешавад. Дар боғи миллӣ сайругашту истироҳати одамон мамнӯъ нест. Ҳамчуни ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →