ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 50

Ҷуёи Самарқандӣ

Ҷуёи Самарқандӣ 10 июни соли 1960 дар деҳаи Ғаззаи ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Дар риштаҳои геология ва филологияи гурҷӣ)таҳсили илм намудааст. Се маҷмӯаи шеъраш:"Тирамоҳи ормонҳо",Душанбе,1993;"Аз шаҳри ёдҳо",Душанбе,2002;"Суфраи шеър",Ду ...

Шаби Ялдо

Шáби Ялдó, Шаби Чилла - дарозтарин шаби аввали моҳи Дай, ҷашни қадимии мардумони ориёист, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ё Митра баргузор мешуд. Мувофиқи тақвими эронӣ шаби 30-юми моҳи Озар рӯзи таваллуди Меҳр мебошад, зеро аз ҳамин вақт сар ...

"Лалаик" (суруд)

"Лалаик" - суруди суннатии мардуми Бадахшон. Яке аз одатҳои анъанавии мардуми Бадахшон ин аст, ки аз ҷониби занону духтарон болои сари ҷасад суруди суннатии "лалаик" бо оҳанги нарм суруда мешавад. Лалаик як навъ сурудест, ки ба монанди суруди алл ...

Амборкунӣ

Амборкунӣ ё амбортапун - ҷашни хонаводагии кишоварзони минтақаи ноҳияи Дарвоз мебошад. Ин ҷашн бахшида ба анҷоми ордкунии ғаллаҳои деҳқонӣ ва дар анбор "ганҷур" захира намудани он баргузор мешуд. Орди аз осиёб овардаро ба кулиҳо рехта, бо пойҳо с ...

Арӯсбарон

Арӯсбарон - анъанаест, ки лаҳзаи аз хонаи модар баровардани арӯс ва то хонаи домод бурдани ӯро дар бар мегирад. Арӯс дар зери либосҳои арӯсӣ ва дар паҳлӯяш дугонаи наздик қарор мегирад. Ҳангоми баровардани арӯс ҳозирин зери навои карнаю сурнай ва ...

Арӯсталбон

Арӯсталбон - навъе аз маросими таркиби ҷашни арӯсии тоҷикон ки баъд аз гузаштани як ҳафта, ѐ чанд моҳи маросими ҷашни арӯсӣ модари арӯс кулча, дастархон омода намуда, ҳамроҳи як зани дигар ба хонаи духтараш меояд. Модари домод зиѐфат ороста ҳамсо ...

Ашаглон

Ашаглон, сусхотун, ялқонхотун - маросими мавсимист, ки дар мавриди хушксолӣ ва сари вақт наборидани борон сурат мегирифт. Дар баъзе аз деҳаҳои вилояти Суғд, водии Ҳисор, водии Зарафшон одатан баргузор мегардад. Маросими ашаглон дар замонҳои хеле ...

Барфӣ

Барфӣ - маросими мавсимӣ, инчунин маъракаи зиёфат, оростани хони пазироӣ, як навъ бозиест, ки ба муносибати боридани барфи аввал дар сол баргузор мешавад.

Бахшидабозӣ

Бахшидабозӣ - қинғолабозӣ, расми пеш аз ҷашни арӯсии тоҷикон, вохӯрии арӯсу домод пеш аз тӯй. Бахшидабозиро инчунин бо истилоҳҳои "номзадбозӣ" "нисбатбозӣ", "қинғолбозӣ" номбар мекунанд. Бахшидабозӣ пас аз маросими фотиҳа сафедигирон то тӯй ба му ...

Бибисешанбе

Бибисешанбе, Бибимушкиллкушо - яке маросимҳои куҳани мардумист. Гӯё се тан бибиҳо – Бибимушкилкушо, Бибисешанбе, Бибиҳоҷатбарор Бибизулмурод ҳастанд, ки мувофиқи номашон ин маросимҳоро анҷом медиҳанд. Дар бибисешанбе занҳо иштирок менамоянд. Касо ...

Бибихалифа

Бибихалифа, бибиотун - омӯзгори мактабҳои қадимии духтаронаи тоҷик. Бибихалифаҳо, одатан, занҳои миёнсол ё пир буданд. Онҳо дар ҳавлиҳои худ мактаб кушода, ба духтарон дарс мегуфтанд. Бибихалифаҳо бо омӯзондани Қуръон, Чоркитоб ва инчунин шеърҳои ...

Бойчечак (маросим)

Бойчечак - маросими анъанавии мавсимӣ, ки ҳангоми зоҳир шудани аввалин нишонаи баҳор, шукуфтани гули сияҳгӯш, бойчечак дар водии Ҳисор гузаронида мешавад. Бойчечак ё Гулгардонӣ вобаста ба шароити географӣ ва обу ҳавои маҳал дар вақтҳои гуногун ба ...

Бузкашӣ

Бузкашӣ, улоғ, - мусобиқаи бузкашӣ дар миѐни мардуми тоҷик хеле маъмул аст. Аслан ин маросимро бо омадани ҷашни Наврӯз, яъне дар фасли баҳор бештар амалӣ месозанд. Ин анъана аз тарафи ҳукумати маҳаллӣ ѐ баъзе шахсҳои алоҳидаи сарватманд низ дар т ...

Бурёкӯбон

Бурёкӯбонро хонадароён низ меноманд, ки як навъ маросими ба хонаи нав кӯчидани оилае мебошад. Ҳар гоҳ ки ягон оила ба хонаи навсохта ё навхарида кӯчад, хешону ҳамсоягони худро даъват карда, буз ё гӯсфандеро забҳ намуда, зиёфат медиҳад. Дар мароси ...

Гандумкӯча

Гандумкӯча - яке аз хӯрокҳои анъанавии тоҷикон, ки хоси фасли баҳор ва таоми рамзомезу маросимии ҷашни Наврӯз мебошад. Гандумкӯча бо ҳамин ном дар водии Ҳисор маъмул буда, онро дар дигар минтақаҳо "далда" Кӯлоб, "кашк" Яғноб, "боҷ" ва "гандумбоҷ" ...

Гаштак

Гаштак, гап, гапхӯрӣ - як намуди ҷамъомади зиёфатдории ҷавонон ва мардони ҳамсиннусол, ки аз қадим дар байни тоҷикон, аз ҷумла дар водии Ҳисор маъмул аст. Аъзои Гаштак аз 20 то 50 ва аз ин ҳам зиёд мешаванд. Гаштак асосан тирамоҳ, баъди анҷоми ко ...

Гаҳворабахш

Гаҳворабахш, говарабахш - одати аз тарафи волидон ба ҳам номзад кардани писару духтари навзод, ки баъди ба балоғат расидан бояд ба издивоҷи ҳамдигар дароянд. Ин расми анъанавӣ дар байни тоҷикон ва дигар халқҳои Шарқ аз замонҳои қадим маъмул аст. ...

Дандон-баророн

Дандон-баророн, мушакдандон Як навъ маросими оилавӣ, ки ба муносибати баромадани дандони аввалини кӯдак барпо мешавад. Модар бо кӯдак ба дари ҳафт хона рафта, кам-кам гандум, лӯбиё, нахӯд, биринҷ ва ғ. металабад. Ў ҳангоми кӯдакро ба дари ҳамсояҳ ...

Домодсалом

Домодсалом, домодчиғон, шаҳсалом Анъанаи тоҷикон буда, пас аз гузаштани ҷашни арӯсӣ ба хотири эҳтироми хусуру хушдоман баргузор мегардад. Домод се саҳар барои салом додан ба хонаи падарарӯсаш меояд. Дар баъзе минтақаҳо саломи рӯзи аввалро "рӯйбин ...

Домодталбон

Домодталбон Маросими домодро пазироӣ кардан аз тарафи падару модари арӯсро мегӯянд, ки ин маросим баъд аз 3-4 рӯз ё 2-3 ҳафтаи шаби никоҳ баргузор мегардад. Домод барои пос доштани анъанаҳои аҷдодӣ рӯи худро то ҷашни арӯсӣ аз хешовандони арӯс пан ...

Зиёрати мазорҳо

Зиёрати мазорҳо - ин анъана миѐни мардуми тоҷик маъмул аст. Бештари мардуме, ки ҳоҷат доранд ба зиѐрати мазорҳо мераванд. Одатан рӯзҳои чоршанбе ва шанбе рафта дар гирди қабри ҳамон бузургвор давр мезананду ягон гӯсфандеро забҳ мекунанд, инро "на ...

Зиёраткунанда

Зиёраткунанда - фардест, ки ба зиёрати мазорҳо ва макони парастиш ташриф меоварад. Ин амал, яъне "зиёрат кардан", "ҷоеро зиёрат кардан" тафсир шуда, баъдан чун макон, зиёратгоҳ, зиёратҷой, марқад, оромгоҳ, қабристон, қадамҷой, дафнгоҳ маънидод ме ...

Идгардак

Идгардак - яке аз маросимҳои хонаводагӣ, ки ба му­носибати идҳои Қурбон, Рамазон ва хоссатан Наврӯз дар рӯзҳои ид ва баъзан дар арафаи он баргузор ме­гардад. Ин анъана дар 1 сол 2 маротиба гузаронида мешавад ва аслан ин маросим аз тарафи кӯдакон ...

Интихоби арӯс

Интихоби арӯс, келунхушкунӣ, арӯскобӣ - интихоби арӯс яке аз марҳилаҳои асосӣ ва оғози ҷашни арӯсӣ ба шумор меравад. Волидайни писар деҳа ба деҳа гашта арӯси арзанда меҷустанд. Дар интихоби арӯс хислату рафтор, ҳусну ҷамол, ва ҳатто вазъи оилавии ...

Кафсан

Кафсан, кафсанг ё ҳаққуллоҳ - як навъ бахшиши анъанавии солона аз маҳсулоти кишоварзон. Дар гузашта дар миёни мардуми кӯҳистон одате буд, ки деҳқонон пас аз ғалларо дар хирман бод дода шудан, як миқдори ками онро ба мардум дар роҳи Худо садақа ме ...

Кӯрпадӯзон

Кӯрпадӯзон, пахтарезон - Маъракаи занона буда, баъди овардани пахтаю матоъҳо барои кӯрпаю болин дар хонаи арӯс рӯзи муайяне занони ҳунарманд даъват карда мешаванд. Баъди хӯрдани зиѐфат зани рӯзгордидаи серфарзанде дуои нек ба хонадоршавандаҳо мед ...

Мавлуд

Мавлуд - Иди мавлуд, яъне таваллуди паёмбари ислом Муҳаммад мебошад. Таҷлили ин ид бо фаро расидани моҳи Рабеъ-ул-аввал дар солшумории Ҳиҷрӣ-қамарӣ шурӯъ мешавад. Дар байни мардуми тоҷик Иди Мавлуд то муддати 3 моҳ баргузор мегардад. Идгузаронӣ а ...

Мазор

Мазор - чуноне дар луғати муътабаре қайд гардидааст, ҷоест, ки зиёрат мешавад ва макони парастиш мебошад. Вожаи "мазор", пеш аз ҳама, чун амал, яъне "зиёрат кардан", "ҷоеро зиёрат кардан" тафсир шуда, баъдан чун макон, зиёратгоҳ, зиёратҷой, марқа ...

Маслиҳатошӣ

Маслиҳатошӣ - Як-ду рӯз пеш аз тӯй соҳибхона дар хонааш оши палов пухта мӯйсафедони ботаҷриба, хешу табор ва наздиконашро даъват менамояд. Ҳангоми хӯрдани зиѐфат роҳу равиши баргузории тӯйро муайян менамоянд. Инчунин ба ҳама ҳангоми баргузории тӯ ...

Навпо-буророн

Навпо-буророн, сарбандон Яке аз расмҳои оилавӣ, ки бахшида ба нахустин қадамгузориҳои кӯдак баргузор мегашт. Дар деҳоти водии Зарафшон агар касе аз калонсолон бори нахуст қадамгузориҳои тифлро медид, зуд пеш аз қадамҳои кӯдак об пошида, мегуфт: " ...

Ордбезон

Ордбезон, сурфакушоён - Яке аз маросимҳои занонаи таркиби ҷашни арӯсии мардуми тоҷик. Он одатан дар арафаи ҷашни арӯсӣ дар манзили духтардор баргузор мегардад. Дар ноҳияҳои водии Ҳисор ордбезонро пеш аз хатнасур низ барпо мекунанд. Занҳои маҳалла ...

Пайғамбарошӣ

Пайғамбарошӣ, Пайғамбар-тӯӣ – ин маъракаро ҳар фарди мусулмон, ки ба синни 63 мерасад ин санаро ҳамчун умри мубораки паѐмбари ислом, Муҳаммад қайд мекунад. Шахси мазкур мувофиқи шароити молияш хешу ақрабояшро даъват намуда, зиѐфат меорояд. Баъзеа ...

Поипадарбӯсӣ

Поипадарбӯсӣ - як нав анъанаи халқиест, ки дар водии Ҳисор хангоми маросими Арӯсбарон мегузарад. Дар ноҳияи Ҳисор, одатан, арӯсро пас аз дамидани субҳ мебурданд. Пеш аз тарк намудани хонаи падар арӯс бо падараш хайрухуш карда,хам шуда пойи падара ...

Пойандоз

Пойандоз, фарш, бисот, порчаи матоест, ки ҳамчун рамзи эҳтиром ба зери пои арӯс, домод ё меҳмони олиқадр дар даромадгоҳи хона ё роҳрав мегустуранд. Пойандози арӯсу домодро аз махмал ё шоҳӣ тайёр мекунанд.

Рақами "Чил"

Рақами" чил” - дар миёни мардуми эронитабор, ҳамчун шумораи беҳин дониста шудааст. Аз ҷумла чиллаи зани обистан, чиллаи кӯдаки навзод ва таваллуди дигар, яъне марг. Чилланишинии суфиён низ баргирифта аз ойини меҳрпарастӣ аст. Суфӣ чил рӯз дар тор ...

Рӯйбинон

Рӯйбинон - маросимест, ки баъд аз ба хонаи домод овардани арӯс баргузор мегардад. Дар ин маросим аслан занҳо ширкат меварзанд. Модар, апаю хохар, холаю аммаҳо, умуман хешу табори домод, ҳамсоязанҳо ҳар кадоме бо худ туҳфае гирифта барои дидани ар ...

Сабзирезакунон

Сабзирезакунон, бехирезакунон - Як рӯз қабл аз ҷашни арӯсӣ, хешу табор ва ҳамсояҳои тӯйдор дар хонаи соҳибҷашн ҷамъ омада, як-ду халта сабзиро реза мекунанд. Ин сабзиҳо дар рӯзи дигар барои пухтани оши палав, ки барои аҳли маҳала оши наҳор дода м ...

Сайри харбуза

Сайри харбуза, иди харбуза Яке аз сайрҳои мавсимӣ, ки дар фасли тобистон, дар айёми пухтани харбузаҳо баргузор мешуд. Дар моҳи август косибону ҳунармандҳо, аҳли тиҷорат ва дигарон ба сайргоҳ ба сайри харбуза мерафтанд. Дар сайргоҳ деҳқонон навъҳо ...

Саллабандон

Саллабандон Яке аз расмҳои суннатии таркиби ҷашни арўсӣ ва хатнасури тоҷикон. Дар деҳаҳои Яғноб он пас аз баргузории маросими сартарошони домод сурат мегирифт. Бобо ё яке аз хешони наздики куҳансолу рўзгордида ба сари шаҳ саллаи сафедро ба таври ...

Сартарошон

Сартарошон Сартарошон маросимест, ки дар хонаи домод пеш аз ба никоҳ бурдани домод барпо мегардид. Дар ин маросим домодро дар миёни ҳавлӣ шинонда, мӯйсафеди рӯзгордидае Сартарош дар даст шонаю қайчӣ гирифта, ҳазлу шӯхикунон вонамуд месозад, ки гӯ ...

Сафедгирон

Сафедгирон, рӯймолтиён, даҳонбандон - яке аз маросими пеш аз ҷашни арӯсӣ. Хароҷоти ин бахш бар дӯши падару модари арӯс буда, пас аз додани зиѐфати калон ба тамоми ҳозирин ва ҳамсояҳо пораи матоъ ва ѐ рӯймолчае якҷоя бо пораи нонҳои равғанин, кулч ...

Тарака

Тарака – ин маросим дар рӯзи ҷаноза баргузор гардида, аввал фарзандони мархӯм сипас наздиконаш ҷамъ омада, чизҳои шахси вафоткардаро баробар тақсим мекунанд. ин чараѐн баъзан баъди гуронидан ѐ бо гузаштани чанд рӯз амалӣ мегардад. Маросим дар вил ...

Туҳфаи идона

Туҳфаи идона - Дар рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон кӯдакон ва наврасон либосҳои наву идона ба бар карда, дар дастҳояшон як халтагӣ гирифта хона ба хона мегарданд, яъне идгардак мекунанд. Соҳибхона ҳамчун ҳадия, туҳфаи идона ба онҳо тухм, қанд, с ...

Хостгорӣ

Хостгорӣ, оқсақолӣ, завчигӣ, гапрасонӣ - маросими оғози никоҳ буда, дар падари хонаи арӯс мегузарад. Намояндагони тарафи домод бо дастархону меваю шириниҳо ба хонаи духтардор меоянд ва ба писарашон арӯс кардани духтари онҳоро дархост мекунанд. Па ...

Чароғравшан

Чароғравшан - яке аз суннатҳои анъанавӣ ва муҳими мардуми шиамазҳаби исмоилияи Бадахшон мебошад. Чароғравшан ҳамчун маросим шаби дуюми пас аз марг дар хонаи шахсифавтида баргузор мешавад. Аз рӯйи ақидаҳои мардуми Бадахшон, рӯҳи инсон ба нур алоқа ...

Чодарабарон

Чодарабарон - навъе аз маросими таркиби ҷашни арӯсии тоҷикон, ки пас аз хондани хутбаи никоҳ иҷро мешавад. Вақте арӯсро зери чодар оварданд, дар бари ӯ домод низ рост меистад ва наздикони арӯсу домод якчанд расму одатҳои суннатиро баргузор мекуна ...

Чоштбардорӣ

Чоштбардорӣ - ҷараёни аз хирман ба халтаву лингаҳо бардоштани чошт – ғаллаи деҳқонон буда, асосан, дар охири тобистон ва аввали тирамоҳ, баъди ба анҷом расидани дарав ва хирманкӯбӣ барпо мешуд.

Ҳалвобарон

Ҳалвобарон - маросимест, ки дар арафаи идҳо ба хонаи арӯсшавада шираворӣ мефиристанд. Инчунин, тибқи боварҳо, дар тӯйҳо ба арӯсу домод ҳалво мечашонанд, то ки зиндагияшон ширин шавад. Дар ин бора ҳикмати халқие вуҷуд дорад, ки мегӯянд; "Ширинӣ ал ...

Ҳинобандон

Ҳинобандон - яке аз расмҳои занонаи тоҷикон, ки дар рӯзҳои идҳо ва ҷашни арӯсӣ дар мавриди ба дасту пои худ бастани ҳино иҷро мешавад. Ҳинобандон дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Насафу Шаҳрисабз Панҷакент, Шаҳринаву Ҳисор ва инчунин дар шаҳру рус ...

Ҷашну маросимҳои мардумии Исфара

Қаблан ин корро бибиҳо, ки шахсони бекинаву беозор ва поку сиришткор буданд, ба анҷом мерасониданд. Ба модар маслиҳатҳо медоданд, кудакро оббозӣ медоштанд, нигоҳубин карда, либосҳояшро танзим мекарданд.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →