ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 161

Насиба Абдуллоева

Эҷодиёташро аз иҷрои сурудҳои халқӣ шурӯъ карда, "Лазгии Хоразм", "Баригал", "Танавор" -ро ҳамчун дурдонаҳои эҷоди мардуми Шарқ ҷилвагар сохт. Маҳорати бадеӣ, овози нозуки ширадор, интихоби матнҳои баландмазмун хоси ҳунари Абдуллоева аст. Махсуса ...

Наслкушӣ

Наслкушӣ, геносид - ҳаргуна иқдом ва мубодарат ба нобудӣ ва ҳазфи физикии бахш ё куллияти гурӯҳе нижодӣ, қавмӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва ё идюлужикӣ аст.

Насриддинхоҷа Ворас

Дар Шибирғони Афғонистон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Баъд аз касби камол чун донишманд ва шоири тавоно машҳур гашт. Ба тасаввуф майл намуд ва ба зинаи пир расида буд. Аз осораш намунаҳо дар тазкираҳо сабт гардидаанд. Яке аз пайравони Мирзо Абдулқод ...

НАТО

4 апрели 1949 дар Вашингтон бар асоси муоҳидаи 12 давлат - ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Белгия, Дания, Исландия, Итолиё, Люксембург, Канада, Нидерландия, Норвегия, Португалия таъсис ёфт. Соли 1952 ба он Юнон ва Туркия, 1955 Ҷумҳурии Федеративии ...

Нахӯдхӯрак

Дарозиаш 6 мм, танаш байзашакл, рангаш сиёҳи ҷилодор. Болаш рахҳои каҷи сафедча, синааш доғи сафеди секунҷа, зери шикамаш нақши салибмонанд дорад. Бехи мӯйлабҳо, банди аввали пойҳои пеш, панҷа ва буғуми пойҳои миёнааш зарди сурхтоб аст. Тухмаш за ...

Наҷафбек Вазиров

Наҷафбек Фатҳалибекӯғлӣ Вазиров - драматург, публитсист; яке аз фаъолон ва бунёдгузорони театри Ҷумҳурии Озарбойҷон.

Нериё Аминов

Фаъолияти ҳунариро дар дастаҳои ҳаваскори ҳунарии мактабӣ оғоз намуда, дар студияи Театри давлатии драмавию мусиқии ба номи Муқимии ш. Тошканд 1930 – 31 сайқал додааст. Солҳои 1932 – 34 роҳбари Театри мусиқии ноҳ. Нуратои вил. Самарқанд, 1935 – 3 ...

Никола Аббаняно

Нико́ла Аббаня́но - файласуфи идеалист-экзистенсиалисти итолиёвӣ, академик, профессори Донишгоҳи Турин.

Николай Акимов

Акимов Николай Павлович - коргардон, рассом, Артисти халқии Тоҷикистон, Артисти халқии СССР, професор.

Николай Балакин

Николай Балакин - лейтенанти калони горд, иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.

Николай Басков

БÁСКОВ Николай Викторович тавалуд 15.10.1976, шаҳри Балашихаи вилилояти Маскави Россия, сарояндаи эстрада ва операи рус тенор, яке аз маъруфтарин сарояндагони ҷаҳон. Артисти халқии Украина 2004, Молдова 2007, Ҷумҳурии Чечен ва Россия 2009.

Николай Басов

Николай Геннадиевич Басов, физикадони шӯравӣ, яке аз асосгузорони радиофизикаи квантӣ, доктори илмҳои математика ва физика, акададемики Академияи илмҳои ИҶШС ва узви Раёсати Академияи илмҳои ИҶШС, Узви хориҷии Академияи илмии як қатор мамлакатҳо. ...

Николай Бекетов

Николай Николаевич Бекетов - январ 1827, Санкт-Петербург - 30 ноябр -и 1911, Санкт-Петербург) - физикдон ва кимиёдони рус, узви вобастаи АИ Россия, академики АИ Петербург.

Николай Белов

Белов Николай Василевич декабри 1891, шаҳри Янов, Полша - 6 марти 1982, Маскав) - кристаллограф ва геокимиёгари шӯравӣ, академики АИ ИҶШС, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

Николай Бердяев

Никола́й Алекса́ндрович Бердя́ев марти 1874, Обухово, губериняи Киев, Русияи подшоҳӣ - 23 марти 1948, Кламари Порис) - файласуф, равоншинос, муаррихи афкори фарҳангии рус, публитсист. Профессори Университети Маскав, доктори фиқҳи Донишгоҳи Кембриҷ.

Николай Воронов

Никола́й Никола́евич Во́ронов 1899, Санкт-Петербург, Русияи подшоҳӣ - 28 феврали 1968, Маскав, ИҶШС) - сарлашкари шӯравӣ, Сармаршали артиллерия, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.

Николай Гамалея

Никола́й Фёдорович Гамале́я феврал 1859, Одесса - 29 марти 1949, Маскав) - микробиолог, академики фахрии АИ ИҶШС, академики АИТ ИҶШС.

Николай Гогол

Солҳои 1831–32 маҷмӯаи "Шабнишиниҳо дар хутори назди Диканка" -ро мунташир намуда, дар адабиёт маъруф шуд. Соли 1835 асари дигари ӯ – "Миргород", ки шомили повестҳои "Заминдорони куҳнапараст", "Тарас Булба", "Вий", "Моҷарои Иван Иванович бо Иван ...

Николай Иванович Вавилов

Николай Иванович Вавилов - генетик, набототшинос ва географии рус. Асосгузори илми селексия ва таълимот оид ба марказҳои пайдоиши рустаниҳои мазрӯъ. Узви вобаста ва узви пайвастаи АИ ИҶШС, Президент ва ноиби Президенти Академияи умумииттифоқии ил ...

Николай Николаевич Ге

Хатмкардаи Академияи рассомии Петербург 1857, профессор 1864. Барои тасвири "Сӯгвории Ахиллес бар Патрокл" 1855 соҳиби медали хурди тило ва барои кори дипломиаш – "Саул дар назди ҷодугари Аэндорс" сазовори унвони рассоми мумтози дараҷаи I ва меда ...

Николас Бломберген

Соли 1945 ба ИМА муҳоҷират кардааст. Узви АИ ИМА 1960, доктори илм 1948. Соли 1946 Ф. Блох ва Э. М. Парселл ҳодисаи резонанси магнитии ядроиро дар моеъҳо ва ҷисмҳои сахт ошкор намуданд. Ҳамон сол Бломбергенро барои коркарди дастгоҳи нахустини тат ...

Нилс Ҳенрик Абел

Соли 1821 Абел ба Донишгоҳи Осло дохил шуда, соли 1822 дараҷаи илмии номзади фалсафаро соҳиб мегардад. Зимистони 1822 - 1923 Абел ба донишгоҳ аввалин кори илмии назаррасеро пешниҳод мекунад, ки он ба интегронидани муодилаҳои дифференсиалӣ бахшида ...

Нозимҷон Абдураҳмонов

Коргари артели ҳунармандии "Болшевик" солҳои 1928 – 29 ва Комбинати консервабарории шаҳри Конибодом солҳои 1930 – 31, сардори бригадаи пахтакории колхози "Ленинград" -и ноҳияи Конибодом 1932 – 68. Аз соли 1965 нафақагир. Бригадааш солиёни зиёд ҳо ...

Номшиносии инсон

Антропони́мика - соҳаи ономасиология, ки маҷмӯи маълумоти антропономӣ, яъне номи хоси одамон, таърихи пайдоиш, таҳаввулот, қонунияту вазоифи онҳоро, меомӯзад. Ахбореро, ки ном бо худ дорад, аз ҷумла хислату сифатҳои шахс, ба кадом оила, авлод қав ...

Носируддин Абдуллоҳи Байзовӣ

Носируддин Абдуллоҳ ибни Умар ибни Муҳаммади Шерозӣ ал-Байзовӣ - муфассир, фақеҳ, донандаи илми калом ва таърихнигори мусулмон.

Ноҳамрангии инабия

Ноҳамрангии инабия, ҳетерохромия - гуногунранг будани инабияи чашмҳои чап ва рост ё рангҳои мухталиф доштани қисмҳои гуногуни инабияи як чашм.

Ноҳияи Бахмал

Ноҳияи Бахмал - ноҳия, воҳиди маъмурӣ дар шимоли вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Маркази маъмурӣ - шаҳраки Усмат. 8 майи соли 1943 ташкил шудааст. Бахмал бо ноҳияи Ғаллаарал, Ҷиззах, Зомин, вилояти Самарқанд ва ноҳияи Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷ ...

Ноҳияи Вобканд

Ноҳияи Вобканд - ноҳия дар вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 29 сентябри 1926 таъсис ёфтааст. Ноҳияи Вобканд аз ҷануб бо ноҳияи Бухоро, аз ғарб бо ноҳияҳои Пешку, Ромитан, аз шимол бо ноҳияи Шофирком ва аз шарқ бо вилояти Навоӣ ҳамсарҳад аст. ...

Нур-Султон

Дар соҳили дарёи Ишим Есил ҷой гирифтааст. Аҳолиаш 697257 нафар январи 2011. Остона роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард, аэропорти байналмилалӣ дорад.

Нуриддин Аҳмадов

Нуриддин Аҳмадов - яке аз барпокунандагони Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон. Соли 1916 дар Қӯқанд мактаби русии маҳаллиро хатм намуда, дар идораи саноату савдо кор кардааст. Аз соли 1918 дар торумор кардани дастаҳои босмачиён дар шимолӣ Тоҷикистон ...

Нуриддин Шарипов

Нуриддин Шарипов - корманди СИЭМТ, энсиклопедист, узви шӯрои назорати илмӣ ва ҳайати таҳририяи "Энсиклопедияи Миллии Тоҷик". Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нуруддин Ҷаъфари Бадахшӣ

Бадахшӣ بدخشی Нуруддин Ҷаъфар - орифи мутасаввиф, нависандаи мумтоз, олими маъруф, шогирди барҷастаи Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ.

Нусрат Маҳмуди Азиз

Дар 12-солагӣ аз падару модар маҳрум шуд ва дар дорушшифо мактаби интернат-и Истанбул ба камол расид. Ба донишкадаи ҳарбии Челенкой шомил гардид ва то соли 1944 дар хидмати ҳарбӣ буд. Баъд аз хидмати ҳарбӣ таҳсилашро дар Академияи санъати нафиса ...

Нусратулло Абдулҳақов

Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ 1946 ва Институти давлатии педагогии Кӯлобро 1948 хатм карда, дар мактабҳои ноҳияи Балҷувон дарс додааст. Котиби якуми Комитети комсомолии ноҳияи Балҷувон 1950 - 52, мудири шӯъбаи Комитети ҳизби коммунистии ҳамин ноҳия 1952 - ...

Обшиносии кишоварзӣ

Обшиносии кишоварзӣ, агрогидрология - як шохаи ҳавошиносии кишоварзӣ, ки хосиятҳои физикӣ ва оби заминро меомӯзад. Бузургии агрогидрологиро аз рӯи дараҷаи ҳаракат ва ба решаи рустанӣ дастрас будани оби хок муайян мекунанд. Ин имкон медиҳад аз миқ ...

Октавиан Август

Октавиа́н А́вгуст - ходими сиёсии римиқадимӣ, асосгузори империяи Рим. 13 маротиба дар мансаби консул буд, аз соли 12 то милод - понтифик максимус, аз 23 то милод салоҳияти минбарро дошт, дар соли 2 то милод унвонии фахрии "падари ватан" -ро гири ...

Оламбибӣ Гадоева

Аз оилаи деҳқони камбағал. Баъди хатми курси кӯтоҳмуддати муаллимии ноҳияи Рашт соли 1928 дар зодгоҳаш муаллимаи синфҳои ибтидоӣ таъйин шуд. Берун аз дарс ҳамроҳи ҳамкасбонаш Сайрамбибӣ Абдуллоева ва Маълумбибӣ Қосимова дар байни ҳамдиёронаш оид ...

Олег Антонов

Оле́г Константи́нович Анто́нов 1906 Подолск - 4 апрели 1984, Киев) - авиаконструктор, яке аз асосгузорони планеризми советӣ, академики АИ СССР ва АИ ҶШС Украина, доктории илмҳои техникӣ, профессор. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ. Депутати Совети О ...

Олег Вялов

Оле́г Степа́нович Вя́лов - заминшиноси шӯравӣ, академики АИ ҶШС Украина, доктори илмҳои геологию минералогия, профессор.

Олуи Анна Шпет

Дарахташ миёнасабз, сармобардор, 5 - 6 м қад мекашад. Шоху навдааш аҳромшакл; шохҳои асосиаш ғафс. Навдаҳои тарракаш сурхи дорчинӣ, навдаҳои яксолааш ҷигарӣ. Баргаш ғафс, байза ё нештаршакл, рӯяш сабзи баланд, пушташ сабзи кушод, думчааш кӯтоҳ 0. ...

Омун

Амон, Омун - яке аз худоҳои миллии Мисри Қадим. Дар Мисри Қадим Амон подшоҳи худоҳо ва ҳимояткунандаи фиръавнҳо ҳисоб меёфт. Худоҳои миллии мисриёни қадим бештар бо мавзеъ ва шаҳрҳои алоҳида вобаста буданд. Решаи чунин парастишот ба замонҳои қабл ...

Онаҷон Азизқулова

Хатмкардаи УДТ 1965. Лаборанти калон 1965 – 1967, ассистенти кафедраи химияи ғайриорганикӣ 1967 – 1968, ассистент ва муаллими калон 1968 – 1987, дотсент 1987 – 1998, мудири кафедраи химияи ғайриорганикии ДМТ аз соли 2003. Муаллифи зиёда аз 150 та ...

Оноре де Балзак

Оноре де Балзак дар шаҳри Тур дар оилаи деҳқон аз Лангедок Бернар Франсуа Балса Balssa 22.06.1746 - 19.06.1829 таваллуд шудааст. Номи аслиаш Оноре Балзак, ҳиссачаи "де" -ро, ки маънояш ба зодаи дворянӣ аст аз соли 1830 истифода мешавад.

Организмҳои анаэробӣ

Анаэробҳо - микробҳое, ки дар муҳити беоксиген инкишоф меёбанд. Анаэробҳо ду хел – воҷиб ва новоҷиб мешаванд. Анаэробҳои воҷиб дар муҳити беоксиген зиндагӣ мекунанд. Анаэробҳои новоҷиб ҳам дар муҳити оксигендор ва ҳам дар муҳити беоксиген афзоиш ...

Орифҷон Бобоҷонов

Орифҷон Бобоҷонов - зоотехник, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Зоотехники хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон.

Ормонгароӣ

Ормонгароӣ, идеализатсия - яке аз усулҳои маърифати назариявӣ ва ҷараёни фикрӣ, ки барои бунёди мафҳум ё мудраки идеалишуда равона шудааст; баён кардани тахминҳои идеалишудае, ки ошкоро ё ғайриошкор ба ин ё он таълимоти илмӣ ва назария дохил меша ...

Оромгоҳи Бобоқосим

Бобоқосим - мақбара, зиёратгоҳ дар Исфаҳон. Қабри Муҳаммад Бобоқосими Исфаҳонӣ, орифи садаи XIV. Соли 1324/25 яке аз муридонаш ба номи Хоҷа Саййидуддин Сулаймон ибни Шарифуддин Абиҳасан ибни Толути Домғонӣ барои вай мадрасае бино кард, ки бо номи ...

Ортур Ҳорден

Дар Донишгоҳи Викторияи Манчестер 1882-86 ва Донишгоҳи Эрлангени Олмон 1887-88 таҳсил кардааст. Мудири лабораторияи кимиё ва ташхиси оби Донишгоҳи Виктория 1897 - 1907, роҳбари шуъбаи биокимиёи Институтипешгирии бемориҳо 1907-30, профессор Донишг ...

Осиёи Хурд

Осиёи Хурд ё Анатолия - нимҷазира дар ғарби Осиё, қисми марказии қаламрави Туркияи ҳозира. Дарозӣ аз ғарб ба шарқ беш аз 1000 км, бар аз 400 км то 600 км. Ҳудуд - тақрибан 506 ҳаз. км².

Осиф Бове

О́сиф Ива́нович Бове́ 1784, Петербург - 16 июни 1834, Маскав) - меъмори рус, академики АР Петербург.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →