ⓘ Илм дар Тоҷикистон. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бӯҳрони ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, ки ба асари воқеъаҳои ибтидои ..

Номзади илм

Номзади илм - дараҷаи илмии зинаи аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор кишварҳои ИДМ ва дар ИҶШС. Он бо дараҷаи доктори фалсафа дар кишварҳои ғарбӣ мувофиқат мекунад.

Доктори илм

Доктори илм - дараҷаи илмӣ, дуюмин дараҷаи олӣ дар ИҶШС, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Русия, инчунин дар як қатор кишварҳои ИДМ ва дар баъзе собиқ малакатҳои шуравӣ.

20 декабр

Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони 20 декабр 1939 - зодрӯзи Саттор Мухторов, доктори илми таърих, профессор. 1915 - зодрӯзи Ғулом Алиев, зоотехник-селексионер, ходими давлатӣ, академик, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино 2001 1915 - зодрӯзи Назаршо Додхудоев, арбоби намоёни давлатӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, собиқ Раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон. 1939 - зодрӯзи Рима Гаврилова, санъатшинос рассомӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон. 1938 - зодрӯзи Мақсуда Абдусаломова, химик, доктори илмҳои химия 1988, профессор 1990, Арбоби илм ...

16 сентябр

Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони 16 сентябр 1937 - Собит Неъматуллоев, олим, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1988 - 1995, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон 1998. 1950 - Сайиданвар Камолов, ходими низомӣ ва давлатии тоҷик

5 сентябр

Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони 5 сентябр 1923 - 2015 - Ҳабиба Каримова, омӯзгор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ. 1938 - Римма Степанова, доктори илми тиб, профессор. 1958 - Ҳалима Алибоева, актрисаи балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон. 1948 - Шавкатҷон Сулаймонов, файласуф.

                                     

ⓘ Илм дар Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бӯҳрони ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, ки ба асари воқеъаҳои ибтидои солҳои 90-ум ба амал омад, илм дар сатҳи нисбатан баланд мавқеъ дошт. Дар институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои дигари илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ заминаи моддиву техникӣ ба вуҷуд оварда шуда буд. Дар бисёре аз самтҳои илм кадрҳои илмӣ тайёр карда шуда, мактабҳои аслии илмӣ ташаккул ёфта буданд. Таҳқиқот дар ҳамоҳангӣ бо институтҳои Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва марказҳои дигари илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом дода мешуданд.

Пас аз мустақилияти давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба ҳифз ва дастгирии нерӯи илмӣ, ислоҳоти илм ва ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷумҳурӣ нигаронидани илм равона шуда буд. Дар айни замон раванди ислоҳоти илм идома дорад. Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оҳиста-оҳиста ба фаъолият дар шароити нав мутобиқ шуда истодаанд. Давлат дастгирӣ ва таҳкими нерӯи илмиро барои пешрафти бомуваффақияти мамлакат бо роҳи рушди устувор яке аз самтҳои стратегӣ донистааст.

                                     

1. Сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи илм

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонун ва қарорҳое қабул гардидаанд, ки сиёсати миллиро дар соҳаи илм муайян намуда, ба дастгирии нерӯи илмӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ нигаронида шудаанд, аз ҷумла:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2002;
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2002 № 482 "Дар бораи Академияи илмҳои педаго­гии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ";
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 № 54 "Дар бораи тартиби аккредитатсияи давлатии ташкилотҳои илмӣ" ;
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декаб­ри соли 2003 № 571 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 - 2008" ;
  • Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва тех­нология барои солҳои 2007 - 2015 дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар боло зикр шудаанд, таҳия гардида буд.
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиё­сати давлатии илмӣ-техникӣ" 1998;
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2004 № 385 "Дар бораи фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон".
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 1997 № 395 "Дар бораи таъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ" ;
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 1999 № 87 "Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ;
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1996 № 331 "Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ" ;
                                     

2. Таҳқиқоти илмӣ

Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ака­демияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маркази илмии мамлакат мебошад, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббии навтаъсиси 2009 назди Вазорати тандурустии ҶТ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва даҳҳо муассисаҳои дигари соҳавии илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ анҷом дода мешаванд.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →