ⓘ Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ - яке аз муассисаҳои театрии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Театр дар пойтахти Тоҷикисто ..

                                     

ⓘ Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ - яке аз муассисаҳои театрии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Театр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

                                     

1. Таърих

Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ яке аз театрҳои аввалини давлатӣ - касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон, Комиссарияти Халқии Маорифи ҷумҳурӣ тобистони соли 1929 ба ташкил намудани аввалин дастаи касбӣ-театрӣ шурӯъ кард. Асоси онро маҳфили ҳаваскорони аскарони сурхи аз артиш ҷавобшуда ташкил медод.

Ҳайати театри навбунёд аз ҳафт нафар иборат буд: актёрҳо Шариф Бақоев, Гулчеҳра Бақоева, Тӯбиё Бобоева, навозандагон Пӯлод Аҳмадов, Гулмирзо Ҳусейнов, Михаил Ягудоев, коргардон Ҳомид Маҳмудов ӯ вазифаи директорро низ ба ӯҳда дошт.

Нахустин коргардонҳои театрӣ, дорои маълумоти махсуси театрӣ, хатмкунандагони студияи Хонаи маърифати ӯзбекӣ дар шаҳри Маскав Ҳ. Маҳмудов, Ф.Умаров ва М.Саидов буданд.

Моҳи декабри соли 1939 мардуми Тоҷикистон 10-умин солгарди таъсиси Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистонро ҷашн гирифт, ки он ба даҳумин солгарди таъсиси театри драмавӣ рост омад. Ин ҷашнвораҳо аз ҷониби театр бо пйесаҳои С.Улуғзода "Шодмон" ноябри соли 1939 ба саҳна гузошта шуд, коргардон М.Саидов, "Отелло" таҳияи Мителман соли 1939, пйесаи Д.Фурманов ва С. Поливанов "Исён" таҳияи нав пешвоз гирифта шуд.

Соли 1939 Театри аввалини тоҷик унвони академӣ- драмавии ба номи устод А.Лоҳутиро ба худ гирифт ва фаъолияти бархе аз актёрон, аз қабили Ф Исматов, М.Қосимов, М.Саидов, Г.Бақоева, С.Тӯйбоева, А.Бурҳонов, О.Зиёев ба унвони Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон тақдир гардида Е.И.Мителман ва оҳангсоз Сергей Баласянян сазовори унвони "Ходими шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон" дониста шуданд.

Соли 1964 театри мазкур аз байни театрҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон якумин шуда бо панҷ намоишномаи азим- "Рӯдакӣ" -и С.Улуғзода, "Ромео ва Ҷулиетта" -и В.Шекспир, "Гунаҳкорони бегуноҳ" -и А.Н.Островский, "Ҳукми Модар" -и Ф.Ансорӣ ва "Гавҳари шабчароғ" -и С. Улуғзода дар Театри Пуҳаннандории кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳунарнамоӣ кард. Сафари ҳунарӣ бо ширкати якҷояи ҳунарварони тоҷику афғон дар намоишномаи "Гунаҳкорони бегуноҳ" -и бародарони афғон ин асарро ҳангоми сафари хидматӣ ба Кобул Ходими шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон Меҳрубон Назаров ба саҳна гузошта буд. Дар нақшҳои асосӣ: Кручинина - Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯҳфа Фозилова, Незнамов - Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Воҳидов, ба поён расид. Ҳунарнамоии театри тоҷик бо музаффариятҳои калон гузашт.

Аз соли 1929 Ҳомид Маҳмудов, Фатҳулло Умаров, Миркарим Саидов, С. Саидмуродов, В.Тихонович, Я.Тоналский, аз соли 1937 то 1961 беш аз 20 сол театрро ҳунарманди мардумии ҷумҳурӣ, устоди актёрони наслҳои аввал ва дуввум Е.И.Мителман сарварӣ намуд. Баъд аз ӯ В.Я Ланге 1961-1964, Ф.И.Александрин 1964-1969, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев 1969-1971, Хушбахт Майбалиев 1971-1977, Н.К Детсик 1977-1981, Хушбахт Майбалиев 1981-1995, Мирзоватан Миров 1995-1998, Фаррух Қосимов 1998-2000, Д. Убайдуллоев 2000-2004, Баҳодур Миралибеков 2004-2008 ва аз соли 2008 Ибодулло Машрабов сарварӣ мекарданд.

Ҳунарпешаҳои театри тоҷик - Муҳаммадҷон Қосимов, Миркарим Саидов, Абдураҳмон Саидов, София Тӯйбоева ва Аслӣ Бурҳонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ва Алиназар Хоҷаев, Тӯҳфа Фозилова ва Гулчеҳра Бақоева, Тӯти Ғафорова ва Хайрӣ Назарова, Маҳмуд Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов ва Ҳошим Гадо, Ҳабибулло Абдураззоқов ва Майрам Исоева, Баҳодур Миралибеков, Соро Сабзалиева, Саврӣ Сабзалиева, Мавлуда Обидова, Дилбар Умарова, Шералӣ Абдулқайсов ва Ибодулло Машрабов, Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Асалбек Назриев, Нурулло Абдуллоев, Бурҳон Раҷаб, Қиёмиддин Чақалов, Саодат Азизова ва Фирӯз Умаров, Қурбони Собир ва Лутфулло Давлатов ва дигарон бо назокату нафосати шарқиёна, бо ҳарорату зиндадилии тоҷикона, лаҳни ширини шоирона аз рӯи ақлу хирад ва фардияту ҳаётдонии хеш нақшҳои ҷовидонаро ба ҳаводорони театр тақдим намудаанд.

Имрӯз Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ метавонад бо хатмкунандагони донишкада амсоли Шералӣ Абдулқайсов, Баҳодур Миралибеков, Соро Сабзалиева, Саврӣ Сабзалиева, Мавлуда Обидова, Дилбар Умарова, Ибодулло Машрабов, Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Асалбек Назриев, Нурулло Абдуллоев, Қиёмиддин Чақалов, Саодат Азизова, Фирӯз Умаров, Қурбони Собир, Лутфулло Давлатов Муҳаммадӣ Мирзоалиев, Нурулло Абдуллоев, Ортиқ Қодиров, Нуриддин Ҷаронӣ, Ғаюр Ашӯров, Давлат Убайдуллоев, Бобоҷон Ҳасанов, Муҳаммадҷон Шодиев, Салоҳиддин Шукуров, Латофат Барзиева, Малоҳат Абдуллоева, Майрам Турсунова, Султонмурод Бобомуродов ва чандин тани дигаре фахр мекунад.

                                     

2. Ҳунарпешаҳои унвондор

Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон

  • Баҳодур Миралибеков барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ, с. 2012
  • Исо Абдурашидов
  • Давлат Убайдуллоев
  • Хайрӣ Назарова
  • Бурҳон Раҷаб,
  • Мавлуда Обидова
  • Ибодулло Машрабов – барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ
  • Гуландом Сафаралиева
  • Дилбар Умарова
  • Зулхумор Иброҳимова
  • Қиёмиддин Чақалов
  • Фирӯз Умаров
  • Нурулло Абдуллоев
  • Соро Сабзалиева
  • Асалбек Назриев
  • Қурбони Собир
  • Марям Исоева
  • Аҳмадшоҳ Улфатшоев
  • Шералӣ Абдулқайсов
  • Бобоҷон Ҳасанов
  • Ортиқи Қодир
  • Саодат Азизова
  • Майрам Турсунова
  • Саврӣ Сабзалиева
  • Носир Ҳасанов

Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон

  • Муҳаммадҷон Шодиев
  • Ҷомӣ Хоҷаев
  • Маҳмадҳаким Мамадзоҳиров
  • Маҳмадӣ Мирзоалиев
  • Фотима Ғуломова
  • Латофат Барзиева
                                     

3. Ҳунарпешаҳои маъруф

  • Зоҳир Дӯстматов
  • Ато Муҳаммадҷонов
  • Мушаррафа Қосимова
  • Мукаррама Камолова
  • Фаррухи Қосим
  • Аслӣ Бурҳонов
  • Шамсӣ Қиёмов
  • Хайрӣ Назарова
  • Равшан Тӯрабеков
  • Ҳабибулло Абдураззоқов
  • София Тӯйбоева
  • Муҳаммад Халилов
  • Мирбобо Зиёев
  • Ҳоҷиқул Раҳматуллоев
  • Ҳошим Гадо
  • Муҳаммадҷон Қосимов
  • Маҳмуд Воҳидов
                                     

4. Асарҳои таҳияшуда

Аз ибтидо то соли 2014 саҳнаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутиро инчунин асарҳои оламшумули драматургияи Ғарб зебу зиннат доданд:

  • "Отелло", "Ромео ва Ҷулйетта", "Шоҳ Лир" -и Вилям Шекспир,
  • "Шоҳ-гавазн" -и К.Готси,
  • "Чашмаи гӯсфандон" -и Лопе де Вега,
  • "Бемори хаёлӣ", "Дон Жуан" -и Ж.Б. Молйер,
  • "Макр ва муҳаббат", "Роҳзанҳо" -и Ф.Шиллер,
  • "ШоҳЭдип" -и Софокл, "Саид" -и П.Корнел,
  • "Эзоп" -и Г.Фигерейдо, "Хонадони Бернардо Алба" -и Гарсиа Лорка,
  • "Антигона" -и Жан Ануй, "Медея" -и Эврипид
  • "Хизматгори ду хоҷа", "Соҳибаи меҳмонхона", "Моҷаро дар Киоза" -и Карло Голдони,

80 соли сипаришуда барномаҳои Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутиро беҳтарин асарҳои драмманависони миллӣ рангин сохтанд. "Калтакдорони сурх", "Рӯдакӣ", "Шодмон", "Гавҳари шабчироғ", "Алломаи Адҳам ва дигарон" -и Сотим Улуғзода,

  • "Имтиҳон", "Ҳаёт ва ишқ", "Ҳукми модар" -и Файзулло Ансорӣ,
  • "Парвози сабзабаноз" -и Маҳмадалӣ Муҳаммадиев,
  • "Ганҷи ранҷ" -и Турахон Аҳмадхонов ва диг.
  • "Ғуруби Аҷам", "Хоҷа сагпараст" -и Ҷумъа Қуддус,
  • "Рустам ва Сӯҳроб" -и Пирмуҳаммадзода ва В.Волкенштейн,
  • "Дил-дили Зайнаб" -и Шамсӣ Қиёмов ва Анна Мороз,
  • "Дод аз дастиАфандӣ" -и Ғаюрбек Ашӯров,
  • "Кӯпрук" -и Фотеҳ Ниёзӣ, "Тӯй" -и Самад Ғанӣ,
  • "Драмаи миллат" -и Сафармуҳаммад Аюбӣ,
  • "Орзу", "Дасти дӯст" -и Меҳрубон Назаров,
  • "Шов-шов" -и Ҷумъа Қуддус ва Низом Қосим,
  • "Рустам ва Сӯҳроб", "Ҳуррият", "Сарбозони инқилоб" -и Ғанӣ Абдулло,
  • "Афсонаҳои мӯйсафед", "Мусофир ё "Куҷо равонаем" -и Нурулло Абдуллоев,
  • "Бо имзои Ленин" -и Абдусалом Атобоев,
  • "Беватан", "Ҳақиқати талх" -и Султон Сафаров,
  • "Паёми зардушт" -и Нур Табаров,
  • "Хонаи Нодир", "Дили сӯзон", "Гарнизон таслим намешавад", "Дохунда" -и Ҷалол Икромӣ,
  • "Искандари Зулқарнайн ва Спитамен" -и Барот Абдураҳмонов,
  • "Шаҳри ман", "Корвони бахт" "Қишлоқи тиллоӣ" -и Мирсаид Миршакар,
  • "Ибтидо" -и Ато Ҳамдам,
  • "Ҷияни хира", "Тахти Султонмаҳмуд" -и Шодӣ Солеҳ,
  • "Парвози Шоҳин" -и Ато Ҳамдам ва Расул Ҳодизода,
  • "Саодат" -и Саидсултон Саидмуродов ва Муҳаммадҷон Рабиев,
  • "Кабки қафас" -и Темур Зулфиқоров,
  • "Лаҳзаи ҷовид", "Захми забон", "Шоҳ Исмоили Сомонӣ" -и Меҳмон Бахтӣ,
  • "Гурги нодон" - Ғаюрбек Ашӯров,
  • "Қиссаи аҷибу ғариб" "Баҳроми Чӯбина, "Чаманзори ваҳдат" -и Тӯрахон Аҳмадхонов,


                                     

5. Адабиёт

  • Шарифов Х. Ҷаҳони Марям. - Д.: Адиб, 2011. - 40 с.
  • Роҳнамо маълумотнома / Маълумотномаи омории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Д., 2010.
  • Нурҷонов Н. Ҳоҷиқул Раҳматуллоев. - Д.: Эҷод, 2005. - 216 с.
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →