ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 74

Атсилонӣ

АТСИЛОНӢ - бо боқимондаи кислотаҳои карбон RCO иваз кардани атоми ҳидрогени пайвастҳои органикӣ. Чун унсури атсилонанда кислотаҳои карбон RCOOH, ангидрид 2 О, хлорангидриди сулфокислотаҳо истифода мегарданд. Атсилонии спиртҳо ва фенолҳо бо кислот ...

Аттак

АТТÁК Аттук, Атток - шаҳр ва ноҳияи таърихиест дар минтақае ба ҳамин ном дар Покистон. Шаҳр, маркази як бахши Равалпиндӣ Панҷоби Қадим. Таърихи Аттак ҳанӯз аз замонҳои қабл аз милод маълум аст. Тибқи манобеи таърихӣ Искандари Мақдунӣ ба Аттак, ки ...

Атташе

АТТАШЀ - 1) мартаба – рутбаи шахсии хурд -и дипломатӣ; 2) вазифаи хурди корманди дипломатии дастгоҳи Вазорати корҳои хориҷӣ ё намояндагии дипломатӣ; 3) корманди дипломатӣ, намояндаи ягон идораи ҳарбӣ дар назди муассисаи дахлдори мамлакате, ки дар ...

Аттестатсия

Аттестатсия лот. attestatio – шаҳодат, тасдиқ - тартиби муқаррар кардани мувофиқати мазмун, сатҳ ва сифати омодагии хатмкардагони муассисаи олии таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таълимии Таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи соҳаҳои таълим ихтисос ...

Аттика

Аттика, вилоят дар Юнони Қадим. Дар қисми ҷанубии шарқӣ бо Беотия ва дар ғарб бо Мегарида ҳамсарҳад буд. Марказаш шаҳри Афина. Ҳоло ҳам ба ҳамин ном вуҷуд дорад. Дар ҳудуди Áттика кӯҳҳои баландқуллаи Гимет ва Пентеликон, ки конҳои мармари аълосиф ...

Атто-

Áтто- - пешванди номи бузургии физикӣ барои ҳосил намудани қимати хурдтарин, ки ба 10–18 ҳиссаи он баробар аст. Ишораташ – а. 1 ас аттосония = 10–18 сония 1 ам аттометр = 10−18 метр Атто- соли 1962 дар Кумитаи байналмилалии меъёр ва вазнҳо қабул ...

Аудиология

Аудиолóгия - илм дар бораи шунавоӣ. Аудиология ҳолати шунавоӣ, сабабҳои карӣ ва гӯшвазниниро омӯхта, усулҳои ташхис ва роҳҳои табобати онҳоро дарёфт менамояд. Дар ҳалли ин масъала омӯхтани таъсири омилҳои истеҳсолӣ ба шунавоӣ ва пешгирии онҳо мав ...

Аудиометрия

Аудиомéтрия - андоза кардани қувваи сомеа. Азбаски қувваи сомеа аз рӯйи дарки ҳадди садо муайян карда мешавад, аудиометрияро барои мушаххас кардани қувваи пасттарини садое, ки одам мешунавад, мувофиқ месозанд. Усули муқаррарии аудиометрия дарк ка ...

Аудит

Аудит бори аввал садаи XIV дар Англия, аз рӯзи барӯйхатгирии амвол мавриди истифода қарор гирифтааст. Вале дар аксари адабиёти илмӣ, олимон пайдоиши аудитро ба садаи XVI мансуб донистаанд. Ҳуқуқи назорати китобҳои ҳисобдорӣ дар мамлакатҳои Аврупо ...

Аудитория

Аудитория - лот. auditorium - ҷой барои гӯшкунӣ. 1) бахше аз театр ё толор, ки дар он тамошогарон нишинанд. Дар театрҳои Юнони Қадим пайдо шудааст. Аудиторияҳо маъмулан шакли нимдоира доранд ва дар зинаҳои моил болоравандаи онҳо курсиҳо чида шуда ...

Ауксинҳо

Ауксинҳó - моддаҳое, ки дар ҳуҷайраи рустанӣ ҳосил шуда, рушди он -ро метезонанд. Ауксинҳо ба фитогормонҳо мансубанд. Соли 1933 кимиёдони ҳолландиягӣ Кёгл аз пешоб 3 навъи ангезандаи рушди рустаниро ҷудо карда, ауксини "Ауксинҳо", ауксини "В" ва ...

Аул Йозеф

Áул Йозеф 1894–1956 - табиби чех. Дар аввали Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба Бухоро омад. Чун табиби ҳозиқу донишманд зуд дар байни мардум обрӯ ва эътибор пайдо кард. Соли 1918 бо шоири тоҷик Пайрав Сулаймонӣ шинос шуда, забони тоҷикиро мустақилона омӯхт в ...

Ауман Роберт

Áуман Роберт - риёзидон ва иқтисоддони амрикоию исроилӣ, узви Академияи санъат ва илми Амрико 1974, Академияи миллии илмҳои ИМА; Академияи илмҳои Исроил; узви вобастаи Академияи Британияи Кабир 1985–1995. Хатмкардаи Сити-Коллеҷи Ню-Йорк. Соли 195 ...

Аускултатсия

Аускултатсия лот. auscultatio - шунидан - усули шунидани садо ғулғула, соиш ва ғайра-и кори узвҳои бадани одам бо гӯш ё ба воситаи асбобҳои махсус, масалан, фонендоскоп. Аускултатсияро дар амалияи тиб соли 1819 табиби фаронсавӣ Р. Лаэннек ҷорӣ на ...

Аут

Áут - 1) дар бозиҳои варзишӣ аз хатти майдони бозӣ берун баромадани тӯб ; 2) дар ҳолати нокаут будани муштзанро эълон кардани довар.

Афзалӣ

Афзалӣ أفضلی Хоҷа Муҳаммад соли таваллуд ва вафот номаълум, шоири тоҷик асри 16. Зодгоҳаш Бухоро. Тазкиранигор Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар "Музаккиру-л-аҳбоб" Афзалиро чун шоир ва донишманди машҳури давр тавсиф кардааст. Ҳукмрони замон Убайдуллоҳхони ...

Афзори барқӣ

АФЗÓРИ БАРҚӢ, асбобҳо барои коркарди механикӣ ва ҳароратии масолеҳ, ки аз муҳаррики барқӣ ба кор дароварда мешавад. Манбаи ҷараён барои афзори барқӣ шабакаи барқии шиддаташ 220 В, баъзан 380 В ё аккумулятори барқӣ буда метавонад. Афзори барқӣ соб ...

Афзори назоратию андозкунанда

АФЗÓРИ НАЗОРАТЍЮ АНДОЗАКУНАНДÁ, воситаи андозакунӣ барои ба даст овардани қиматҳои муайян дар фосилаи муқарраршудаи бузургии физикавии андозашаванда. Афзори назоратию андозкунандаро аз рӯйи чанд бузургӣ ва воситаҳои пешниҳоди маълумот, усули андо ...

Афзори наҷҷорӣ

АФЗÓРИ НАҶҶОРӢ, асбобҳо барои коркарду пардози чӯб ва аз он сохтани маснуоти гуногун, ки мувофиқи иҷрои амал ва таъйинот ба навъҳои зерин ҷудо мешавад: Афзори назоратию андозкунандаи бурандаи дастӣ ; Афзори назоратию андозкунандаи нишонагузорӣ ва ...

Афзори суфтагарӣ

Афзори суфтагарӣ - асбобест, ки барои коркарди механикии филиз, чӯб, шиша, ҷинсҳои куҳӣ, пластмасса истифода мешавад. Онро аз маводди суфтагарӣ месозанд. Истеҳсоли саноатии Афзори суфтагарӣ аз нимаи дуюми садаи XIX шуруъ гардид. Афзори суфтагарӣ ...

Афзори филиззбурӣ

Афзóри филиззбурӣ - як навъи афзори буранда, асбоби меҳнат, ки барои тағйир додани шаклу андозаи масолеҳи филиззӣ бо мақсади ба даст овардани ҷузъи тайёр ё масолеҳи нимтайёр бо роҳи тарошида кор кардан истифода мекунанд. Афзори филиззбурӣ мошинӣ ...

Афидиидҳо

АФИДИЍДҲО Aphidiidae, як навъи ҳашарот. Дар организми ширинчаҳо зиндагӣ мекунанд. Афидийҳо ҳашароти майда 4–5 мм буда, ду ҷуфт бол, мӯйлабча ва шиками борик доранд. Тухмашон майдаи дарозрӯя, беранг ва шаффоф аст. Кирминаашон сафеди ҷилодор, аз 13 ...

Афидофагҳо

Афидофагҳо, як навъи ҳашарот. Ғизои Афидофагҳо ширинчаҳо мебошанд. Асосан дар ноҳияҳои пахтакор дучор меоянд. Барои маҳв кардани ширинчаҳои пахтазор какана, тилочашмак, сирфидҳо, трипсу кайкҳои даранда ва ғайра аҳаммият доранд. Дар кам кардани ми ...

Афинаи Қадим

Афинаи қадим - шаҳри асосии Аттика дар 5 километрии соҳили баҳр. Дар ин мавзеъ одамон ҳанӯз аз давраи неолит зиндагӣ доштанд. Дар ҳазораи 2 то мелод дар Акропол – сахраи дар маркази шаҳр ҷойгирифта нахустин қалъаҳои қабоили пеласгҳо сохта шуда бу ...

Афисидҳо

Афисидҳо - моддаҳои кимиёие, ки барои нобуд кардани ширинчаҳо ба кор бурда мешаванд. Сайфое, пиримор, рогор, антио, метилмеркаптофос, метафос ва карбофос аз ҷумлаи афсидҳои маъмуланд. Афсидҳо дар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ва дар об бад ҳал меша ...

Афитис

Афитис Aphytis - як навъи ҳашарот. Дар зиреҳакҳои ҷисми модина зиндагӣ мекунад. Дарозии баданаш тақрибан 1 мм, рангаш зард, баъзан доғҳои сиёҳ дорад. Кирминааш лӯнда ё байзашакл, зарди чиндор. Афитис беш аз 40 навъ дошта, дар ҳама ҷо вомехӯрад. А ...

Афиша

Асос - Боз. - Д.: СИЭМТ, 2013. - 664 с. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 2. - ISBN 978-99947-33-52-4.

Африқо

Африқо - қораи аз ҷиҳати бузургӣ дуюмини кураи Замин. Дар Нимкураи шарқӣ воқеъ буда, аз истиво ба Шимол ва Ҷануб то арзҳои субтропикии ҳар ду нимкура тӯл кашидааст. Масоҳати Африқо 29.2 млн км².

Африқои Марказӣ

Африқои Марказӣ, Африқои Экваторӣ, - ноҳияи табиӣ дар қораи Африқо. Як қисми масоҳати Африқоро аз Уқёнуси Атлантик то нишебаҳои ғарбии паҳнкӯҳи Африқои Шарқӣ, байни 70 а. ш. ва 130 а. ҷ., инчунин ҷазираҳои оташфишони халиҷи Гвинеяро дар бар мегирад.

Африқои Шимолӣ

Африқои шимолӣ - ноҳияи табиии Африқо, ки масоҳаташ тақрибан 10 млн км буда, қисми зиёди ҳудуди онро биёбони Саҳрои Кабир иҳота кардааст. Дар Африқои Шимолӣ давлатҳои ҳудудан бузурги Алҷазоир, Миср, Марокаш, Судон, Либиё, Мавритания, Саҳрои Кабир ...

Африқои Ҷанубӣ

Áфриқои Ҷанубӣ - ноҳияи табиии Африқо, дар ҷануби пуштакӯҳи Конго – Замбезӣ. Африқои Ҷанубиро аз Ғарб Уқёнуси Атлантик, аз Шарқ Уқёнуси Ҳинд иҳота кардааст. Дар Африқои Ҷанубӣ аксари навъҳои сатҳи замин -и Африқо дар миқёс -и хурд такрор мешаванд ...

Афросиёб

Афросиёб - шоҳи Турон, персонажи асотиру ривоятҳо ва достонҳои ҳамосии бостонии мардуми ориёӣ ва "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ. Афросиёб дар Авесто ба шакли Франграсйана, дар осори паҳлавӣ – Фрасйик омада­аст. Маънои калимаи Франграсйана, Фрасйик "касе, ...

Афсар

Афсáр - касе, ки дар нерӯҳои мусаллаҳ, милиса, пулис ва дигар сохторҳои низомӣ дараҷаи сардорӣ ва симати фармондеҳӣ дошта бошад.

Афсари Баҳор

"Афсáри Баҳóр" أفسربهار - оҳанги мавсимию маросимии форс-тоҷик, ки онро Борбади Марвӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз дар аҳди Сосониён эҷод намудааст. "Афсари Баҳор" ба силсилаи дуюми "Хусравонӣ" -и Борбад низ дохил аст, ки зебоиҳои табиат ва суруру ...

Афсари Сигзӣ

"Афсáри Сигзӣ" أفسر سگزی - оҳанги мавсимию маросимии форс-тоҷик, ки онро Борбади Марвӣ дар аҳди Сосониён ба муносибати ҷашни Наврӯз эҷод кардааст. "Афсари Сигзӣ" ба силсилаи аввали "Хусравонӣ" -и Борбад дохил шуда, ҳолату рӯҳияи мардумро дар рӯзи ...

Афсонагӯӣ

Афсонагӯӣ - як навъ санъати театри халқӣ, ки одатан дар мавридҳои фориғ будан аз корҳои рӯзмарра дар ҷамъомаду шабнишиниҳо бо мақсади таъмини фароғату истироҳати одамон ба вуқӯъ мепайвандад.

Аффект

Áффект - шадидтарин ва кӯтоҳтарин ҳаяҷонзадагӣ, фишори рӯҳӣ ва эҳсосот дар шахс, ки боиси хашм, тарс, навмедӣ ва ғайра гардида, шахс дар он ирода ва идораи худро барои чанд лаҳзае аз даст медиҳад. Дар ҳолати аффект хусусиятҳои зерин пайдо мешаван ...

Аффикс

Áффикс - ҳиссаҳои ёрирасони калимасоз, ки дорои маънои грамматикӣ буда, ба аввал, мобайн ва ё охири реша пайваст шуда маънову сохти онҳоро тағйир медиҳанд. Аффиксҳо пеш аз решаву асос оянд, пешванд, дар мобайн миёнванд ва дар охир пайваст гарданд ...

Аффилиатсия

Аффилиáтсия - ҳамроҳшавӣ, ҳолати равониест, ки шахс дар он барои пайвастан бо гурӯҳ ва ҳамроҳ шудан бо ҷамоате талош меварзад. Майл ва кӯшиш ба аффилиатсия дар шахс вақте пайдо мешавад, ки дар ҳолати фишори рӯҳӣ, тарс аз чизе ва ё ваҳшати танҳоӣ ...

Афшин

Афшѝн - унвони шоҳони Истаравшан ва баъзе волиёни Суғд пеш аз истилои араб­ҳо. Тамоми ҳокимияти даҳрӣ, ҳарбӣ ва динӣ дар ихтиёри Афшин буд. Асрҳои 8–9 дар Истаравшан сулолаи Ковусиён Афшин буд.

Афшон

Афшóн - як навъи ороиши китоб, дар матни китоб ё дар ҳошияи он пошидани оби тило. Ҳамчунин бо рангҳои гуногун заминаи коғаз хол-хол рангомезӣ мешавад. Амали Афшон бо ёрии олатҳои махсус иҷро мегардад, ки онро зарафшон низ мегӯянд. Афшон дурушт ва ...

Афшона

Ёқут аз он ҳамчун яке аз деҳаҳои Бухоро ёд кардааст. Ас-Самъонӣ онро дар шакли "Фашна" овардааст. Мувофиқи маълумоти Мақдисӣ: "Афшона дар ҷониби ғарбии Бухоро воқеъ аст. Дар он ғозиён зиёданд. Масоҳаташ бузург ва тозаву зебост". Мувофиқи маълумот ...

Афшура

Вобаста ба тарзи истеҳсол ва сифати мева афшура соф, тира ва ғализ мешавад. Барои гирифтани афшураи соф ва тира меваро шуста, реза мекунанд. Баъд онро фишурда, шираашро мегиранд ва соф менамоянд. Афшураи тира, маъмулан, такшон ё бо полован сепара ...

Афшуракашак

Афшуракашак махрутӣ, тобдиҳанда, фишангдор, шнекӣ ва барқӣ мешавад. Афшуракашаки махрутӣ нисбатан сода буда, онро аз шиша ё пластмасса месозанд; барои гирифтани оби меваҳои ситрусӣ лиму, афлесун истифода мешавад. Лиму ё афлесунро аз байн бурида, ...

Афъӣ

Дар Африқои Шимолӣ, Эрон, Ироқ, Афғонистон, Ҳиндустон,Осиёи Марказӣ ва дигар мавзеъҳо дучор меояд. Дар Тоҷикистон асосан дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ вомехӯрад. Дар шароити мусоид миқдори афъӣ хеле зиёд мешавад. Масалан, дар водии дарёи Мурғоб аз ма ...

Афғонанҷир

Афғонанҷѝр - навъе аз анҷир. Буттааш сершохубарг, навдаҳояш сиёҳтоб ва суфта, 3–4 метр қад мекашад. Навдаҳои наврустааш зардчаи пашмакдор. Баргаш 3–5-парра, гирдаи дилшакл ва сермӯяк. Асосан дар бехи барг мева мебандад. Мевааш хурд, гирда ё нокша ...

Афғонӣ

АФҒОНӢ порсӣ:أفغانی - воҳиди пули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон. 1 афғонӣ = 100 пул. Дар муомилот аз соли 1926, ба ҷойи рупияи Кобул ҷорӣ шудааст. 1 доллари ИМА = 57.3 Афғонӣ 2015.

Ахбор

Ахбор - огоҳӣ, достону ривоятҳо, ҳадисҳо ва ривоятҳои нақлшуда аз Пайғамбар. Дар истилоҳи фақеҳони шиа касе, ки ба зоҳири ҳадисҳо бовар карда, ба далелҳои ақлии онҳо рӯй наоварад "ахборӣ" мегӯянд. Дар фиқҳи мутааххири имомӣ гурӯҳеро, ки ба пайрав ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →