ⓘ Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардида ..

2 август

Бознигаред: Гурӯҳ:Рӯйдодҳои 2 август 1945 - ба охир расидани конфроси Иттиҳоди зидди фашистӣ дар ш.Потсдами Олмон. 1934 - баъд аз марги рейхспрезидент Гинденбург, Адолф Ҳитлер ҳамчун фюрери Олмон эълон мешавад. 1946 - ба қатл расонидани генерал-лейтенант А. А. Власов, фармонбари Армияи озодкунандаи Рус РОА. 1990 - Таҷовузи қувваҳои мусаллаҳи Ироқ ба Кувайт. 1870 - дар Лондон нахустин метрои зеризаминӣ дар ҷаҳон кушода шуд.

                                     

ⓘ Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои низомии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миллӣ гардонида нашудаанд. Пешниҳоди идкунии "Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ибтидои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба миён омадааст. 23 феврали соли 1993 аз ҷумлаи ихтиёриёни "Фронти халқии Тоҷикистон", ки ҳамчун ҳимоятгарони низомии Хукумати Тоҷикистон ташкил ёфта буданд, дар майдони марказии пойтахт ш. Душанбе паради низомӣ баргузор гардид. Дар он намоиш аз "Фронти халқии Тоҷикистон" ҷониби кумондони "Фронти халқии Тоҷикистон" дархост карда шуд, ки 23 феврал ҳамчун иди Артиши миллӣ эътироф карда шавад.

                                     

1. Баргузории ид

23 феврал тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томхои низомӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд. Бонувон ва духтарон дар арафаи ид мардону ҷавононро табрик мекунанд.

Парадҳои ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзҳои ид мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.

                                     

2. 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ

23 феврали соли 2013 дар Тоҷикистон - 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Паради ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзи ид, дар Душанбе баргузор гардид. Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томхои низомӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ шуда гузаштаанд. Парад бо фармони вазири мудофиаи генерал Шералӣ Хайруллоев ва фармондеҳи қувваҳои замин генерал Латиф Файзиев фармон дод.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →