ⓘ Китобшиносӣ, библиогра́фия - соҳаи фаъолияти илмӣ ва амалӣ, илми шинохти китоб аз лиҳози шакли моддӣ ва сохтори матну ихтилофоти мавҷуд дар чопҳову таҳрирҳо ва ..

Таърих

Таърих - илм дар бораи сабти фаъолияти инсон, ҷамъият ва сивилизатсия мебошад. Таърих - илмест, ки маҷмӯи воқеа ва ҳодисаҳои дар ҳаёти инсоният рӯйдодаро меомӯзад. Таърих пажӯҳиш дар рухдодҳо ва корҳои инсон дар гузашта аст. Ҳарчанд ғолибан ин риштаи мутолиотеро дар зергурӯҳҳи аз улуми инсонӣ ё улуми иҷтимоӣ қарор додаанд, бо инҳол метавон онро ба унвони пуле байни ин ду шохаи таллақӣ кард; зеро равишҳои мутолиоти мухталифи он аз ҳар ду шоха вом гирифта шудаанд. Таърих ба унвони як риштаи мутолиотӣ дорои шохаҳо ва гироишҳои ҷанбӣ зиёде аст, ки аз он миён метавон ба таърихшуморӣ, таърихниго ...

Дарвоз

Дарвоз - яке аз бахшҳои таърихии Тоҷикзамин аст ки сарзаминаш ҳамакнун миёни ноҳияҳои Тавилдара, Дарвозу Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вулусволиҳои панҷгонаи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон, аз ҷумла Хвоҳон, Кӯфоб, Шикай ва Нусай ва Моймай тақсим шудааст.

Китобхонаи Бритониё

Китобхонаи Бритониё - китобхонаи миллии Британияи Кабир. Дуюмин китобхонаи калонтарин дар ҷаҳон, пас аз Китобхонаи Конгресс.

Китобхонаи Британиё

Китобхонаи Бритониё - китобхонаи миллии Бритониёи Кабир. Қонун дар бораи таъсиси он тавассути муттаҳид кардани китобхонаи Осорхонаи Бритониё ва як қатор маҷмӯаҳое, ки аҳамияти камтар дорад, соли 1972 аз ҷониби Парлумон қабул карда шуд; Бинои нави китобхона дар Лондон 1 июли соли 1973 ифтитоҳ ёфт. Дуюмин китобхонаи калонтарин дар ҷаҳон пас аз Китобхонаи Конгресс ИМА, Вашингтон.

                                     

ⓘ Китобшиносӣ

Китобшиносӣ, библиогра́фия - соҳаи фаъолияти илмӣ ва амалӣ, илми шинохти китоб аз лиҳози шакли моддӣ ва сохтори матну ихтилофоти мавҷуд дар чопҳову таҳрирҳо ва нусхаҳои он.

                                     

1. Вазифаҳои асосӣ

Вазифаи асосии китобшиноси додани маълумот доир ба асарҳои чопӣ ва барои мақсади муайяни иҷтимоӣ тарғиб намудани онҳост. Илме, ки таърих ва назарияи китобшиноси, ташкили фаъолият ва усули китобшиносиро меомӯзад, библиографияшиносӣ ном дорад. Он усули мураттаб сохтан ва омӯхтани феҳрист, рӯйхат ва тавсифи асарҳои чопиро таҳия менамояд, мазмуни асарҳоро кушода, ба онҳо баҳо медиҳад ва ғ. Феҳрист ва рӯйхати мазкур низ китобшиноси ном дорад.

                                     

2. Таърих

Асосгузори китобшиноси олими юнонӣ Каллимах тақр. солҳои 310 - 240 пеш аз м. мебошад. Асари библиографии ӯ "Ҷадвалҳои кулли риштаҳои дар маърифат шуҳратдор ва осори онҳо" аз 120 ҷилд иборат аст. Китобшиносӣ аз ҷиҳати вазифа - ахборӣ, танқидӣ ва тавсиявӣ, аз ҷиҳати мазмун ва навъи асар - умумӣ, махсус, тарҷумаиҳолӣ, кишваршиносӣ, аз ҷиҳати замони нашри асарҳо - ҷорӣ ва тарҷеҳӣ, аз ҷиҳати ҷойи нашри асарҳо - давлатӣ, маҳаллӣ ё кишварӣ мешавад.

                                     

2.1. Таърих Китобшиносии тоинқилобии тоҷик

Гузаштагони мо баробари мероси бойи илмию адабӣ дастурҳои хеле муҳимми библиографӣ низ боқӣ гузоштаанд, ки дар китобхонаҳои Бухоро, Самарқанд, Марв ва ғ. маҳфузанд. Феҳристи китобхонаи Сомониён то давраи мо нарасида бошад ҳам, ба вуҷудияти воситаҳои муайяни китобшиносии замонаш шаҳодат медиҳад. Рӯйхати дар "Рисолаи саргузашт" овардаи асарҳои Ибни Сино то охири садаи XIX аз номгӯи нисбатан мукаммали осори олим ба шумор меравад. Намунаи дастурҳои библиографии асарҳои дигар ҳам кам нестанд. Махсусан нишондиҳандаҳои библиографии "ал-Феҳрист" -и Ибни Надим, библиографияи шарҳиҳолии "Феҳристи асарҳои Розӣ" -и Абурайҳони Берунӣ, "Рисолаи саргузашт" -и Ибни Сино, "Иршоду-л-ариб илал маърифат-ил-адиб" -и Ёқути Ҳамавӣ, "Уюну-л-анбо фӣ табақот-ил-аттибо" -и Ибни Абуусайбиа, "Китобу-л-ансоб" -и Муҳаммад ибни Мансур Самъонии Марвазӣ, "Таттимату сивону-л-ҳикма" -и Заҳириддин Абулҳасани Байҳақӣ ҳамааш садаи XII, "Таъриху-л-ҳукамо" -и Ибни Қифтӣ, "Вафоёту-л-аъён ва анбаъ-уз-замон" -и Ибни Халикон, "Қомусу-л-аълом" -и Шарафуддини Сомӣ ҳамааш садаи XIII, "Фаслу-л-китоб" -и Муҳаммади Порсо асри 14, "Тароиқу-л-ҳақоиқ" -и Маъсуми Шерозӣ, "Шаҷарот-уз-заҳаб" -и Абдулфаттоҳи Ҳанбалӣ, "Лисону-л-мизон" -и Шаҳобуддини Асқалонӣ, "Нузҳату-л-арвоҳ" -и Муҳаммади Шаҳрзурӣ, "Бӯгиёҳ" -и Ҷалолиддини Суютӣ ҳамааш садаи XVI, "Номаи донишварон", "Ҷавоҳиру-л-музия" -и Муҳиддин ибни Абдулвафо, "Кашф-уз-зунун ан асоми-ил-кутуб ва-л-фунун" -и Ҳоҷӣ Халифа садаҳои 17-18, "Миръоту-л-кутуб" -и Муҳаммади Табрезӣ 1901 ва ғ. ба арабӣ эҷод шуда бошанд ҳам, дар рушди Б-и тоҷик нақши муҳим бозидаанд. Қисме аз онҳо дар феҳристи дастнависҳои форсӣ-тоҷикӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд.



                                     

2.2. Таърих Китобшиносии давраи шӯравии тоҷик

Тартиб додани китобшиноси ба маънои том баъди Инқилоби Октябр вусъат ёфт. Нахустин дастури библиографӣ феҳристи маъхазҳои асосӣ буд, ки устод С. Айнӣ дар охири "Намунаҳои адабиёти тоҷик" овардааст. Соли 1931 Нашриёти давлатии Тоҷикистон аввалин феҳристи худро иборат аз 425 номгӯй китоб ба забони тоҷикӣ ба табъ расонд. Соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ ташкил ёфт аз соли 1991 Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ, ки ба рушди китобшиносии тоҷик мусоидат намуд. Таъсиси Агентии давлатии Хонаи китоби Тоҷикистон 1936 дар Тоҷикистон ба китобшиносии давлатӣ асос гузошт. Дар солҳои 1950-70 Б-и тоҷик хеле рушд кард. Як қатор дастурҳои мукаммали китобшиносии умумӣ- "Каталоги китобҳои ҶШС Тоҷикистон, 1926-56" 1960, "Китобҳои Тоҷикистони советӣ, 1951-61" 1963, "Китобҳои Тоҷикистони советӣ, 1962-66" 1967 ва соҳавӣ: "Мирзо Турсунзода" 1953, "Мирсаид Миршакар" 1960, "Феҳристи асарҳои С. Айнӣ ва адабиёти оид ба ӯ то охири соли 1961" 1963, "Каталоги дастнависҳои шарқии АФ ҶШС Тоҷикистон" ҷ-ҳои 1-3, 1960-68 ва ғ. таҳияву чоп шудаанд.

                                     

2.3. Таърих Китобшиносии давраи истиқлоли тоҷик

Дар даврони соҳибистиқлолии ҶТ китобшиносии тоҷик рушду такомул ёфт. Библиографони тоҷик самтҳои гуногуни китобшиносиро таҳқиқ намуда, асарҳои зиёди илмию назариявӣ офаридаанд. Пайдоиши рисолаю дастурҳои таълимии "Библиографияи адабии тоҷик", "Садриддин Айнӣ аз дидгоҳи библиографияи адабӣ", "Абуалӣ Сино ва библиография тоҷик" Р. Шарофзода, "Масъалаҳои мубрами библиографияи ҷомеъашиносӣ" А. Раҳимов, "Библиографияи адабиёти кӯдакон ва наврасон" ШАҲРИ Тошев, "Библиографияи миниатюраҳои форсӣ-тоҷикӣ: ҷанбаъҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва назариявӣ-услубӣ" С. Муҳиддинов, "Таърихи библиографияи адабиёти кишоварзӣ", "Библиография дар аҳди Сомониён", "Пайдоиши ахбори библиографӣ дар фаъолияти китобхонаҳо" Қ. Бӯриев ва ғ. дар самти инкишофи китобшиносии миллӣ нақши муҳим бозидаанд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи илмии АИ ҶТ ба номи Индира Гандӣ, Китобхонаи такягоҳи илмии кишоварзии ДАТ ва диг. муассисаҳо дар пешбурди китобшиносии тоҷик ҳиссаи калон мегузоранд.

                                     

3. Адабиёт

  • Баъзе масъалаҳои китобшиносии тоҷик// Маҷм. мақолаҳо. Д., 1973;
  • Вопросы развития таджикской национальной библиографии материалы республиканской научно-теоретической конференции. Д., 1973


                                     

4. Сарчашма

  • Библиография / Р. Шарифзода, Қ. Бӯриев // Асос - Боз. - Д.: СИЭМТ, 2013. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 2. - ISBN 978-99947-33-52-4.
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →