ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 157

Доббатуларз

Доббатуларз, Доббатуссоат - дар ривоятҳои исломӣ ҳайвони азимҷуссаест, ки дар охирзамон пеш ва ё пас аз тулӯи Офтоб аз тарафи офтобшин мебарояд ва пас аз хурӯҷи Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ севвумин аломати пеш аз қиёмат мебошад.

Домпизишкӣ

Домпизишкӣ, байторӣ, ветеринария - соҳаи илм, ки сохти организми ҳайвонот, сабабу аломат ва ташхису муолиҷаи касалиҳои онҳо, инчунин роҳҳои сермаҳсул гардондани чорворо меомӯзад. Байторӣ мансуби илмҳои биологӣ буда, дар рушду инкишофи он аз дасто ...

Домулло

Домулло - мухотабест, ки ҳангоми муроҷиат ҳамчун арзи эҳтиром нисбат ба ходимони барҷаста, соҳибэътибор ва боиззати динӣ, илмиву адабӣ ва маорифу фарҳанг истифода бурда мешавад.

Домулло Азизов

Домулло Азизов - - Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, сержанти хурд. Соли 1934 дар зодгоҳаш котиби ташкилоти комсомолии колхози "Якуми Май" буд.

Дороӣ

Дороӣ, актив: яке аз ду тарафи тавозуни ҳисобдорӣ, ки дар он маблағу воситаҳои корхона мувофиқи мавқеашон дар ҷараёни истеҳсол ё такрористеҳсол нишон дода мешавад. Фаъолияти асосии корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар маблағгузориҳои ғайригардиширо низ ...

Дуо

Дуъо, дуо - навъест калом дар адабиёти шифоҳӣ, ки дар шаклҳои ҳам манзум ва мансур баён мегардад ва аз лиҳози мақсаду муроди гӯянда ва контекст навъҳои гуногун дорад.

Жак Адамар

Жак Адама́р - риёзидон ва механики фаронсавӣ. Узви АИ Париж, узви хориҷии АИ СССР. Муаллифи бисёр корҳои бунёдӣ оид ба алгебра, ҳандаса, таҳлили функсионалӣ, ҳандасаи дифференсиалӣ, физикаи риёзӣ, топология, назарияи эҳтимолият, механика, гидроди ...

Жак де Вокансон

Жак де Вокансон - механики фаронсавӣ, ихтироъкор. Жак де Вокансон як идда механизмҳои худкорро офарид, ки бо истифода аз механизми соат ҳаракатҳои мураккабро иҷро менамоянд. Жак де Вокансон дастгоҳи шоҳибофии механикиро ихтироъ кардааст. Намунаҳо ...

Жак-Анж Габриэл

Анж-Жак Габриэл ; ё Жак-Анж Габриэл, ҳамчунин Габриел - меъмори фаронсавӣ, президенти Академияи меъморӣ ва "меъмори аввали шоҳ", яке аз асосгузорони класситсизм. Дар назди падараш - меъмори маъруф Жак Габриэл Габриели V ва Академияи меъмории Пори ...

Жан Пол Белмондо

Консерваторияи олии миллии санъати драмавии Парижро хатм карда, дар театрҳои мамлакат ба сифати ҳунарпеша фаъолият намудааст. Баъди вохӯрӣ бо коргардон Ж. Л. Годар дар филми "Дар нафаси охирин" нақши Мишел Пуакар, 1960 рӯ ба кино овард. Белмондо ...

Жан-Батист Био

Жан-Батист Био пас аз хатми Мактаби политехникии Париж дар вазифаи профессор мактаби Марказии шаҳри Бове кор мекунад. Сипас мудири кафедраи физикаи математикӣ дар Коллеҷ де Франс 1800, профессор Университет Париж 1809 буд.

Жан-Жак Ампер

Писари физик ва математики маъруф Андре-Мари Ампер. Донандаи якчанд забони дунё. Асарҳои ӯ "Таърихи адабиёти Франсия то қарни XII" 1839, "Мадхали таърихи адабиёти франсавии асрҳои миёна" 1840, "Юнон, Рим ва Данте" 1848 ва ғ. байни мутахассисони а ...

Жорес Алфёров

Хатмкардаи Институти электротехникии Ленинград 1952. Аз соли 1953 дар Институти физикаю техникаи АИ Россия ба номи А. Ф. Иоффе ба ҳайси корманди илмӣ, директор ва роҳбари илмӣ кор кардааст. Солҳои 1989 - 2010 раиси Маркази илмии петербургии АИ Ро ...

Жорж Бизе

Хатмкардаи консерваторияи Париж 1857. Шогирди А. Ф. Мармонтел, П. Симмерман, Ж. Ф. Э. Галеви ва Ш. Гуно. Дар консерватория чандин маротиба мукофот гирифт. Соли 1857 барои кантатаи "Кловис ва Клотилда" сазовори мукофоти калони Рим гардид ва ин ба ...

Жюл Габриэл Верн

Жюл Габриэ́л Верн феврал 1828, Нант, Фаронса - Шаблон:ТаърихиМарг, Алмйен, Фаронса) - нависандаи фаронсавӣ, классик яке аз асосгузорони жанри фантастикаи илмӣ. Азои Ҷаъияти ҷуғрофии Фаронса. Мувофи­қи маълумоти ЮНЕСКО теъдоди асарҳои тарҷу­машуда ...

Забони олмонӣ

Забони олмонӣ - забони олмониҳо, австрагиҳо, олмониҳои Швейсария, ли­хт­ейштейнҳо, элзасиҳо ва лотарингҳо, инчунин симбрҳо ва моҳеноҳо. Забони расмӣ дар Олмон, Австрия, Лихтенш­тейн, яке аз забонҳои расмии Швейсария, Люксембург, Белгия.

Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ

Падараш муншӣ, амакаш шоир, тағояш соҳибилм будаанд. Дар дукони косибии амакаш ‒ Амонӣ шоирони пешавар мунтазам базми шеър меоростанд. Мушоираву суҳбатҳои дар дукон барпошуда ба тарбияи завқ ва ташаккули маънавии Восифӣ бетаъсир намонданд. Восифӣ ...

Закариёи Қазвинӣ

Насаби Закираиёи Қазвинӣ ба Молик ибни Анас мерасад. Ӯ шогирди Асируддин Абҳарӣ, ҳакими бузурги форсу тоҷик буд. Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, минбаъд дар Дорулулуми Шом таҳсил кардааст. Дар Димашқ бо Муҳайуддин ибн ал-Арабӣ вохӯрда, па ...

Заминвора

Заминвора, гео́ид - сатҳи барҷастаи маҳдудест, ки ба сатҳи миёнаи оби баҳру уқёнус дар ҳолати оромӣ мувофиқ меояд. Самти заминвора ба қувваи вазнинӣ амудӣ буда, сатҳи он яке аз сатҳҳои мувозии потенсиали қувваи вазнинӣ маҳсуб мешавад. Заминвора д ...

Замингиёҳшиносӣ

Замингиёҳшиносӣ, геоботаника, ё фитосенология, ё фитососиология - як шохаи гиёҳшиносӣ, ки сохтор, инкишоф ва густариши рустаниҳоро дар рӯйи Замин таҳқиқ мекунад.

Замингоҳшиносӣ

Замингоҳшиносӣ, геохронология - таълимот дар бораи солшумории заминшинохтӣ, давомнокӣ ва пайдарҳамии пайдоиши ҷинсҳои қишри Замин.

Заминновдиш

Заминновдиш, геосинклинал: фурӯхамидаи нисбатан камбар ва амиқи қишри Замин дар дохили минтақаи геосинклинал, ки дар қаъри ҳавзаҳои баҳр ба вуҷуд омада, даҳҳо ва садҳо км тӯл кашидааст. Заминновдиш, маъмулан, дар иҳотаи кафидаҳои қаъри Замин воқе ...

Заминпӯёшиносӣ

Заминпӯёшиносӣ, геодинамика - фасли заминшиносӣ, илм дар бораи Замин аст, ки тағйирёбиҳои ҳолати нуқтаҳои сатҳи Замин ва майдони ҷозибаи сайёраро меомӯзад. Дар зери таъсири мадд ва ҷазри Моҳ ва Офтоб шакли Замин ва қувваи ҷозиба дар нуқтаҳои гуно ...

Заминрехтшиносӣ

Заминрехтшиносӣ, геоморфоло́гия - илм дар бораи релйефи сатҳи Замин, қаъри уқёнусу дарёҳо, пайдоиш, таҳаввул, қонунмандиҳои инкишоф ва нишонаҳои зоҳирии он. Заминрехтшиносӣ релйефи имрӯзаи геологиро ҳамчун натиҷаи инкишофи қаблии сатҳи Замин меом ...

Заминсанҷии муҳандисӣ

Геодезияи муҳандисӣ - фасли заминсанҷӣ, ки усулҳои андозагирӣ ва афзорҳои барои таҳқиқ ва сохтмони иншооти муҳандисӣ истифодашавандаро меомӯзад. Заминсанҷии муҳандисӣ инчунин усулҳои андозагирии геодезиро барои лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодаи иншоо ...

Заминсанҷӣ

Заминсанҷӣ, геодезия - илмест, ки шакл, андоза, сохтори дохилӣ, ҳаракатҳои уфуқӣ ва амудии қитъаҳо, майдони ҷозибаи Замин, усулҳои дар сатҳи Замин гузаронидани ченкуниҳои муҳандисиву хоҷагӣ ва дар барномаҳою харитаҳо тасвир намудани онҳоро меомӯз ...

Заминфизик

Заминфизик, геофизика - маҷмӯъи илмҳое, ки бо усулҳои физикӣ пайдоиш, такомул, сохт, хосиятҳои Замин ва қишрҳои он, инчунин равандҳои табиӣ ва техногении дар онҳо рухдиҳандаро меомӯзад. Заминфизик усулҳои физикиеро муттаҳид месозад, ки барои таҳқ ...

Заминшимӣ

Заминшимӣ, геокимиё, геохимия - илм дар бораи таркиби кимиёии Замин ва сайёраҳо, қонунмандиҳои густаришу гардиши унсурҳо дар муҳити гуногуни геологӣ, инчунин раванди ташаккули ҷинсҳои кӯҳӣ ва обҳо. Геокимиё бо заминшиносӣ, кимиё, физика ва биолог ...

Заминшиносии давраи чорум

Геологияи давраи чорум, геологияи антропоген, антропоген - давраи охирини эра -и кайнозои таърихи заминшинохтии ҳоло идомадори Замин, ки ба системаи охирини эратемаи кайнозой мувофиқ аст; дар ҷадвали хроностратиграфӣ пас аз давраи неоген меояд. К ...

Заминшиносии дарёӣ

Заминшиносии дарёӣ, уқнуснигории заминшинохтӣ - яке аз шохаҳои заминшиносӣ, илм дар бораи таркиб, сохт ва таърихи як қисми калонтарини Замин, ки бо оби Уқёнуси Олам пӯшида шудааст. Вазифаҳои асосии заминшиносии дарёӣ таҳқиқоти ҷараёни геологӣ ва ...

Заминшиносии минтақаӣ

Заминшиносии минтақаӣ - яке аз бахшҳои заминшиносӣ, ки сохти заминшинохтии минтақаҳои алоҳидаи қишри Замин, қитъаҳо, иншооти чиндор, платформаҳо ё қисми алоҳидаи онҳоро меомӯзад. Вазифаҳои асосии заминшиносии минтақаӣ аксбардории геологӣ, аксбард ...

Заминшиносии муҳандисӣ

Заминшиносии муҳандисӣ - яке аз бахшҳои заминшиносӣ, илм дар бораи сохт, хусусиятҳо ва инкишофи муҳити заминшинохтӣ дар қисми қишри Замин, самаранок истифодабарӣ ва ҳифзи он вобаста ба фаъолияти заминшинохтии инсон.

Заминшиносии сохторӣ

Заминшиносии сохторӣ - як қисми асосии заминсохт, ки ба омӯзиши шаклҳои қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва бо таъсири ҳаракатҳои тектоникии Замин беҷошавӣ ва вайроншавии қабатҳо, инчунин чиндоршавӣ, тарқишҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ, пастубаландшавии минтақаҳ ...

Зардолу

Зардолу - яке аз меваҳои маъмули Тоҷикистону Осиёи Марказӣ ва Қафқоз. Дар дунё 1600 навъи зардолу, дар Тоҷикистон қариб 120 навъ, дар Конибодому Исфара зиёда аз 90 навъи зардолу парвариш карда мешавад. Навъҳо: аҳрорӣ, хурмоӣ, кафак, бинигорӣ, мир ...

Зардчӯба

Аксари навъҳои зардчӯбаро чун рустаниҳои ғизоӣ ва доруӣ парвариш карда, аз решаи хушбӯи онҳо хуришҳо тайёр мекунанд. Моддаи зарди аз он ҳосилшударо барои ранг кардани абрешим, мӯина, пахта, равған, панир ва ғайра истифода мебаранд. Зардчӯбаро аз ...

Зариф Бобокалонов

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии ҳарбии умумиартиши фармондеҳии ш. Владикавкази Федератсияи Россия 1992 ва Академияи сипоҳи танкиву мошинаҳои зиреҳпӯши ш. Маскав 1998. Сардори шуъбаи 2-юми Комиссариати ҳарбии ноҳ. Исмоили Сомонии ш. Душанбе 1992–93, фа ...

Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев - яке аз барқароркунандагони сохти советӣ дар Тоҷикистон. Агрономи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон.

Захираи Хоразмшоҳӣ

"Захираи Хоразмшоҳӣ" - шоҳасари тиббӣ, ки солҳои 1113 - 1115 Исмоили Ҷурҷонӣ барои Қутбуддин Абулфатҳи Арслон Тагини Муҳаммади Хоразмшоҳ таълиф намудааст.

Заҳируддини Байҳақӣ

Заҳируддин Абулҳасан Алӣ ибни Абилқосим Зайди Байҳақӣ машҳур ба Ибни Фундуқ ва Фариди Хуросон - таърихнигор, адиб, мунаҷҷим, риёзидон, табиб ва шоири форс-тоҷик, муаллифи асари Таърихи Байҳақ.

Збигнев Бжезинский

Дар Варшава дар оилаи дипломати поляк таваллуд шудааст. Ҳамроҳи оилааш дар Канада, ки падараш дар консулгарии Полша кор мекард, зиндагӣ дошт. Соли 1950 Университети Мак Гилларо хатм кард. Солҳои 1953–56 дар Университети Ҳарвард ИМА кор мекард. Со ...

Зебо Гадоева

Зебо Гадоева - пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ. Солҳои 1936 - 1970 колхозчӣ, сардори звено ва бригадаи пахтакорӣ буд. Аз соли 1970 нафақагири шахсӣ. Звенои Зебо Гадоева солҳои 1945 - 1948 ҳосили фаровони пахта гирифтааст. Депутати Шӯрои О ...

Зен

Зен - номи ҷопонии мактаби буддоии маҳаяна, ки дар Чин ва Ҷопон дар асрҳои миёна ташаккул ёфта буд. Буддоия зимни сайри таърихии худ ба чандин фирқаҳо ҷудо шуд. Дар ҷануби Ҳинд ва Сейлон "ҳинаяна" ва дар шимоли Ҳинд, Тибет, Муғулистону Хитой "маҳ ...

Зигмунт Вроблевский

Дар Донишгоҳи Киев таҳсил намудааст. Барои иштирок дар Шӯриши Лаҳистон 1863-64 ба Томск бадарға шуд. Соли 1869 ба Варшава баргашт. Аз соли 1882 профессор Донишгоҳи Краков. Дар соҳаи диффузияи газҳо дар қисмҳои моеъ ва сахт, моеъгардонии газҳо таҳ ...

Зиреҳакҳо

Зиреҳакҳо - номи умумии як гурӯҳ ҳашароти зараррасони бутта ва дарахтони мева. Мансуби оилаи нимду­руштболҳо буда, тақр. 2400 намуд доранд. Рушду инкишофи ҳамаи зиреҳакҳо қариб ҳам­гун аст. Кирминаҳои зиреҳакҳо беболу беҳаракат буда, зоҳи­ран ба ...

Зистшиносии молекулӣ

Зистшиносии молекулӣ чун соҳаи мустақили илм ибтитои солҳои 50 садаи XX дар натиҷаи пешрафти донишҳо оид ба сохту фаъолияти сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеат ба вуҷуд омадааст. Мавзӯи таҳқиқи бистшиносии молекулӣ пайвастҳои молекулаашон калони кимиё ...

Зистшиносӣ

Зистшиносӣ, биоло́гия пешниҳод кардаанд. Зистшиносӣ бо бисёр илмҳо ва фаъолияти инсон алоқаи зич дорад. Барои тасвир ва таҳқиқи равандҳои биологӣ дастовардҳои илмҳои кимиё, физика, математика, техника, геология, география, геокимиё ва ғ. истифода ...

Зодоварӣ

Зодоварӣ - қобилияти насл дода тавонистани ҳайвонот ва наботот. Афзоиш ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ мешавад. Афзоиши ҳайвонот. Афзоиши ғайриҷинсӣ ба мавҷудоти дараҷаи паст хос мебошад. Ҳангоми афзоиши ғайриҷинсӣ насл аз як ҷинс мерӯяд. Бо роҳи тақсимшавӣ ...

Зонунавард

Зонунава́рд - ҷузъи чархзанандаи механизми кри­вошипӣ-шатунӣ, ки аз наварди як ё чанд зонудор ва якчанд гарданаи асосии ҳамтири ба подшипникҳо такякунанда иборат аст. Зонунавард аз гарданаи асосзону, гарданаи шатунӣ ва рӯя иборат мебошад. Тирҳои ...

Зулфия Баҳриддинова

Зулфия Баҳриддинова - сӯзанидӯз ва рассом, Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →