ⓘ Иқтисоди Тоҷикистон - ба далели тавоноиҳои ҷуғрофиёӣ ва табиии худ, яке аз манотиқи муҳимми иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва аз ҷойгоҳе вежа бархурд ..

Иқтисоди Туркманистон

Иктисоди Туркманистон дар миёни давлатҳои ҷаҳон аз руи хачми ММД ҷойи 94-ро ишғол менамояд, ки он баробар ба 45 млрд доллар мебошад. Асоси иқтисодиёти Туркманистонро соҳаҳои гуногуни саноат аз ҷумла Комплекси сузишворӣ - энергетики, саноати бофандаги, кимиёвӣ, металлурги ва киштисозӣ ташкил медиҳанд.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ RFERL) муассисаи мустақили амрикоист, ки тавассути Конгресси Иёлоти Муттаҳида таъмини молӣ мешавад. Барномаҳои РАО/РО, ки ба 28 забон дар ҳудуди кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна пахш мешаванд, беш аз 35 миллион шунаванда доранд. Радиои Озодӣ маҷмӯан ҳафтае 1000 соат барнома ва ҳамарӯза ахбори тозаву объективӣ нашр мекунад. Маркази пахши барномаҳои РАО/РО дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех ва маркази идории РАО/РО дар шаҳри Вашингтон, пойтахти ИМА ҷойгир аст.

Факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДХБСТ

Факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ тибқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ таъсис дода шудааст. Мақсад ва вазифаҳои асосии фаъолияти факултет тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои сиесатшиносӣ, коргузории гумрук ва муносибатҳои байналхалқӣ мебошад. Бо ин мақсад дар факултет шароити хуби таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Дар факултети мазкур аз рӯи ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ, хадамоти гумрук, сиёсатшиносӣ, минтақашиносӣ фаъолияти таълимӣ ва илмӣ ба роҳ монда шудааст. Факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ аз панҷ кафедра иборат аст: 1. Му ...

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ - муассисаи омӯзишии байнулмилалӣ, ки дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Равобити бурунмарзӣ

РАВОБИТИ БУРУНМАРЗӢ САМАРА МЕОРАНД Таъмини алоқаҳои берунӣ, фаъолияти иқтисоди бурунмарзию инвеститсионӣ яке аз вазифаҳои Ҳукумати шаҳр аст ва иҷрои вазифаро шӯъбаи махсус ба зимма дорад. Шӯъба таҳти назари Раиси шаҳр моҳиятан сиёсати иҳгисодиро корбаст мекунад, ба амал татбиқ мегардонад, фаъолияти инвеститсионӣ ва муносибати байни корхонаҳоро, новобаста ба шакли моликияташон ба маҷро меандозад, аниқтараш дар ин бобат ёвари аввалини роҳбарият аст. Аз ин рӯ, инкишофи равобити байни шаҳрҳо ва минтақаҳои наздику дур бо шаҳри Хуҷанд дар маркази диққати Ҳукумат меистад ва агар чун хулосаи манти ...

                                     

ⓘ Иқтисоди Тоҷикистон

Иқтисоди Тоҷикистон - ба далели тавоноиҳои ҷуғрофиёӣ ва табиии худ, яке аз манотиқи муҳимми иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва аз ҷойгоҳе вежа бархурдор аст. Пас аз эъломи истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, лағв шудани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбуди ҷиддии захираҳои молиявӣ иқтисод ва тиҷорат ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ омаданд.

Минбаъд марҳалаҳои гузаштаро аз ибтидои соҳибистиқлолӣ то айни замон шартан ба 3 давра метавон ҷудо намуд.

  • давраи дуюм - солҳои 1995-99 - раҳо гардидани иқтисоди кишвар аз ҳолати буҳронӣ, тағйироти сохторӣ ва институтсионалӣ, гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ;
  • давраи аввал - солҳои 1991-94 - таҳлили низоми шӯравӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ногувори муқовиматҳои шаҳрвандӣ
  • давраи сеюм - солҳои 2000 - 2014 - солҳои рушди устувори иқтисодӣ.

Мувофиқи пешгӯии иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ, соли 2018 афзоиши воқеии ММД Тоҷикистон то 5.9 фоиз бештар шуда, соли 2019 то ба 6.1 фоиз мерасад. Қобили зикр аст, ки соли 2016 рушди воқеии ММД Тоҷикистон 6.9 фоизро ташкил дода буд.

                                     

1. Вазъи саноати Тоҷикистон

Дар даҳсолаҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон ба яке аз ҷумҳуриҳои саноатӣ – аграрӣ табдил ёфта буд. Дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ММД ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба маҳсулоти кишоварзӣ зиёд буд. Соли 1991 шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар ҶШС Тоҷикистон ба 2.308 адад мерасид. Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ дар ҶШС Тоҷикистон 425 ададаш корхонаҳои нисбатан калон буда, аз онҳо 207 корхонаҳои саноати вазнин ва 119 ададашон корхонаҳои саноати сабук буданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ 1992 -1997 ба фаъолияти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши манфӣ гузошт. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз соли 1996 инҷониб аксар зараровар ҳисоб мешаванд. Зеро, аз ин сол сар карда ба ҷумҳурӣ воридоти молҳои саноатии хориҷӣ хело афзуд. Дар натиҷа аз як тараф аксарияти корхонаҳои саноатӣ фаъолият намекарданд, аз тарафи дигар, он корхонаҳое, ки фаъолият мекарданд, маҳсулоташон бо молҳои ба ҷумҳурӣ воридгардида рақобат карда наметавонистанд.

Дар соли 2011 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 952 корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд мекард аз байни онҳо 10.2% кор намекарданд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи саноатӣ дар 9 мохи соли 2012 - $1.4 млрд ташкил медиҳад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар соҳаи саноат - 219 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойи корӣ, аз ҷумла, дар вилояти Суғд - 59 бо 969 ҷойҳои кории нав, вилояти Хатлон - 57 корхона бо 678 ҷойҳои кории нав, ВМКБ - 3 корхона бо 87 ҷойҳои кории нав, шаҳри Душанбе - 60 корхона бо 812 ҷойҳои кории нав ва НТҶ - 40 корхона бо 386 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шуд. Аз шумораи умумии корхонаҳои нав: 38 - корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 - корхона ба саноати сабук, 50 - корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 - корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 - корхона ба саноати маъдан, 1 - корхона ба саноати ангишт, 5 - корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 - корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд.

Тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар 11 моҳи соли ҷорӣ КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" маҳсулотҳоро ба монанди алюминийи аввалия ба маблағи 158.0 млн. доллари ИМА ба хориҷи кишвар, хусусан ба Давлатҳои Аврупо содирот намудааст.

ҶДММ "Талко Кемикал" бо дарназардошти масъалаҳои қабули давлатии иншооти сохтмонаш анҷомёфтаи корхонаҳои "криолит ва алюминийи фтордор" ва ҳамоҳангсозии дигар корҳои ташкиливу омодагӣ ба истеҳсолот ва захира намудани ашёи хом дар семоҳаи аввали соли равон фаъолият накарда, аз моҳи апрели соли 2019 тибқи нақшаи қаблан такмил додашуда ба истеҳсоли маҳсулотҳои кимиёвӣ ба монанди алюминии фтордор, криолит ва коагулянт шуруъ намуд. Дар 11 моҳи соли равон корхонаи мазкур дар ҳаҷми 3605 тонна фториди алюминий, 417.6 тонна криолит, 438.3 тонна кислотаи сулфат ва 820.0 тонна коагулянт, дар маҷмуъ бо маблағи 53.5 млн сомонӣ ба фурӯш баровардааст. ҶДММ "Талко Кемикал" дар ҳамин давраи соли 2019 ба миқдори 2496.8 тонна фториди алюминий ба маблағи 34.3 млн сомонӣ ба Федератсияи Россия содирот намудааст. Инчунин ба КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" 417.1 тонна криолит ба маблағи 2961.5 ҳазор сомонӣ ва 1107.9 тонна фториди алюминий ба маблағи 13209.4 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 16171.0 ҳазор сомонӣ маҳсулот интиқол дода шудааст.

Ба КВД "Обу корезӣ" -и шаҳри Душанбе бошад 820 тонна коагулянт ба маблағи 1934.9 ҳазор сомонӣ ва дигар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ зиёда аз 438.3 тонна кислотаи сулфат ба маблағи 1012.7 ҳазор сомонӣ маҳсулот интиқол дода шудааст. Дар анбори корхонаи мазкур бақияи маҳсулоти ниҳоӣ ва нимтайёр бо нархҳои амалкунанда бе арзиши иловашуда бо назардошти бақияи соли гузашта зиёда 12.7 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз тарафи ҶСП "Норд Азия металл" корхонаи истеҳсоли қубурҳои профилии металли даврашакл ва чоркунҷашакл бо иқтидори 60 ҳаз. тонна маҳсулот дар як сол бо истифода аз хати технологии муосир оғоз гардид, ки дар натиҷа 60 нафар ҷойи кори нав таъсис ёфт. Дар 11 моҳи соли 2019 корхона ба маблағи 174.1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14.8 млн сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти корхона 109.2 % баробар таъмин карда шуд. Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра ба 25129.82 тонна баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 957.32 тонна зиёд гардидааст. Намудҳои маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда аз рӯи ғафсии металл ва андозаашон то ба 85 намуд мерасанд, ки 40 намуди он профилҳои даврашакл буда, 45 намуди дигараш профилҳои чоркунҷашакл мебошад. Нархи фурӯши 1 тонна маҳсулоти тайёри корхона ба ҳисоби миёна 860 доллари ИМА баробар мебошад. Ашёи хом яъне, варақаи металлиро корхона аз Ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия ва Қазоқистон харидорӣ ва ворид менамояд. Дар ин давра корхонаи мазкур ба маблағи 4.1 млн сомонӣ 524 тонна маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот намудааст.

Дар шаҳри Ҳисор дар моҳи сентябри соли 2017 корхонаи нави истеҳсоли қубурҳои профилии металлии даврашакл ва чоркуҷашакл бо номи ҶДММ "Истеҳсоли труба ва профили тоҷик" ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар заминаи он 41 нафар ҷойҳои кории нав таъсис ёфт. Музди маоши миёнаи коргарон 1100 сомониро ташкил медиҳад. Ашёи хом яъне, варақаи металлиро корхона аз Федератсияи Россия харидорӣ ва ворид менамояд. Хатҳои технологӣ ба маблағи 5.8 млн. сомонӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид ва васлу насб карда шудаанд. Дар 11 моҳи соли 2019 бошад, корхона ба маблағи 38.6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 9.7 млн сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти корхона 133.8% баробар таъмин карда шуд. Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар 11 моҳ ба 4195.1 тонна баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 712.4 тонна кам гардидааст.

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ҷамъу васли автобуси мусофиркаши тамғаи "Акия" дар шаҳри Душанбе 14 феврали соли 2018 ва марҳилаи дуюми он 19 марти соли 2019 мавриди истифода қарор дода шуд. Истеҳсоли автобусҳои мусофиркаши тамғаи "Акия" аз тарафи КМ тоҷикию-туркӣ "Акия Авесто Автоматив Индастри" дар заминаи КВД "Насби нақлиёти барқӣ тролейбус" -и шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур солона аз 250 то 300 автобус мебошад. Айни замон нархи як аадад автобуси тамғаи АКИА-и истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 132 ҳазор евро мебошад. Шумораи кормандони корхона ҳоло зиёда аз 40 нафарро ташкил дода, баъди пурра ба истифода додани корхонаи мазкур шумораи ҷойҳои корӣ бояд ба 200 нафар расонида шавад.

31 марти соли 2019 дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Маҳмуд ва Компания" -и шаҳри Гӯлистони вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар корхона асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна истеҳсол мегардад. Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Маҳмуд ва Компания" то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад. Тақрибан 30 фоизи ашёи хом аз дохил ва боқимондаи он тибқи шартнома, аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда мешавад. Корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2.4 гектар бунёд гардида, 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардиданд. Корхонаи мазкур истеҳсоли маҳсулот аз моҳи июл оғоз намудааст, ки айни замон бо 60 нафар ҷойи кории нав таъмин шудааст. Корхонаи аз оғози фаъолият 490.0 тонна маҳсулот ба маблағи 1429.7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.

Марҳилаи аввали корхонаи ҶСП "Агротехсервис" -и шаҳри Ҳисор моҳи майи соли 2018 ва марҳилаи дуюм яъне ба пуррагӣ моҳи сентябри соли 2018 расман бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавриди истифода қарор дода шуд, ки бо ворид намудани қисмҳои эҳтиётӣ ба ҷамъу васли тракторҳо ва мошинолоти истеҳсоли Беларус машғул мебошад. Дар 11 моҳи соли 2019, корхона ба маблағи 18.5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки назар ба 11 моҳи соли 2018 4.5 млн сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти корхона 132.2 % баробар таъмин карда шуд.Дар 11 моҳи соли 2019 103 трактори тамғаҳои "Беларус 82.1" ва "Беларус 80Х", 38 адад тойбанд 36 адад ядак прицеп ҷамъу васл карда шудаанд. Дар 11 моҳи соли 2019 корхона ба миқдори 16 адад ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 8 адад тракторҳои тамғаи "Беларус 80Х" барои коркарди байни қаторҳои пахта ва 8 адад тракторҳои тамғаи "Беларус 82.1", 24 ядак прицеп ва ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 10 адад трактори тамғаи "Беларус 512" бекабина содирот намуд. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 1700 адад трактор ва мошинолотҳои кишоварзӣ мебошад. Баъдан бо васеъ гардидани истеҳсолот шумораи коргарон низ зиёд карда мешаванд.

Дар соҳа айни замон дар самти коркарди металлҳои сиёҳ ва ранга ва истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ дастовардҳои бештар ба назар мерасанд. Хусусан фаъолияти корхонаи истеҳсоли қубурҳо ва профилҳои металлӣ -ҶСП "Норд Азия металл" -и ноҳияи Спитамен, ҶДММ "Труба ва профилҳои тоҷик" -и шаҳри Ҳисор, корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ -ҶДММ "Тоҷпроф" -и МОИ "Суғд", ҶДММ" Оҳангудозии Тоҷикистон”-и ноҳияи Рудакӣ ва корхонаҳои нави истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ- ҶДММ КМ "Муосир" ва ҶДММ "Колорит технолоҷӣ" назаррас буда, ҳиссаи маҳсулоти корхонаҳои номбурда дар ҳаҷми маҳсулоти соҳа тадриҷан зиёд гардида истодааст.

Саноатчиёни кишвар дар соли 2019 дар самтҳои гуногуни саноат фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 27 миллиарду 586.6 млн сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 3 млрд 809.4 млн сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 113.6 фоизро ташкил дод.

Қайд гардид, ки соли 2019 256 корхонаҳои азими саноатӣ фаъолияти худро бо афзоиш ҷамбаст намуда, ба маблағи 14.6 млрд сомони маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки аз ин ҳисоб нисбат ба соли 2018 ба маблағи 4.6 млрд сомонӣ зиёд гардидааст.

                                     

2. Соҳаи кишоварзӣ

Пас аз истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардид. Дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ислоҳоти замин" соли 1992 марҳилаи қисман тақсим намудани заминҳои минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ оғоз гардид. Инчунин бо фармонҳои Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 № 342 ва аз 1 декабри соли 1997 № 874, 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин амал барои таъмин намудани аҳолӣ бо озуқа мусоидат намуд. Бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996, №522, "Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ" қабул гардид. Дар ин раванд супориши давлатӣ Госзаказ ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ озод эълон карда шуд, ки ин ба соҳибихтиёрии деҳқон барои парвариши маҳсулот мусоидат намуд.

Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ гардондани моликият дар соҳаи кишоварзӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонд. Дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ имрӯз шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ фермерӣ 54.3 ҳазор аз ҷумла: 890 адад асотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ фермерӣ, 819 адад хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва 357 адад хоҷагиҳои кооперативӣ ташкил медиҳанд.

Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ мустаҳкам гардида истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии дар соли 2010 нисбат ба соли 1991 3.2 маротиба зиёд гардидааст.

Мутобиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, - ғалладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полезиҳо, меваҷот, афзоиши саршумори чорво ва паранда дар солҳои охир мутаносибан хеле боло рафт.

Дар давраи истиқлол ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои рустанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар маҷмӯъ то имрӯз дар соҳаи кишоварзӣ 13 барномаи давлатии соҳавӣ қабул гардидааст.

                                     

3. Рушди соҳибкории инфиродӣ

Дар Тоҷикистон теъдоди соҳибкорони инфиродӣ афзоиш меёбад.

То 1 апрели соли 2021 ҳамагӣ дар Тоҷикистон 603.3 ҳазор соҳибкори инфиродӣ сабти ном шудаанд, ки аз ҷумлаи онҳо 83.8 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, ки тибқи шаҳодатнома кор мекунанд, 345 ҳазор тибқи патент кор мекунанд ва 174.5 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуданд. Соли 2021 бошад, 10496 соҳибкори нави инфиродӣ, аз ҷумла 1416 соҳибкори инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома кор мекунанд, 6329 соҳибкори инфиродӣ, ки бо патент кор мекунанд ва 2751 хоҷагии деҳқонӣ сабти ном шудааст.

Соли 2021, аз шумораи умумии соҳибкорони инфиродии сабтшуда 6551 нафар соҳибкорони инфиродӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2021 фаъолияти худро қатъ кардаанд. Шумораи соҳибкорони инфиродии фаъол то 1 апрели соли ҷорӣ - 307.9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

                                     

4. Сарчашма

  • Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон // Боз - Вичкут. - Д.: СИЭМТ, 2014. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 3. - ISBN 978-99947-33-46-0.
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →