ⓘ Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлат, сулҳу субот дар к ..

Сарҳангёр

Сарҳангёр - дараҷае сардорӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз сарҳанг ва болотар аз саргурд мебошад; подполковник. Сарҳангёр дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати муъовини фармондеҳи ҳанг ё фармондеҳии гурдон ро дорад.

Саргурӯҳбон

Саргурӯҳбон - дараҷае сарбозӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз размовар ва болотар аз гурӯҳбон мебошад; старшина. Саргурӯҳбон дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии гурӯҳ ро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду рада 6 - 12 сарбоз ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст; отделение.

Сарвашт

Сарвашт - дараҷае афсарӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз саргурд ва болотар аз таҳмбон мебошад; капитан. Сарвашт дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии вашт ро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду ё бештар таҳм ташкил шуда ва бахше аз гурдон ё ягоне ҷудогона аст; гурӯҳон, рота.

Гурӯҳ

"Гурӯҳ" форсӣ: گروه ‎ > порсии миёна: grōh > эронии бостон: *vi-rauda- ба маънии "дастае аз сипоҳиён, лашкариён, ҷанговарон" дар "Шоҳнома" бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта: Ин вожаро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии Артиш ҳамчун истилоҳи низомӣ барои номидани бахше аз даста тасвиб кардааст. Ҳамзамон истилоҳи "гурӯҳбон" форсӣ: "گروهبان" ‎ низ бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинӣ ба маънои "фармондеҳи гурӯҳ" тасвиб шуд. "Гурӯҳбон" ҳамакнун яке аз дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва баробар бо "сержанти калон" дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикист ...

Сипаҳсолор

Сипаҳсолор - дараҷае солорӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки поинтар аз артишсолор ва болотар аз лашкарсолор аст; генерал-полковник. Сипаҳсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати вазорати дифоъ, умури дохилӣ, амният, сардори ситод ё фармондеҳии сипоҳ ро дорад, ки ягоне амалиётӣ-тактикӣ аст, ки аз ду – се лашкар ташкил мешавад ва ё ороише аз ягонҳо барои иҷрои амалиёти размӣ аст; корпус.

Размовар

Размовар - дараҷае низомӣ ва симате афсарёрӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз размсоз ва болотар аз саргурӯҳбон мебошад; прапоршик.

                                     

ⓘ Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлат, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он, таҳкими иқтидори мудофиавии давлат, мустаҳкам кардани тартибу интизом дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст.

                                     

1. Таъсис

Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № ФП-4 аз 4 январи 1992 таъсис ёфта буд. 30 сентябри 1992 Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фармони Президенти Тоҷикистон аз 17 сентябри 1992, № ФП-188 "Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа" таҳти № 363 қарор қабул кард. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни 1993 таҳти № 296–13 қароре ба тасвиб расонда, сохтор ва тарҳи В ро муайян ва сохтори Дастгоҳи марказии Вазоратро тасдиқ кард. Дар рафти бунёди нахустин раёсатҳову қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори мазкур ба миён омад. Ин буд, ки Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 августи 1994 ин масъаларо аз сари нав баррасӣ намуда, сохтор ва тарҳи Вазоратро бо дарназардошти вазъу шароити муосир бо Қарори № 440–9 тасдиқ кард. Тибқи санади мазкур сохтори Дастгоҳи марказии В. ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муайян карда шуд.

                                     

2. Сохтор

Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад:

  • Қӯшунҳои хушкигард;
  • Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ.
  • Қӯшунҳои зудамал;

Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.

Сохтори Вазорат

  • Литсеи ҳарбии ба номи генерал-майор М. Д. Тошмуҳаммадов фаъолият доранд
  • Клуби марказии варзишии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Дар ҳайати Вазорат инчунин Осорхонаи "Шуҳрати ҷангӣ"
  • Роҳбарият
  • Раёсати қӯшунҳои муҳандисӣ
  • Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Раёсати кадрҳо ва маълумоти ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Раёсати корҳои тарбиявӣ
  • Раёсати корҳо
  • Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ
  • Газетаи "Ҳомии Ватан"
  • Раёсати молия ва буҷет
  • Раёсати ҳамкориҳои ҳарбӣ – байналхалқӣ
  • Раёсати ҳарбии тиббӣ
  • Қисми истифодабарии манзил
  • Шуъбаи сохтмони асосӣ
  • Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон ба номи С. Сафаров
  • Раёсати ақибгоҳ, Раёсати бозрасии ҳарбӣ
                                     

3. Роҳбарон

  • Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ - муовини якуми вазири мудофиа генерал-майор Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим;
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор Латифзода Асрор Қурбон;
  • Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо;
  • Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон- генерал-майор Саидзода Бобоҷон Абдуқодир;
  • Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - генерал-майор Сафарализода Раҳмонали Давлат;
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор Ғуломзода Абдулҳошим Даврон;
  • Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - генерал-майор Раҳматзода Мирали Сайфулло.
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ - сардори Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ генерал-майор Маҳмадзода Сӯҳроб Талбак;


                                     

4. Сарчашма

  • Боз - Вичкут. - Д.: СИЭМТ, 2014. - 676 с. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 3. - ISBN 978-99947-33-46-0.
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →