ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 145

Вокуниш

Вокуниш - амале, ки дар ҷавоби коре карда шавад, аксуламал, акси амал. Дар журналистика матолибест, ки бо усули таҳлил бо такя ба факту далел, барои нишон додани ҳақиқати ҳол, ки дар он воқеа таҳриф ва факту далелҳои мавзӯе нодуруст истифода шуда ...

Вокуниш (мазмунҳо)

Вокуниш - калимаи мазбур дар адабиёти улуми табииёт миёни форсизабонон маъруф аст, ки дар Тоҷикистон низ метавон онро истифода кард, аммо ба иллати ин, ки дар адабиёти илмии мо дар шакли русӣ бештар маъмул шудааст, ба зарурат ҳамин шакли охирӣ ни ...

Вола ва Султон

"Вола ва Султон" - маснавии ишқиест ба забони форсӣ аз Фақири Деҳлавӣ дар саргузашти шоир ва тазкиранигор Алиқулихон Волаи Доғистонӣ ва ишқи вай ба духтари амакаш Хадиҷасултон. Чунонки дар достон омадааст, ахтаршиносон дар тақдири Вола ишқу ошиқи ...

Вола, Абдулҳақ

Баъди хатми Донишгоҳи Кобул дар матбуот ва радиои Кобул ба кор даромад ва чун намояндаи ВАО-и Афғонистон дар Лондон ва Вашингтон кор кардааст. Вола ба забони дарӣ эҷод мекард. Мавзӯи ашъори ӯ аз ситоиши муборизаи мардуми Афғонистон бар зидди ишғо ...

Вола, Эшонхоҷа

Аз содоти Самарқанд. Дар Янгиқӯрғони Самарқанд зиндагӣ ва эҷод менамуд. Аз маълумоти Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар "Туҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкирати-л-асҳоб" бармеояд, ки донандаи Қуръон будааст. Возеҳ инчунин ӯро хушсуҳбату некумуҳовара, дар боби ёфта ...

Волаи Аҷамӣ

Аз Хуросон ба Ҳиндустон кӯчида, дар Ҳайдаробод ба хидмати ҳукмрони он дохил шуд. Осори манзуму мансури боқимонда аз ӯ бад-ин қароранд: "Дастури назм" таълифаш 1727 - дар усули шоирӣ ва илми арӯз. Аз муқаддима, се боб ва хотима иборат аст. Дар ин ...

Волаи Дарвозӣ

Илмҳои ибтидоиро аз падараш, ки шахси таҳсилдида буд, гирифта, дар мадрасаи зодгоҳаш таҳсилро идома додааст. Барои такмили дониш аз Дарвоз ба Ҳиндустон рафта, баъди бозгашт дар Дарвоз зиндагӣ кардааст ва ба таълиму тарбияи ҳамдиёронаш дар деҳаи Х ...

Волаи Доғистонӣ

Шаҷараи авлодияш ба Аббос - амаки пайғамбари ислом Муҳаммад с мерасидааст. Сабаби "Доғистонӣ" нисба гирифтанаш дар он аст, ки яке аз ашхоси авлоди ӯ дар замони ҳуҷуми муғулҳо ба Доғистон ҳиҷрат кард ва дар ҳамон ҷо муқимӣ шуд. Эрон бо Қафқоз, аз ...

Волаи Исфаҳонӣ

Номи аслиаш Муҳаммадкозим. Бо мақсади зиёрату тиҷорат ба кишвари Ироқ сафар кард. Ӯ сарфу наҳв, арӯз, қофия, ҳикмату ирфон ва илми тасаввуфро хуб медонист. Дар анвои гуногуни адабӣ − ғазалу қасида, қитъа, маснавию дубайтӣ ва рубоӣ бо забонҳои фор ...

Волаи Ҳиравӣ

Зодгоҳаш Ҳирот. Мувофиқи маълумоти муаллифи тазкираи "Рӯзи равшан", Волаи Ҳиравӣ дар назди Мулло Фасеҳи Ансорӣ машқи шеър менамуд. Дар аҳди ҳукмронии султон Шоҳҷаҳон 1627-57 ба Ҳиндустон рафтааст. Ӯ умри худро дар ш. Бангола гузаронидааст. Мирзо ...

Волаҳии Қумӣ

Дар зодгоҳаш - Қуми Эрон таҳсил карда, касби камол намудааст. Сафаре ба Ҳинд доштааст. Шоири тавоно, мусиқидону шеършинос будааст. Дар девонаш иборат аз 6 ҳазор байт қасоид, ғазалиёт, рубоиёт ва дигар анвои шеъри сурудааш фароҳам омадаанд. Аз обр ...

Волаҳии Ҳиравӣ

Дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст. Тибқи маълумоти тазкираҳои "Риёзу-ш-шуаро" -и Волаи Доғистонӣ ва "Маҷолису-н-нафоис" -и Алишери Навоӣ, аз шоирони давраи Султон Ҳусайни Бойқаро будааст. Намунаҳое аз ашъори Волаҳии Ҳиравӣ:

Волаҳия

Волаҳия - гурӯҳи диние, ки худро дар маърифати Худованд волаву ҳайратзада ва саргардон арзёбӣ карда, муътақид буданд, ки ҳеч кас ҳаққи маърифати Ӯро надорад ва Ӯро шинохта наметавонад. Агар кас бидонад, ки аз шинохти Ӯ оҷиз аст, пас ҳамин эътиқод ...

Волаҳӣ

Давраҳои кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоияш дар зодгоҳаш ˗˗ Балх гузаштааст. Аз шоирони маъруфи замонаш буда, аз илми шеър вуқуфи комил ва дар байни аҳли адаб, алалхусус, шоирони замон обрӯю эътибори зиёд доштааст. Шеър ба анвои гуногун ба забони форсӣ ...

Волга

Во́лга - дарё дар қисми аврупоии Русия, бузургтарин дарё дар Аврупо. Аз ҷиҳати дарозӣ 3530 км, то бунёди обанбор – 3690 км ва масоҳати ҳавза 1360 ҳазор км² дар Русия ҷойи панҷумро ишғол мекунад.

Волгоград

Волгоград - шаҳр дар Русия, маркази вилояти Волгоград. Шаҳри қаҳрамон. Дар соҳили рости д. Волга воқеъ гардидааст. Аҳолиаш 1.02 млн нафар. Аз Волгоград хатҳои р. о. ба Маскав, Қазон, Астрахан, Краснодар, Донеск, роҳҳои автомобилгард ба Саратов, Т ...

Волейбол

Волейбо́л - навъи бозии варзишии тимӣ: бозигарон бо зарбаи дасташон аз болои тӯр тӯбро ба сӯйи ҳариф равона мекунанд, то ки тӯб ба майдончаи ҳариф афтад ё бе вайрон кардани қоида зада гардонда шавад.

Волеҳи Исфаҳонӣ

Волеҳи Исфаҳонӣ дар ҷавонӣ баъди фарогирии илмҳои замон ба корҳои девонӣ ҷалб гардид. Баъди чанде бо пуштибонии бародараш Ваҳиди Қазвинӣ вазир ва муаллифи "Аббоснома" ба хидмати девони олӣ ворид шуда, дар сафарҳои шоҳ, аз ҷумла ҳангоми лашкаркаши ...

Волии Бадахшӣ

Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш дар манбаъҳои адабӣ наомадааст. Бо тахаллуси "Волӣ" шеър мегуфтааст. Аз девон доштанаш иттилое дар даст нест. Намунаҳои осораш дар тазкираҳо ва баёзҳо сабт гардидаанд. Ҳунари хаттотӣ низ доштааст. Абёти зерин аз як марсияи ...

Волия

Духтари шоҳи Эрон Фатҳалишоҳи Қоҷор ҳукмронӣ 1797 - 1834. Дар манобеи адабӣ ва таърихӣ чун зани фасеҳбаён ёд шудааст. Писари ҳокими Курдистон ӯро ба занӣ гирифт, вале пас аз муддате бо зани дигаре хонадор шуд. Волия ба ҷойи валиаҳд - фарзанди ноб ...

Волластон, Вилям Хайд

Хатмкардаи Университети Кембриҷ 1798. Котиби Ҷамъияти шоҳии Лондон 1804 - 20. Новобаста аз М. Риттер соли 1801 афканишоти ултрабунафшро кашф кард, рефрактометр 1802 ва гониометри инъикоскунандаро сохт 1809. Маншур призма-и қутбноккунандае, ки шуо ...

Волластонит

Волластони́т - минерал аз синфи силикатҳо, силикати табиии калсий, формулаи кимиёиаш Ca 3. Дар таркиби волластонит 48.3 % оксиди калсий CaO, 51.7 % дуоксиди силитсий SiO2, баъзан то 9 % оксид II-и FeO мавҷуд аст. Волластонит дар об ва ҳалкунандаҳ ...

Вологдин, Сергей Петрович

Хатмкардаи Институти технологии Петербург 1897. Аз соли 1899 дар заводи Ҷамъияти фаронсавию русии заводҳои Петербург кор мекард. Соли 1905 узви Шӯрои вакилони коргарони Петербург ва узви Кумитаи иҷроияи Шӯро интихоб шудааст. Дар охири соли 1905 ҳ ...

Волод

Волод - дар санъати меъморӣ қолаби равоқ, тоқ ва гунбад, ки аз тахта ва гил месозанд. Дар асоси волод бо хишту гаҷ равоқ ва тоқ бунёд мегардад. Болопӯши деворро равоқ, ду деворро тоқ ва болопӯши қуббашаклро гунбад меноманд. Волод ба шакли нимдоир ...

Волоияти Конститутсия

Волоияти Конститутсия - асли ҳуқуқие, ки мутобиқи он Конститутсия санади олии ҳуқуқӣ эътироф гардида, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёр-ҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибор ...

Волоияти қаламрав

Волоияти қаламрав - яке аз усулҳои идораи ҳудуди давлат, ки дар татбиқи ҳокимияти олии давлат нисбат ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ҳудуди он ифода меёбад. Волоияти қаламрав қисми таркибии истиқлоли давлат ба шумор рафта, дар ҳудуди як давлат ...

Волоияти қонун

Волоияти қонун - асли бунёдӣ ва куллии қонуният, ки дар эътирофи қувваи олии ҳуқуқии қонун нисбат ба ҳамаи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода меёбад. Тамоми санадҳои меъёрӣ ва ғайримеъёрӣ бояд мутобиқи қонун содир гардида, ба қонун мухолифат над ...

Волоияти ҳуқуқ

Волоияти ҳуқуқ - яке аз усулҳои идораи давлат, ки эътибори олии қонунҳо, мавқеи баланди онҳо дар низоми ҳуқуқии давлат ва мутобиқати санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба қонунҳои давлат ифода менамояд. Волоияти ҳуқуқ дар эътирофи афзалияти ҳуқуқ бар сиёса ...

Волосков, Терентий Иванович

Дар шаҳри Ржев зиндагӣ ва фаъолият намудааст. Якчанд соати худкори сохташон мураккаб, аз ҷумла соати калон сохта буд, ки онҳо на танҳо дақиқаву соат, балки рӯзҳо, рӯзҳои ид, ҳаракати Офтобро аз рӯйи бурҷҳои дувоздаҳгона ва солҳои кабисаро нишон м ...

Волост

Дар Руси Қадим волост ба маънои замини мулк истифода шуда, баъдан ҳамчун воҳиди ҳудудӣ-маъмурӣ заминҳои якчанд ҷамоаи деҳқониро муттаҳид мекард. Волостҳо бори аввал дар замони ҳукмронии Павели I 1796 - 1801 дар ҳайати уездҳо ташкил ёфтанд. Дар да ...

Волт бар метр

Волт бар метр - воҳиди шадидияти майдони электрӣ дар Системаи байналмилалии воҳидҳо; ишораташ В/м ё V/m. 1 В/м - шадидияти майдони якҷинсаи электрӣ аст, ки ҳангоми пайдо шуданаш дар байни нуқтаҳои аз ҳам дар масофаи 1 м қад-қади хатти майдони шад ...

Волт-ампер

Волт-ампер - воҳиди иқтидори тамоми занҷири барқӣ дар Системаи байналмилалии воҳидҳо. Ба Ватт баробар аст. Ишораташ - В∙А ё V∙А. В. ба тавоноии занҷири барқӣ ҳангоми 1 В будани шиддат ва 1 А будани қувваи ҷараёни барқ баробар аст. Дар ҷараёни тағ ...

Волта

Волта: рақси қадимии дукасаи итолиёӣ. Дар нимаи дуюми садаи XVI - аввали садаи XVII дар бисёр мамлакатҳои Аврупо маъмул буд, вале баъд аз байн рафт; аломатест, ки ба болои тақтеъҳои хотимавии асари мусиқӣ гузошта мешавад. Волта дар он ҳолат истиф ...

Волтер

Волтер - файласуф, нависанда, публисист ва таърихнигори фаронсавӣ, узви Академияи Фаронса, АИ Пруссия, узви ифтихории АИ Петербург.

Волтер Герлох

Хатмкардаи Донишгоҳи Тюбинген 1911. Солҳои 1916-21 дар донишгоҳҳои Тюбинген ва Гёттинген кор кардааст 1921-25. Проф. Донишгоҳи Франкфурт ва 1929-57 Донишгоҳи Мюнхен. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 1939 - 1945 яке аз роҳбарони лоиҳаи атомии Олмон б ...

Волтерчигӣ

Волтерчигӣ - равияи пешқадами афкори маорифпарварӣ, ки заминаи онро нависанда, файласуф ва таърихнигори фаронсавӣ Волтер гузоштааст.

Волтинизм

Волтинизм - соле як ё чанд бор насл овардани ҳашарот. Он ҳашаротеро, ки соле як бор насл медиҳад, моноволтӣ, ду бор насл оварад, биволтӣ ва агар се бор насл дода тавонад, поливолтӣ меноманд. Ба ҳашароти моноволтӣ кайки хок, малах, канаи ғалладона ...

Волфрам

Волфра́м, W, - унсури кимиёӣ аз гурӯҳи VI ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 74, массаи ат. 183.85. Филиззи сафеди нуқрагуни хеле душворгудоз 3400 0 С; t ҷӯшишаш 5900 0 С, зичиаш 19.3 г/см 3 волфрам 5.5 ∙ 10 -4 %-и массаи қишри заминро та ...

Волфрамит

Волфрами́т - минерал, формулаи кимиёиаш WO 4. Волфрамит соли 1758 дар таркиби минерали шеелит кашф шуд. Кристаллбандиаш моноклинӣ. Асоси сохтори кисталлҳояшро занҷирчаҳои каҷукилеби Mn, Fe O6 ва октаэдрҳои WO6 ташкил медиҳанд. Кристаллҳояш призма ...

Волюнтаризм

Волюнтаризм дар муқобили ратсионализм қарор дошта, ҳолатест вобаста ба баъзе лаҳзаҳои ҳалкунанда дар раванди қабул ва воқеӣ гардондани қарори сиёсӣ ва ирода. Мафҳуми волюнтаризмро бори нахуст Ф. Теннис соли 1883 истифода кардааст. волюнтаризм суб ...

Волӣ

Волӣ, ал-Волӣ - яке аз номҳои Худованд, ба маънои молик, тасарруфкунанда ва тадбиркунандаи ягона дар ашё ва мавҷудоти олам. Бар асоси корбурдҳои қуръонӣ исми Волӣ ва дигар иштиқоқоти он ин маъноро ифода мекунанд, ки сарпараст, ёвар ва уҳдадори ҳа ...

Волӣ (вазифа)

Волӣ - мансаби ҳукуматӣ дар дастгоҳи хилофат, мутасаддии корҳои идораи вилоятҳо. Вилоятҳои мустақили хилофат - аз қабили Миср, Сурия, Ироқ, Хуросон аз ҷониби волӣ идора мешуд. Бо дастури халифа фармондеҳони қувваҳои низомӣ волӣ таъйин карда мешуд ...

Волӣ (шоир)

Дар дарбори ҳукмрони замонаш муншӣ буд. Тазкиранигор Малеҳои Самарқандӣ аз ӯ чун нодираи айём, моҳир дар насри мусаҷҷаъ ва назми мурассаъ, устод дар хатту имло ёд кардааст. Дар бадоҳатан гуфтани шеър ҳам тавоно будааст. Дар шеър ба Муҳташами Кошӣ ...

Вомбарг

Вомбарг - коғази гаронбаҳо, ки дорандаи он барои аз эмитент дар муҳлати муайян гирифтани маблағи пешбинишуда ё дигар амволи ҳамсанги маблағ ҳуқуқ пайдо мекунад. Вомбарг ба шахс ҳуқуқи гирифтани фоизи муайянро низ медиҳад. Вомбарг купонӣ, ғайрикуп ...

Вомиқи Калонурӣ

Вомиқи Калонурӣ аз ҳиндувони қавми кҳатрӣ баромада, бо даъвати шайх Муҳаммади Дарвеш ба ислом гаравид. Дар замони ҳукмронии Аврангзеб 1658 - 1707 бо дастгирии Мавлавӣ Абдуллоҳи Сиёлкутӣ ба хидмати дарбор роҳ ёфт. Вомиқи Калонурӣ баъд аз фавти Авр ...

Вомиқу Азро

"Вомиқу Азро" - аз достонҳои ошиқонаи адабиёти форс-тоҷик. То ба имрӯз бо ин ном беш аз 20 асар маълум аст. Дар таълифоти адабиётшиносони имрӯза номи Азро дар шакли Узро низ дучор меояд.

Вона

Во́на - воҳиди пули Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ. Вона ба 100 чон тақсим мешавад. Ишораи расмии ҷаҳонии вона - ₩; рамзи байналмилалии бонкиаш ISO 4217 - KRW. Солҳои 1902-10 вона воҳиди пули Корея маҳсуб ёфта, дар таносуби 1: 5 ба муомилот баров ...

Вонони I

Вонони I - подшоҳе аз сулолаи Ашкониёни Порт, ки солҳои 8–12 ҳукмронӣ кардааст. Вонон писари Фарҳоди Фраати IV ҳукмронӣ 37–2 мебошад, ки ба ҳайси гаравгони ифтихорӣ бо иқдоми яке аз занҳои Фарҳоди IV – Музаи румиасл ба Рум фиристода шуда буд. Баъ ...

Вонсовский, Сергей Василевич

Сергей Василевич Вонсовский 1910, Тошканд - 11 августи 1998, Екатеринбург) - физикдони назарии шӯравӣ, асосгузори мактаби назарияи магнетизм, академики АИ Русия. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

Вопросы литературы

Аз апрели 1957 соле 6 шумора ба табъ мерасад. Дар ибтидо нашрияи ИН ИҶШС ва Институти адабиёти ҷаҳон ба номи М. Горкий буд. Аз соли 1992 Институти адабиёти ҷаҳон ва фонди дастгирӣ ва мусоидат ба рушди нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ - "Литературная ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →