ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 76

Бартанг (дара)

Бартанг - дара дар Помири Ғарбӣ, байни қаторкӯҳҳои Язғулом ва Рӯшон. Ба самти Шимолу Шарқи 126 км тӯл кашидааст; аз он дарёи Бартанг ҷорист. Сохти дара ассиметрӣ – нишебҳои росташ кӯтоҳу шахдор, чапаш – нисбатан дароз. Баландии мутлақи қаъри дара ...

Бартанг (деҳа)

Бартанг - деҳа дар ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон. Деҳоти Бартанг дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Сипонҷ ҷойгир аст. Аз Бартанг то маркази ноҳия 45 км; то маркази вилоят 109 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 342 нафар, тоҷикон. Бартанг мактаби таҳ ...

Бартангиҳо

Асос - Боз. - Д.: СИЭМТ, 2013. - 664 с. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 2. - ISBN 978-99947-33-52-4.

Бартер

БÁРТЕР, муомилоти бартерӣ, мубодилаи мол дар шакли табиӣ; ивази як мол ба моли дигар бидуни пардохти маблағ. Ба ҳам мувофиқат кардани арзиш ё мувозанаи молҳои бадалшаванда аз ҷониби тарафайн бо тартиб додани шартномаи додугирифт муқаррар мегардад ...

Барфоб

БАРФÓБ, обе, ки бар асари обшавии барф ҳосил мешавад. Барфоб дар натиҷаи мубодилаи гармӣ байни барф ва муҳити атроф рух медиҳад, яъне зери таъсири гармӣ барф об мешавад ва ба рӯдхонаву дарёҳо ҷорӣ гашта, ба олами набототу ҳайвонот ғизо мебахшад. ...

Барфтӯдакунак

БАРФТӮДАКУНÁК, як навъ техникаи кишоварзӣ, ки барои тӯда ва шибба намудани барф дар саҳроҳо истифода мешавад. Барфтӯдакунакро барои дар заминҳои ғаллакорӣ захира намудани намӣ кор мефармоянд. Қисмҳои асосии кории Барфтӯдакунак аз барфгардони рост ...

Барчадев

БАРЧАДЀВ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Дарморахти ноҳияи Шуғнон. Аз Барчадев то маркази ноҳия 30 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 128 нафар, тоҷикон. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёчаи кӯҳӣ ва оби чашма ...

Барчид

БÀРЧИД, деҳа дар ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон. Аз Барчид то маркази ноҳия 16 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 711 нафар, тоҷикон. Барчид мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, бунгоҳи тиббӣ, сехи коркарди чӯб, сехи мӯзадӯзӣ, нуқтаи савдои хусусӣ до ...

Барчидев

БАРЧИДЀВ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшон. Аз Барчидев то маркази ноҳия 150 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 167 нафар, тоҷикон. Барчидев нуқтаи савдои хусусӣ ва мактаби таҳсилоти ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва сабз ...

Баршина

БÁРШИНА, шакли рентаи замин дар давраи феодализм, ки деҳқони крепостной дар мулки заминдори калон рӯзҳои муайяни ҳафта бемузд корҳои гуногун, аз ҷумла корҳои заминӣ, сохтмонӣ, касбӣ, буридани ҷангал ва ғайраро анҷом медод. Миқдор ва нақши иқтисод ...

Барҷангал

БÁРҶАНГАЛ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа. Аз Барҷангал то маркази ноҳия 10 км, то маркази вилоят 25 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 202 нафар, тоҷикон. Барҷангал мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона ...

Барҷастагӣ ва фурӯхамӣ

БАРҶАСТАГӢ ВА ФУРӮХАМӢ, хосияти хатти каҷи y= f, ки аз ватар -и худ поёнтар ё болотар ҷойгир шудани камони хатти каҷро ифода мекунад; дар ҳолати якум, ки барҷастагии графики функсияи f ба поён аст, функсия барҷаста ва дар ҳолати дуюм, ки фурӯхамӣ ...

Барӯйхатгирии аҳолӣ

БАРӮЙХАТГИРЍИ АҲОЛӢ, равиши ҷамъ намудани маълумоти омории якдафъаина ва ё ҳар сари чанд вақт махсус ташкилкардашуда, ки дар замони муайян аз рӯйи барнома ва усули ягона дар тамоми ҳудуди мамлакат сурат мегирад. Барӯйхатгирии аҳоли мушоҳидаи мунт ...

Бас

Бас - 1) овози пасту ғафси мардона. Навъҳои Бас: Баси баритонӣ, Баси кантанте ва Баси профундо. Баландии овози Бас аз "фа" -и октаваи калон то "фа" -и октаваи якум F то F1 мерасад; Баси баланд ду навъ мешавад: лирикӣ нарм ва драмавӣ боқувват. Меъ ...

Басират

БАСИРÁТ, маърифати ирфоние, ки биниши фаротар аз ақлро қоил буда, объекти бинишро ҳақиқати азалӣ медонад. Маърифати ақлӣ дарки дурусти ашёро бо далелу истидлол тақозо мекунад ва аз ин рӯ, он маърифати илмӣ арзёбӣ мешавад, ки тобеи илми мантиқ аст ...

Басирӣ

БАСИРӢ Нуриддин, шоири тоҷик. Бобои модарии тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ. Басирӣ бо вуҷуди нобино будан дар доираи адабии давраш дар Самарқанд обрӯю эътибор ва нуфузи зиёд дошт. Мувофиқи маълумоти Мутрибӣ, Б. аксаран шеърҳояшро дар хобаш мегу ...

Басит

БАСЍТ, истилоҳи фалсафии асрҳои миёнаи Шарқ. Он бар хилофи мафҳуми мураккаб ба чизе далолат мекунад, ки онро "ҷузъе билфеъл набошад, хоҳ он чизро ҷузъе билқувва ҳаст, монанди хат, сатҳ ва ҷисми таълимӣ ё он чизро ҷузъе билқувва нест, монанди ваҳд ...

Басит (васеъ)

БАСЍТ, яке аз баҳрҳои панҷгонаи махсуси арӯзи арабӣ. Ин баҳрро барои он Басит номидаанд, ки дар аввали рукнҳои мустафъилуни он ду сабаби хафиф густаронида шудааст ва Халил ибни Аҳмад онро аз ҷузъви чоруми доираи якуми арӯзи арабӣ, яъне аз доираи ...

Баскана

БАСКАНÁ بسکنه басикна, 1) парда, навои мусиқии қадимии форс-тоҷик; 2) тарона, суруди мавсимии баҳорӣ дар давраи Сосониён, ки мансуб ба Борбади Марвист. Баскана ба қисми аввали силсилаи "Хусравониёт" -и Борбад мансуб буда, муваррихон онро аз тасни ...

Басомад

БАСОМАД – бузургии физикавӣ, тавсифкунандаи раванди даврӣ, ки ба шумораи пурраи сикли дар воҳиди вақт иҷрошуда баробар аст. Басомади лапиш миқдори лапишҳо дар воҳиди вақт ё дар зарфи 2π воҳиди вақт мебошад. Басомади хаттиро бо ν ё f, Басомади кун ...

Басомадсанҷ

БАСОМАДСÁНҶ, асбобест барои андоза кардани басомади равандҳои даврӣ ё басомади ташкилдиҳандаҳои гармоникии спектри сигнал. Аз рӯйи тарзи ченкунӣ Басомадсанҷҳои ченкунии бевосита қиёсӣ ва муқоисавӣ мавҷуданд. Вобаста ба андозагирии навъи бузургии ...

Бассано

БАССÁНО, оилаи рассомони итолиёии асрҳои 15–17. Дар Венетсия ва Венсто фаъолият кардаанд. Франческо Бассанои Калонӣ рассоми музофотӣ, сардори устохонаи оилавӣ буд, ки онро писараш Якопо Бассано ба мерос гирифт ва яке аз рассомони асосии Венетсияи ...

Бастилия

БАСТЍЛИЯ, қалъа ва ҳабсхонаи шаҳрӣ дар Париж. Аз с. 1369 то с. 1383 дар даромадгоҳи ш. Сент–Антуан сохта шудааст. Бастилия пойгоҳи васеъ ва 8 бурҷи бузург дошт, ки деворҳои баландаш 24 м ва бараш 3 м онҳоро бо ҳам мепайваст. Атрофаш бо хандак печ ...

Бастом

Бастом Бистом, Бустом - шаҳри таърихӣ, дар шаҳристони Шоҳрӯд воқеъ дар Устони Симнон. Маркварт бунёдгузори ин шаҳрро "Вистаҳм" донистааст. Вистаҳм тағои Парвизи Сосонӣ буд, ки муддате дар Хуросон, Кумиш, Табаристону Ҷурҷон фармонравоӣ доштааст. Б ...

Бат

БАТ, воҳиди пули Шоҳигарии Таиланд. 30.6 бат = 1 доллари амрикоӣ, яъне 4 сомониву 80 дирами тоҷикӣ аст. Дар муомилот аз 15 апрели 1928. ҷорӣ шудааст. Айни замон дар муомилот пулҳои коғазии 1000, 500, 100, 50 ва 20 бат гардиш доранд.

Бат (гармоба)

БАТ, шаҳри қадимие дар ҷанубу ғарби Англия, дар соҳили дарёи Эйвон. Аҳолиаш 84 ҳазор нафар. Аз қадим ҳамчун макони осоишгоҳи гармобашифоӣ машҳур буд. Дар Бат 4 чашмаи маъданӣ мавҷуд аст, ки ҳарор. то 460 С буда, барои табобати бемориҳои дарди маф ...

Батакҳо

БАТАКҲÓ, мардуме дар Индонезия, ки дар қисми шимимолу ҷазираҳои Суматра умр ба сар мебаранд. Шумораашон зиёда аз 4.5 млн нафар 2011. Аз нигоҳи забонӣ ва этникӣ Батакҳо ба 6 гурӯҳ тақсим шудаанд: тоба, каро, тимор, пакпак, ангкола ва мандайлинг. Б ...

Баталиони пастгард

БАТАЛИÓНИ ПАСТГÁРД, баталионе, ки ҳангоми юриш, ҳуҷум ё ақибнишинӣ қувваҳои асосиро аз ақибгоҳи онҳо муҳофизат мекунад. Боздоштани ҳуҷуми душман ва фароҳам овардани шароит барои иваз намудани мавқеи сипоҳҳои асосӣ яке аз вазифаҳои асосии Баталион ...

Батарея

БАТАРЀЯ, ҳарбӣ, қисми ҳарбии асосии оташфишони артиллерӣ. Батареяҳо алоҳида ва ё дар ҳайати дивизион -ҳои артиллерӣ буда метавонанд. Дар ибтидо мафҳуми Батарея миқдори муайяни тӯпҳои дар як мавқеъ ҷойгирифтаро ифода мекард. Дар Россия ҳамчун воҳи ...

Батискаф

БАТИСКÁФ юнони bathýs – жарф ва skáphos – киштӣ, дастгоҳи худгардест, ки дар умқи об барои таҳқиқи уқёнус ва дигар омӯзишҳои зериобӣ истифода мешавад. Батискаф аз танаи сабук – шиноварак, ки бо моддаи аз об сабук бензин пур карда шудааст ва кӯраи ...

Батисфера

БАТИСФЀРА, камераи мустаҳками курашакл, ки барои мушоҳидаҳои зериобӣ хидмат мекунад ва ба воситаи симтаноб аз киш¬тӣ ба қаъри об фуроварда мешавад. Бар хилофи батискаф худгард нест. Батисфера низоми тозакунии ҳаво, телефон, таҷҳизоти андозакунӣ в ...

Батман

БАТМÁН, 1) воҳиди вазн ва масоҳат дар мамолики Осиёи асримиёнагӣ, шакли дигаргунгаштаи воҳиди вазни ман, ки вобаста ба замону макон қимати гуногун дошт. Дар натиҷаи тиҷорат Батман ба системаи воҳидҳои Россия ворид гашта, аввал ҳамчун воҳиди вазни ...

Батолит

БАТОЛЍТ, шакли ҷойгиршавии ҷинсҳои магмавии гурӯҳи гранит дар қишри Замин, калонсанги интрузивӣ, ки масоҳ. аз 100 км2 зиёд аст. Одатан дарозшакл, баъзан изометрӣ буда, аксар вақтҳо масоҳ. даҳҳо ҳазор км2 мешавад. Аввал тахмин мекарданд, ки гӯё Ба ...

Батометр

БАТОМЀТР юнони bathos – умқ ва metron – андоза, асбоби ҳидрологӣ барои аз умқҳои гуногуни баҳр, кӯл ва дигар обанборҳои табиӣ гирифтани намунаи об бо мақсади таҳқиқоти физикавию кимиёии об, мод¬даҳои органикӣ ва ноорганикии таркиби он. Батометр и ...

Бахилӣ

БАХИЛӢ, бухл, озмандӣ, зуфтӣ, яке аз хислатҳои зишту разила ва накӯҳидаву нописандидаи ахлоқӣ. Он ҳамчун худдорӣ ва имсок аз харҷ кардани моли худ ва ё манъи дигарон аз сарф кардани молашон дар мавридҳое, ки набояд онро боздошт, надодани чизе, ки ...

Бахмал (матоъ)

БАХМÁЛ, махмал, матои нимабрешими рангоранг ё якранг, ки пати нафис дорад. Навъҳояш бо гул ва пат фарқ мекунанд. Дар Самарқанду Бухоро аз асрҳои миёна истеҳсол мешуд. Дар Бухоро Бахмали гулдор мебофтанд, ки тораш абрешимину пудаш ресмонӣ буд. Сам ...

Бахмалгул

БАХМАЛГÈЛ, гули бахмал, аббосӣ, як навъ гули маъмул, ки бӯи хосса дорад; гиёҳи яксола аст. Пояаш сербаргу сершох 30–80 см қад мекашад, баргаш базеби паршакл. Хӯшагул сабадак-аш майда қутраш 3–6 см; гулаш махмалӣ, зард, норанҷӣ ё сурхтоб. Тухмаш с ...

Бахотиргирӣ

БАХОТИРГИРӢ, мустаҳкам намудани образ, таассурот ва мафҳумҳое, ки дар натиҷаи таъсири ашё ва ҳодисаҳои рухдода дар ҷараёни эҳсос, идрок ва тафаккур пайдо мешаванд. Вобаста ба хусусият ва воситаҳо Бахотиргирӣ ихтиёрӣ ва беихтиёр мешавад. Бахотирги ...

Бахотироварӣ

БАХОТИРОВАРӢ, раванди хотир, ки дар натиҷаи он тақвиятбахшии мазмуни пеш мустаҳкамгардидаи психика бо роҳи ҷудо кардани он аз хотири дарозмуддат ва гузарондан ба хотири фаврӣ рӯй медиҳад. Бахотироварӣ аз шинохтан фарқ мекунад, зеро шинохтан бешта ...

Бахтиёр (чашма)

БАХТИЁР, чашмаи минералӣ дар Помири Шарқӣ. Дар хамии Сассиқкӯл, дар баландии 4010 м аз с. б. воқеъ аст. Дебиташ 2.5 л/с ё дар як шабонарӯз 220 м3. Ҳарор. об 7.5°С. Дар таркибаш ҳидрокарбонати натрию калсий дорад; миқдори намакҳои минералӣ дар 1 л ...

Бахтиёриҳо

Бахтиёриҳо - мардуме аз гурӯҳҳои кӯчии лурзабони ҷануби ғарбии Эрон, ки акнун қисми бештарини онҳо дар нуқтаҳои айлоқӣ ва қишлоқӣ муқимӣ шудаанд. Шумораи умумии аҳолӣ дар ибтидои а. 21 бештар аз 1 млн нафар аст. Бахтиёриҳо дар майдони 7500 км2 ба ...

Бахтиёрнома

"БАХТИЁРНОМÁ", номи дигар "Роҳату-л-арвоҳ фӣ сурури-л-мифроҳ", аз осори насри бадеии адабиёти форс-тоҷик, ки дар охири садаи 12 – ибтидои садаи 13 Дақоиқии Марвазӣ ба шакли қисса андар қисса навиштааст. Гарчанде таълифи осор ба шакли қисса андар ...

Бахтиёрӣ (гӯшаи мусиқӣ)

"БАХТИЁРӢ", гӯшаи мусиқӣ дар таркиби дастгоҳ -и "Ҳумоюн" -и "Ҳафтдастгоҳ" -и эронӣ. "Бахтиёриҳо" байни гӯшаҳои "Чаковак" ва "Лайлию Маҷнун" омада, хушбахтӣ ва нишоту сурурро ифода мекунад. Оҳангаш муфарриҳ аст. Дар мусиқии классикии ҳозираи тоҷик ...

Бахшӣ

Бахшӣ -, 1) мардуми туркзабон, махсусан туркманҳо шахсеро мегӯянд, ки достонҳо, қиссаҳо, ҳикоятҳоро аз адабиёти хаттӣ ва аз адабиёти омиёна месароид ва ё баъзан ба наср ҳикоя мекард. Бахшиҳо аз асбобҳои мусиқӣ – дутор, дамбура, ғижак истифода меб ...

Баҳла

Асос - Боз. - Д.: СИЭМТ, 2013. - 664 с. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 2. - ISBN 978-99947-33-52-4.

Баҳман (достон)

БАҲМÁН персонажи достонҳои ҳамосӣ, афсонаву ривоятҳо ва "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ. Бо номи Ардашери Дароздаст низ ёд шудааст. Дар ин бора Манучеҳрии Домғонӣ мегӯяд: Шунидам ман, ки бар пой истода, Расидӣ то ба зону дасти Баҳман. Мувофиқи ривояти Фирд ...

Баҳманнома

"БАҲМАННОМÁ", достони ҳамосиест аз шумори асарҳои дар тақлид аз "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ нигошташуда дар баҳри мутақориби мусаммани маҳзуф мутааллиқ ба қалами Ҳаким Эроншоҳ ибни Абулхайр, ки тақр. дар охири садаи 11 – ибтидои садаи 12 таълиф шудааст ...

Баҳманча

БАҲМАНЧÁ, Баҳман, Баҳманҷаҳ, 1) яке аз сурудҳои маросимию мавсимӣ, ки Борбади Марвӣ барои маросиму ҷашнҳои шоҳони сосонӣ тасниф кардааст ва бо номи Баҳманҷана маъмул будааст. Бино бар тавсифи манобеи хаттӣ, Баҳманча ба қисми дуюми силсилаҳои шеър ...

Баҳогузорӣ

БАҲОГУЗОРӢ дар педагогика, натиҷаи назорати фаъолияти таълимӣ ва баҳодиҳӣ ба дониш, маҳорат, малака ва рафтори хонандагон. Баҳогузорӣ. ба фаъолияти талабагон дар муҳокимаю мулоҳиза ва хулосаҳои муаллим ифода меёбад, ки он дар шакли шифоҳӣ ва хатт ...

Баҳоия

БАҲОИÒ як шохаи бобия, ки муассисаш Мирзо Ҳусайналии Нурӣ мулаққаб ба Баҳоуллоҳ мебошад. Он дар садаи 19 аввал дар Ироқ ва баъдтар дар Эрон арзи вуҷуд намуд. Баҳоуллоҳ тақрибан дар 30-солагӣ бобияро пазируфта, худро яке аз муридони наздики Боб эъ ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →