ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 183

Ордер

Ордер - фармони хаттӣ, фармон додан, дастур додан, ҳидоят кардан. Масалан, ордер ба майдони истиқоматӣ, ки барои бастани шартномаи иҷораи манзил дар фондҳои манзилии давлатӣ, ҷамъиятӣ ё фонди манзилии кооперативҳои манзилсозӣ асос мешавад. Ордер ...

Оферта

Оферта - таклиф барои бастани шартнома. Шартнома бо фиристодани оферта аз ҷониби як тараф ва аксепти он аз ҷониби дигар баста мешавад.

Оҷонсии байналмилалӣ оид ба кафолати сармоягузорӣ (МАИТ)

Оҷонсии байналмилалӣ оид ба кафолати сармоягузорӣ - ташкилоти фаръии Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд буда, соли 1988 созмон дода шудааст ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва молиявӣ мустақил мебошад. Мақсади асосии ин ташкилот: 1. Ҳавасмандгардонии маблағгу ...

Палатаи умумии суди сеюм

Палатаи умумии суди сеюм - мақоми байналмилалии доимии арбитражие мебошад, ки соли 1999 дар Гаага дар асоси Конвенсияи Гаага дар бораи ба таври осоишта ҳал кардани зиддиятҳои байналмилалӣ таъсис дода шудааст. Сохтораш аз Бюрои байналмилалӣ, ки он ...

Паноҳгоҳи дипломатӣ

Паноҳгоҳи дипломатӣ - дар манзили намояндаи дипломатӣ ва консулии давлати хориҷӣ ё киштии ҳарбии хориҷӣ додани имкониятҳо ба ин ё он шахс дар бахши пинҳон шудан аз таъқибҳои вобаста ба ангезаҳои сиёсӣ. Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ манзили намоян ...

Паноҳгоҳи қаламравӣ

Паноҳгоҳи қаламравӣ -дар қаламрави давлати муайян ба ин ё он шахс додани имконияти пинҳон шудан аз таъқибҳои вобаста ба ангезаҳои сиёсӣ ифода мегардад. Асосҳои додани паноҳгоҳро қонунгузории миллии кишвари пешкашнамуда муқаррар мекунад. Кишваре, ...

Парасторӣ

Парасторӣ - тибқи қ. 3 м. 147 Кодекси оила ва қ. 1 м. 34 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон парасторӣ барои ноболиғони аз 14 то 18-сола муқаррар карда мешавад. Мутобиқи м. 27 КГ ҶТ ноболиғони аз 14 то 18-сола аҳдҳои қонун пешбининамударо мустақилона анҷом ме ...

Пардохт

Пардохт - иҷро кардан, адо намудани қарз. Чунин намудҳои пардохтҳо дида мешаванд: 1. Пардохти зарар; 2. Пардохти маблағи суғурта; 3. Пардохтҳои иҷтимоӣ; 4. Пардохтҳои кафолатӣ; 5. Пардохти гумрукӣ; 6. Пардохтҳои кафолатӣ; 7. Пардохтҳои ҷубронӣ.

Пардохти зарар

Пардохти зарар - зарар мумкин ба молу мулк, саломатӣ, ҳаёти шахс расонида шавад. Баъзан зарар характери маънавӣ ҳам дорад. Зарар бояд ҷуброн карда шавад. Масалан, зарари маънавӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 м. 1115, дар сурати мав ...

Пардохтҳои иҷтимоӣ

Пардохтҳои иҷтимоӣ - пардохтҳои ҳатмӣ ба Бунёди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки бо мақсади ба амал баровардани суғуртаи иҷтимоӣ аз тарафи супорандагони пардохтҳои суғурта мувофиқи меъёри муқаррарнамудаи Кодекси андози ҶТ ни ...

Пардохтҳои кафолатӣ

Пардохтҳои кафолатӣ - пардохтҳои пулие, ки ба корманд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё давлатӣ пардохт карда мешаванд. Пардохти ин маблағҳоро КМ ҶТ бевосита дар ҳолатҳои зерин муқаррар намудааст. 1. Пардохтҳои кафолатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои да ...

Пардохтҳои ҷубронӣ

Пардохтҳои ҷубронӣ - чунин пардохтҳо ҳангоми аз тарафи корманд, ки хароҷоти иловагӣ намудааст, тибқи шарту тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дигар санадҳои меъёрӣ аз тарафи корфармо ҷуброн карда мешавад. Чунин пардохтҳои ҷубронӣ пешбинӣ шудаанд: 1 ...

Прокуратура

Прокуратура - мақомоти мутамарказонидашудаи давлатӣ буда, тибқи Констнтутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иҷрои аниқ ва татбиқи якхелаи қонунҳоро дар қаламрави ҶТ дар ҳудуди салоҳияташон ба амал мебароранд. Тарзи ташкил, фаъолият ва салоҳияти пр ...

Прокурор

Прокурор - зери мафҳуми прокурор Прокурори Генералии ҶТ, муовинони ӯ, сардорони раёсатҳо ва муовинони онҳо, прокурорҳои мақоми поёнӣ, муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиён, сарпрокурорҳо ва прокуророни раёсат ва шӯъбаҳо, ки дар доираи сал ...

Протексионизм (танзим)

Протексионизм - яке аз принсипҳои танзими истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Протексионизм аз калимаи франсавӣ, бармеояд ва тарҷумаи таҳтуллафзии он - пӯшонидан, муҳофизат кардан аст. Протексионизми кишоварзӣ ин сиёсати иқтисодии кишоварзии давлат бу ...

Пудрат оид ба сохтмони асосӣ

Пудрат оид ба сохтмони асосӣ - намуди шартномаи ҳуқуқи гражданӣ. Мувофиқи ин шартнома пудратчӣ вазифадор мешавад дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома тибқи супориши фармоишгар иншооти муайян ё дигар корҳои сохтмонро анҷом диҳад ва фармоишгар ӯҳда ...

Пудрати генералӣ

Пудрати генералӣ - барои иҷрои корҳои сохтмони давомнок, барои иҷрои кор байни пудратчии асосӣ ва иҷрокунандаи ин намуди шартнома баста мешавад. Барои иҷрои баъзе қисмҳои кор байни пудратчии асосӣ ва шахсони сеюм шартномаи субпудратӣ баста мешава ...

Пудрати инфиродӣ

Пудрати инфиродӣ - дар асоси шартномаи пудрати инфиродӣ ба вуҷуд меояд ва баръакси пудрати оилавӣ ва коллективӣ хусусияти инфиродиро доро мебошад. Хусусияти умумии пудрати инфиродӣ бо дигар шаклҳои пудрат аз он иборат аст, ки чунин шартномаҳо тан ...

Пудрати оилавӣ

Пудрати оилавӣ - як шакли ташкили меҳнат ва музди кор дар хоҷагии қишлоқ буда, ба натиҷаҳои ниҳони кор алоқаманд мебошад. Пудрати оилавӣ дар асоси шартномаи иҷора, ки ба сифати тарафҳои он оила ва хоҷагӣ баромад менамоянд, таъсис дода мешавад. Ои ...

Раёсат

Раёсат -: 1.Гурӯҳи одамоне, ки роҳбарии фаъолияти ин ё он мақомоти давлатӣ ё ҷамъиятиро оид ба иҷро намудани вазифаҳои онҳо таъмин месозанд. Аз нигоҳи дараҷаи ҳаллу фасл намудани масъалаҳо Раёсат мақоми ҳалкунанда ва машваратӣ дорад. Раёсат аз ни ...

Раёсати иҷрои ҷазо

Раёсати иҷрои ҷазо - яке аз раёсатҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ ва маъмурию хоҷагидориро бо роҳбарӣ аз болои фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ ва дигар мақомоти давлатӣ анҷом медиҳад, ки марбут ба иҷрои ...

Раёсати Ҳукумат

Раёсати Ҳукумат - мақоми коллегиалии доимо амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳайати он аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ иборат мебошад ва вазифаҳои он пешакӣ тайёр кардани масъалаҳоест, ки дар Ҳукумати ҶТ баррасӣ мешав ...

Раводид

Раводид - 1) қайдест дар шиноснома ё ҳуҷҷате, ки вайро иваз мекунад, дар хусуси иҷозатдиҳӣ доир ба ворид ё хориҷ шудани соҳиби он ба ҳудуди давлати муайян ё гузаштан тавассути он мебошад. Аз ҷиҳати мазмун раводид се хел мешавад: воридшавӣ, хориҷш ...

Раводиди дипломатӣ

Раводиди дипломатӣ - раводиде, ки ба аъзои намояндагиҳои дипломатӣ, ба вакилон дар конфронсҳои байналмилалӣ дода мешавад, ки мувофиқи он ба онҳо диққат ва ҳурмати махсус дар постҳои сарҳадӣ ва аз тарафи ҳукумати давлати ташрифоваранда зоҳир карда ...

Раиси вилоят

Раиси вилоят - намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, шахси мансабдори ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки вай ба мақомоти намояндагии вилоят - Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва Ҳукумати вилоят сарварӣ менамояд. Раиси вилоятро Президенти Ҷ ...

Раиси кумитаи давлатӣ

Раиси кумитаи давлатӣ - сарвари кумитаи дахлдор мебошад, ки ӯ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз он озод карда мешавад. Раиси кумитаи давлатӣ ба фаъолияти кумита баҳри иҷрои вазифаҳо, ки тибқи қонунҳо, фармонҳои През ...

Раиси Маҷлиси миллӣ

Раиси Маҷлиси миллӣ - сарвари палатаи болоии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки ӯро аз ҷумлаи аъзои Маҷлиси Олӣ интихоб мекунанд. Шаҳрванди Ҷумҳури ...

Раиси ноҳия

Раиси ноҳия - ҳамон тавре ки раиси вилоят таъйин ва озод карда мешавад, раиси ноҳия низ бо ҳамон тарз таъйин ва озод карда мешавад, ваколатҳои ӯ танҳо дар доираи воҳиди марзию маъмурӣ - ноҳия амалӣ мегардад.

Раиси Суди конститутсионӣ

Раиси Суди конститутсионӣ - сарвари Суди конститутсионӣ мебошад, ки ӯро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол ба вазифа таъйин ва аз он бозхонд мекунад. Шахсе ба ин вазифа пеш ...

Раиси Ҳукумат

Раиси Ҳукумат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари ҳокимияти иҷроия шахси мансабдори олӣ дар Тоҷикистон мебошад. Раиси Ҳукумат ба фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, барои татбиқи самарабахши ваколатҳои он тадбирҳо меандеша ...

Раиси ҷамоат

Раиси ҷамоат - сарвари мақомоти ҳудидораи шаҳрак ва деҳа мебошад, ки ӯро Ҷамоат бо пешниҳоди Раиси шаҳр, ноҳияи дахлдор ба мӯҳлати 5 сол интихоб менамояд. Раиси ҷамоат ҷамоатро дар мавридҳои зарурӣ, вале соле на кам аз ду бор даъват мекунад; ба к ...

Рамзҳои ҳуқуқӣ

Рамз - сухани пӯшидамаъно, имо, ишора. Рамзҳои ҳуқуқӣ - тасвирҳои шартӣ, ки дар қонунгузорӣ барои ифодаи аломату паҳлӯҳои муҳимтарини ҳодисаҳои ҳуқуқиву давлатӣ, амалиётҳои ҳуқуқӣ ва эҳтирому муносибат нисбати ҳуқуқ, давлат ва ҷомеа, арзишҳои авв ...

Расонидан ба киштӣ

Расонидан ба киштӣ - аз рӯйи қоидаҳои ИНКОТЕРМС шарте мебошад, ки мувофиқи он фурӯшанда ӯҳдадор аст, ки молро ба бандари таъинотӣ дар шартномаи харидуфурӯш расонад ва онро ба харидор аз болои киштӣ барои воридот пешниҳод намояд, тамоми хароҷот ва ...

Расонидан бе ситонидани пардохт

Расонидан бе ситонидани пардохт - аз рӯйи қоидаҳои ИНКОТЕРМС шартҳое мебошад, ки мувофиқи он фурӯшанда бояд молро то ҷойи кишвари воридотии дар шартномаи харидуфурӯш пешбинигардида расонад. Фурӯшанда тамоми хароҷот ва таваккалеро, ки бо расонидан ...

Расонидан бо ситонидани пардохт

Расонидан бо ситонидани пардохт - шартест, ки аз рӯйи он фурӯшанда ӯҳдадор аст, ки молро ба маҳалли кишвари воридотӣ ва дар мӯҳлати қайду шартшудаи шартномаи харидуфурӯш расонад. Вай дар навбати худ тамоми хароҷот ва таваккал, аз ҷумла маблағи па ...

Рафтори ҳуқуқӣ

Рафтори ҳуқуқӣ - рафтори субъектони ҳуқуқ, ки ба нишондодхои меъёрҳои ҳуқуқӣ мувофиқат мекунад. Дар он озодии муносибатҳои инсонӣ, қонеъ намудани манфиатхои гуногуни шахсият амалӣ гардонида мешаванд. Рафтори шаҳрвандон, шахсони мансабдор, ташкидо ...

Рақобат

Рақиб - тарафи шартнома дар муносибатҳои гражданӣ. Рақобат - мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки амалиёти мустақилонаи онҳо имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли дахлдор ба таври ...

Рақобати бевиҷдонона

Рақобати бевиҷдонона - амали субъектҳои хоҷагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба дигар субъектҳои хоҷагидор - рақибон зарар мерасонад ва обрӯи кории о ...

Редемаркатсияи сарҳад

Редемаркатсияи сарҳад - тафтиш ва барқарорсозии хатти сарҳади давлат дар маҳал бо ифодаи аломатҳои сарҳадии он дар асоси ҳуҷҷатҳои шартномавии пеш амалкарда, дар бахши демаркатсия ё редемаркатсияи сарҳад, ки собиқ комиссияи муштарак таҳия намудаа ...

Режими сиёсӣ

Режими сиёсӣ - ба ду маъно фаҳмида мешавад: 1. Ҳамчун ҷараёни амалисозии воқеии ҳокимият, режими сиёсӣ - ин тарзу усулҳои амалисозии воқеии ҳокимияти давлатӣ аст. 2. Ҳамчун натиҷаи ниҳоии амалисозии ҳокимият, режими сиёсӣ- ин вазъи сиёсии ҷомеа а ...

Реквизитсия

Реквизитсия - аз ҷониби давлат бо додани арзишаш бо таври маҷбурӣ барои эҳтиёҷоти давлат ё ҷамъият аз молик гирифтани чизу чора. Ин чорабинӣ танҳо дар мавридҳо ва бо тартиби муайянкардаи қонун иҷозат дода мешавад. Дар қарор оид ба реквизится бояд ...

Ректификатсияи сарҳад

Ректификатсияи сарҳад - тағйирёбии ғайримуҳим ё муайянкунии нисбии хатти сарҳади давлат дар маҳал мебошад, ки тибқи шартномаи байналмилалии собиқ муқаррар шудааст. Ректификатсияи сарҳад дар ҳолати сохтмони туннелҳо, гидростансияҳо ва дигар иншоот ...

Репаратсия

Репаратсия - яке аз шаклҳои ҷавобгарии байналмилалии моддӣ мебошад, ки дар ҷавобгарии моддии субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ нисбати зараре, ки дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунии байналмилалӣ ба дигар субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ расонидаанд, ифода мега ...

Ресепсияи ҳуқуқ

Ресепсияи ҳуқуқ - эҳё ва мутобиқ гардонидани ҳуқуқ ба шароитҳои нави ҳаёт. Истилоҳи ресепсия, ки ба маънии пазириш, қабул, дарёфт, вусул мавриди истифода қарор мегирад, ба маънии васеи истилоҳ хамчун пазириши бошууронаи тамаддуни бегона ба манзур ...

Реститутсия

Реститутсия - барқароркунӣ, мазмуни барқароркунӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун барқароркунии вазъи пешинаи давлати зарардида, ки дар натиҷаи озод кардани қаламрави ғайриқонунӣ ишғолгардидаи худ баргардонидани моликияте, ки ғорат карда шуда, ғайр ...

Рухсатии бе музди меҳнат

Рухсатии бе музди меҳнат - ба корманд бинобар вазъи оилавӣ ва дигар сабабҳои узрнок мутобиқи аризааш рухсатии бемаош дода мешавад, ки давомнокии онро шартномаи байни корманд ва корфармо муайян мекунад. Рухсатии бе музди меҳнат мувофиқи аризаи кор ...

Рухсатии иҷтимоӣ

Рухсатии иҷтимоӣ - татбиқи рухсатии иҷтимоӣ тибқи қонунгузории меҳнатӣ нисбати занони ҳомила пеш аз таваллуд ҳафтод рӯзи тақвимӣ ва баъди таваллуд ҳам ҳафтод рӯзи тақвимӣ рухсатӣ дода, барояшон кӯмакпулӣ аз рӯйи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохта ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →