ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 71

"Оҳо, якка" (рақс)

"Оҳо, якка" – рақси мардона буда, дар тӯю маракаҳо, гаштакҳои мардона иҷро мешавад. Як гурӯҳ раққосон давра сохта, китф ба китф зада, ҷӯр шуда, "оҳо, якка" ё "уҳо, якка" гуфта, баробар қарсак задан мегиранд. Дар ин рақс ягон сози мусиқӣ истифода ...

"Пишпо-пишпо" (рақс)

"Пишпо-пишпо" рақси қадимии тоҷикон буда, дар туйҳои баъзе деҳот чун лаҳзаи дилхушӣ иҷро мегардад. Рақсро ду зани иҷрокунанда таҳти навозиши доира ё бе асбоби мусиқӣ иҷро менамоянд. Раққосаҳо дар масофаи як якуним метр рӯбарӯи ҳам ҳаракат карда, ...

"Ришин"

Ришин – рақси мардонаи рушонӣ буда, онро ду раққос иҷро мекунанд. Раққосон гуё, ки лаҳзае аз ҳаёти як ҷуфт кабӯтарҳоро нишон медиҳанд. Иҷрокунандагон рафтори кабӯтарҳоро ҳангоми низоъ кардан ва оштӣ шуданро таҷассум менамоянд. Онҳо дастонашонро д ...

"Рӯбоҳбозӣ"

Мазмуни пантомимаи "Рӯбоҳбозӣ" гуногун мебошад ва таҳти навозиши оҳанги "Рапо", 6/8 иҷро мегардид. Иҷрокунанда ҳислатҳои хоси рӯбоҳро ифода мекунад. Ба зонуҳо ва бо дастҳо истода, каллаашро ба ин сӯ он сӯ мегардонад, гӯш мекунад, нигоҳ мекунад ва ...

"Табақбозӣ"

Табақбозӣ дорои унсурҳои сирк ва амалиёти драмавӣ мебошад. Раққос дар сараш табақи калони сафолини тагаш ҳамворро гузошта, бо дастонаш қайроқ навохта, майдонро ду-се бор давр мезанад. Ӯ қоматашро андак ба пеш хам мекунад, табақ ба болои гардану к ...

"Текисбозӣ"

Текисбозӣ рақси ғиноӣ лирикӣ мебошад. Раққоса қафи ҳамвори дасташро рӯ ба тамошобинон гардонда онро аз поён ба боло мебардорад ва сипас ба поён мепартояд. Ҳамин ҳаракат дам бо як ва дам бо дасти дигар бешитоб ва зарифона такрор меёбад. Баъд дастҳ ...

"Ҷум ҷаҳе, ҷум ҷаҳала" (рақс)

Рақси мардона аз тарафи як гурӯҳи раққосон таҳти навозиши усули дашнободии доира ва овози худи раққосҳову навозандагон – "Оҳ, ҷаҳе" - "ҷум ҷаҳала", "ҷаҳ ҷаҳе" - "ҷум ҷаҳала", "ҷум ҷаҳе, ҷум ҷаҳала" иҷро мегардад. Ин рақс дар байни мардумии вилоят ...

Арғушти масхарабозӣ

Арғушти масхарабозӣ яке аз қадимтарин нишонаҳои жанри мазҳака дар эҷодиёти бадеии халқи тоҷик аст, ки эҳсос ва ҷаҳонбиниро тавссути бадан, дасту по, имою ишора, ҳолати изтиробу нишот тасвир мекунад. Он дар тӯю маъракаҳои хурсандӣ бисёр иҷро шуда, ...

Арғушти ошпазӣ

Арғушти ошпазӣ як навъ рақси мазҳакавии мардумӣ мебошад, ки аз тарафи мард ё зан дар тӯю маъракаҳои хурсандӣ иҷро мегардад. Рақс дар таҳти навозиши дойра ё дастаи навозан- дагон баъзан бо табақи чӯбин ё лаълӣ иҷро мешавад. Мазмуни ин рақс аз тайё ...

Аспакбозӣ

Cужети рақсро тасвири малакаи аспсаворӣ ва рақсу бозии асп ташкил медиҳад. Дар рақси аспакбозӣ як нафар мард, ду нафар – марду зан ё гурӯҳи раққосон иштирок мекунанд. Раққосон онро таҳти навозиши дойра, ё созҳои дастаи навозандагон иҷро менамоянд ...

Аспаксаворӣ

Дар рақси аспакбозӣ як нафар мард, ду нафар – марду зан, ё гурӯҳи раққосон иштирок мекунанд. Аз чӯб каллаи аспро тарошида, ба он гӯш, чашм месозанд, ёлу дум мечаспонанд. Ин бозиро дар ҷашни Наврӯз, тӯйҳо ва маъракаҳои хурсандӣ иҷро менамуданд.

Бобопирак (намоишнома)

Бобопирак - намоишнома иборат аз суруду рақс ё худ драмаи халқии мусиқӣ, ки асосан дар Кӯҳистони Бадахшон ва баъзе ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб паҳн гашта, дар асоси ривояти қадимии шарқӣ пайдо шудааст.

Бузбозӣ

Онро ду мард иҷро мекунанд: чӯпон ва буз. Буз гум мешавад ва чӯпон онро мекобад. Тамошобинон бузро пинҳон мекунанд ва чӯпон ба ҷустуҷӯ медарояд. Иҷрокунандаи буз ҳаракатҳои онро моҳирона ва каме шухиомез тақлид мекунад.

Драмаи халқии тоҷик

Драмаи халқии тоҷик решаҳои қадимтарин дар умқи асрҳову ҳазорсолаҳо дошта, ба асотир, тасаввуроти анимистию тотемистии ниёгон иртибот дорад. Унсурҳои театри халқиро бостоншиносон дар нақшҳои сангу деворҳо, ғорҳо, сафолпораҳо ва дар шаклҳои ҳайкал ...

Калтакбозӣ (рақс)

Рақсро ду нафар мард ё гурӯҳи мардон таҳти навозиши созҳои мусиқӣ иҷро мекунанд. Онҳо дар ин рақс хусусиятҳои мардонагӣ, чустию чолокиро ҳам дар вақти шикор, ҳам дар вақти ҷанг ва ҳам дар рафти мусобиқа таҷассум мекунанд. Чӯбҳои одии дарозиашон 6 ...

Кордбозӣ

Кордбозӣ рақси қадимаи ҷанговаронаи мардони тоҷик мебошад. Онро одатан як нафар таҳти навозиши доира ё дастаи мутрибон дар тӯю маъракаҳои хурсандӣ иҷро менамояд. Раққос ду кордро ба дастонаш гирифта, бо онҳо чолокона ҳаракатҳои гуногуни рақсироан ...

Кочбазай (рақс)

Коч-базай дар иҷрои ду мард дар нақшҳои "Бибӣ" ва "Бобо" баргузор мешавад. "Бобо" аз латтаҳо шиками калон месозад, миёнашро мебандад. Иҷрокунандаи нақши "Бибӣ" либоси занона - курта, эзор пӯшида, дар сараш рӯймол мепартояд, нисфи поёни рӯяшро бо ...

Мавригихонӣ

Мавригихонӣ - намуди ҳунари сарояндагӣ, мусиқӣ. Дастаи сарояндагон, навозандагон ва раққосони халқӣ, ки аз як гурӯҳи 2-5-нафара иборат аст. Ин намуди ҳунар дар байни санъаткорони тоҷикзабони Бухоро ба вуҷуд омада, рушд ёфтааст. Истилоҳ ва услуби ...

Мавригӣ

Мавригӣ - аз силсилаи суруду рақс, оҳанг ва зарбу усулҳои хос иборат буда, аз тарафи мардҳо ва занҳо дар базму тӯю хурсандиҳо иҷро мешавад. Рақсҳо дар мавригӣ дар асоси оҳангҳои бо ҳам наздики эронӣ ва тоҷикӣ эҷод шудаанд.

Мавригӣ (рақс)

Ин рақс бо ҳаракати "тоби қарсаки даст" сар мешавад. Рақс таҳти навои доира ва суруд иҷро мегардад. Матни сурудҳо аз ашъори Ҳофиз, Бедил ва дигар шоирон ва инчунин аз фолклор гирифта шудааст. Раққоса ҳаракатҳоро гоҳе дар як тараф ва гоҳе дар тара ...

Маврихон

Маврихон - намуди ҳунари сарояндагӣ, оҳанг, мусиқӣ. Маврихонҳои хушовозро марғулахон ва каммаҳоратро ростхон мегуфтанд. Дар оғоз сариовозгир як мисраи мухаммасеро бо овози ларзон иҷро мекунад. Сипас иҷрои шаҳд, ки қисми кӯтоҳи даромад буда, матна ...

Маддоҳӣ

Маддоҳӣ - як навъи мусиқӣ- адабии халқӣ, ки дар байни мардуми Кӯҳистони Бадахшон, махсусан, Шуғнону Рӯшон, густариш ёфтааст. Ин жанр дар байни сокинони Ишкошим бо номи "қасоид" ва миёни исмоилимазҳабони Дарвоз бо истилоҳи "ҳайдарӣ" низ маъруф аст ...

Муноҷот (рақс)

Муноҷот – рақси классикӣ, мисли як қисми ҳамноми "Шашмақом" буда, аз ҷиҳати оҳанг бо он наздик аст. Ин рақс таҳти навои танбӯр ва доира ё ансамбли асбобҳои халқии мусиқӣ бешитоб, хиромон бо ҳаракатҳои дастҳои зебои маҳин иҷро мегардад. Рақси "Мун ...

Оҳанги "Рапо"

Оҳанги "Рапо" - маънояш оҳанги "Раҳ­пой" аст. Таҳти оҳанги "Рапо" рақси маҳалии "Аспакбозӣ" ё "Аспаксаворӣ" дар чашну идҳои мардуми кӯҳистони Бадахшон аз давраҳои қадим иҷро карда мешавад.

Пилла (рақс)

Пилла - рақси меҳнатӣ буда, дар таҳти навозиши доира аз ҷониби занҳо иҷро мегардад. Иҷрокунанда нозукиҳои коркарди пилларо тасвир мекунад: ҷамъоварди пилла, дар об гирифтан, ресмонбофӣ, атласбофӣ ва курта дӯхтан. Рақси "Пилла" аз 3 қисм иборат бу ...

Пойамал (рақс)

Пойамал рақси сӯгвориест, ки дар он ғаму андӯҳ, гиряи ниҳонию ноаён нисбати шахси фавтида ифода ёфтааст. Зан бо дастонаш ҳаракатҳои мавзун карда ва бо кафи дастон қарсак зада, давр меравад. Пойамалро хешовандони наздики марҳум одатан то бароварда ...

Равона (рақс)

Равона – рақси занона буда, дар ҷашни арӯсӣ таҳти доиранавозӣ ва сурудхонӣ иҷро мегардад. Созанда як ҷо истода, дасти росташро баробари китф бардошта, бо дасти чапаш нӯги як банди мӯяшро як тараф дароз карда, онро меларзонад. Раққоса ба зону афто ...

Рақс бо дутор

Рақс бо дутор дар байни мардон ва ҳам занон паҳн гардидааст. Иҷрокунанда дутор навохта, онро гоҳ дар қафояш, гоҳ дар рӯ ба рӯяш, гоҳ ин сӯ, гоҳ он сӯ дароз намуда, мерақсад.

Рақс бо кӯза

Рақс бо кӯзаро дар Бадахшон мардон, дар Рашт, Тавилдара, Кӯлоб ва вилояти Суғд занон таҳти зарби доира иҷро мекунанд. Рақс бо кӯза дар шаклҳои якнафара, дунафара ва гурӯҳӣ рақсида мешавад. Дар Бадахшон ин рақсро таҳти оҳанги "Раҳпо" иҷро мекунанд ...

Рақс бо най

Рақс бо най ё найбозӣ рақси яккаи мардонаи халқӣ мебошад. Найбозӣ дар водиҳои Бадахшон ва Кӯлоб паҳн гардидааст. Рақс аз ду қисм иборат аст: қисми суст ва қисми нисбатан шӯх. Дар Бадахшон ин рақсро марди найнавоз иҷро мекунад. Дар аввал найнавоз ...

Рақс бо ғижак

Рақс бо ғижак таҳти навозиши як гурӯҳ мутрибон ва сароидану ғижакнавозии худи бозингар иҷро мегардад. Ғижак сози мусиқии тордор аст, ки бо камонча навохта мешавад. Он рақси яккаи мардона буда, дар навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маъмул ...

Рақси "ангуштпона"

Рақси "ангуштпона" рақси якнафара буда, ҳам варианти занона ва ҳам мардонаи он вуҷуд дорад. Иҷрокунанда дар чаҳор ангушташ ангуштпона пӯшида, онҳоро ба табақча зада, садои дилнавозе мебарорад ва худаш мерақсад.

Рақси "Рӯймол"

Рақси "Руймол" -ро таҳти садои доира, таблак, ё созҳои дигари мусиқии миллӣ занҳо иҷро мекунанд. Он рақси якка буда, дар тӯю маъракаҳои оилавӣ, идҳои расмӣ ва халқӣ, базмҳо ва ғайра иҷро мегардад. Ин рақс зебогӣ, мавзунқоматӣ, ороиши эстетикии за ...

Рақси "уфар"

Ин рақс дар он қисми авҷи суруд иҷро мегардад, ки "уфар" ном дорад. Баъзан ду уфар ҷо дорад ва дувумаш нисбат ба аввалааш шӯхтар аст. Усули зарб дар уфар иваз меёбад, аммо бо суруд аз ҷиҳати оҳанг ва мақом умумияте дорад. Иҷрокунанда на танҳо рақ ...

Рақси "хориш"

Рақси "Хориш" - рақси тақлидии ҳаҷвӣ мебошад. Ин гуна рақсҳо нуқсонҳои инсонӣ -ро масхара мекунанд. Тамошобинон бо зарбу усули мусиқӣ қарсак зада, ба раққос луқма мепартоянд. Иҷрокунанда ҳангоми рақсидан ҳар ҷояшро мехорад ва ҳар дафъа "Мана, ман ...

Рақси "чойнак"

Рақси чойнаку пиёла хосси мардон аст. Иҷрокунанда ҷомаи беқасаб, тоқии чуст, дар пояш калӯшу маҳсӣ мепӯшад. Вай дар болои сараш чойникро гузошта дар ҳар дасташ пиёлаеро медорад. Раққос дастҳояшро ба ду тараф дароз карда пои росташро пеш гузошта, ...

Рақси зангбоз

Рақси акробатии "зангбоз" аз бозии ҳунарварони ҷавони муаллақзан иборат мебошад, ки онҳоро "зангбоз" меномиданд. Ин рақс унсурҳои акробатӣ дорад. Писарбачаҳои нозукпайкар яктаки кӯтоҳи ба миёнаш часпидаро пӯшида, дар банди пойҳояшон тасмаҳои занг ...

Рақси кабк

Иҷрокунанда диккак менишинад, қоматашро ба пеш хам мекунад, дастонашро ба пушташ бурда кафҳояшро боло медорад. "Кабк" оҳиста-оҳиста қадам гузошта, дар як ҷо қарор мегирад, аз чизе меҳаросад, боз роҳашро идома медиҳад, сарашро сахт гардонда, аз за ...

Рақси остин

Рақси остин – рақси занонаи анъанавии қадимаи тоҷик буда, таҳти навозиши доира бо ҳаракатҳои остини дарози куртаи занонаи тоҷикӣ иҷро мешавад. Он дар тӯю маъракаҳо, ҷашнҳои миллӣ ва базмҳои занонаи водиҳои Кӯлоб, Дарвоз, Рашт, Ҳисор, ноҳияи Истар ...

Резабозӣ

Резабозӣ рақси занона буда, бо оҳанги шӯх иҷро мешавад. Дар ин рақс иҷрокунанда китфҳояшонро тез-тез боло бардошта, мефарорад, қисми болои пайкарашро меларзонад. Ин рақс бо навозиши доира иҷро мешавад. Раққоса як дасташро дар сари сина дошта, дас ...

Созҳои мусиқии миллӣ

Дар тӯли қарнҳо созҳои мусиқии зиёд офарида шуда, сохташон тағйир ёфтааст ва баъзеашон аз байн рафтаанд. Халқи тоҷик аз қадим ба мусиқӣ дилбастагии хоса дошта, дар ин навъи санъат нодиракориҳои ҳунарӣ намудаааст ва аз ҷумла, ихтироъкорону созанда ...

Соқинома (рақс)

Соқинома – рақси классикӣ буда, таҳти суруд оромона ва бо ҳаракатҳои дастҳо иҷро мегардад. Дар "Соқинома" ҷанбаи хониш зиёдтар буда, рақс дар он фақат замина аст. Дар рақс лаҳзаҳои дар як ҷо истодан, ҳаракатҳои зебои маҳин ва имову ишораҳои таъси ...

Фалак (мусиқии анъанавӣ)

Фалак – мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Дар суруди "Фалак", асосан, рубоӣ ва ё дубайтие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари р ...

Фалакхонӣ

Фалакхонӣ - яке аз шаклҳои санъати ичрокунандагии мардуми кӯҳистони тоҷик, ки бо жанри Фалак иҷро мегардад. Фалакхонӣ бисёрқисма, аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст. Фалакхонӣ дар мактаби устод-шогирд асос мегирад. Сози асосии фалак думбра буда, с ...

Чӯббозӣ

Рақс лаҳзаҳои ҷанги сарбоз, шикор, мусобиқаи паҳлавониро таҷассум мекунад. Ба ин рақс ҳаракатҳои дасту бозу, гардишҳои ҷасурона, чархидани босуръат ва таваққуфҳои ногаҳонӣ хос мебошанд. Иҷрокунанда дар дасташ якто чӯби сахти тарошидашударо дошта, ...

Шашмақом

Шашмақом - мусиқии суннатии Осиёи Миёна аст. Таронаи ин мусиқӣ дар бораи ишқу ирфон аст. Созҳои ба кор рафта дар ин мусиқӣ иборатанд аз: рубоб, барбат, доира, даф ва танбур. Шашмақом аз мақомҳои бузрук, рост, наво, дугоҳ, сегоҳ ва ироқ ташкил шуд ...

Юрмонбозӣ

Он ҳамчун рақси анъанавии мардона маъмул буда, дар рӯзҳои ид, тӯю сур ва маҳфилҳои мардумии кӯҳистон таҳти навозиши доира иҷро мегардад. Рақси юрмонбозӣ аз ҷиҳати мавзӯъ, мазмун, табиату шаклу сохт рақси шӯх мебошад. Раққос дар вақти бозӣ бо ҳара ...

Қошуқбозӣ

Рақси қошуқбозӣ, асосан, рақси занона мебошад, аммо дар Бадахшон он чеб-базай, ё чеб раққосӣ ном дошта, онро мардҳо иҷро мекунанд. Ин рақс таҳти садои доира ё созҳои дигари мусиқӣ иҷро шуда, ба жанри рақс бо ашё тааллуқ дорад. Иҷрокунанда дар ҳар ...

Мӯсо Исоев

Мӯсо Исоев дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи касбию техникии ноҳияро хатм карда, ба Донишкадаи варзиши шаҳри Душанбе дохил шудааст. Баъд аз хатми ин донишкада ӯ дар соҳаи варзиш муваффақиятҳои калон ноил шуд ва унвон ...

Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон АМС ҶТ 21 феврали 1995 барои мусоидат намудан ба фаъолияти иттиҳоди олимон ва мутахассисони фаъоли ҶТ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, бинокорӣ ва истеҳсолот, кормандони эҷодии санъати ороиши амалӣ ва ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →