ⓘ Қаҳҳор Маҳкамов - ходими сиёсӣ ва давлатии ИҶШС ва Тоҷикистон, раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, Котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Узви Бюрои ҳиз ..

                                     

ⓘ Қаҳҳор Маҳкамов

Қаҳҳор Маҳкамов - ходими сиёсӣ ва давлатии ИҶШС ва Тоҷикистон, раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, Котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Узви Бюрои ҳизбии КМ ҲКИИ, Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, аввалин ва охирин президенти ҶШС Тоҷикистон.

                                     

1. Зиндагинома

Қаҳҳор Маҳкамов 16 апрели соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1953 Институти кӯҳии Ленинградро хатм карда ҳамон сол ба ҳайси сардори яке аз қисматҳои шахтаи трести "Таджикуголь" дар Шуроб ба кор даромадааст. Минбаъд дар вазифаҳои гуногун кор карда сардори шахта гардидааст. Аз соли 1963 то соли 1982 аввал Раиси Госплан ва сипас ҷонишини Раиси Шӯрои Олии Вазирони ҶШС Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ба мақсади рух додани хунрезӣ Қаҳҳор Маҳкамов ба истеъфо рафта, Қадриддин Аслонов вазифаи иҷрокунандаи президентро ба уҳда гирифт ва фармонро оид ба манъ намудани фаъолияти ҳизби коммунистӣ интишор намуд.

                                     

2. Фаъолияти ҳизбию давлатӣ

Соли 1957 ӯ узви Хизби коммунистӣ ҲК ИҶШС шуда аз соли 1961 дар вазифаи Раиси комиҷроияи шаҳри Ленинобод то с. 1963 фаъолият кардааст. С 1963 ба вазифаи Раиси Госплани ҶШС Тоҷикистон таъйин шуд ва аз соли 1965, инчунин, муовини Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон буд. Қаҳҳор Маҳкамов минбаъд ҳамчун Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон 1982 - 1986, Котиби якӯми Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии ҶШС Тоҷикистон 1985 - 1991, Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон 1990, аввалин президенти Тоҷикистон 1990 - 1991 адои вазифа намудаастӣ. Баъди воқеаҳои тезутунди сиёсии Тоҷикистон 1990 - 1991 ба истеъфо баромада, якчанд муддат бо соҳибкорӣ машғул буд. Баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1994, ҳамчун вакили доимии парлумон ва намояндаи Тоҷикистон дар АврАзЭС кор мекард. Қаҳҳор Маҳкамов 8 июни соли 2016 дар Душанбе вафот кардааст.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →