ⓘ Ҳодӣ Кенҷаев - лейтенанти хурди Артиши Шӯравӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ. ..

                                     

ⓘ Ҳодӣ Кенҷаев

Ҳодӣ Кенҷаев - лейтенанти хурди Артиши Шӯравӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.

                                     

1. Зиндагинома

Кенҷаев Ҳодӣ Исобоевич 7 ноябри соли 1914 дар деҳоти "Қистакӯз" ҳозира "Хистеварз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аз соли 1938 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат намуда, соли 1939 мактаби командирони хурдро хатм намуда, рутбаи командири хурди расчёти артиллериро гирифтааст. 23 сентябри соли 1943 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ миёни тоҷикон Ҳодӣ Кенҷаев аз аввалинҳо буд, ки бо унвони олӣ - Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардонида шуд.

Ӯ дар баробари иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ будан, дар ҷанги зидди Япония низ ширкат намудааст. Баъди ҷанг дар вазифаҳои роҳбарии партиявию давлатӣ кор кардааст.

Солҳои 1946 - 1948 номбурда дар Мактаби партиявии назди КМ ПК Тоҷикистон таҳсил карда, аз соли 1961 раиси Шӯрои деҳоти "Қистакӯз" -и ноҳияи онвақтаи Хуҷанд буд. Як муддат ба ҳайси инспектори Комиссариати халқии маориф, мудири қисми илмии Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият намудааст.

Солҳои 1946 - 1962 депутати Шӯрои Олии СССР буд. Аз соли 1963 то соли 1990 депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст. Солҳои 1967 −1975 дар вазифаи муовини Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон кор карда, аз соли 1965 то соли 1985 узви Пленуми Кумитаи собиқадорони ҷанги умумииттифоқӣ, солҳои 1968 - 1985 узви раёсати Ҷамъияти дӯстии Иттиҳоди Шӯравӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ буд.

                                     

2. Муҳорибаи Курск

Сержанти калон Ҳодӣ Кенҷаев аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамроҳ бо дигар тоҷикписарон дар муҳорибаҳо мардонагиву ҷасорат нишон додааст. Моҳи июли соли 1943 дар муҳорибаи шадиди Курск дар ҳайати полки артиллерии қиркунандаи рақами 1177-уми Фронти Воронеж ҷангида, қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дод. Қисми ҳарбӣ зери фармондеҳии ӯ бар зидди танкҳои фашистӣ, аз ҷумла ба муқобили "шоҳпаланг" -ҳо баромад. Сафи муҳофизон кам мегашт, аммо командири захмдоршуда танкҳои фашистиро пайи ҳам ба нишон мегирифт. Командири полк майор П. Шалимов 10 июли соли 1943 зимни пешниҳод кардани Ҳ. Кенҷаев ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ чунин баҳо додааст: "…Давоми ду шабонарӯз, зери бомбаборони пайвастаи 30-40 самолёти душман ҳамлаҳои сахттарини танкҳои душманро зада гардонид. Ӯ тӯпро моҳирона идора карда, бо расчёти худ ду танки миёна ва ду танки вазнини фашистиро аз кор баровард. Вақте ки ҳайати расчёт пурра аз саф баромад, командири тӯп худ оташфишониро давом дода, боз ду танки миёнаю ду танки вазнинро аз кор баровард. Тӯпи сержанти калон Ҳ. Кенҷаев танҳо дар як рӯз 4 танки миёна ва 4 танки Т-6-и душманро нобуд кард".

Бояд гуфт, ки ғалаба дар муҳорибаи Курск ва ба соҳили Днепр баромадани лашкари шӯравӣ гардиши бузурге дар ҷанг буд. Барои қаҳрамониҳо дар ин муҳориба дар баробари Ҳ. Кенҷаев садҳо нафар бо ордену медал сарфароз гардиданд.

Зимни муқовиматҳо Ҳ. Кенҷаев ба ҳамсафонаш бо чунин суханон муроҷиат мекард: "Фаромӯш накунед, ки мо акнун ҷангҳои сахти ҳалкунандаро барои озод кардани шаҳри Киев, барои баромадан ба соҳили рости Днепри бузург идома медиҳем…Қасам мехӯрем, ки тамоми Украинаро озод намуда, бо ҳамин тамоми хоки мамлакатамонро аз ин нопокон тоза мекунем" …

4 январи соли 1944 дар Кремл Раиси Президиуми Шӯрои Олии СССР Михаил Иванович Калинин Ҳодӣ Кенҷаевро бо ордени "Ленин" ва "Ситораи тило" сарфароз гардонид.

                                     

3. Ҷоизау унвонҳо

Соли 1984 Ҳодӣ Кенҷаев яке аз аввалинҳо шуда, бо унвони "Мураббии хизматнишондодаи ҷавонони ҶШС Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.

Бо орденҳои "Ленин", "Ситораи тило", ду ордени "Нишони Фахрӣ", ордени ҶБВ дараҷаи 1 ва як қатор медалҳову грамотаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

                                     

4. Хотира

Дар зодгоҳи Ҳодӣ Кенҷаев - деҳоти "Хистеварз" пештара "Қистакӯз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд нимпайкарааш гузошта шудааст. Дар баробари номгузории кӯчаҳо ва таълифи китоб, чанде пеш дар варзишгоҳи Хистеварзи ин ноҳия мусобиқаи кушод оид ба бокс бахшида ба ҷашни 100- солагии Ҳодӣ Кенҷаев дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

                                     

5. Адабиёт

  • 2005. – Ҷ.3. – 447 с.
  • Герои Советского Союза: Краткий биографический словарь / Пред. ред. коллегии И. Н. Шкадов. - М.: Воениздат, 1987. - Т. 1 /Абаев - Любичев/. - 911 с. - 100 000 экз.
  • 1998. – Ҷ.2. – 495 с.
  • Сечкина Л. П. Твои Герои, Таджикистан. - Душанбе, 1985.
  • Днепр - река героев. - Киев, 1983.
  • Сафаров Р. Сарбаландон./ Маҷмӯа.– Душанбе: Ирфон, 1985. – 52 с.
  • 1995. – Ҷ.1. – 568 с.
  • Бобоҷон, Алӣ. Ҳоди Кенҷаев./Очерк. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 48 с.
  • Сафаров Р. Қаҳрамони Вахш ва Днепр. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 192 с.
  • Бобоҷон, Алӣ. Ҳоди Кенҷаев. – Душанбе: Ирфон,1970. – 24 с.
  • Бозорбоева, М., Бобохонов, М. Сарбозони шуҷоъ. – Душан¬бе: Ирфон,1985. – 128 с.
  • Сафаров Р. Ҳазору як корнома./Иборат аз 3 ҷилд. – Душанбе: Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе,1995.
  • Подвиги Героев Советского Союза. - М., 1981.
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →