ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 144

Виҷаянагар

Асосгузори Виҷаянагар ҳокимони дастнишондаи султонҳои Деҳлӣ - бародарон Ҳариҳара 1336-56 ва Буккаи I 1356-77 буданд, ки аз давраи ҳукмронии султон Муҳаммади Туғлақшоҳ 1325-51 дар соҳилҳои д. Тунгабҳадра давлати мустақил бунёд карда буданд. Давлат ...

Виҷдон

Виҷдон - мақулаи илми ахлоқ ва мафҳуми равоншиносӣ; қобилияти инсон барои назорат ва баҳодиҳӣ ба одобу рафтор ва аъмоли худ, ҳисси ботинӣ барои муқаррар кардани меъёрҳои ахлоқи фардӣ ва ташхиси дуруст аз нодуруст. Виҷдон ҳам дар шакли дарки оқило ...

Виҷдони Лоҳурӣ

Дар шаҳрҳои Деҳлӣ ва Лоҳур назди шоирони маъруфи замонаш Росих, Офарини Лоҳурӣ, Абдулҳакими Ҳоким машқи шеър карда, дар даргоҳи Хоҷа Сангин мухотаб ба Ғуломмуҳиддин, ҳокими Лоҳур ба дарёфти мададхарҷи дархури ҳолаш сарфароз гашта буд. Дар Лоҳур б ...

Вйентян

Вйентя́н - пойтахт ва бузургтарин шаҳри Лаос, воқеъ дар соҳили чапи Меконг наздик бо марзи Таиланд, бузургтарин маркази иқтисодии кишвар мебошад.

Вйетнамиҳо

Вйетнамиҳо - мардуме, ки аксарияти аҳолии Вйетнамро ташкил медиҳанд. Теъдоди умумии вйетнамиҳо дар ҷаҳон ҳудуди 75 миллион буда, аз ин миқдор беш аз 70 миллионашон дар Вйетнам, боқимонда дар ИМА, Камбоҷа Фаронса, Австралия Таиланд, Лаос, Олмон Ма ...

Вйетном

Дар шимол бо Хитой, дар ғарб бо Лаос ва Камбоҷа ҳамсарҳад аст. Баҳри Хитойи Ҷанубӣ ва халиҷҳои Бакбо ва Сиам дар шарқи Вйетнам ҷойгиранд. Тӯли сарҳадди хушкиаш 4510 км, хатти соҳилиаш 3260 км. Масоҳаташ 332.6 ҳазор км 2. Аҳолиаш 92 млн 478 ҳазор ...

Владивосток

Дар нимҷазираи Муравёв-Амурский, дар соҳили халиҷҳои Амур ва Усурийск ҷойгир аст. Аҳолиаш 603.2 ҳазор нафар бо атрофаш 1.01 млн нафар, 2014. Бандар дар уқёнуси Ором. Нуқтаи охирини шоҳроҳи автомобилӣ ва роҳи оҳани Сибир. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.

Владилена

Владилена - сайёраки хурде, ки онро соли 1916 ситорашиноси рус С. И. Белявский дар расадхонаи Симеиз кашф кардааст. Масофаи миёна аз Офтоб 2.36 воҳиди астрономӣ, қадри ситоравиаш 12.7. Соли 1924 ба шарафи В. И. Ленин В. номида шудааст.

Владимир (шаҳр)

Дар соҳили чапи д. Клязма воқеъ аст. Аҳолиаш 350 ҳазор нафар 2014. Аз В. р. о. ба Маскав, Нижний Новгород, Гус-Хрусталний, роҳҳои автомобилгард ба Маскав, Нижний Новгород – Қазон, Суздал – Иваново, Муром, Рязан, Юрев-Полский мегузаранд. Фурудгоҳ ...

Владимир Абулҳаев

Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Киев 1972. Фаъолияти меҳнатиаш соли 1973 дар Сарредаксияи илмии ЭСТ оғоз гардидааст. Муҳандиси Институти сохтмони зилзилабардор ва сейсмологияи АИ ҶШС Тоҷикистон 1973 – 1974. Аз соли 1974 дар Институти химияи АИ ...

Владимир Андреевич Храбрий

Писарамак ва ҳамсафи Дмитрий Донской. Соли 1368 дар ҷанг бо Литва ширкат варзида, музофоти Ржевро забт намуд. Соли 1370 ҳангоми ҳуҷуми литвониҳо ба Маскав Владимир Храбрий ҳамроҳи дигар ҳамсафонаш музофоти Перемишлро муҳосира кард, ки ин князи бу ...

Владимир Бармин

Влади́мир Па́влович Барми́н марти соли 1909, Москва - 17 июли соли 1993, Москва) - олими шӯравӣ, яке аз асосгузорони кайҳоннавардии шӯравӣ, конструктори таҷҳизоти корандози реактивӣ, маҷмӯъҳои мушакию кайҳонӣ ва ҷангии стартӣ. Академики АИ ИҶШС а ...

Владимир Бехтерев

Владимир Михайлович Бехтерев - невропатолог, равонпизишк, равоншинос, физиолог ва морфологи шӯравӣ. Академияи тиббии ҷарроҳиро хатм кардааст 1878. Аз соли 1885 мудири кафедраи равонпизишкии Университети Қазон буд. Бехтерев бори аввал дар ҳамин ун ...

Владимир Висотский

Хатмкардаи мактаб-студияи ба номи Висотский Немирович-Данченкои Маскав 1960. Аз соли 1964 яке аз ҳунарпешагони мумтози театри Таганкаи Маскав беш аз 20 нақш офаридааст). Аз оғози зуҳур намудани таронаҳои ҷодавӣ дар сабки романси шаҳрии русӣ дар а ...

Владимир Всеволодович Мономах

Дар ҷавонӣ падараш ӯро муддате князи кишвари Ростово-Суздал таъйин карда буд. Соли 1076 дар ҷанги Чехия ширкат варзида, таҷрибаи лашкаркашӣ андӯхт. Соли 1078 князи Чернигов буд, 1093-94 князи Чернигов ва Переяслав буда, дертар Муром, Ростов ва Су ...

Владимир Капранов

Капранов Владимир Александрович - луғатшинос, доктори илмҳои филологӣ, яке аз муаллифони фаъоли СИЭСТ.

Владимир Святославич

Писари хурдии князи Киев Святослав Игоревич 964-72. Соли 969 падараш Святослав мулкҳои худро байни писарони калониаш Ярополк заминҳои музофоти Киев ва Олег заминҳои музофоти Древиян тақсим намуд ва ба Владимир мулки меросӣ ҷудо накард. Бо дархост ...

Владимирсов, Борис Яковлевич

Владимирсов Борис Яковлевич июл 1884, Калуга - 17 августи 1931, Сиверский) - шарқшинос, муғулшинос, академики АИ ИҶШС, муҳаққиқи соҳаи адабиёту забоншиносӣ, этнография ва таърихи халқҳои муғул.

Владиқафқоз

Дар ҳамвории Осетия, дар соҳили д. Терек воқеъ аст. Аҳолиаш 307.3 ҳазор нафар бо атрофаш 330 ҳазор, 2014. Охирин истгоҳи шохаи истгоҳи роҳи оҳани Прохладная дар шоҳроҳи Ростови лаби Дон – Боку, маркази роҳҳои автомобилгард ба Назран, Налчик, Алаг ...

Власов, Анатолий Александрович

Анато́лий Алекса́ндрович Вла́сов август 1908, Балашов, ҳозира вилояти Саратов - 22 декабри 1975, Маскав) - физикдони назарии шӯравӣ ва Русия, доктори илмҳои физика ва математика.

Вобастагии хаттӣ

Вобастагии хаттӣ - дар алгебраи хаттӣ хусусияти зермаҷмӯи фазои хаттӣ аст. Барои мавҷудияти вобастагии хаттӣ бояд комбинатсияи хаттии зарибҳояш ғайрисифрии унсурҳои зермаҷмӯи мазкур, ки ба унсури сифрӣ баробар аст, мавҷуд бошад. Агар чунин комбин ...

Вобканд

Вобканд яке аз шаҳрҳои қадимии Осиёи Миёна буда, дар масофаи 28 км дуртар аз шаҳри Бухоро воқеъ аст. Аҳолиаш 20.6 ҳазор нафар 2014, асосан тоҷикҳо ва ӯзбекҳо, инчунин русҳо, тоторҳо ва дигар миллатҳо зиндагонӣ мекунанд. Аз ҳудуди Вобканд яке аз ш ...

Вобканӣ, Абуюсуф

Вобканӣ Абуюсуф Яъқуб ибни Абиҷундуб - ровии ҳадис. Аз Муҳаммад ибни Саломи Байкандӣ, Ҳаббон ибни Мусо ва дигарон истимои ҳадис кардааст ва Абуаҳмад Шоҳид ибни Муҳаммад, Абуҳафс Аҳмад ибни Ҳотам ва дигарон аз ӯ ҳадис ривоят кардаанд. Нисбаи ӯ аз ...

Вов (ҳарф)

Овозе, ки ин ҳарф дар алифбои лотиниасоси тоҷикӣ то соли 1940 бо ҳарфи V ва аз соли 1940 дар таркиби алифбои русиасоси тоҷикӣ бо ҳарфи В ифода мекард, мисли "в" -и алифбои имрӯзӣ 2015 ва дар баъзе ҳолатҳо монанди "у" ё "ӯ" талаффуз карда мешавад. ...

Вовси, Белла Марковна

Хатмкардаи Институти 1-уми тиббии Маскав ба номи И. М. Сеченов 1947. Соли 1952 ба Тоҷикистон омад. Духтури чашм ва мудири шуъбаи Беморхонаи клиникии шаҳрии № 1 1952–57, ассистент ва дотсент 1957–73, мудири кафедраи бемориҳои чашми ДДТТ ба номи Аб ...

Водевил

Водеви́л - пйесаи мазҳакавӣ, ки суруд ва рақс дорад. Истилоҳи водевил аз ибораи водии Вир Vau de Vire дар Фаронса баромадааст, зеро дар садаи XV сурудҳои ҳаҷвӣ дар ин маҳал хеле маъмул буданд. Водевил дар ибтидо сурудҳои тӯй ва кӯчагӣ буда, аз са ...

Водии Айман

Водии Айман - водии муқаддаси Туво, дар Қуръон дара ё гузаргоҳест дар канори рости кӯҳи Тур, дар нимҷазираи Сино, дар шимолу шарқии Миср. Ҷоест, ки Мусо а нури илоҳиро ба сурати оташ дар дарахт дид ва ба нубувват расид. Дар Қуръон ин водӣ се бор ...

Водии Кашмир

Дар баландии 1600 м аз с. б. ҷойгир аст. Тӯлаш тақр. 200 км, бараш то 60 км. Иқлимаш субтропикии хушк. Ҳарорати миёнаи январ - наздикии 00С, июл +230С. Боришоти солона қариб 900 мм. Дар гузашта Водии Кашмир кӯлҳои бисёр доштааст, ки суффачаҳои да ...

Водии Марг

Водии Марг - пастии байникӯҳӣ дар биёбони Мохаве, дар ҷануби ҳавзаи калон, байни қаторкӯҳҳои Амаргос ва Панаминт, дар ҷанубу ғарб ИМА. Тӯлаш аз шимолу ғарб ба ҷанубу шарқ қариб 250 км. Яке аз пастхамиҳои амиқтарин 85 пасттар аз с. б. ва беоби рӯй ...

Водии Муҳассар

Водии Муҳассар - дара ва селроҳаест дар марзи байни Муздалифа ва Мино, ки аз назари ҷумҳури аҳли суннат на аз Муздалифа ба шумор меравад, на аз Мино. Бар ҳаҷгузорон мустаҳаб аст, ки вақте аз Муздалифа пеш аз баромадани офтоби рӯзи ид ба тарафи Ми ...

Водии мӯрчагон

Водии мӯрчагон, водии мӯрон, водиюннамл - номи водие, ки гӯё вақте Сулаймони пайғамбар бо лашкари анбуҳи худ, иборат аз ҷинну одамиёну мурғон аз он гузар мекард, мӯрчае ба дигар мӯрчагон гуфт, ба хонаҳои худ дароянд, то Сулаймону лашкари ӯ онҳоро ...

Водилқуро

Водилқуро - мавзеъест дар наздикии шаҳри Мадина, ноҳияи шомили чандин дараву русто, воқеъ дар шимоли Ҳиҷоз бар сари роҳи тиҷоратии қадими миёни Арабистони Ҷанубӣ ва Шом, ки дар гузашта ободу маскун буд. Муҳимтарин мавзеъи он ал-Уло буд, ки чоҳу ч ...

Водӣ

Водӣ - мафҳуми геоморфологӣ буда, шакли релефи Замин аст, ки дар натиҷаи шусташавӣ аз боришоти атмосферӣ ва обҳои ҷорӣ ба вуҷуд омадааст. Водӣ дар сатҳи замин аз нишебӣ ва пастхамиҳои нобаробар иборат аст. Водӣ дар оғоз аз селобаҳои мавсимӣ ҳамчу ...

Водӣ (мазмунҳо)

Водӣ - дар тасаввуф марҳалае, ки солик бояд дар тариқат тай кунад, то ба сарманзили мақсуд бирасад. Водӣ - дар адабиёти бадеӣ ва фарҳангҳо бештар ба маънои сарзамини фароху ободе ба силсилаи кӯҳсор ва ё канори рӯдҳову наҳрҳо тафсир шудааст. Ҳамчу ...

Водӣ (тасаввуф)

Водӣ - дар тасаввуф марҳалае, ки солик бояд дар тариқат тай кунад, то ба сарманзили мақсуд бирасад. Аз нигоҳи суфиён водӣ роҳи душвор ва манзили хатарнок буда, шумораи водиҳо муносиби аҳволи ҳар кас мухталиф аст. Абдуллоҳи Ансорӣ дар "Манозилу-с- ...

Воеводина

Воеводина - номи вилояти таърихӣ ва кишвари мухтор дар ҳудуди Югославия, алҳол дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Сербия. Масоҳати он 21.5 ҳазор км 2. Аҳолиаш омехта: сербҳо, маҷорҳо, хорватҳо ва руминиҳо. Марказаш ш. Нови-Сад.

Воеводский, Михаил Ваславович

Михаил Воеводский дар Сомоленск таваллуд шуда, аз ибтидои садаи XX ҳамроҳи оилааш ба Осиёи Миёна муҳоҷир шуда, мактаби миёнаро дар шаҳри Самарқанд хатм кард. Баъди баргаштан ба Маскав соли 1923 то охири умраш дар Осорхонаи антропологияи Донишгоҳи ...

Воейков, Александр Иванович

Александр Иванович Вое́йков май 1842, Маскав - 27 январ -и 1916, Петроград) - ҳавошинос, иқлимшинос ва ҷуғрофиёдони рус, асосгузори иқлимшиносӣ дар Руссия. Узви вобастаи АИ Петербург, узви Ҷамъияти ҷуғрофиёии императории рус.

Вожаномак

"Вожаномак" - асари дар соҳаи фарҳангнигорӣ таълифкардаи ҳунарманди театр, сенариянавис, нависанда ва пажӯҳишгари "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ Абдулҳусайни Нӯшин. Нӯшин онро дар солҳои 60 садаи XX ҳангоми зиндагӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ Маскав ва ширкаташ д ...

Возеҳ, Мирзо Мубораккулоҳи Соваҷӣ

Гузаштагони Возеҳ аз шаҳри Соваи Эрон ба Ҳиндустон рафта, дар дарбори шоҳони ин кишвар хидмат мекарданд ва ба унвону мансабҳои давлатӣ соҳиб гашта буданд. Возеҳ ҳам дар ибтидо кори аҷдодашро идома бахшид, вале дар охири умр аз хидмат истеъфо дода ...

Возеҳии Даргузинӣ

Муаллифи "Арафоту-л-ошиқин" - Тақиуддини Авҳадӣ бо ӯ соли 1612 дар Аҷмири Ҳиндустон ҳамсуҳбат шуда, аз ӯ чун шоири баркамол ва дорои табъи латиф ёд мекунад. Дар маъхазҳои адабӣ Возеҳии Даргузинӣ аз ҷумлаи дарвешон ва шоирони суфимашраб ёд шудааст ...

Воизи Балхӣ

Аз Абубакр Муҳаммад ибни Аҳмад Иброҳим Зоҳиди Балхӣ ҳадис шунида, дар маросими ваъзи ӯ иштирок дошт. Асари асосии Воизи Балхӣ "Фазоили Балх" мебошад, ки онро бар асоси равияи таърихнигории маҳаллӣ таълиф намуда 1214, дар бораи аҳвол ва осори шайх ...

Воизи Ҳиравӣ

Ин шахс дар "Маҷолису-н-нафоис" -и Алишери Навоӣ чун воизи хуби кишвари Хуросон муаррифӣ гардидааст. Ваъзҳои ӯ мақбули хоссу авом будаанд. Барои озодона иброз доштани андешаҳояш ва дучор гардидан ба таъқиб худро девона вонамуд мекард. Шеър ҳам ме ...

Воизӣ

Аз шоирони Хуросон аст. Дар манбаъҳои адабӣ "Лубобу-л-албоб" ба унвони "Ҳаким" ёд шудаст. Дар замони оли Салчуқ зиста ва ба зуҳду вараъ ва ашъори ситоишии мазҳабӣ шуҳрат доштааст. Аз тахаллусаш бармеояд, ки ба ваъз гуфтан низ машғул будааст. Ба м ...

Войнич, Этел Лилиан

Хатмкардаи Консерваторияи Берлин 1885. Дар консерватория навохтани фортепианоро омӯхт. Ба сабаби ранҷурии дасташ аз навохтани ин сози мусиқӣ даст кашид. Ба Лондон баргашта бо муҳоҷирон - инкилобгарони рус робита пайдо кард. Солҳои 1887-89 дар Рус ...

Войсеховский, Богдан Вячеславович

Войсеховский Богдан Вячеславович - механик ва физикдони шӯравӣ, доктори илмҳои физика ва математика, академики АИ ИҶШС ва АИ Русия.

Вокализ

Вокализ, замзама - машқ ё этюде барои овоз, ки бе матн, фақат ба тавассути овозҳои садонок иҷро мешавад ва барои инкишофи ифоданокию барҷастагии овоз ва маҳорати баланди сароянда пешбинӣ шудааст. Маъноҳои дигар: 1) бо овози садонокҳо бе матн иҷро ...

Вокализатсия

Вокализатсия - сурудхонӣ танҳо бо овозҳои садонок. Тарзи содаи вокализатсия усули сурудхониест, ки аз садонок ё ҳиҷои дорои ду ва ё зиёда садоноки шеърӣ сар карда, то садои борики баланд колоратурӣ мебарояд. Ин навъи вокализатсия дар мусиқии вока ...

Вокзал

Вокзал - маҷмӯи бинову иншоот, ки барои хидматрасонии мусофирон таъйин шудааст. Дар гузашта асри 18 вокзал ҳам бино барои мусофирон буду ҳам маркази дилхушию истироҳат боғи фароғати Vouxholl – Воксхолл дар маҳалли наздишаҳрии Лондон маҳсуб мешуд. ...

Вокзали роҳи оҳани Душанбе

Вокзали роҳи оҳани Душанбе - маҷмӯи иншооти марказии мусофирбарии роҳи оҳани Душанбе барои хидматрасонӣ ба мусофирон ба воситаи қатораҳои мусофирбари байналмилалӣ, дохилиҷумҳуриявӣ ва наздишаҳрӣ. Қисми таркибии КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон".

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →