ⓘ Фазлиддин Муҳаммадиев. Фазлиддин Аминович Муҳаммадиев - нависанда, Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ходими хизматнишододаи ..

Ҳиссачаҳои таъкидӣ

Ҳиссачаҳои таъкидӣ - Ҳиссачаҳои таъкидӣ инҳоянд: ҳатто,//то ҳатто, ҳам, низ,боз,зинҳор:Шараф ба вай ҳатто нигоҳ ҳам накард ;Амаки Заргар низ гӯё ҳамон марди меҳрубони пештара менамуд Фазлиддин Муҳаммадиев;Зинҳор марав Фазлиддин Муҳаммадиев).

Зарфи миқдору дараҷа

Зарфи миқдор ва дараҷа ба ҳамдигар хеле наздик мебошанд.Ба зарфи миқдор калимаҳои зерин дохил мешаванд:бисёр,бисёр-бисёр, зиёда, зиёд, андак,кам, камубеш, яктагӣ, қадре, як миқдор, хеле, басе, лаболаб, танҳо-танҳо,гурӯҳ-гурӯҳ ва ғайра.

Хабари феълӣ

Хабари феълӣ - хабарҳое, ки ҷузъи асосии онҳо бо шаклҳои тасрифии феъл ифода шудаанд, хабарҳои феълӣ ном доранд.Хабарҳои феълӣ аз ҷиҳати сохту таркиб ду хел мешаванд: сода ва таркибӣ.Хабарҳои феълии сода асосан ба воситаи як калима ифода мегарданд.

-ро (пасоянд)

-ро - пасоянди аслӣ буда, дар миёни дигар пасояндҳо мавқеи махсусеро ишғол мекунад. Он маънои мустақили луғавӣ надорад ва амалан бо аъзои пайрави ҷумла истифода мешавад. Пасоянди -ро бо пуркунандаҳои бевоситае меояд, ки бо чунин ҳиссаҳои нутқ ифода меёбанд: 1) бо исмҳои хос ва ҷинс, ки одатан номи одамон, номи ҳодисаҳои алоҳида, ягонаи ҷудонашавандаро мефаҳмонанд, бо ҷонишинҳои шахсӣ, ҷонишинҳои ба исм табдилёфта ва ғайра; 2) пуркунандаҳое, ки муайянкунандаи соҳибӣ доранд ва онҳо бо исмҳо, бо ҷонишинҳои шахсӣ, нафсию таъкидӣ, ишоратӣ ва бандакҷонишинҳо ифода меёбанд, инчунин муайянкунандаҳ ...

Таги (пешоянд)

Таги - пешоянди номӣ буда, шаклҳои таҳти, таки ва шакли таркибиаш дар таҳти, аз таги, аз таҳти аст.Онҳо ба ашёе ва ё ҷое ишора мекунанд, ки дар ӄарибиашон амале вуӄӯъ мегардад.

Қариби (пешоянд)

Ӄариби //ӄарибии - пешоянди номӣ буда, муродифи пешоянди наздики аст ва дорои тобиши маънои наздик будан ба ашёе мебошад. Вай бо пешояндҳои аслии дар, аз кор фармуда. мешавад.

                                     

ⓘ Фазлиддин Муҳаммадиев

Фазлиддин Аминович Муҳаммадиев - нависанда, Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ходими хизматнишододаи фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ 1967).

                                     

1. Зиндагинома

Дастпарвари мактаби миёнаи №.15 шаҳри Самарқанд. Соли 1946 ба Сталинобод омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш чун ходими адабии рӯзномаи" Тоҷикистони Сурх” сар шудааст. Мактаби марказии комсомол Москва, 1951, курси олии адабии назди Институти адабии ба номи М.Горкий Москва-ро хатм кардааст 1962. Минбаъд дар вазифаҳои Котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи" Комсомоли Тоҷикистон” ҳоло –" Ҷавонони Тоҷикистон”, 1951-1954, муҳаррири рӯзномаи" Газетаи муаллимон” ҳоло –" Омӯзгор”, 1954, мудири шӯъбаи маданият ва маишати рӯзномаи" Тоҷикистони Советӣ” 1954-1955, котиби масъули маҷаллаи" Занони Тоҷикистон” ҳоло –" Фирӯза”," Хорпуштак” 1955-1957, мудири шӯъба, котиби масъули моҳномаи" Шарқи Сурх” ҳоло –" Садои Шарқ”, 1957-1960, муҳаррири маҷаллаи" Хорпуштак” 1962-1964, узви коллегияи сенариянависони Киностудияи ”Тоҷикфилм” 1965-1966, муҳаррири калони нашриёти" Ирфон” 1967-1968, мудири редаксияи назорати адабии Сарредаксияи илмии ЭСТ 1969-1973, сармуҳаррири Комитаи давлатии ҶТ оид ба синамо 1973-1976, котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 1978-1981 кор кардааст. Фазлиддин Муҳаммадиев 16 октябри соли 1986 бар асари кордзании чанд тан авбош дар рӯи мизи ҷарроҳӣ ҷон додааст. Фазлиддин Муҳаммадиев дар оромгоҳи Боғи Лучоб ба хок супорида шудааст.

                                     

2. Эҷодиёт

Аввалин ҳикояҳояш аз аввали солҳои 50-уми асри мозӣ чоп шуда дарак аз зуҳури нависандаи ҷавони соҳибсабақу соҳибистеъдоде додаанд. Ҳамон солҳо беҳтарин очеркҳоро навиштааст, ки дар маҷмӯаи "Муҳоҷирон" 1958 гирд омадаанд. Баъдан қиссаҳои "Таркише, ки ба амал наомад" 1960, "Одамони куҳна" 1963, "Бибизайнаб" 1964, "Дар он дунё" 1965, романи "Палатаи кунҷакӣ" 1974, қиссаҳои "Шоҳии япон" 1982 "Варта" 1983, маҷмӯаи ҳикояҳои "Сози Мунаввар" 1990-аш ба табъ расидаанд. Солҳои 1978-1980 дуҷилда, солҳои 1989-1991 сеҷилдаи осори мунтахабаш чоп шудаанд. Соли 1985 китоби дигари очеркҳояш "Дӯстон – тоҷи сар" пешкаши хонандагон гардидааст, ки аз биҳин намунаҳои навъи мазкур дар насри муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи асарҳои ӯ борҳо ба русӣ ва дигар забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд. "Тоҷикфилм" аз рӯи сенарияҳои ӯ филмҳои "Задухӯрд" 1973, "Субҳи ватани ман" 1974, "Вохӯрӣ дар дараи марг" 1980-ро офаридааст. Филми ҳунарии "Вохӯрӣ дар дараи марг" дар бисёр озмунҳои байналмилалӣ сазовори мукофот гардидааст. Драмаи "Арӯси охирини амиралмӯъминин" 1963-ашро Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузоштааст. Ҳикояҳои алоҳидаи А. Чехов, Т. Драйзер, романи А. Стил "Зарбаи аввалин", қиссаву романҳои Ч. Айтматов "Ҷамила", "Дуроҳаи бӯронӣ" ва "Алвидоъ, Гулсарӣ!", романи А. Қаҳҳор "Модарони меҳрубони ман" ва ғ ро устодона ба тоҷикӣ гардондааст.

                                     

3. Дар бораи эҷодиёти нависанда

Дар бораи Фазлиддин Муҳаммадиеви публисист ягон асари таҳкикӣ вуҷуд надорад. Вале зимни таҳлили асарҳои калонҳаҷми ӯ чунон ки ишора рафт, баъзе фикру мулоҳизаҳо баён шудаанд. Аз ҷумла, мунаккиди шинохта Соҳиб Табаров дар заминаӣ очерку ҳикояҳои нахустини Ф. Муҳаммадиев андешаронӣ карда, навишта буд:

Муҳақиқ аз боби очеркҳои "Муҳоҷирон" ва "Фаттоҳ ва Музаффар" сухан ронда, дуруст таъкид менамояд, ки Ф. Муҳаммадиев дар атрофи

Таваҷҷуҳи К. Раҷабовро маҳорати Ф. Муҳаммадиев дар идрок ва донистани

ҷалб кардаст. Атахон Сайфуллоев дар очеркҳои Ф. Муҳаммадиев

таъкид намуда, қайд менамояд, ки қаҳрамонони нависанда

. М. Муллоҷонов бошад, таъкид менамояд, ки ба Фазлиддин Муҳаммадиев

.

                                     

4. Мукофот ва ҷоизаҳо

  • Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон ва Белоруссия мукофотонида шудааст.
  • дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 1967,
  • Бо ордени" Дӯстии халқҳо”,
  • Нависандаи халқии Тоҷикистон 1986,
  • Нишони Фахрӣ”,
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →