ⓘ Гурзпартоӣ - як навъи варзиши сабук, ки аз партофтани асбоби махсуси варзишӣ – гурз ба масофаи дур иборат аст. Гурзпартоӣ аз варзишгар қувва ва мутобиқати ҳарак ..

26 май

Гайана, Рӯзи истиқлол. Лаҳистон, Рӯзи модарон. Тоҷикистон, Рӯзи адвокатҳо Дания, Рӯзи таваллуди Валиаҳд Фредерик. Арманистон, Рӯзи ғалаба дар ҷанги Сардарапат. Гурҷистон, Рӯзи истиқлол. Русия, Рӯзи соҳибкорони рус.

Бозиҳои олимпӣ

Бозиҳои олимпӣ - калонтарин маҷмӯи мусобиқаҳои байналмилалии замони ҳози­ра. Асосгузори Бозиҳои олимпии муосир – шаҳр­ван­ди Фаронса Барон Пйер де Кубертен мебошад. Шарт, қоида ва низомномаҳои Бозиҳои олимпиро конгресси байналмилалии соли 1894 шаҳри Порис, ки дар он намояндагони 34 кишвар шир­кат доштанд, муайян кардааст. Мақоми роҳбари­кунандаи Бозиҳои олимпии муосир Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад. Нахустин Бозиҳои олимпии муосир соли 1896 дар шаҳри Афина баргузор гардид. Аз соли 1924 то имрӯз Бозиҳои олимпии зимистона низ баргузор мегарданд. Бозиҳои олимпии VI, XII ва XIII аз сабаб ...

                                     

ⓘ Гурзпартоӣ

Гурзпартоӣ - як навъи варзиши сабук, ки аз партофтани асбоби махсуси варзишӣ – гурз ба масофаи дур иборат аст. Гурзпартоӣ аз варзишгар қувва ва мутобиқати ҳаракатро тақозо менамояд. Гурзпартоӣ тобистон дар варзишгоҳҳои кушод бар­гузор мегардад. Гурзпартоӣ ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил карда шудааст.

                                     

1. Қоида

Гурз гулӯлаи филиззиест, ки ба он занҷири пӯ­ло­дии дастакдор насб карда шудааст. Дарозиаш барои мардҳо – 177–121.5 см, барои занҳо – 116–119.5 см, вазнаш 4 кг. Варзишгар ҳангоми партофтани гурз дар давраи қут­раш 2.135 м қарор гирифта, аз дастаи гурз бо ду дасташ маҳкам дошта, баъди як-ду чархиш онро ҳаво медиҳад. Барои он ки партоби ӯ ба ҳисоб гирифта шавад, вай бояд то ба замин бархӯрдани гурз давраро тарк накунад ва танҳо аз қисмати ақиби давра берун равад. Илова бар ин, гурз бояд ба ҳудуди бо тӯр иҳоташуда афтад. Масофаи партоби гурз аз беруни давра то ҷои афтодани он ҳисоб карда мешавад. Агар дар вақти партоби гурз пои варзишгар берун аз давра гузошта шавад, натиҷаи он беэътибор дониста мешавад. Барои амнияти варзишгарони дигар навъҳои мусобиқа ва тамошобинон кунҷи партоби гурз аз оғоз то имрӯз се бор тағйир дода шудааст; солҳои 1900–60 – 900, аз соли 1960 – 600, имрӯз – 350. Аз ин сабаб гурзпартоӣ аксар вақтҳо дар оғози барномаи варзиши сабук ё дар варзишгоҳи дигар доир мегардад.

                                     

2. Таърих

Гурзпартоӣ ҳамчун навъи варзиши сабук дар Шотландия ва Ирландия пайдо шудааст. Нахустин мусобиқаҳои гурзпартоӣ соли 1866 дар Англия баргузор гардидаанд. Аввалин рекорди гурзпартоии он замон 22 м 50 см буд. Қоидаҳои имрӯзаи гурзпартоӣ соли 1877 дар Англия муқаррар карда шудаанд. Дар рушди маҳорат ва шуҳрати гурзпартоӣ саҳми варзишгари ирландӣ Флэнэген, ки соли 1896 ба ИМА муҳоҷир шуда буд, бузург аст. Ӯ се бор 1900, 1904, 1908 чемпиони Бозиҳои олимпӣ шуда, 14 бор рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон, аз солҳои 1950 дар ин навъи варзиш варзишгарони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Маҷористон пешсаф буданд. Солҳои 1976–88 варзишгари машҳури рус Юрий Седих дар Бозиҳои олимпӣ соҳиби 2 медали тило ва 1 медали нуқра гардид. Ӯ 30 августи 1986 дар Штутгарт гурзро ба масофаи 86 м 74 см партофт, ки то имрӯз баландтарин рекорди ҷаҳонӣ дар гурзпартоӣ мебошад. Имрӯз байни мардон дар гурзпартоӣ варзишгарони Белоруссия, Лаҳистон, Ҷопон ва Словения пешсаф мебошанд. Гурзпартоӣ аз солҳои 1990 дар байни занҳо маъмул гашта, аз соли 2000 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил карда шуд. Имрӯз дар гурзпартоӣ байни занҳо варзишгарони Руссия, Куба, Олмон ва Хитой пешсафанд.

                                     

3. Гурзпартоӣ дар Тоҷикистон

Варзишгари тоҷик Андрей Абдувалиев дар гурзпартоӣ чемпиони Бозиҳои олимпӣ Барселона, 1992 ва ду карат чемпиони ҷаҳон шудааст. Варзишгари дигари тоҷик Дилшод Назаров солҳои 2006, 2010, 2014 дар мусобиқаҳои Бозиҳои Осиё ғолиб омада, сазовори медалҳои тило гардидааст.

                                     

4. Пайвандҳо

  • Hammer Throw History
  • IAAF list of hammer-throw records in XML
  • HammerThrow.eu
  • Statistics
  • Hammer Throw Records
  • HammerThrow.org Information about the event, coaching tips and resources.
                                     

5. Сарчашма

  • Вичлас - Гӯянда. - Д.: СИЭМТ, 2015. - 660 с. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 4. - ISBN 978-99947-33-77-4.
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →