ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 155

Геоэлектрика

Геоэлектрика - шохаи заминфизик, илме, ки ноқилияти электрии қишри Заминро меомӯзад. Геоэлектрика солҳои 1950–70 дар асоси иктишоф зондгирӣ-и электромагнитии басомадӣ, ки дар геофизикаи иктишофӣ татбиқ меёбад, назарияи индуксияи электромагнитии д ...

Гераниол

Геранио́л - спирт, пайвасти органикии C 10 H 12 O; моеъи зардтоб буда, бӯи гули садбаргро дорад; ҳарорати ҷӯшишаш 229–230°С, зичиаш – 0.889 г/см 3. Гераниол дар об ҳал намешавад, вале дар спирт ва эфир ҳал мегардад. Гераниол дар таркиби гули садб ...

Герман, Александр Петрович

Алекса́ндр Петро́вич Ге́рман - олими соҳаи механикаи кӯҳкорӣ, профессор, доктори илмҳои техникӣ, академики АИ ИҶШС.

Германий

Мавҷудияти германийро соли 1871 олими рус ДОКТОРИ ИЛМҲОИ Менделеев пешгӯӣ намуда, ба он номи шартии экасилитсий гузошта буд. Германий 7.0∙10 −4 % массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Аз ҷумлаи унсурҳои камёфт ва парешони рӯи замин буда, дар тарки ...

Германиҳои қадим

Германиҳои қадим - қабилаҳои ҳиндуаврупоӣ, ки аз давраи неолит дар соҳилҳои байни д ҳои Элбаву Одер, ҷануби Скандинавия ва нимҷазираи Ютландия сукунат доштанд. Аз асри 1 то м. ҳудуди байни Рейни Поён, Висла, Дунай, баҳри Балтика ва Скандинавияи Ҷ ...

Герсдорфит

Герсдорфи́т - минерал, минерал, формулаи кимиёияш NiAsS. Таркибаш аз 26-40 % Ni, 37-56 % As, 6-19.3 % S иборат аст. Сингонияш кубӣ. Сохтораш ба сохтори мушт монанд аст. Кристаллҳояш шакли кубӣ ва октаэдрӣ доранд. Рангаш аз нуқрагун то пӯлодии хок ...

Герштейн, Семён Соломонович

Хатмкардаи шуъбаи физикаи ҳастаи факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов 1951. То соли 1954 дар вилояти Калуга омӯзгор буд. Соли 1955 ба аспирантура дохил гардид. Солҳои 1958 −1960 баъди дифои рисолаи номзадӣ Семён Герш ...

Гершун, Александр Лвович

Хатмкардаи факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи Петербург 1890. Ҳангоми донишҷӯӣ дар бораи вобастагии ҳарорату зичии об ва маҳлулҳои обӣ асари илмӣ навишта, сазовори медали тило гардидааст. Ассистент ва лаборанти кафедраи физикаи ҳамин донишгоҳ ...

Гестапо

Гестапо соли 1933 ҳамчун шуъбаи 1 А ҷиноятҳои сиёсӣ дар ҳайати ВКД-и Пруссия таъсис ёфта, пас аз роҳбари шуъба таъйин гардидани Рудолф Дилс политсияи махфии давлатӣ ном гирифт. Аз соли 1934 Ҳенрих Ҳиммлер роҳбарии расмии гестапо ва Ҳенрих Мюллер ...

Гестоз

Гестоз, сарторикӣ - оризаи ҳомилагӣ, ки боиси халал ёфтани фаъолияти баъзе узву бофтаҳо мегардад. Гестозҳо гуногун мешаванд, мас., гестози бармаҳал, гестози ботаъхир, гестози камчин, гестози "холис", гестози "муштарак" ва ғ. Нишонаҳои гестози бар ...

Гесӯ

Муаллифи "Фарҳанги Онандроҷ" гӯяд: "Гесӯ мӯи дарозе, ки аз ҷониби сар кашида бошад ва ин ғайр аз зулф аст". Айни ҳамин мазмун дар "Ғиёсу-л-луғот" низ омадааст. Одати доштани гесӯи дароз дар байни занони тоҷик аз қадим маъмул буд. Дар тӯли таърих ...

Гесӯ (сурати фалакӣ)

Гесӯ, Шаърулбанус, Гесӯи Вероника - бурҷи Нимкураи шимолии Осмон. Қадри ситорагонаш ба 4m,2 баробар аст. Масоҳаташ 386 дараҷаи квадратӣ, қадри ситоравии 50 ситорааш то 6m,0 аст. Дар ин бурҷ қутби шимолии Галактикаи мо ва ҳазорҳо галактикаҳову сад ...

Гесӯи Навогар

Аз аҳли Хуросон. Ҳунари созу наворо дар зодгоҳаш - шаҳри Ҳирот фаро гирифта, сипас ба дарбори Хусрави Парвиз 590 - 628 роҳ ёфт ва чанд муддат дастаи бонувони чангии Ромишсаро Фарҳангистони ҳунар-и дарборро сарварӣ кард. Дар достони "Вису Ромин" - ...

Гесӯи чанг

Гесӯи чанг - торҳои сози мусиқии чанг. Ба хотири он ки 72 тори филиззии он ба мӯйи майдабофти занон шабоҳат дорад, гесӯи чанг мегӯянд. Ин маъниро Абдурраҳмони Ҷомӣ чунин баён кардааст:

Гетерогония

Гетерогония // Вичлас - Гӯянда. - Д.: СИЭМТ, 2015. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 4. - ISBN 978-99947-33-77-4.

Гетинакс

Гетинакс - масолеҳи электроизолятсионии манганашудаи қабат-қабати асосаш коғазӣ, ки бо зифтҳои фенолию формалдегидӣ ҷаббонда шудааст. Барои ҳосил кардани гетинакс ба ҷуз коғази аз селлюлозаи сулфитию сулфатӣ истеҳсол-шуда ва коғази сулфатию матоӣ ...

Геттер (барномасозӣ)

Геттер - усули махсуси барномасозӣ барои гирифтани иттилооте, ки дастрасии мустақим ба онҳо маҳдуд аст. Геттер яке аз усулҳои барномасозии объективию ҳадафнок аст, ки барои амалӣ сохтани механизми фасеҳ -и инкапсулятсия кумак расонида метавонад. ...

Геттерҳо

Геттерҳо, газфурӯбарандаҳо - моддаҳое, ки қобилияти фурӯ бурдани оксиген, ҳидроген, нитроген, гази ангидриди карбон, оксиди карбон ва дигар газҳо -ро доранд. Газфурӯбарӣ ба фаъолии кимиёии моддаҳо ҳангоми таъсири мутақобилаи онҳо бо газҳо, инчуни ...

Гетӣ

Гетӣ, олами моддӣ - дар зардуштия ҷаҳоне, ки муқобили ҷаҳони минуӣ буда, дар он муборизаву мубодила ва кавну фасод сурат мегирад.

Гешефт

Геше́фт - вожаест олмонӣ. амалиёти тиҷоратӣ, кори манфиатовар, муомилоти судманд; муомилоти тиҷоратие, ки ғайриқонунӣ ва бо поймол кардани талаботи қонуну русуми анъанавӣ баста мешавад; муомилоте, ки боиси норозигӣ ва тамасхури атрофиён мегардад. ...

Гешталтпсихология

Гешталтпсихология - яке аз ҷараёнҳои муҳимми давраи буҳрони шадиди равоншиносии буржуазӣ, ки солҳои 1910−1930 дар Олмон пайдо шудааст. Асосгузорони он М. Вертҳеймер, В. Кёлер, К. Коффка, К. Левин буданд. Гешталтпсихология равандҳои маърифатиеро, ...

Гея

Ге́я - дар асотири юнонӣ илоҳаи Модар - Замин, таҷассуми Замин. Худ ба худ ҳомила шуда, Уран, Кӯҳ ва Понт -ро ба дунё овард. Аз заношӯии Г. ва Уран титанҳо, киплопҳо, гекатонхейрҳо, эритинийҳо, гигантҳо ба миён омаданд. Азбаски махлуқҳои бадунёов ...

Гиёҳдармонӣ

Гиёҳдармонӣ, фитотерапи́я - яке аз усулҳои муолиҷаи бемориҳои одам, ки бо истифода аз гиёҳҳо сурат мегирад. Гиёҳдармонӣ дар тибби ниёгони мо фаровон корбаст мешуд ва дар тибби кунунӣ низ мавриди истифодаи умум аст.

Гиёҳхорӣ

Гиёҳхорӣ - яке аз тарзҳои тағзия, ки ҳангоми он хӯрокҳои гӯштӣ, аз ҷумла моҳӣ ва мурғ истеъмол карда намешаванд.

Гиёҳшиносӣ

Гиёҳшиносӣ ё бота́ника - маҷмӯи илмҳо дар бораи наботот. Сохт, афзоиш, инкишоф, густариш ва таoаввулу таснифи рустаниҳоро меомузад. Морфология, анатомия, ситология, гистология, эмбрио­логия, физиология, экология, геоботаника, география, па­леобот ...

Гиалофан

Гиалофан - минерал аз гурӯҳи фелдспорҳо. Формулаи кимиёиаш Сингониаш моноклиналӣ. Одатан ҳамчун кристаллҳои шаффофи ташаккулёфта дучор меояд. Гиалофан, маъмулан минерали беранги шаффоф буда, баъзан тобиши сурх дорад. Ҷилояш шишаӣ, шуоъгузар. Сахт ...

Гиббереллин

Гиббереллин - моддае, ки ба рушду нумӯи рустанӣ таъсири мусбат мерасонад. Ҳамагӣ 27 намуди гиббереллин маълум буда, мансуби дитерпеноидҳои тетрасиклианд; дар муҳити ишқорию асидӣ кислотагӣ вайрон мешаванд. Воҳиди сохтории асосии гиббереллин гиббе ...

Гиббонҳо

Гиббо́нҳо - оилаи маймунҳои одамшакли хурд; мансуби гурӯҳи приматҳо. Гиббонҳо ду ҷинс доранд: гиббон Hylobates, ки аз 6 навъ иборат аст ва сиамангҳо Symphalangus, ки як навъ S. syndactylus-ро муттаҳид месозанд ангуштони 2 ва 3-юми пои онҳо бо пар ...

Гибралтар

Гибралта́р - мулке кӯҳистонӣ дар соҳили ҷанубии Испониё дар ҷануби ғарбии Аврупо аст, ки дар интиҳои ҷануби нимҷазираи Пиреней қарор дорад ва аз шимол марзи муштарак бо Испониё дорад ва яке аз Сарзаминҳои наздидарёии Биритониё ба шумор мерафт. Ка ...

Гига-

Гига- - пешванде, ки дар Системаи байналмилалии воҳидҳо барои ишора кардани ҳиссаи миллиардкаратаи воҳиди ибтидоӣ истифода мешавад. Мас., 1 гигаҳерс = 1 млрд ҳерс ё 10 9 Гҳс.

Гигабайт

Гигаба́йт - воҳиди каратии андозагирии миқдори иттилоот. 1 Г= 10 9 ё 2 30 = 1073741824. Ишораташ ГБ. Номгӯй ва ишорати воҳиди миқдори иттилоот "байт" бо пешванди "Кило", "Мега", "Гига" истифода мешаванд, ки ба зарбкунандаи "2 10", "2 20" ва "2 30 ...

Гигантҳо

Гигантҳо - дар асотири Юнони Бостон писарони азимҷуссаи илоҳа Гея ва худои осмон Уран, ки алайҳи худоёни Олимп ва Ҳеракл мубориза мебурданд. Мутобиқи асотири юнонӣ Уран аз тарси маҳрум шудан аз маснади хеш фарзандони тавлидшудаашро зери замин гӯр ...

Гидраргиллит

Гидраргиллит, гиббсит - минерал бо формулаи шимиёии γ-Al 3 3). Таркибаш аз 65.4 % гилзамин ва 34.6 % об иборат аст. Баъзан то 20 % Fe 2 O 3 ва то 0.006 % Са 2 O 3 дошта метавонад. Сохтори кристаллбандиаш моноклинӣ; кристаллҳояш шакли тахтачаи шаш ...

Гил

Гил - гурӯҳи ҷинсҳои кӯҳии таҳшине, ки асосан аз минералҳои гилӣ таркиб ёфтаанд. Андозаи заррачаҳои минералии гилӣ то 0.01 мм мешавад. Агар миқдори заррачаҳои минералҳои ғайригил аз 50 % зиёд шавад, вобаста ба таркиби гранулометрии онҳо гил ба ал ...

Гилберт

Гилберт - воҳиди қувваи магнитҳаракатдиҳанда ё фарқи потенсиалҳои магнитӣ дар Системаи мутлақи воҳидҳои СГС. Ба ифтихори физикдони инглис Уилям Гилберт номида шудааст. Ишораташ Гб. 1 гилберт = 0.795775 ампер.

Гилбум

Гилбум, гилзамин, гилхок - хоки пургил. Намкаш буда зуд зер мехӯрад, ҳаворо бад мегузаронад. Пас аз борон ё об мондани замин сафолак баста, ба неш задани тухмӣ роҳ намедиҳад; сафолак кафида, нам зуд мепарад. Гилбум гоҳе шӯра мебандад ва камҳосил ...

Гилбӯта

Гилбӯта, гили бӯта - навъе аз гил, ки дар муқовамат бо оташ тобовар аст, гили оташбардор. Рангаш хокистарии сабзтоб, сафед. Ҳангоми бо об сириштан ғоз медиҳад. Гилбӯтаҳое, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, тақр. 50 млн сол муқаддам дар қаъри кӯлҳои да ...

Гилгамеш

Гилгамеш - қаҳрамони ҳамосаи шумериву аккадӣ ва яке аз шоҳони сулолаи аввали Урук, писари Лугулбанд, фармонравои Урук дар Бобил. Ӯро пас аз маргаш маъбуд хонда, ҳамчун писари илоҳа Нинсун - аз насли эзади офтоб Уту, ки довари охирату ҳомӣ аз аҳри ...

Гилдавоӣ

Гилдавоӣ дар гузашта бисёр маъмул буд. Аввалин маълумоти хаттӣ оид ба гилдавоӣ дар Авесто аст. Мутобиқи андешаи табибони қадим, ба ҳар кадом ҷисм, мувофиқан ба чаҳор унсур, чаҳор сифат хос мебошад. Ибни Сино мизоҷи гилро шабеҳи мизоҷи инсон медон ...

Гилдияҳо

Гилдияҳо - иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, ҳунармандӣ, сиёсӣ, низомӣ ва мазҳабӣ дар Аврупои асримиёнагӣ. Дар асоси созишномаҳо ихтиёрӣ ташкил ёфта, ойинномаи худро доштанд. Гилдияҳои динӣ дар асрҳои 6-8 хеле паҳн гардида буданд ва сокинони шаҳрҳову маҳалҳ ...

Гилем

Гилем - навъе аз палоси пашмин. Гилемро аз абрешим, пахта, пашми бузу гӯсфанд ва ё дигар ҳайвоноти хонагӣ мебофанд. Он асосан дар фарши хона ва болои бӯрё андохта мешавад. Навъҳои рангаи сода ва мунаққаш дорад; рангҳои истифодашуда дар он аслан г ...

Гили арманӣ

Гили арманӣ, кили арманӣ - як навъ гили сурхи тирагун. Таркибаш аз Fe 2 O 3 ва силикату алюмосиликатҳо иборат аст.

Гилкорӣ

Гилкорӣ - яке аз ҳунарҳои бисёр маъмул дар санъати бинокорӣ. Гилкорӣ қабати пардозӣ буда, онро дар дохилу беруни биноҳои таъйиноташон гуногун барои ҳамвору хушнамуд кардани сатҳҳо, баланд бардоштани садоногузариву гарминигоҳдорӣ ва ба пардози оян ...

Гилфишон

Гилфишон, вулканҳои лойфишон, салзаҳо, макалубаҳо - талҳои лойфишони махрутии нӯгбурида ё қифмонанд. Мунтазам ё ҳар сари чанд вақт массаҳои лой ва газро аксаран бо обу нафт ба рӯйи Замин мебароранд. Асосан дар ноҳияҳои нафтдору вулканӣ, дар қулла ...

Гиройҳо

Гиройҳо - сулолаи хонҳои тотори Қрим, ки насабашон ба авлоди Ҷуҷӣ - писари калонии Чингиз мерасид. Мутобиқи фарзияи В. В. Бартолд, гиройҳо аз калимаи муғулии гарай баромада, маънояш иззатманд, арзанда ва комилҳуқуқ мебошад ва чун рутба тақр. ба м ...

Гладиатор

Гладиа́тор - ҷан­го­ва­ро­ни мусаллаҳе, ки дар амфитеатрҳои Руми Қадим байни ҳамдигар қувваозмоӣ мекарданд.

Гностисизм

Гностиси́зм - ҷараёни мазҳабӣ ва фалсафию ирфонист, ки аз омезиши асотири юнонию румӣ, афкори эронию бобилӣ ва ривоятҳои мазҳабии масеҳию яҳудӣ иборат буда, дар садаи I дар Шарқи Наздик пайдо шуд ва дар садаи II дар қисмати ғарбии Эрон нуфуз дошт.

Голвонудармонӣ

Голвонудармонӣ, галванотерапия - яке аз усулҳои барқдармонӣ. Бо мақсади муолиҷа истифода бурдани ҷараёни доимии пайдарпай -и камшиддат ва суст.

Голвонуметр

Голвонуметр, галвано́метр - асбоби дақиқ барои чен кардани қувва, шиддат ва миқдори хеле хурди ҷараёни электрӣ. Голвонуметрро, маъмулан, чун нишондиҳанда сифр-индикатор барои муайян кардани мавҷудияти ҷараён ё шиддат дар занҷири электрӣ истифода ...

Голисиё

Аз лиҳози таърихӣ ба Голисиёи Шарқӣ аксари сокинонаш украиниҳо ва Голисиёи Ғарбӣ бештари аҳолиаш лаҳистониҳо ҷудо мешавад. Дар асрҳои 9–11 дар ҳайати Руси Киевӣ ва пас аз он князии Галитсияву Волин 1199–1392 буд. Соли 1349 Голисиё аз ҷониби шоҳии ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →