ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 99

Абулвафои Бузҷонӣ

Абулвафои Бузҷонӣ яке аз шахсиятҳои машҳур дар илмҳои ҳандаса, ҳайат, риёзиёт маҳсуб ёфта, ба натиҷаҳое расидааст, ки пеш аз ӯ касе бар онҳо даст наёфта буд. Дар синни 19-солагӣ ба Бағдод меояд ва дере нагузашта дар соҳаи риёзиёт ва нуҷум машҳур ...

Абулваҷд

Аз зумраи шоирони Мовароуннаҳр аст. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар тазкирааш "Музаккир-ул-аҳбоб" АСРИ-ро чун марди фозил ва хуштабъ васф кардааст. Дар дарбори шоҳ Бобур ҳукмронӣ 1485 – 1530 хидмат намуда, ба обрӯю эътибори баланд ноил гашта буд. Аз осора ...

Абулия

Абули́я - беиродагии ранҷурона, заъфи ирода то тамоман гум шудани он, набудани майлу хоҳиш ба фаъолият. Абулия ҳам дар кӯдакон ва ҳам дар калонсолон пеш аз ҳама нишонаи давраи аввали бемории рӯҳӣ аст. Абулия ҳангоми баъзе бемориҳои рӯҳӣ психози с ...

Абулкаломи Озод

Абулкаломи Озод, Муҳйиддин Аҳмад Ибни Хай­руддини Деҳлавӣ - рӯзноманигори урдузабон, сабкшиноси порси­гӯй, мутафаккири исломӣ, муборизи роҳи озодӣ ва нахустин вазири омӯзишу парвариши Ҳинд дар замони Гондӣ, ки намунаи исломиро ба унвони сармашқи ...

Абулмаолии Исфаҳонӣ

Пас аз таҳсили улуми мутадовили давр дар синни камолот ба хидмати дарбори Салҷуқиён ворид гардид ва ба мартабаи вазирӣ расид. Марди закӣ, донишманд ва бофазлу адаб буд. Дар манбаъҳои адабӣ ва таърихӣ масоли, "Ҳабиб-ус-сияр" чун шоири бомаҳорате т ...

Абулмаолии Насруллоҳ

Дар дарбори Ғазнавиён муншӣ ва дабир буд. Дар охири умраш ба мансаби вазирии Хусрав Малик ҳукмронӣ 1160 - 86/87 расид. Аз ҷумлаи корҳои муфиди Абулмаолии Насруллоҳ тарҷумаи китоби "Калила ва Димна" аз арабӣ ба форсии тоҷикӣ мебошад. Вай тарҷумаи ...

Абулмасали Бухороӣ

Абулмасали Бухороӣ - шоири тоҷик. Ӯ аз ҳамасрону ҳамсӯҳбатони Абулмуайиди Балхӣ ва Сипеҳрии Бухороӣ будааст. Аз ашъори ӯ ҳамагӣ 20 байти пароканда боқӣ мондааст. Аз абёти парешони ӯ бармеояд, ки вай асосан дар навъҳои ғазал, қасида ва маснавӣ шеъ ...

Абулмуайиди Балхӣ

Абулмуайиди Балхӣ дар замони Абулқосим Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ ҳукмронӣ 976 – 997 зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар ҷавонӣ ба сӯҳбати Рӯдакӣ расидааст. Асари машҳури ӯ "Аҷоиб-ул-булдон" аст. Абулмуайиди Балхӣ ду асари дигар таълиф кардааст, ки яке "Ш ...

Абулмузаффар Барғашӣ

Абулмузаффар Барғашӣ Муҳаммад ибни Иброҳим - вазири дарбори Оли Сомон дар охири аҳди амир Нӯҳ ибни Мансур ва аввали салтанати амир Мансур ибни Нӯҳ.

Абулмузаффари Писанҷадӣ

Дар манбаъҳое, ки дар бораи ин шоир маълумот додаанд, масоли, "Лубоб-ул-албоб" -и Авфӣ, ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш наомадааст. Дар ҳамин манбаъ баробари тавсифи ӯ чун шоири моҳиру тавоно се қитъа 12 байт аз эҷоди ӯ оварда шудааст. Абулмузаффари Писа ...

Абулмузаффари Тоҳир

Аз хонадони Чағониён. Дар сарчашмаҳои адабӣ абёти пароканда, порчаҳои шеъри Абулмузаффари Тоҳир боқӣ мондаанд, ки аз ҷиҳати мавзӯъ, услуб, тарзи нигориш гувоҳи маҳорати баланди шоирии ӯ мебошанд. Дар ғазалиёт ва рубоиёташ ишқу муҳаббат, манзараҳо ...

Абулфаворис Бектузун

Бектузун Абулфаворис, мулаққаб ба "Синонуддавла" - сипаҳсолор, инчунин ҳоҷибсолор -и Хуросон дар охирҳои ҳокимияти Сомониён.

Абулфавориси Фанорӯзӣ

Дар Фанорӯз ном деҳе аз деҳоти атрофи Самарқанд ба дунё омадааст. Дар солҳои 950 – 951 Абулфавориси Фанорӯзӣ "Синдбоднома" -ро аз забони паҳлавӣ ба форсии дарӣ тоҷикӣ гардонд. Тарҷумаи Абулфавориси Фанорӯзӣ то замони мо нарасидааст. Насрнависи са ...

Абулфазл ибни Муборак

Падараш – Шайх Муборак аслан аз мардуми Яман буд. Абулфазл дар ҷавонӣ илмҳои маъмули замонашро мукаммал омӯхта, чанд муддат дар дарбори подшоҳи Ҳиндустон – Ҷалолуддин Акбар ҳукмронӣ 1542 – 1605 вазифаи дабириро иҷро кард. Дар дарбор кори ӯ равнақ ...

Абулфазл Суккарии Марвазӣ

Дар шаҳри Марв зиндагӣ ва эҷод мекард. Дар эҷодиёташ суннати корбасти зарбулмасалу мақолҳои форсии тоҷикиро дар шеъри арабизабон, ки шоири арабизабони эронинажод Солеҳ ибни Абдулқуддус вафот 783 оғоз карда буд, идома додааст. Дар ҳар як 30 байте, ...

Абулфазл Сулламии Марвазӣ

А. С. М. аслан Марвӣ буд ва дар шаҳрҳои Марв, Нишопур, Рай, Бағдод, Куфа, Макка, Миср ва Бухоро аз машоихи машҳури он рӯзгор таълим гирифта, баъдҳо машоих ва бузургони Хуросон назди ӯ дониш андӯхтанд. Чун Абулфазл дар фиқҳ устоди амири Сомонӣ – Н ...

Абулфазли Байҳақӣ

Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақӣ - муаррихи маъруфи форс-тоҷик, дабир ва раиси девони рисолати Ғазнавиён. Муаллифи Таърихи Байҳақӣ.

Абулфазли Миколӣ

Абулфазли Убайдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Алии Миколӣ - донишманд, адиб ва шоири араб, яке аз намояндагони Оли Микол.

Абулфазли Усмон

Аслаш аз Ҳирот. Дар Нишопур низ зиндагӣ кардааст. Тазкиранигор Муҳаммад Авфӣ бо ӯ мулоқот кардааст ва вайро дар силки шоирони Хуросони аҳди салҷуқии баъди замони султон Санҷар ҳукмронӣ 1118 – 1158 меорад. Авфӣ дар бораи Абулфазли Усмон мегӯяд: "А ...

Абулфайзхон

Дар даври АСРИ низоъҳои байни хешутаборӣ мамлакатро ба таназзули амиқи сиёсиву иқтисодӣ оварда расонд. Дар натиҷаи юриши қӯшунҳои Нодиршоҳ ба Мовароуннаҳр 1747 Абулфайзхон аз тахт сарнагун шуд ва қатл гардид. Дар бораи Абулфайзхон Фитрат номи асл ...

Абулфараҷ

Дар адабиёти араб бо номи Ибн ал-Ибрӣ машҳур аст. Маълумоти ибтидоиро дар оила гирифта, сипас дар Антокия ва Троблус илмҳои тиб ва хитоба риторика-ро омӯхтааст. Забонҳои форсӣ, ибрӣ, арманӣ, арабӣ ва ғайраро хуб медонист. Асарҳои бисёре тақрибан ...

Абулфараҷи Исфаҳонӣ

Абулфараҷи Исфаҳонӣ илмҳои замонашро дар зодгоҳаш омӯхта, муддате дар Бағдоду Ҳалаб чун надими дарбор хизмат кардааст. Дар илмҳои ситорашиносӣ, мусиқӣ, таърихнигорӣ, адабиёт истеъдоди баланд доштааст. Абулфараҷи Исфаҳонӣ муддати зиёд ба кишварҳои ...

Абулфараҷи Сигзӣ

Дар Систон, дар боргоҳи Симҷуриён, ки аз ҷониби Сомониён ҳукумат доштанд, зиндагӣ ва эҷод кардааст. Абулфараҷи Сигзӣ дар мадҳи ҳокими Симҷуриён – Абуалии Симҷур вафот 997 қасидаҳо навишта, Султон Маҳмуди Ғазнавиро ҳаҷв кардааст. Маҳмуди Ғазнавӣ А ...

Абулфатҳ

Муаллифи луғати географии "Китоб-ул-амкина ва-л-миёҳ ва-л-ҷибол ва-л-осор ва наҳваҳа-л-мазкура фӣ-л-ахбор ва-л-ашъор". Дар китоб шарҳи номи қариб 3000 мамлакату вилоят, шаҳру қасаба, баҳру дарё, дашту кӯҳ, қалъаву работ ва ғайра мувофиқи қоидаи қ ...

Абулфатҳ Пиндори Розӣ

Оид ба давраи наврасӣ ва таҳсилоташ дар сарчашмаҳои адабӣ маълумот дарҷ нагардидааст. Абулфатҳ дар дарбори Маҷдуддавлаи Дайламӣ ҳукмронӣ 997 – 1029 хидмат мекард. Ба забонҳои форсии дарӣ, арабӣ ва лаҳҷаи табаристонӣ дар баъзе сарчашмаҳо дайламӣ, ...

Абулфатҳи Бустӣ

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабӣ Абулфатҳи Бустӣ дар зодгоҳаш илмҳои расмии даврашро омӯхта, дар синни камолот чун шоир ва донишманд дар байни аҳли илму адаби замонаш шӯҳратманд гардидааст.

Абулфатҳи Сиҷзӣ

Абулфатҳи Сиҷзӣ аз шарҳи ҳоли худ хабар дода, мегӯяд: "Ман, ки Абулфатҳи Сиҷзиам, дар шатранҷ дасти тамом доштам ва аз он вақт, ки 15-сола будам, то кунун дар муддати 50 сол дар Хуросон, Ироқ, Ғазнин ва Ҳиндустон бигаштам ва ҳеҷ кас надидам, ки д ...

Абулфидо Исмоил

Асарҳои машҳуру маъмултарини Абдулфидо инҳоанд 1) "Ал-мухтасар фӣ таърих-ил-башар". Ин асар ҳодисаҳо, рӯйдодҳо ва воқеаҳои то соли 1329-ро, ки аксаран аз қисмҳои кӯтоҳкардашудаи китоби таърихии Ибни Асир – "Ал-Комил фӣ-т-таърих" гирифта шудаанд, ...

Абулфутӯҳи Розӣ

Абулфутӯҳи Розӣ Ҳусайн ибни Аҳмади Нишопурӣ мулаққаб ба Ҷамолуддин - яке аз намояндагони машҳури фалсафаи калом ва муфассири машҳури садаи X.

Абулхайр Махдуми Ҳофиз

Дар оилаи донишманд, шоир ва ҳунарманд ба дунё омада, асосҳои илми мусиқиро аз падар, санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аз ҳунарварони зодгоҳаш омӯхтааст. Абулхайр аслан риёзидон буда, овози басо фораму хуб дошт. Махсусан, мақомҳоро моҳирона иҷ ...

Абулхайрхон

Давлати пурҳашамати ҳудудаш аз Сибири Ғарбӣ то Сирдарёро таъсис дода, дар он қабилаҳои кӯчманчии қипчоқу ӯзбек ва ғайра-ро муттаҳид намуд ва яке аз асосгузорони давлати феодалӣ гардид. Соли 1446 чандин шаҳру қалъаҳои гирду атрофи Сирдарёро забт к ...

Абулъалои Ганҷавӣ

Пас аз таҳсили улум ва расидан ба синни камолот ба хидмати намояндаи сулолаи Шервоншоҳиён Манучеҳр 1120 – 1150 омад ва чун сардафтари шоирони муҳити адабии Шервон унвони маликушшуарроро соҳиб гашт. Инчунин тазкиранависон аз ӯ чун устоди Хоқонии Ш ...

Абулъалои Мааррӣ

Дар 4-солагӣ бар асари бемории обила нобино шуд. Аз 11-солагӣ ба шеър гуфтан оғоз кард. Дар назди падараш ва донишмандони диг. он замон илмҳои наҳву луғат, фиқҳ, таърих, фалсафа, калом, адёни ҷаҳон, ҳисобу нуҷум ва фирқаҳои исломиро омӯхт. Дар 15 ...

Абулъалои Шуштарӣ

Ҷузъиёти зиндагиномааш маълум нест. Шоирону адибони асрҳои 11 – 12 аз ӯ чун шоири забардасту тавоно ёд кардаанд. Масалан, Манучеҳрӣ Абулъалои Шутариро дар як шеъраш аз ҷумлаи шоирони забардасти аҳди Сомониён ном бурдааст. Абулъалои Шутарӣ яке аз ...

Абулғозихон

Дар Урганҷ ба дунё омада, дар ҳамон ҷо умр ба сар бурдааст. Соли 1645 аз тарафи ӯзбекони Арал хон интихоб гашта, баъди муборизаҳои бисёри дохилӣ хони Хева гардид. Барои мустаҳкам намудани ҳокимияти худ бо туркманҳову қалмоқҳо ва хонигарии Бухоро ...

Абулқосим

Падараш Мавлоно Дарвеш Ҳусайнӣ табиби хосаи Алишери Навоӣ буд. Мувофиқи маълумоти "Музаккир-ул-аҳбоб" -и Нисорӣ Абулқосим ҷузъиёти илми тиб ва дигар илмҳои расмии даврашро аз худ карда буд. Баробари ин Абулқосим дар шоирӣ даст дошта, дар навъҳои ...

Абулқосим Бобур

Абулқосим Бобур, - ҳокими Хуросон, аз сулолаи Темуриён, писари Бойсунқур, набераи Шоҳрух, бародари хурдии Улуғбек.

Абулқосим Касир

Абулқосим Касир - дабир ва вазири султон Масъуди Ғазнавӣ. Насаб аз аъён ва ашрофи Хуросон дошт. Ҷадди бузургаш ба исми Касир дар хидмати Абулҳасани Симҷурӣ ва раҳбари қабоиле буд. Амирони сомонӣ борҳо саъй карданд, то ӯро мустақиман ба хидматашон ...

Абулқосими Балхӣ

Дар Балх таваллуд ёфта, таҳсилоти ибтидоиро низ дар он ҷо гирифтааст. Дар калом ба эътизолу эътиқод ва муътазилӣ низ машҳур буд. Котиби Муҳаммад ибни Зайд ба шумор мерафтааст. Муддати тӯлонӣ дар Бағдод иқомат гузида, дониши худро такмил дод. Бо ф ...

Абулқосими Диноварӣ

Аз зодгоҳаш Диновар шаҳре дар Эрон солҳои 80 садаи X ба Бухоро омад ва зиндагиву фаъолияташ дар ҳамин ҷо идома ёфтааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабию таърихӣ масоли, "Ятимат-уд-даҳр" -и Саолибӣ Абулқосими Диноварӣ яке аз шуаро ва котибону ...

Абулқосими Қумӣ

Пас аз таҳсили улуми давр дар Ироқ ба Қум баргашт ва дар ин ҷо зиндагиву эҷод мекард. Ба ду забон – форсиву арабӣ оид ба фиқҳ, калом, ҳикмат, маонӣ ва ғ. асарҳои бисёри манзуму мансур эҷод кардааст. Яке аз асарҳои манзумаш – "Саволу ҷавоби Мирзои ...

Абулҳавл

Абулҳавл, Сфинкс - ҳайкали бузурги махлуқи хаёлӣ, ки танааш ба шер ва сараш ба сари одам ё ҳайвони муқаддас монанд тасвир ёфтааст. Яке аз бузургтарин Абулҳавлҳо дар Ҷиза наздикии аҳроми Хефрен воқеъ аст, ки бараш 17 м ва баландиаш 38 м мебошад;

Абулҳайсами Гургонӣ

Абулҳайсами Гургонӣ дар овони ҷавонӣ ба омӯхтани илму ҳикмати замони худ таваҷҷӯҳи зиёд дошта, шеърро некӯ месурудааст. Носири Хусрав дар асари худ "Ҷомеъ-ул-ҳикматайн" ӯро ба некӣ ёд кардааст. Аз ашъори ӯ як қасида пайдо гардидааст, ки ақидаҳои ...

Абулҳасан Алии Воҳидӣ

Воҳидӣ Абулҳасан Алӣ ибни Аҳмади Маттавӣ ;? - 1076, Нишопур) - забоншинос, муҳаддис, фақеҳ ва муфассири Қуръон. Дар риштаҳои тафсир, сира, наҳву сарф ва ғ. осори зиёди илмӣ таълиф намудааст. Дар маъхазҳои библиографӣ аз тафсирҳои сегонаи Воҳидӣ " ...

Абулҳасан Алӣ ат-Табарӣ

Ӯ аз Табаристон ба Раӣ Эрон кӯчида, дар он ҷо нахустин муаллими ар-Розӣ шуд. Ат-Табарӣ соли 850 доир ба тиб асари калони "Фирдавс ул-Ҳикмат" -ро таълиф кард, ки он аз 7 фасли зерин иборат аст: дар бораи унсурҳо ва тағӣирёбии онҳо, дар бораи рӯзго ...

Абулҳасан Аҳмад

Мувофиқи маълумоти Саолибӣ "Ятимат-уд-даҳр" дар назди сипаҳсолор Фоиқ ал-Хосса вафот 999 чун дабир хидмат мекард ва шеър ҳам мегуфт. Аз манбаъҳо 32 байти ӯ дастрас гардидааст қасида дар мадҳи вазири Сомониён Абунасри Абузайд мақтул дар соли 997; ...

Абулҳасан ибни Марзбон

Абулҳасан ибни Марзбон аз оилаи ашрофзода будааст ва aслан зардуштӣ буда, баъд ба дини ислом гароидааст. Оид ба давраҳои ҷавонӣ, таҳсили илм ва камолоти ӯ маълумоти кофӣ вуҷуд надорад. ва дар ақоиду ороаш ба таълимоти фалсафии Арасту, навафлотуни ...

Абулҳасан Нодируззамони Ҷаҳонгирӣ

Писари мусаввир Оқо Ризо, ки аз Эрон ба Ҳиндустон кӯчидааст. ӯ ҳунари хушнависӣ ва мусаввириро аз падараш омӯхта, дар синни 17-солагиаш чун мусаввиру хаттот шӯҳрат ёфтааст. Хати настаълиқро зебо менавишт. Яке аз мусаввирон ва муқаррабони шоҳ Ҷаҳо ...

Абулҳасани Лукарӣ

Ҳаёт ва фаъолияти шоирии ӯ, асосан, дар Лукар яке аз шаҳрҳои наздики Марв гузаштааст. ӯ дар чангнавозӣ маҳорати хуб доштааст. Шоҳи сомонӣ Нӯҳ ибни Мансур ва вазири ӯ Убайдуллоҳ ибни Аҳмадро мадҳ кардааст. Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар "Лубоб-ул-албо ...

Абулҳасани Меъмор

Дар Хуросон таваллуд ва камол ёфтааст. Аз осори меъмории Абулҳасани Меъмор бинои Работи Шараф Хуросон, 1171 боқист. Ин работ аз ҷумлаи биноҳои бисёр зебои он замон буда, дар сохтмонаш меъмор Алӣ ибни Муҳаммади Сарахсӣ низ иштирок кардааст.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →