ⓘ Бадахшон - кишвари қадимии тоҷикнишини кӯҳистонӣ, машҳур бо маъданҳои нодир, ҳавои тозаву солим ва мардумони шуҷоъу диловар дар болооби дарёҳои Панҷу Ому ва ҳав ..

Вилояти Бадахшон

Вилояти Бадахшон - яке аз вилоятҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст. Бадахшон дар шеърҳои шоъирон ба кайфияти лаъли худ маъруф будааст. Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон воқеъ аст. Ин вилоят дар соли 1895 миёни ду импиротурии Русия ва Бритония ба ду бахш тақсим гардид. Як бахши ин вилоят бо номи Бадахшон ба Русия таъаллуқ гирифт, ки баъдан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Иттиҳоди Шӯравӣ ИҶШС бо марказияти шаҳри Хоруғ шуд ва бахши дувум бо марказияти шаҳри Файзобод ба Афғонистон паӣваст. Русия ва Бритония рӯди Панҷро чун марзи табиъӣ пазируфта ва бо сутунҳои марзӣ нишонагузорӣ кар ...

Комсомоли Бадахшон

Комсомоли Бадахшон газетаи, органи Комитети вилоятӣ ва Комитети районии ЛКСМ-и Шуғнони ВАБК-и Тоҷикистон. Аз соли 1937 то 1941 ба забони тоҷикӣ нашр мешуд.

Вулусволии Дароим

Вулусволии Дароим дар шимолу шарқи Афғонистон ҷой дорад ва дар шимол бо вулусволии Аргу, дар шарқ бо вулусволиҳои Хош ва Ҷурм, дар ҷануб бо вулусволии Тишкон ҳамсоя аст.

Вулусволии Ишкошим

Вулусволии Ишкошим - яке аз ноҳияҳои вилояти Бадахшон аст ва дар шарқи Афғонистон ҷой дорад. Маркази ин ноҳия шаҳраки Ишкошим форсӣ: اشکاشم ‎ аст.

Вулусволии Вахон

Вулусволии Вахон дар шимолу шарқтарин гӯшаи Афғонистон ҷой дорад. Ин вулусволӣ аз шимол бо рӯди Панҷ маҳдуд буда ва бо ноҳияи Ишкошим - аз ноҳияҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммарз аст. Дар шарқ бо Чин, дар ҷануб бо Покистон ҳаммарз ва дар ғарб бо вулусволии Ишкошим ҳамсоя аст.

Вулусволии Арғанҷхоҳ

Вулусволии Арғанҷхоҳ - яке аз ноҳияҳои вилояти Бадахшон аст ва дар шимолу шарқи Афғонистон ҷой дорад. Маркази ин вулусволӣ рустои Таковак аст.

                                     

ⓘ Бадахшон

Бадахшон - кишвари қадимии тоҷикнишини кӯҳистонӣ, машҳур бо маъданҳои нодир, ҳавои тозаву солим ва мардумони шуҷоъу диловар дар болооби дарёҳои Панҷу Ому ва ҳавзаи дарёи Кӯкчаву шохобҳои он, қисми шимолу ғарби Афғонистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон.

                                     

1. Маълумоти мухтасар

Роҳҳои корвонҳои тиҷоратии Шарқи Қадим ба Хитою Ҳиндустон аз тариқи он мегузаштанд. Аз замонҳои дуртарини то м. то садаи XVIII ду санги қимати-лоҷвард ва лаъл аввал Бохтар ва баъд Бадахшонро дар ҷаҳон машҳур гардонида буданд. Маълумоти ҷамъовардаи муаллифи "Очерки истории Бадахшана" аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замони давлатдориҳои ошуриёну бобилиён низ конҳои лоҷварди Бадахшон маълуму машҳур буданд ва подшоҳони он давра барои ба даст овардани лоҷвард ба минтақа ҷосусони худро мефиристодаанд. Аз байни навиштаҷоти аз он замонҳо расида мактуби яке аз ҷосусони подшоҳони Урартуро махсусан зикр кардан лозим аст. Дар он гуфта мешавад: "Дар хусуси лоҷварде, ки подшоҳи ман дар бораи он навишта буд, ки "бигузор барои ман лоҷвард биёваранд", подшоҳи ман хабар надорад, ки ман равона карда, лоҷвардро бигиранд". Порчаи мазкурро шарҳ дода, тарҷумони он - эроншиноси маъруф И. М. Дяконов менависад, ки ба ақидаи хатои ошуриҳо, гӯё конҳои лоҷвард дар кӯҳҳои Бикнии Дамованди Эрон воқеъ будаанд, вале ҷосуси онҳо конҳои дар ҷаҳон ягонаи лоҷвардро дар Бадахшон дар он замон Бохтар пайдо мекунад. Ва ҳангоме ки мехоҳад бо худ як миқдор лоҷвардро бибарад, мардуми маҳал ба муқобили ӯ бармехезанд.

Мавҷудияти лоҷварди Бадахшон дар Ҳиндустон Моҳенҷо-Даро, Миср некрополи Фива ва мавзеъҳои диг. қадимии маданияти ҷаҳонӣ дар замонҳои қадимтарин ошкор гардидааст. Тибқи маълумоти муаллифони "Таърихи Бадахшон" - Мирзо Сангмуҳаммад ва Мирзо Фазлалибек лоҷварди Бадахшон чун ҳазорон сол пеш аз ин, дар а.18 низ қимати хеле баланд доштааст. Бадахшон дар давраҳои мухталифи таърихӣ дорои марзу буми тағйирёбандаи ҷуғрофию сиёсӣ будааст. Он аз Ш. ва Шим. Ш. ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ш. ба Читрол ва Кашмир Покистон ва бо долони иртиботӣ бо марзҳои Чин вил. Син Кёнч, аз Ҷ. бо вил. Кунар ва Каписо ва аз Ғ. бо вилоятҳои Лағмону Тахор Қатаған ва Тахористон ҳамҷавор мебошад. Бадахшон ноҳияи кӯҳистонист. Силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш баландтарин қуллаи он 7000 м бо пиряхҳои табиӣ дар ҷануби он ба самти ғарбу шарқ имтидод доранд. Дар байни кӯҳистон чандин мавзеи даштмонанд вуҷуд доранд, ки дар онҳо зироатҳои гуногун рӯёнда мешаванд. Ободиҳо ва шаҳрҳои Бадахшон чи дар бахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар бахши Афғонистон бо роҳҳои аслӣ ва фаръӣ ба ҳам пайвастанд.

Августи 1876, пас аз ҳамроҳ намудани Фарғона ба Русия, русҳо дар доираи хатти марзӣ бо бекии Қаротегин паймон бастанд, ки мувофиқи он ноҳияи Бадахшони кӯҳӣ ба тобеияти Бухоро монда, ноҳияи ҷануби масири Амударё ба тобеияти Афғонистон мегузарад.

                                     

2. Бадахшони Афғонистон

Бадахшони Афғонистон ҳоло дар ҷануби д. Ому ва дар шарқи вил. Тахор 700 15 18" тӯли шарқӣ ва 370 29 50" арзи шимолӣ, дар байни силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш дар Ҷануб ва рӯди Қундуз дар Ғ. бо шаҳрҳои Андароб, Хондавлат, Хонқулӣ, Кишм, Ҷурм, Баҳорак, Куррону Мунҷон, Вахону Шуғнону Дарвоз то д. Панҷ ва ғ. бо марказияти Файзобод воқеъ мебошад. Масоҳ. 91.4 км 2. Бадахшон дар марказ дар баландии 1400 м аз с. Бадахшон қарор дорад. Рӯди Кӯчка аз канори он мегузарад. Пиромуни онро кӯҳистон фаро гирифтааст. Роҳҳои иртиботӣ шаҳру ободиҳои Хуррам, Зийбек, Хонобод ва минтақаи Вахонро бо ҳам мепайвандад. Дарёҳои Кӯкча, Зардев, Ҷурм, Бангӣ, Андароб дар он ҷорианд.

                                     

3. Бадахшони Тоҷикистон

Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан ҳамаи ҳудуди Помири Ғарбӣ ва Помири Шарқӣ аст, ки ба Бухоро вогузор шуда буд. Аз Шим. бо Қирғизистон, аз Ш. бо Хитой, аз Ҷ. бо Афғонистон вил. Бадахшон ва аз Ғ. бо минтақаи Душанбе ҳамсарҳад аст. Долони Вахон онро аз Покистон ҷудо месозад. Дар ҷануб қисмате аз рӯди Ҷайҳун марзи онро бо Афғонистон ташкил медиҳад. Он шаҳру ноҳ. Ванҷ, Ишкошим, Мурғоб, Шуғнон, Рӯшон, Қалъаи Хумро бо марказияти Хоруғ дар бар мегирад. Бадахшони Тоҷикистон минтақаи кӯҳистонист. Силсилаи кӯҳҳои Пасиолой дар Шим. Ш и он баландтарин қ. 6852 м бо имтидод ба самти ғарб дар Шим. Ҷ. ҷойгир шудаанд. Дар самти ҷануби он қ-ҳои баланд то 7134 м ва баландтарин то 6726 м ва дар Шим. то 7495 м воқеъ аст. Чандин дарёву рӯдхона дорад. Дарёчаи Яшилкӯл дар навоҳии марказӣ ва Қарокӯл дар Шим. Асоситарин рӯд - д. Панҷ Ому дар Ғ. ва шохобҳои он чун рӯди Ғунд дар Шим. Ш. он, Оқсу дар Ғ. ва Мурғоб дар марказ ҷараён доранд. Руди Панҷ аз самти шим. шарқӣ ба ҷан. ғарбӣ ҷорӣ мешавад. Дар Бадахшон қавмҳои эронӣ зиндагӣ мекунанд, ки тоҷикони маҳаллӣ онҳоро "ғалча" меноманд. Сохтори кӯҳшиносии баландиҳои Помир хеле мушкилфаҳм ва ҳанӯз бисёр унсурҳои он хуб муайян нашудаанд. Аз назари олимон пайдоиши ин кӯҳҳо дар самти Шим. Hercynian ва дар самти Ҷ. Cimmerian ва алпӣ ба шумор мераванд. Умқи сангҳои зеризаминии давраи Pre - Cambrian ва тӯдаҳои хоросанг дар васати табақаи тахтасангҳо парокандаанд. Баландии миёнаи водии Ғунд 3-4 ҳазор м аст ва дарозии сангҳои бурҷмонанди кӯҳҳои азими онро ях пӯшондааст. Ҳисоби миёнаи баландии онҳо 5-6 ҳазор м мебошад. Силсилаи кӯҳҳои Ҳиндукуш, Қароқурум ва Қунлуншон низ дар фалоти Помир вуҷуд доранд, ки онҳо чи дар ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон ва чи дар Бадахшони Афғонистон то 7 ҳазор м баландӣ доранд.



                                     

4. Иқлим

Дар Бадахшон иқлими кӯҳӣ ҳукмфармост, ки аз иқлими маҳалҳои ҳамвор фарқ мекунад. Фишори ҳаво, дараҷаи ҳарорат ва рутубат бо баланд шудани мавзеъ зуд тағйир меёбад. Дар доманакӯҳҳои Бадахшони Афғонистон дараҳои тӯлонии сабзу хуррам бо ҷорӣ шудани рудҳо симои ҷуғрофӣ ва табиии онро дилнишину зебо мегардонад ва дар заминаи иқлими мусоид минтақаҳои Бадахшон низ аҳаммияти басазое пайдо намудаанд. Дар Тахористон ва Қундузу Бағлон ва ҳаволии онҳо иқлими муътадиле вуҷуд дорад, ки обу ҳавои он гоҳ гарму мартуб ва баъзан хушку сӯзон шуда, барои кишти навъҳои гуногуни зироат, аз ҷумла шолию пахта хеле мувофиқ аст. Дар минтақаҳои кӯҳию айлоқии Фархору Варсиҷ то Толиқон ҳаво нисбатан муътадил, дар маҳалҳои ноҳамвор ва баландиҳои кӯҳии Бадахшон ва Тахор дар иртифоъи аз 3000 то 1800 м дараҷаи ҳарор. тағйирёбанда буда, дар Файзобод миёнаи солона дар зимистон −10С ва дар тирамоҳ 24-26 0 С мебошад. Миқдори боришот 526 мм аст, дар даштҳои миёна ва поини ин дараҳо ва биёбонҳои сард ҷангалҳои табиӣ вуҷуд доранд, ки дар паҳнои онҳо боришот то ба 100 мм мерасад. Дар баландиҳои ниҳоӣ тамоми фаслҳои сол кӯҳҳо ба мисли кӯҳҳои Помир барфпӯш ва сарданд. Ҳатто дар тобистон дар баландиҳои то 3600-4000 м барф обнашуда мемонад. Дар баландиҳои 4300 м ва бештар барфу яхҳои доимӣ мавҷуданд, ки аз шароити душвори иқлимӣ дарак медиҳанд.

Дар бахши ғарбии Бадахшони Тоҷикистон иқлими кӯҳистонӣ ҳукмфармо буда, аз рӯйи иқлими табиии Бадахшони Тоҷикистон ба ду бахш - Помири Ғарбӣ 25.7 ҳазор км 2, ки тақр. 40 дарсади хоки Помирро ташкил мекунад ва Помири Шарқӣ 38 ҳазор км 2 тақсим мешавад. Помири Ғарбӣ аз рӯйи хусусияти иқлимаш ба иқлими Баҳри Миёназамин монанд аст. Зимистони Помири Ғарбӣ -муътадили гарм. Дараҷаи ҳарор. ҳисоби миёнаи янв. дар баландиҳои 2000 м - 8 0 С, дар 2-3 ҳазор км −12-15 0 С. Дараҷаи ҳарор. ҳадди аксар дар Хоруғ +35 0 С. Дараҷаи ҳарор. миёна дар моҳи июл дар Хоруғ + 22, дар Мурғоб + 13 0 С. Боришот дар Ванҷ −196 мм дараҷаи ҳарор., Рӯшон - 245, Хоруғ - 219 мм, Ишкошим 100, дар ноҳ. пиряхи Федченко −1192 мм, дар даштҳо то 200 мм, дар ҳавзаи Оқсу камтар аз 100 мм. Ин ҳолат баландиҳои дашти Помирро ба биёбон табдил додааст. Дар дараи Ҷайҳун, ки ҳудуди 300 - 400 м аз с. Бадахшон қарор дорад, обу ҳаво муътадил аст. Дар Помири Шарқӣ иқлим сарди континенталӣ аст, боришот нисбатан кам, зимистонаш сарди серун ва тӯлонӣ бо баҳори кӯтоҳу салқин. Дараҷаи ҳарор. миёнаи моҳи янв. - 19, 60 0 С дар Ҷавшангоз - 48 0 С, дар Мурғоб - 47 0 С, дар Қарокӯл - 50 0 С, Булункӯл то - 63 0 С. Дараҷаи ҳарор. тобистон низ ниҳоят паст аст. Дар моҳи июн дар баландиҳои 3600-4000 м аз +8 то +12, дар Мурғоб +13 0 С, миқдори боришот дар Булункӯл, Қарокӯл, Мурғоб ва диг. маҳалҳо тақр. яксон ва дар ҳудуди 120 - 150 мм аст.

Пас, иқлими Бадахшон дар ноҳияҳои кӯҳистон сард аст. Аз ин рӯ, дар Помир пиряхҳои доимӣ, дарёҳои шӯхоб ва кӯлҳо дар баландии кӯҳҳо вуҷуд доранд. Ин сарзамин беш аз ҳазор пирях дорад, ки масоҳ. умумии онҳо 8041 км 2 -ро ташкил мекунанд. Дарёҳои бузурги он ки аз пиряхҳо ибтидо мегиранд, асосан дар қисмати ғарбӣ - Панҷ, Ғунд, Шохдара, Бартанг, Язгулом, Ванҷ, дар қисмати шарқӣ - Мурғоб дар болооб Оқсу ном дорад, Ғудара дар болооб Кокибелсу ном дорад, Танимас, Аличӯл ва ғ. ҷойгиранд. Бадахшони Тоҷикистон ҳазорҳо кӯл дорад, ки бузургтаринашон Қаракӯл, Шӯркӯл, Рангкӯл, ки собит ҳастанд ва кӯлҳои Сарез, Яшилкӯл ва Зоркӯл ҷоришаванда мебошанд.

                                     

5. Маълумоти таърихӣ

Тамоми ҳафриёти соҳилҳои рӯди Ому аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар тиҷорати аҳди бостон, ки байни тамаддунҳои ибтидоии Шарқи Қадим сурат гирифта буд, тоҷирони ин тамаддунҳо дар ҳазораҳои 4-3 пеш аз м. аз тариқи ағбаи Хайбар сангҳои гаронбаҳои лаълу лоҷвардро ба тамоми гӯшаву канори сарзаминҳои Шарқи Миёна ва Наздик барои фурӯш бурда буданд. Зару зевар ва либосу диг. маводдеро, ки бо лаълу лоҷвард оро дода шуда буданд, дар ҳазораҳои 3 қабл аз м. аз Осиёи Пеш, тамаддунҳои Байнаннаҳрайн, Миср, Эрон ва Ҳинду Чин, ҳатто дар мамолики Ғарб пайдо намуданд. Дар он замон мавҷудияти лоҷварди Бадахшон дар Ҳиндустон Моҳенҷо-Даро, Миср некрополи Фива ва мавзеъҳои диг. қадимии маданияти ҷаҳонӣ собит гардида буд. Ин ҳодиса ба он далолат мекард, ки аз Бадахшон ба ин тамаддунҳои номбурда роҳи махсуси корвонии лаъл ва лоҷувард вуҷуд доштааст ва ҳамин роҳ Бадахшонро дар аҳди қадим ба ҷаҳониён ба воситаи ҳамин ду санги гаронбаҳо шиносонидааст. Агар аз ин ҳам ақибтар равем, метавон Бадахшони давраи асри сангро мавриди таҳқиқ қарор дод. Дар асри санг дар Бадахшон сохтани кулбаҳои гилин тоза шурӯъ шуда буданд. Дертар дар асри нависангӣ неолит қабилаҳои Шарқи Миёна, аз ҷумла бадахшиҳо аз дарвозаҳои чӯбӣ, ки пошнааш рӯйи сӯрохи сангӣ мечархиданд, истифода мебурданд. Пайдо шудани равзан барои дудбароӣ ва дохил шудани равшаниро низ олимон ба ҳамин давраи неолит нисбат медиҳанд. Осори неолит дар Тахористон Бадахшон-ро бостоншиносон дар адабиёти таърихӣ "Неолити кӯҳии маданияти Ҳисор" номидаанд. Ин тамаддун аз ҳазораи 6 то ҳазораи 3 умр доштааст. Мавҷудияти баъзе бошишгоҳҳо дар канори дарёҳо нишондиҳандаи он аст, ки одамони давраи неолит шурӯъ ба кишту кор кардаанд ва обёрӣ аз дарёҳо шурӯъ шудааст.

Дар асри биринҷию мис, ки аз ҳазораи 3 то асрҳои 9-8 то м. дар Бадахшон идома пайдо карда буд, муҳимтарин марҳалаи таърихии такомулу таҳаввулот ба шумор меравад. Рушди нерӯи истеҳсолот ва тағйироти ҷиддӣ дар низоми иҷтимоӣ дар ҳамин давра ба вуҷуд омада буд. Одамон истеҳсол ва истифодаи маъданҳоро омӯхтанд, гудохтани филиззот барои мустаҳкамтар шудани оҳанро ёд гирифтанд ва ба тавлиди ҷангафзорҳо ва ашёи рӯзгор пардохтанд. Бар ин мабно ҳунармандӣ тараққӣ кард, бошишгоҳҳои наву бузург сохта мешуданд. Машғулиятҳои диг. тавлидӣ, аз қабили кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ, пайдоиши аспу ароба, роҳсозӣ ва ғ., тақсимоти ҷомеа ба табақаҳоро тезонд. Сохтани сипару досу табару теша, каланду бел дар ҳамин давраи биринҷӣ ривоҷ ёфт.

Роҳи бузурги лаълу лоҷвард дар тасвири харитаи тоҷирони аҳди қадим дар ҳамин давра ба вуҷуд омада, бо номи пайраҳаҳои Роҳи абрешим маъруф шуданд, ки минбаъд он ба шоҳроҳи бузурги тиҷорат табдил ёфта, то садаи XVII-18 ба мардуми халқу миллатҳои гуногун хизмат кард. Бадахшон дар он замон сарзамине маҳсуб мешуд, ки онро Airana vaeqah меномиданд ва "Varena" дар Авесто ба бахше аз ҳудуди Бадахшон дар муҷовирати Хатлон ишора мекунад. Бадахшон чи дар аҳди Иломиён, чи дар давраи Модҳо ва чи дар замони Ҳахоманишиён дар байни тамаддунҳои ҷаҳонӣ бо ҳамин ду навъи санги қиматбаҳои худ мақому манзалати худро пайдо карда буд. Дар замони Ҳахоманишиён роҳҳои иртиботӣ он қадар муравваҷ буданд, ки "Роҳи шоҳ" 2400 км тӯл дошт ва ба воситаи ҳамин роҳ ба хориҷ бурдани лаълу лоҷвард аз Бадахшон, фирӯза аз Хоразм ва нефрит аз Прибайкалия барои фурӯш ба бозори ҷаҳонӣ як амали маъмулии тоҷирон гардида буд. Барои ҳамин акад. А. Е. Ферсман навишта буд, ки дар тӯли тамоми таърихи дуру дарози маданият як санг - лоҷварди кабуди дурахшони сарзамини афғон Бадахшон маъмул аст, ки он бо роҳҳои душворгузари корвонҳо то ба Мисру Хитой ва Руму Византия бурда мешуд. Баъзе олимон иддао доранд, ки "Остони кӯҳистон", ки юнониён аз он ёд кардаанд, ҳамоно Бадахшон будааст.

                                     

5.1. Маълумоти таърихӣ Замони Ҳахоманишиён

Дар замони Ҳахоманишиён санги гаронбаҳои лоҷварди дурахшони Бадахшон маъруф буд. Дар бораи он дар матнҳои хатти мехии замони Доро 521 - 485 то м. дар байни сангҳои гаронбаҳое, ки аз давлати ҳахоманишӣ оварда мешуданд, аз санге ёд шудааст бо номи "касака-капаутака" "санги кабуди лоҷвард", ки аз шаҳр-давлат сатрапия-и Бохтари тобеи давлати Ҳахоманишиён ворид мегардид. Тибқи маълумоти "Таърихи Бадахшон", лоҷварди Бадахшон ҳеч гоҳ қимати худро аз даст надодааст. Дар он омада, ки "он сангбарсарзадаро мир Баҳодуршоҳ дар назар аст санги лоҷвард соҳиби шаъну шавкат намуд, ки лоҷвард дар мамлакати Хитой баҳси тамом ёфт ва як сери воҳиди вазн санги Бадахшон ба ҳазору понсад рупия расид. Ва дар ин боб чунон қадағани тамом фармуд, ки резасанге аз он ба дасти аҳаде аз акобиру асоғир намеафтод. Ва ҳам бар ин лоҷвард хазинаи маъмуре аз нуқуду ёмбуи нуқра ва аҷноси амтиаву ақмиша аз ҳар ҷинс ба ҳам расонид".

Маъдани дигаре, ки шуҳрати Бадахшонро баланд бардошт, лаъл буд. Абурайҳони Берунӣ дар хусуси бори аввал чӣ тавр пайдо шудани лаъл навиштааст, ки боре дар Бадахшон заминҷунбии сахте ба амал омада, кӯҳҳо тарқиш пайдо мекунанд ва порчаҳои лаъл намудор мегарданд. Азбаски дар илм ақидае мавҷуд аст, ки асли баромади номи худи Бадахшон - дурусташ Балахшон аз "балахш", яъне "лаъл" мебошад, аз ҳамин рӯ ривояти Беруниро меорем. Баъди он заминҷунбӣ "…бори аввал лаълро занҳо пайдо карда, онро ранги либосрангкунӣ пиндоштанд. Онҳо лаълро кӯфта талқон карданд, вале ба онҳо муяссар нагардид, ки бо он либосеро ранг намоянд. Баъд онҳо лаълро ба мардҳо нишон доданд. Хабар дар бораи он ба зудӣ паҳн гардида, ба гӯши касоне, ки ба коркарди маъдан дар кӯҳҳо машғул буданд, расид. Онҳо ба истихроҷи лаъл пардохтанд. Конҳо ва он чи ки аз онҳо истеҳсол мегардид, ба номи соҳибонашон: ал-Балъаббосӣ Абулаббосӣ, ас-Сулаймонӣ, ар-Раҳмонӣ номида мешуданд. Баъзе вақтҳо конҳои лаъл, ки дар наздикии ин ё он деҳа ё мавзеъ воқеъ гашта буданд, бо номи он деҳа ё мавзеъ ёд мешуданд. Масалан, "ан-Наёзакӣ" - он аз номи қуллае, ки "Наёзак" ном дорад, гирифта шуда, ба нӯкнайза алоқае надорад".

Аз рӯйи навиштаҳои муаллифи "Ғиёсу-л-луғот" Муҳаммади Ғиёсуддин заминҷунбии мазкур ва ошкор шудани лаъл дар замони ҳукмр. Аббосиён 750 - 1258 рух додааст: "Мир Садруддин Муҳаммад дар "Ҷавоҳирнома" овардааст, ки: "Мегӯянд маъдани лаъл дар Бадахшон аст, аз мутаҳаддисот аст. Зеро ки маъдани он махфӣ буд, то дар замони хилофати Аббосиён дар арзи замини Хатлон зилзилаи азим падид омада ва кӯҳи Сакнон Шуғнон шигофта шуда, кони лаъл пайдо гашт. Ва лаълро анвоъ мебошад: руммонӣ ранги анор дошта ва пиёзӣ ва тамрӣ ва лаҳмӣ ва уннобӣ ва буқлӣ ва идрисӣ ва дӯшобӣ ва лаъли пайконӣ ва лаъли ақрабӣ ва лаъли қутбӣ ва он нигинавор паҳн бошад".

Замони рӯй додани заминҷунбии мазкур дар Хатлону Бадахшон аниқ маълум нест. Вале шубҳае буда наметавонад, ки он то садаи VIII ё пештар рӯй додааст. Зеро дар ашъори шоирони садаи IX тоҷик аллакай дар ҳама ҷо сурхии ранги лабони ёр ва ранги май ба ранги лаъл монанд карда шудааст.

Берунӣ қайд мекунад, ки конҳои лаъл на дар худи шаҳри Бадахшон, балки дар дурии серӯза роҳ аз он, дар наздикии деҳаи Варзафанҷ воқеъ гашта будаанд ва агар кас аз Шикошим Ишкошим ба Шиқинон Шуғнон рафтанӣ шавад, аз миёни он конҳо мегузаштааст.

"Дар ҳақиқат ҳам имрӯз лаъл чун зиёда аз ҳазор сол пеш аз ин аз Кӯҳи Лаъли минтақаи Ғорони Шуғнон, ки дар байни деҳаҳои Вист ва Андароби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон воқеъ мебошад, истихроҷ мегардад". Вале, азбаски суфтакунию фурӯши он дар шаҳри Бадахшон сурат мегирифт ва Шуғнон низ аксар вақтҳо ҷузъи иқлими Бадахшон буд, барои ҳамин он номи "Лаъли Бадахшон" -ро гирифт.

Ду нафар олиму сайёҳи машҳури садаи XIII-Марко Поло ва Ёқути Ҳамавӣ, ки ҳар ду Хуросону Мовароуннаҳрро зиёрат намуда буданд, лаълро "балахш" ном бурда, номи кишварро "Балахшон" гуфтаанд. Сайёҳи венетсиягӣ Марко Поло, ки дар охири садаи XIII муддате дар Бадахшониқомат карда буд, дар бораи "балахш" чунин навиштааст: "Дар Баласиён балахшҳо - сангҳои гаронбаҳо мавҷуд мебошанд. Онҳо хеле ҳам сангҳои зебову қиматӣ буда, дар дохили харсангҳои кӯҳӣ ҷой доранд. Мардум барои шоҳ ва ба фармони ӯ дар кӯҳҳои Шигхинон ғорҳои калон, чи тавре ки ҳамин гуна ғорҳоро барои истихроҷи нуқра мекананд, канда, аз онҳо балахш истихроҷ менамоянд. Аз тарси ҷон касе барои худ аз он кӯҳ сангҳои гаронбаҳоро истеҳсол намекард. Агар касе ҷуръат карда аз ин подшоҳӣ он сангҳоро берун мебаровард, ҷону моли худро аз даст медод… Шоҳ намегузошт, ки касе бе иҷозат балахш истихроҷ намояд".

Аз ин навиштаҳо аён аст, ки ҳатто дар охирҳои садаи XIII дар худи Бадахшон лаълро - "балахш" мегуфтанд. Балахшҳо лаълҳо монополияи шоҳ буда, касе бе иҷозати ӯ наметавонистааст онҳоро истихроҷ намояд ё ба фурӯш барорад.

Ёқути Ҳамавӣ, ки дар ибтидои садаи XIII қабл аз ҳуҷуми муғулҳо ба Хуросону Хоразм омада буд, дар моддаи "Бадахшон" -и "Муъҷаму-л-булдон" -и худ чунин навиштааст: "Бадахшонро оммаи мардум бо ҳарфи "лом" - Балахшон меноманд. Он мавзеест, ки дар он ҷо маъдани балахш, ки дар хубӣ бо ёқут рақобат меварзад, мавҷуд мебошад. Касони онро дида ба ман ривоят карданд, ки дар кӯҳҳои онҳо балахш хеле зиёд аст, аммо навъҳои хуби он кам мебошанд…" Аз ин навиштаҳои олими шинохта ҷойи шубҳае намемонад, ки номи кишвари Бадахшон дар асл "Балахшон" буда, аз номи "балахш" - лаъл, ки онро дар ватани аслияш "балахш" мегуфтаанд ва ҳатто дар садаи XIII низ онро кишварро Балахшон меномидаанд, гирифта шуда будааст.

Суоле ба миён меояд, ки пас, чаро дар садаи IX дар адабиёти форсу тоҷик "балахш" ба "лаъл" табдил шуд? Сабаби инро Ғиёсуддин Муҳаммад бисёр содаву фаҳмо чунин шарҳ додааст: "Лаъл … муарраби арабикардашудаи "лол" - ба маънои ҳар чизи сурх умуман ва ба маънои ҷавҳари сурхи қиматӣ аз "Рисолаи муарработ" ва дар "Сироҷ" навишта, ки "лаъл - муарраби лол аст, ки ба ҳиндӣ ва форсӣ муштарак бошад; ё тасарруфи форсиёни арабидон аст". Ва дар "Баҳори Аҷам" гуфта, ки "лаъл - ҷавҳарест сурхранг ва ин дар асл ба "алиф" буд, ки форсиёни мутаарраб ба "айн" менависанд".

Яъне, мардуми тоҷик балахшро ба хотири ранги сурхи зебо доштанаш аввал "лол" номидаанд, ки ин калима дар забонҳои форсию ҳиндӣ ба маънии "сурх" будааст. Баъд ба сабаби тасарруфи арабидонон "алиф" ба "айн" табдил ёфта, "лол" -ро "лаъл" гуфтаанд.

Берунӣ дар тавсифи лаъли Бадахшон мефармояд: "Асосан се санги гаронбаҳо дар хубӣ байни худ рақобат доранд: ёқут, зумурруд ва марворид. Тибқи ҳамин тартиб мебоист ҳангоми тавсиф якеро аз паси дигаре зикр намоем. Вале азбаски дар боби "Ёқут" фасле бахшида ба сангҳои гаронбаҳо дохил аст, ба ин фасл бояд лаълро низ ҳамроҳ намоем. Зеро он на фақат яке аз сангҳои гаронбаҳост, балки дар байнашон зеботарин низ мебошад. Дар хусуси лаъл ман чунин мегӯям: он - санги сурх ва шаффофу тоза буда, аз ҳайси ранг бар ёқути олидараҷа монанд аст. Ҳатто баъзан дар зебоӣ ва дурахш бар ёқут бартарӣ дорад, вале дар сахтӣ нисбат ба ёқут мулоимтар аст. Аз ҳамин рӯ ҳангоми бархӯрд ё соиш бо ҷисмҳои дигар кунҷу паҳлуҳои лаъл ба осонӣ зарар мебинанд".

Лаъл дар назари мардум дар ибтидо дар сурхию шаффофию зебоӣ ҳатто аз ёқут низ баланд меистодааст. Баъдтар мардум фаҳмидаанд, ки он мулоим буда, паҳлуҳои он дар натиҷаи соиш хӯрда мешаванд, нархи он пасттар мегардад. Вале бо вуҷуди он, нархи лаъл дар замони Берунӣ асри 11 хеле баланд будааст. Ӯ навиштааст: "… Дар замони мо нархи санги лаълпораи як дирҳам 3.5-4.0 г вазн дошта 10 динори ҳиротист. Вале агар вазни санг лаълпора дар ҳудуди аз 20 то 100 дирҳам бошад, дар он сурат қимати ҳар як дирҳами он дар ҳудуди 20-30 динор мебошад".

Маълумоти аввалин оид ба Бадахшон дар солномаҳои дарбории подшоҳони хитойӣ дучор меоянд. Чунончи дар Вэй-ши 386 - 581 - таърихи дарбори подшоҳони Шим. Хитой дар бобати кишвари "Йеда" -ҳайтолиён чунин омадааст: "…пойтахти Йеда дар масофаи 200 ли 1 ли тақр. баробари 533 м аз д. Ухюй Панҷ дар ҷануби он воқеъ гаштааст. Подшоҳи он дар шаҳри Бадиян истиқомат мекунад. Ин шаҳр аз қасри подшоҳ иборат буда, қутри давродаври он тақр. 10 лиро 5 км ташкил медиҳад. Дар он маъбадҳо ва ҳайкалҳои будоии бо тило зебузинатдодашуда зиёданд. Як қисм урфу одатҳои онҳо ба урфу одатҳои туркон монанд мебошад. Шумораи нуфуси Йеда то 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Онҳо шаҳр надоранд ва дар куҷое, ки алаф зиёд бошад, дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекунанд. Тахти подшоҳии онҳо меросӣ нест. Тахтро шахси тавонотарин аз ҷумлаи хешони подшоҳ соҳиб мегардад. Мардуми Йеда бераҳму шуҷоъ мебошанд. Дар Кишвари Ғарбӣ Осиёи Марказӣ - Кангюй, Хутан, Шалэ, Анси ва то 30 давлатчаи хурди дигар тобеи подшоҳи Йеда мебошанд. Йеда давлати пурқувват ба ҳисоб меравад".

Аз хонадони Чжеу -ро иҳота намуда, бар худ мутеъ сохт". Фақат баъди кушта шудани оқсақоли мазкур мирҳои Бадахшон аз нав дар Бадахшон ба ҳукмронӣ пардохтанд. Аммо ба зудӣ дар хонадони шоҳи Шуғнон ихтилофе пайдо шуд ва мири Бадахшон- мир Муҳаммадшоҳ аз фурсати дастдода истифода бурда Шуғнонро дар охири садаи XVIII ишғол намуд ва Роғ низ дубора забт гардид.

Дар нимаи аввали садаи XIX мир Муҳаммадшоҳ Бадахшонро ба се қисм дар байни писарони худ тақсим кард, ки муаллифони "Таърихи Бадахшон" ҳар қисми онро батафсил овардаанд: "Қисми аввал Рустоқу ноҳияҳои тобеи он: Чоҳоб, Янгиқалъа, Қарлиғ, Даунг, Оби Осиёбҳо, Кӯли Деварӣ, Эли Кошон. Ин мавозеотро ба зери ҳукумати Мири Калон супурд. Ва қисми дуюм - Файзобод, Яфтали Боло, Дарайим Даройим, Тешкон, Кишм, Машҳад, Калавгон, Зардев, Баҳорак, Ҷурм, Вардуҷ, Зебок ва Шакошим, Вахон, Шуғнон - ин мавозеотро дар зери ҳукумати Мирзои Калон - Султоншоҳ супурда, муқаррараш фармуд. Ва қисми севум - Саройи Баҳор, Аргу ва Яфтали Поин ва Роғ ва Шаҳри Бузург - ин ҷавонибро ба писари хурдаш - Сулаймоншоҳ супурда".

Акнун дар байни ин навоҳии зикршуда дар ҳайати Бадахшони миёнаҳои садаи XIX шаҳру навоҳии Толиқон, Ишкамиш, Ғӯрӣ, Ҳазрати Имом, Ҳафтдаҳдараи Хинҷон, Фархору Варсаҷ, Куррону Мунҷон, Хусту Фринг, Наҳрину Андароб набуданд. Як қисми мавзеъҳои мазкурро ӯзбекҳо аз Қундуз истода ба тасарруфи худ дароварда буданд. Ӯзбекҳо на танҳо мавзеъҳои номбурда, балки дар с.1868 тамоми Бадахшонро ишғол намуданд. Чунончи муаллифони "Таърихи Бадахшон" менависанд: "Сулаймоншоҳ… аз қалъаи Саройи Баҳор омада, қалъаи Файзобод ва соири қилоъро молик гардида, муддати ду сол ҳукумат намуд аз таърихи 1283 ило то таърихи 1285 ҳиҷрӣ 1868-69, ки такрор мири Қатаған - мир Муҳаммад Муродбек омада Бадахшонро забт намуда, мир Сулаймоншоҳро бо тамомии авлоду асҳобу бародарзодагонаш дастгир карда, ба қалъаи Қундуз бурда маҳбус карда, Бадахшонро толону тороҷ карда, то муддати понздаҳ сол тасарруфи куллӣ намуд - аз ибтидои таърихи 1285 то таърихи 1300 ҳиҷрӣ 1882/3 тамоми Бадахшон ва Бадахшонотро".

Муҳаммад Муродбеки мазкур баъд аз он ки писарамакаш - Маҳмудбек, ҳокими Ҳазрати Имом Соҳиб ба муқобили ӯ исён бардошт, задухӯрдҳои байни онҳо ҳафт моҳ идома дошт, ба ҷойи аз ин фурсати муносиб истифода карда, якҷо бар зидди Муродбек мубориза бурдан, шоҳони Бадахшон барои тахти Файзобод байни худ ба муборизаҳои шадид пардохтанд. Баъдтар онҳо дар муқобили якдигар аз дастаҳои низомии афғонҳо истифода бурданд. Онҳо на фақат аз афғонҳо ба Кобул рафта, ёрӣ мепурсиданд, балки ба Бухоро ба назди амир Музаффар низ барои мубориза бар зидди хешони худ рафта, ёрӣ хостанд. Натиҷа он шуд, ки амирони афғон ва хусусан амир Абдурраҳмонхон аз зиддиятҳои байниякдигарии мирони Бадахшон истифода намуда, якеро ба дигаре ҷанг андохта, тамоми Бадахшон ва умуман тамоми Афғонистонро ба даст даровард.

Мири охирини мустақили Бадахшон - мир Маҳмудхон буд, ки дар соли 1873 аз ҷониби лашкари волии афғони Мазори Шариф сардор ноиб Аъламхон шикаст хӯрда, асир афтод. Ӯро дар маҳбаси Тошқӯрғон ҳабс карданд. Мири охирини Бадахшон мир Олимхон, ки дастнишондаи амири Бухоро - Музаффар буд ва амир Музаффар мехост ба воситаи ӯ Бадахшонро ба қаламрави худ ҳамроҳ намояд, соли 1880 ба ҳуҷуми сардор Абдуллоҳхони ё Абдуллоҳҷон афғон дучор шуда, шикаст хӯрд ва Абдуллоҳхони мазкур тамоми Бадахшонро ишғол намуда, худ дар Файзобод қарор гирифт. Бо ҳамин ба истиқлоли кишваре бо номи Бадахшон хотима дода шуд. Мир Олимхон, аввал ба Шуғнон ва баъд ба Бухоро гурехта, дар он ҷо вафот кард.

Аз байни мирони диг. Бадахшон, хусусан Муҳаммадумархони Рустоқӣ, ки дар ибтидо бо Абдурраҳмонхон ҳамкорӣ дошт, акнун дер шуда бошад ҳам, нағз фаҳмид, ки мақсади Абдурраҳмонхон хотима бахшидан ба истиқлоли Бадахшон ва ба Афғонистон ҳамроҳ намудани ин вилоят аст. Аз ин рӯ, ӯ ба маркази Бадахшон рафта, хост дар якҷоягӣ бо қувваҳои мирҳои дигар ба муқобили афғонҳо исён бардорад: "Муҳаммадумархони Рустоқӣ рӯй аз давлат бартофта, фироран дохили алоқадори ноҳия-и Бадахшон шуда, ба султон Иброҳимхон дар фитна ҳамдаст гашт. Сардор Абдуллоҳхон мир Султоншоҳ ва Бобохони Бадахшӣ ва шоҳ Юсуфалихони Шуғнониро, ки бо Муҳаммадумархони Рустоқӣ дар муфсудаву турктоз анбоз шуда буданд, гирифта, бо иёлу мансубони эшон маҳбус ва равонаи Кобул кард. Ва аз ҳузури аълои ҳазрати воло мир Султоншоҳ ва Бобохон маъмур ба иқомаи Қалот шуда, иёлу тааллуқоти шоҳ Юсуфалихон дар Кобул муқим гардиданд". Ва бо ҳамин ин шоҳон аз Бадахшон ва аз саҳнаи сиёсат дур карда шуданд.



                                     

5.2. Маълумоти таърихӣ Замони шӯравӣ

Бо ин носозгорӣ тақдири Бадахшон ба охир нарасид. Дар охири садаи XIX ду давлати абарқудрати он замон, ки ҳар кадом мехостанд ҳар чӣ бештар заминҳои дигарро ба тасарруф дароваранд, Англия ва Русия соли 1895 бо якдигар шартнома баста, сарҳаддоти байни кишварҳои таҳти назораташон қарордоштаи Афғонистону Бухороро бо маҷрои дарёҳои Панҷу Ому дар болооб муқаррар намуданд. Дар айни замон ҳангоми муайян кардани сарҳаддот қад-қади д. Панҷ, онҳо фақат манфиатҳои савақулҷайшӣ стратегӣ ва сиёсии худро ба назар гирифта, ба манфиатҳои мардуми маҳаллии ҳар ду ҷониби рӯди мазкур заррае ҳам аҳаммият надоданд. Аз ин рӯ, нисфи Дарвозу Шуғнону Вахон дар Афғонистон ва нисфи дигар вилоятҳои мазкур дар ҳайати Бухорои Шарқӣ қарор гирифтанд. "Бо ин сарҳадмуайянкунии ғайритабиӣ манфиатҳои вилоятҳои марбута сахт халалдор гардиданд - навишта буд шарқшиноси бузурги рус В. В. Бартолд. Соли 1920 дар Бадахшон ҳокимияти Шӯроҳо барқарор гардид. Июни 1923 Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун вил. мустақил ба ҳайъати вил. мустақили Тоҷикистони Шӯравӣ дохил шуд. Соли 1924 ба ҳайати он шомил ва бо қарори КИМ ИҶШС аз таърихи 2 янв. 1925 ба ҳайъати вил. мухтори Тоҷикистони Шӯравӣ дохил карда шуд.

Зимнан Бадахшон ҳамчун вил. алоҳида дар ҳайати Афғонистон ҳам таъсис ёфт. Аммо ин вил. Бадахшони навташкил як қисми шаҳру ноҳ. асосии кӯҳистони Бадахшони собиқро фаро гирифтаасту бас, аз қабили: Файзобод, Кишм, Ҷурм, Баҳорак, Зебок, Куррону Мунҷон, Роғ, Шаҳри Бузург, Кӯли Шева, Вахону Шуғнону Дарвози соҳили чапи Панҷ то д. Панҷро. Вале ноҳ. диг. Бадахшони таърихӣ ба ҳайати вилоятҳои диг. Афғонистон дохил карда шуданд. Чунончи шаҳру ноҳ. машҳури зерини Бадахшон -Рустоқ, Чаёб, Янгиқалъа, Фархор, Варсаҷ, Ишкамиш, Калафгон, Сари Рустоқ, Кокул, Дарқад, Самтӣ ба ҳайати вил. Тахор, гурӯҳи диг. шаҳру ноҳ. Бадахшон, аз қабили: Андароб, Хинҷон, Хусту Фринг, Наҳрин ва Ғӯрӣ - ба ҳайати вил. Бағлон дароварда шуданд. Шаҳру навоҳии Қундузу Имом Соҳиб ба вил. Қундуз ва Каҳмарду Яккауланг, ки дар садаи XVI дар ҳайати Бадахшон ёд гардидаанд, ба вил. Бомиён дохил гаштанд.



                                     

6. Аҳолӣ

Чун аз Бадахшон Роҳи бузурги абрешим мегузашт, рафту омад ва муҳоҷирати ақвоми мухталиф дар ин ҷо ба мисли намоишгоҳе аз нажодҳо ва забонҳо табдил ёфтааст. Аз назари қавмшиносӣ бештари аҳолии Бадахшон тоҷикони форсизабонанд, ки асосан аз ҳавзаи Кӯкча ва ноҳ. Дарвоз дар Афғонистон умр ба сар мебаранд. Дар Бадахшони Афғонистон тоҷикон нисбат ба диг. қавмҳо бештаранд. Қавмҳои диг. ҳам дар ҳудуди Бадахшони Афғонистон бо гӯиш лаҳҷа-ҳои гуногуни забони тоҷикӣ такаллум мекунанд. Дар минтақаи кӯҳии шарқи Афғонистон гурӯҳи махсуси забонҳои ҳиндуэронӣ амал мекунанд, ки дорои хат намебошанд, вале бо забонҳои катӣ, ашкун, вайгалӣ ва пласун суҳбат мекунанд. Дар паҳлуи ин забонҳо гурӯҳи забонҳои дардӣ вуҷуд доранд, ки шомили зергурӯҳи махсуси худ - забонҳои дамелӣ, пашаӣ, говарбатӣ, шумаштӣ ва дар шохаи шарқии он забонҳои пхалура, кашмирӣ, шина, гравӣ ва ғ. мебошанд.

Дар Бадахшони Тоҷикистон аҳолии асосӣ тоҷикон ба шумор мераванд. Бино ба иттилои М. А. Бубнова одамҳои аввалин ба Помир на аз Шарқ, балки аз сӯи Ғарб омадаанд. Дар даҳонаи рӯди Ҷавшангоз осори одамони асри санг 5-3 то м. ёфт шудаанд, ки аз таърихи қадимии Бадахшон гувоҳӣ медиҳад. Тоҷикони Бадахшон аҳолии муқимӣ буда, ба коркарди замину чорводорӣ ва ҳунармандӣ аз давраҳои куҳан машғуланд. Дар минтақаҳои кӯҳистонии шим. Бадахшон гурӯҳҳои этникии мухталиф мезистанд, ки ба забонҳои помирӣ такаллум менамоянд. Дар сарзамини Бадахшон боз миқдори зиёди ҳазораҳо, миқдори нисбатан ками балуҷҳо, қалмиқҳо, кошғариҳо низ мезистанд. Дар охири садаи XIII паштунҳо аввал ба сурати чодарнишин, баъд ба сурати нимчодарнишин ба ҳайъати этникии Бадахшон дохил шуданд. Аҳолӣ дар ҳудуди ҳар ду Бадахшон нобаробар тақсим шуда, бештари онҳо дар водиҳо маскун шудаанд. Аз ин рӯ, дар Бадахшони Тоҷикистон дар ҳар як км 2 ба ҳисоби миёна 1.9 ва дар қисмати шарқии он 0.2 нафар рост меояд. Шуғниҳо дар ҳавзаи Ғунд ва Хоруғ, рӯшониҳо дар ноҳ. Рӯшон, бартангиҳо ҳамагӣ бо гӯишҳои ба ҳам наздик форсии қадим сухан мегӯянд. Язгуломиҳо тақр. дар 13 русто ва дар дарае бо ҳамин ном дар шим. Рӯшони Тоҷикистон ва дарвозиҳо дар навоҳии Қалъаи Хумб умр ба сар мебаранд. Шумори Ишкошимиҳо дар Б-и Тоҷикистон ба чанд ҳазор нафар мерасад, қисми асосии онҳо дар Афғонистон, дар маҳалле, ки рӯди Ҷайҳун ба сӯи долони Вахон мепечад, ҳаёт ба сар мебаранд. Ванҷиҳо дар дараи Ванҷ дар шим. минтақаи Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Забони расмии ҳамаи сокинони Бадахшони Тоҷикистон тоҷикист, вале гӯишҳои онҳо гуногун буда, ба гурӯҳи забонҳои шарқи эронӣ дохил мешаванд. Ба ибораи дигар, забонҳои давраи нави муосири эронӣ низ ба мисли гурӯҳи забонҳои форсии миёна ба шарқию ғарбӣ ҷудо мешаванд ва ба гурӯҳи шарқии он забонҳои осетинӣ, яғнобӣ, афғонӣ пушту, мунҷонӣ, забонҳои помирӣ гурӯҳи шуғнию рӯшонӣ, язгуломӣ, ишқошимӣ, вахонӣ, ба гурӯҳи ғарбии он форсии классикӣ, форсии нав, дарӣ, тоҷикӣ, курдӣ, балуҷӣ, тотӣ, ормурӣ, парогӣ ва баъзе лаҳҷаҳои эрони муосир дохил мешаванд.

                                     

7. Хоҷагӣ

Манбаъҳои даромади Бадахшон дар гузашта аз соҳаи кишоварзӣ, хироҷ аз замин, андоз аз чорво, боҷу хироҷи корвонҳои Роҳи бузурги абрешим буд. Вале манбаи асосии даромад истихроҷи сангҳои қиматӣ ба мисли лаълу лоҷвард ва ғ. аз конҳои Бадахшон дар ҳавзаи д. Кӯкча, соҳили рости болооби д. Панҷ ба шумор мерафт. Тарзи ҳаёти хоҷагидорӣ дар Бадахшон аз қадимулайём зироаткорӣ ва чорводорӣ будааст. Ҳарчанд Бадахшони Тоҷикистон сарзамини кӯҳистонист, дар қисмати ғарбии он ва Бадахшони Афғонистон заминҳои кишт мавҷуданд. Дар Бадахшони Тоҷикистон масоҳ. кишт 17.8 ҳазор га 1982 буд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои чинӣ дар асрҳои 2-1 то м. ҳайтолиёну тахориҳои қабилаҳои кӯчӣ, ки шуғлашон чорводорӣ буд, зистаанд. Онҳо баъди тасарруфи Осиёи Миёна ва Афғонистон тадриҷан ба ҳаёти муқимӣ гузашта, баробари чорводорӣ ба коркарди замин, рӯёнидани ҳосил, боғпарварӣ ва ҳунармандию тиҷорат машғул шуданд.

Кишоварзӣ асосан дар дараҳои сершумори ҳам Бадахшони Афғонистон ва ҳам Бадахшони Тоҷикистон вуҷуд дошт. Аз заминҳои Бадахшон гандум, ҷав, шолӣ, картошка, сабзавот, ҳубубот лӯбиёиҳо рӯёнда мешуданд. Дар дараи Кӯкча дар баландии 1500 м тангиҳои бисёре вуҷуд дошт, ки то Нуристон зироатҳои гуногун, боғҳои мева ва ба тарафи шарқ ҷангал бештар ба назар мерасад. Фаъолияти кишоварзӣ асосан дар дараҳо анҷом дода мешавад ва бе оби ҷӯйборҳои ҷорӣ аз пиряхҳои табиӣ зироатҳо обёрӣ карда намешаванд. Дар баъзе ноҳ. Помир дар баландиҳои беш аз 3 ҳазор м чорводориро ривоҷ доданд. Аҳолии Бадахшон асосан деҳнишинанд ва бо кишти обӣ зироатҳои гуногун мерӯёнанд, ҳатто дар кӯҳпояҳо имкони кишт мавҷуд аст. Боғдорӣ низ яке аз фаъолиятҳои умдаву суннатии мардуми Бадахшон мебошад. Парвариши ниҳолҳои себу тут, чормағз, писта ва ғ. дар доманакӯҳҳо ва ноҳ. кӯҳӣ ба назар мерасад.

Дар бахши шарқии Помир танҳо чорводорӣ роиҷ аст. Маркази хашгов ғажгов, қутос-парварӣ дар Мурғоб воқеъ мебошад. Дар манотиқи кӯҳистонӣ парвариши бузу гӯсфанд низ ривоҷ дорад. Дар гузашта асппарварӣ низ ҷой доштааст. Чун дашту кӯҳҳои Бадахшон қисман бо гиёҳҳои кӯҳӣ пӯшида шудаанд, ҳайвоноти мухталиф низ дар он вуҷуд доранд. Дар баландиҳои кӯҳ шақоқул, зиришк, бунафша, зира мерӯяд. Аз парандагон - кабк, кабки ҳилол, уқоб, гунҷишк, булбул, мурғобӣ, кафтар, аз ҳайвонот - гург, паланг, рӯбоҳ, оҳу, навъҳои гуногуни мор, аз ҷумла мори афъӣ вомехӯрад. Дар рӯдҳои Бадахшон моҳӣ бисёр аст.

                                     

8. Сарватҳои зеризаминӣ

Роҷеъ ба истихроҷи лаълу лоҷвард аз конҳо ва бурдани онҳо ба маҳалҳои дурдасти хориҷӣ барои муомила ва фурӯш дар бахши аввал зикр намудем. Дар ин ҷо бояд тазаккур дод, ки Абурайҳони Берунӣ дар китоби худ "Минералогия" "Китобу-л-ҷамоҳир фӣ маърифати-л-ҷавоҳир" 1048 пайдоиши минералҳо ва тавсифи сангҳои гаронбаҳоро мавриди баҳс қарор дода, макони истихроҷи онҳоро Бадахшон номида буд. Лаъл санги гаронбаҳои сурхранги дурахшон аст. Онро маъданшиносон ба гурӯҳи сангҳои рангини гаронбаҳои дараҷаи аввал дохил карда, баробар бо алмос бриллиант, ёқути кабуд, ёқути сурх, хризоберилл, александрит ва зумуррад медонанд. Лоҷвард ҳамчун санги ранга барои тамоми лавозими ороишӣ истифода мешавад. Кони лаъл дар ҳудуди Ғорон дар баландиҳои 2300 - 2500 м аз с. Бадахшон воқеъ аст. Лоҷвард низ ду кон дорад, ки яке дар ҳавзаи д. Шоҳдара ва дигаре дар ҳудуди Бадахшони Афғонистон воқеъ аст.

Ҷуғрофидони садаи X Муқаддасӣ роҷеъ ба Бадахшон, хусусан маъданҳову сангҳои гаронбаҳои он маълумоти муфиде ироа намудааст. Ӯ навиштааст:

- Муқаддасӣ

Бадахшон на фақат бо конҳои лаълу лоҷвард, балки бо конҳои маъданҳои зиёди дигар аз қабили тило, нуқра, оҳан, қӯрғошим, руҳ, волфрам, сурб, молибден, булӯри кӯҳӣ, асбест, мис, беҷода гранат ва сангҳои диг. гуногуни гаронбаҳо ва нодир - шпиндел, яшм, талқ, навъҳои гуногуни санги мармар, гранит машҳур буда, конҳои мазкур дар тӯли таърих фаъол буданд. Маҳз ҳамин сарватҳои зеризаминӣ Бадахшонро дар олами он замон машҳур гардонида, сайёҳону ҳаводорон аз кишварҳои мухталиф барои ба даст овардани он ба ин сарзамин сафар мекарданд. Бино ба иттилооти маъхазҳо дар асрҳои 11-12 дар саросари кишвар истихроҷи маъданҳои нодир авҷ гирифта буд. Танҳо дар Кӯҳи Лаъл олимон 500 мавзеи қадимии истихроҷи лаълро кашф кардаанд.

Бадахшон на фақат бо конҳои лаълу лоҷвард, балки бо обҳои маъданию шифобахш низ маълуму машҳур мебошад. Дар ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон беш аз 60 чашмаи оби гарм ва обҳои сарди маъданӣ мавҷуданд, ки танҳо як қисми онҳо барои табобати беморон мавриди истифода қарор гирифтаанд. Таркиби ин обҳо аз гази карбон, азот, обҳои ширини нӯшокӣ, обҳои маъдании дорои таркиботи гуногуни кимиёӣ бештар дар ҷан. ғарби Помир дучор мешаванд. Дар қисмати ҷан. шарқ - дар Мурғоб − 2, Ишкошим − 22, Ванҷ - 5, Роштқалъа - 6, Шуғнон - 3 манбаи оби чашма вуҷуд доранд.



                                     

9. Дин

Дар аҳди қадим дар Бадахшон маъмулан динҳои суннатии меҳрпарастию зардуштия амал мекарданд. Дар осори таърихӣ роҷеъ ба адёни пешазисломии Бадахшон дар бораи ба ориёиҳо мансуб будани онҳо маълумоти фаровоне мавҷуд аст.

Соли 1994 дар 40 км шим ғарби Сурхкӯтал дар мавзеи Кӯтали Работак катибаи аз ҷиҳати забонӣ мансуб ба шоҳони Кушониён пайдо гардид. Катиба аз 23 сатр иборат буда, онро олимони англис Н. Симс Вилямс ва Ҷ. Грибб соли 1995 хонданд. Дар катиба Канишка фармуда, ки сурат ё ҳайкалҳои падару бобоҳояш ва худи ӯро дар маъбадҳо гузоранд. Аҳаммияти катибаи пайдошуда аз он иборат аст, ки аз он вазъи дини замони Кушониён муайян шудааст. То пайдо шудани ин катиба ақидае вуҷуд дошт, ки Канишка ва шоҳони диг. Кушониён дини будоӣ доштанд ва ба ин маъхазҳои ҳиндӣ гувоҳ шудаанд. Акнун маълум шуд, ки Канишка ба хотири ҳиндуҳо дар кишвараш маъбади буддоӣ месохт, вале худаш дар дини бобоию аҷдодиаш қарор дошт.

Баъдтар дар замони ҳайтолиёну тахориён мардум боварҳо ва худоҳои хосси худро доштанд. Онҳо бештар қувваҳои табиат - Офтобу Моҳ, оташ, нана, умма - модархудо ва ғ ро мепарастиданд, ки аз ин мазмуни катибаи Работак дар шим. Афғонистон дарак медиҳад. Ҳайтолиён дар ибтидо таълимоти Будоро қабул накарда буданд, вале баъди он ки бохтариҳо онро пазируфтанд, ҳайтолиён низ онро қабул намуданд.

Футӯҳоти аъроб бо сарварии Қутайба ибни Муслим дар Осиёи Марказӣ 704 - 715 ба интишори ислом дар Бадахшон низ асос гузошт. Истахрии муваррих зикр мекунад, ки дар ибтидои садаи X бархе аз мулкҳои Бадахшон ҳанӯз ислом наёварда буданд. Баъдҳо пас аз қавӣ гардидани Давлати Фотимиён дар Миср, густариши таълимоти фотимиён ва ташрифи фиристодаи онҳо - мутафаккири бузурги тоҷик - Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар қисме аз манотиқи Бадахшон дини ислом дар шакли мазҳаби Исмоилия бурузу нуфуз кард. Вале ба шаҳодати худи доии исмоилия - Носири Хусрав дар китоби маъруфаш - "Ҷомеъу-л-ҳикматайн" пеш аз сафари ӯ ба Бадахшон амири он минтақа Алӣ ибни Асад исмоилӣ будааст.

Исмоилия дар Бадахшон роиҷ гардид, вале ақвоми Дарвоз бидуни ёгедиҳо, Ванҷу Язғулом ба сабабҳои айнию нақлӣ баъдҳо ба мазҳаби тасаннун баргаштанд. Миқдори ками бартангиҳо низ пайрави мазҳаби суннӣ мебошанд. Ҳоло барои исмоилиҳои Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон имоми замон шоҳзода Карим Оғохони IV мебошад, ба ӯ пайравӣ мекунанд ва назр мепардозанд. Ҳазораҳо бахше пайрави мазҳаби исноашарӣ ва бархе ба аҳли суннат ва ҷамоат рӯ оварда буданд ва пайрави ҳанафия мебошанд, ботиниён, мухаммисиён ва панҷабоиҳо низ ҳастанд.

Тасаввуф дар тӯли асрҳои тӯлонӣ дар Бадахшон нақши муҳимме пайдо кардааст. Бештарин нуфузро дар Бадахшон тариқати нақшбандия доштааст ва "Насамату-л-қудс" дар шарҳи аҳволи машоихи нақшбандия мебошад. Муаллифи он Муҳаммад Ҳошими Бадахшӣ будааст. Кубравия, бахусус аз замони Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ 1384 минтақаи Бадахшонро ба унвони пойгоҳи таблиғоти худ дар Мовароуннаҳр истифода бурд. Шогирдони барҷастаи Саййид Алии Ҳамадонӣ Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ "Хулосату-л-маноқиб", Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ пайравони заҳабия ва нурбахшия аз мардуми Бадахшон ва Хатлон буданд. Чиштия низ ҷой доштааст.

                                     

10. Маориф ва фарҳанг

Ҳодисаи муҳимми фарҳангие, ки он дар саросари сарзамини кӯҳистони Бадахшон аз даврони қадим паҳн шудааст, расмкашӣ дар рӯйи харсангҳо мебошад. Расмҳо дар харсангҳо мазмунҳои гуногунро ифода мекунанд ва давраи замонии ниҳоят тӯлониро дар бар мегиранд. Мас., дар мавзеъҳои Удит Намадгут ва Даршай дар харсангҳо расмҳое кашида шудаанд, ки онҳо ба ҳазорсолаҳои 4-3 то м. мансубанд. Дар айни замон дар ҷамоати Пастхуфи ноҳ. Рӯшон дар харсангҳо расми 2 асп, нахчирҳо ва саге кашида шудааст. Дар аксари расмҳои дар харсангҳо кашидашуда расми нахчир бузи кӯҳӣ, шикорчӣ пиёда ё савора бо камон ва саг, одамон ва расми панҷаи одам рамзи мазҳаби исмоилия ташкил медиҳад. Шумораи расмҳо низ дар харсангҳо зиёданд. Мас., дар Вибистдараи ҷамоати Навободи ноҳ. Шуғнон дар харсангҳо дар 1.2 га 1203 расм вуҷуд дорад. Инҳо аз ҳар гуна аломатҳо, шаклҳои одамон, нахчирҳо, савораҳо, доира бо нурҳо, шутурҳо, сагҳо, фойтун, рубобҳои мухталиф, панҷаи даст иборатанд. Ба миқдори аз ҳама зиёд - 6000 расм дар харсангҳо дар деҳаи Лангари ҷамоати Зонги ноҳ. Ишкошим ба назар мерасад. Таърихи кашида шудани расмҳо ба замонҳои гуногун - аз асри биринҷӣ сар карда, то асрҳои миёна ва замони муосир мансубанд. Мас., силсилаи навиштаҷоте бо алифбои форсӣ ба назар мерасад, ки тақр. асрҳои 17-19 дар рӯйи санг навиштаанд. Қадимтарин сангнигораҳое, ки дар деҳаи Лангари Ишкошим мавҷуданд, ба охири давраи асри санг ва ибтидои асри биринҷӣ мансубанд. Дар сангнигораҳои деҳаҳои Удит ва Даршай тасвири бузҳо бо сабти хоссае анҷом шудаанд ва ба ҳазорсолаҳои 4-3 то м. мутааллиқанд.

Дар Бадахшон тақр. то садаи XI адабиёти хаттӣ вуҷуд надошт. Носири Хусрав дар деҳаи Юмгони Бадахшон як силсила дӯстон, шогирдон ва пайравоне пайдо кард, ки ба воситаи онҳо ақидаҳои динӣ, фалсафӣ ва адабии худро байни сокинони Бадахшон паҳн мекард. Аз осори Носири Хусрав маълум мегардад, ки дар замони зиндагии ӯ шеъру шоирӣ вуҷуд доштааст. Мутаассифона, дар натиҷаи ҳаводиси давру замонҳои номусоид осори хаттии асрҳои 11-15 ба ҷуз осори Носири Хусрав, то замони мо боқӣ намондаанд. Ончи мусаллам аст, дар садаи XV шоҳи Бадахшон Султонмуҳаммад мутахаллис ба "Лаълӣ" дар дарбори худ шоирони бисёреро ҷамъ оварда, доираи адабии Бадахшонро таъсис намуд. Дар он Мулло Муҳаммади Бадахшӣ, Мулло Камоли Бадахшӣ ва бисёр диг. шоирон фаъолият мекарданд ва бо маркази умумии адабиёти форс-тоҷики он давр - Ҳирот робитаи адабӣ доштанд. Дар садаи XVI дар саҳнаи адабӣ шоирон Дӯстии Бадахшӣ, Надимӣ, Муҳаммадзамон мутахаллис ба Мирзо, Мавлоно Равнақӣ ва диг. буруз намуданд, ки бештар ба доираи адабии Ҳиндустон робитаи адабӣ барқарор карда буданд.

Дар садаи XVII шоирону аҳли қалам бино ба вазъи нобасомони бавуҷудомада ба Ҳиндустону Мовароуннаҳр ва Хуросон пароканда шуданд. Адабиёти садаи XVIII, бахусус дар нимаи аввали он хуб маълум набошад ҳам, нимаи дуюми он дар давраи ҳокимияти Султоншоҳ, бо беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ, таҷдид гардид. Дар ин давра шоирон Мавлавии Абдулғаффор, Ғиёсуддини Ҷирмӣ аз Ҳинд баргаштанд ва бо Муҳаммадалии Комил, Ошиқ, Ҳашмат ва Муҳташам пайваста фаъолият доштанд. Дар садаи XIX ва ибтидои садаи XX зиёда аз 60 нафар шоир дар Бадахшон зиндагӣ мекард ва фаъолияти адабии пурсамар дошт. Мулло Мӯсои Бадахшӣ мутахаллис бо "Мухлис", Мубораки Вахонӣ, Махфии Бадахшӣ, Ҷаъфарӣ, Мирзообид, Пӯлоди Дарморахтӣ, Шоҳфитур ва диг. бо осори дар он давр эҷодкардаи худ машҳур буданд. Марказҳои равнақи адабии форсӣ-тоҷикӣ дар Бадахшон ба вуҷуд омаданд, ки шоирон Абтарии Бадахшӣ, Ҷамили Бадахшӣ, Муллошоҳи Бадахшонӣ, Иброҳими Бадахшонӣ, Нақшбандӣ, Ғиёсии Бадахшонӣ, Дардии Бадахшонӣ, Масраи Бадахшонӣ, Муллоёри Ванҷӣ ва бисёр диг. аз он марказҳо бархостаанд. Дар ин давра таваҷҷуҳ ба улуми фалсафӣ ва табиӣ низ ба хубӣ дар Бадахшон ба мушоҳида мерасид. Шахсиятҳои номвари ин улум аз ҷумла Мирғиёсуддин Алиҳусайн "Хулосат-ут-танҷим", "Бурҳон-ут-тақвим" ва "Донишномаи ҷаҳон" -ро таълиф кард, Шайх Муҳаммади Бадахшӣ ба "Шамсия" -и Котибӣ ҳошия навишт, Муҳаммади Азҳар "Ҷомеъ-уз-заррот" ва "Азҳару-л-муҳсинин" -ро иншо кард, Ақҳари Муҳаммаднабӣ "Китоби фалсафа" ва "Ҳадоиқу-л-ҳақоиқ" -ро тадвин намуд ва Надим Умари Рустоқӣ дар илми мантиқ, ҳикмат ва фиқҳ осори зиёде таълиф кард.



                                     

11. Ёдгорҳои таърихӣ ва меъморӣ

Дар саросари сарзамини Бадахшон аз замонҳои қадим қалъаҳои бисёре сохта шудаанд, ки онҳо бештар маҳалли зисти ҳокимони давр будаанд. Инҳо дар ноҳ. Дарвоз - Қалъаи Хумб, дар ноҳ. Ванҷ - Ванҷқалъа воқеъ дар мавзеи маркази ноҳ. Ванҷ масоҳ. 35 х 12.5 м, ки ба асрҳои 18-19 мансуб мебошад. Дар Рӯшон -қалъаи Вомар, ки масоҳ. 1.5 га буда, дар он беш аз 200 нафар ҷойгузин мешуданд. Он ба асрҳои мутааххир - 19-20 мутааллиқ аст. Дар ноҳ. Шуғнон бостоншиносон қалъаҳои бисёреро кашф карданд. Аз мавзеи Поршневи ноҳ. Шуғнон дегчаи хурди филиззие аз зери хок берун оварданд, ки ба асрҳои 8-5 то м. мансуб аст. Ин бозёфт ҳоло дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии Беҳзоди ҷумҳурӣ нигоҳдорӣ мешавад. Кофирқалъа дар шакли биноҳои мудофиавӣ дар поёноби д. Ғунд, наздикии деҳаи Боғев дар баландие ҷойгир шудааст. Масоҳ. 200×120 м. Тарафи ҷанубии қалъа девори сангӣ дорад, ки ғафсиаш 0.3 - 0.4 м ва баландиаш 1.5 м аст. Дар мобайни қалъа осори чанд бинои росткунҷа боқӣ мондааст, ки замоне арк будааст. Деворҳои Қалъа тиркаш доранд. Дар ҳудуди ноҳ. Роштқалъа, дар ҷамоати М. Миршакар қалъаи қадимии Чокарқалъа аз тарафи соҳили рости Шохдара воқеъ аст, ки масоҳ. он 75×53 м мебошад. Ашёи пайдокардаи бостоншиносон ба садаи VII мансуб будани қалъаи мазкурро таъйид мекунанд. Қалъаи дигари қадимии Роштқалъа қалъаи Шошбувед II дар ҷамоати Сижд мебошад, ки масоҳ. 80×40 м буда, деворҳояш сангин аст. Он як бурҷ доштааст. Қалъаи калонтарину қадимтарини ноҳ. Роштқалъа - қалъаи Доруҷ дар ҷамоати Сижд дар соҳили рости Шохдара воқеъ мебошад. Масоҳ. он 600 м 2 буда, маводди ёфтшуда ба асрҳои миёна мансуб будани онро таъйид мекунанд.

Дар ноҳ. Ишкошим қалъаи аз ҳама қадимтарину калонтарин қалъаи Қаҳқаҳа мебошад. Он дар соҳили д. Панҷ, як км дуртар аз деҳаи Намадгут воқеъ буда, дарозии қалъа аз Ғ. ба Ш. 675 м, аз Ҷ. ба Шим. 22 м-ро ташкил медиҳад. Қалъа байни ду шах сохта шуда, аз толори андозааш 8.5×5.79 м ва як дар хонаи андозааш 5.8×3.8 м иборат аст. Ғафсии девораш 1 м буда, бо хишти хом бино ёфтааст. Девор тиркашҳо дорад. Қалъаи диг. калони ин ноҳ. Қалъаи Ямчун Сияҳпӯш мебошад, ки дар деҳаи Ямчуни ҷамоаи Питуп воқеъ аст. Дарозии Қалъа аз Шим. ба Ҷ. 650 м буда, он се навъ хонаҳои истиқоматию мудофиавӣ ҷойи хоби аскарон ва саисхона, хонаҳои истиқоматии соҳиби Қалъа ва ҳарам дорад. Шомили 5 бурҷ низ будааст. Дар Бадахшон чанд қалъаи дигар Қалъаи Рин, Қалъаи Вранг, Вршимқалъа, Қалъаи Ҷавшангоз ва ғ. мавҷуданд. Аксари қалъаҳо роҳҳои зеризаминӣ доштаанд. Аксари қалъаҳое, ки дар Бадахшон вуҷуд доштанд, ҳоло аз байн рафтаанд ва танҳо дар ёддоштҳои сайёҳону таҳқиқоти бостоншиносон сабт гардидаанд.

                                     

12. Адбиёт

  • Мандельштам А. М. Материалы к историко-географическому обзору Памира и припамирских областей. Сталинабад, 1957;
  • Давлатдории тоҷикон дар асрҳои 9-14. / Муҳаққ. ва муратт. Н. Амиршоҳӣ. Д., 1999;
  • دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج۳. تهران، ۲۰۰۶؛
  • دانشنامۀ جهان اسلام. ج۲. تهران، ۱۳۷۵؛
  • Пирумшоев Х. Ванҷ. Д., 2003; Дарвоз. Д., 2010;
  • Акназаров О. А., Мельничков Д. Г. Экотуризм на Памире ⁄⁄ Проблемы и перспективы. Д., 2006;
  • Шомансуров С., Акназаров О. А. Геотермальные воды Памира и вопросы комплектного их использования. Д., 1999;
  • Мирзоев Р. Великий шелковый путь. Реалии XXI века. М., 2005;
  • Абаева Т. Г. Очерки истории Бадахшана. Ташкент, 1964;
  • Мирзо Сангмуҳаммади Бадахшӣ, Мирзо Фазлалибеки Сурхафсар. Таърихи Бадахшон. Д., 2007;
  • ГамкрелидзеТ. В., Баратов Р. Лаъли Бадахшон. Д., 1980;
  • مراد صاحب نظر. بدخشان در تاریخ. ج ۲. کابول، ۱۳۸۰
                                     

13. Сарчашма

  • Асос - Боз. - Д.: СИЭМТ, 2013. - 664 с. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 2. - ISBN 978-99947-33-52-4.
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →