ⓘ Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев - яке аз муассисаҳои консертии тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассисаи консертӣ д ..

28 декабр

1938 - Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт 1973 - Александр Солженитсин китоби "Архипелаги ГУЛАГ" -ашро, ки даҳшатҳои террори замони Сталинро фош мекунад, ба нашр расонд. .

Ростов-дар-Дон

Осорхонаи изобразительных санъат дар Дмитровской Краеведческий осорхонаи Пионер ва железнодорожный осорхонаи ва бачагона роҳи оҳан Ростовский осорхонаи вилоятии изобразительных санъат Осорхонаи донишгоҳи армянской дӯстӣ

Арғунун

Арғунун портативӣ, дастӣ, позитивӣ ва бузург мешавад. Арғунун. сози нисбатан мураккаб буда, аз қисмҳои зерин иборат аст: найчаҳо дами ҳаводеҳ ва найҳои ҳавогузарони чӯбӣ, дастгоҳи танзим ҷойи клавишҳо барои даст ва пой, вентилятор ва муҳаррики электрӣ. Дар тарафи чапу рости арғунуннавоз воситаҳои навозиш – дастаҳои бӯъдӣ, тугмаҳо ва фишангҳои кумакӣ ҷой дода шудаанд, Найҳо ва найчаҳои ҳавогузарон дар дохили баданаи чӯбии Арғунун. насб шудаанд. Намои Арғунунро найҳои қатори устувонавӣ оро медиҳанд, вале қисман ин найҳо барои навохтан низ истифода мешаванд ва ду тарзи садобарорӣ – лабӣ ҳавоӣ ...

                                     

ⓘ Филармонияи давлатии Тоҷикистон

Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев - яке аз муассисаҳои консертии тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассисаи консертӣ дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

                                     

1. Таърих

Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар асоси Қарори ШКХ ҶШС Тоҷикистон моҳи декабри соли 1936 таъсис ёфтааст. Ба ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон бисёр ҳунармандон аз Театри мусиқии тоҷик, коллективҳои касбию ҳаваскорон, инчунин ҳофизони машҳури халқии ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷалб гардиданд. Беҳтарин ҳофизону навозандагон, аз ҷумла навозанда М.Мавлонов, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон Шариф Ҷӯраев, С.Тӯхтаев ва дигарон дар ташаккул ва таҷаддуди анъанаҳои мусиқии классикию халқӣ ҳиссаи арзанда гузоштанд. Сарварии ҳофизони кӯҳистониро Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон Шариф Ҷӯраев ба ӯҳда дошт, ки ба ин даста Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон Пирӣ Садир, С. Бобиев, Б. Шарифов, Х. Шаболова, Г. Ҳасанова, А. Ёров ва дигарон дохил мешуданд. Дар ҳайати Филармонияи давлатии Тоҷикистон Ансамбли тарона ва рақс, оркестри миллии созҳои халқиро ташкил намуда, роҳбари бадеии он Ленский А. С. ва ансамбли рубобчизанон роҳбар Шариф Бобокалонов, дертар Ансамбли суруд ва рақси "Помир" таъсис ёфт. Солҳои минбаъда дар ин даргоҳи санъати тоҷик - Ҷӯрабек Муродов, Малика Қаландарова, Нигина Рауфова, Зафар Нозим, Шоиста Муллоҷонова, Мастона Эргашева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Самариддин Саъдиев, Мирбобо Зиёев, Абдулло Назриев, Зӯҳро Каримова, Ҳошим Назаров, Муродбек Насриддинов, Хосият Отиқова, Афзалшо Шодиев, Ҳаётой Мӯъминова ва дигарон ҳунарнамои кардаанд.

                                     

2. Сафарҳои ҳунарӣ

Ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар Даҳаи санъати тоҷик дар шаҳри Москва 1941 Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва 1957, Рӯзҳои маданияту санъати тоҷик дар Москва 1967, инчунин бисёр даҳаю ҳафтаҳо ва рӯзҳои адабиёту санъати тоҷик дар ҷумҳуриҳои ИҶШС иштирок намудааст. Ансамбли фолклории "Ганҷина" соли 1986 бо Қарори Вазорати фарҳанг ҶШС Тоҷикистон таъсис шуда, роҳбараш Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Зафар Нозимов буд, алҳол ба пуррагӣ фаъолият дошта санъати мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён тарғиб намуда истодааст. Дастаҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар бисьёр кишварҳои хориҷӣ - Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Туркия, Канада, ИМА, Япония, Австрия, Ироқ, Булғория, Германия, Чехославакия, Муғулистон, Ветнам сафарҳои ҳунарӣ карданд.

                                     

3. Дастаҳои ҳунарии консертӣ

Имрӯзҳо сарварии ин боргоҳи ҳунарро ҳофизи мумтоз ва мақбули ҳамагон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев ба зимма дорад. Ӯ пайваста барои баланд гардидани сатҳи касбии ҳунармандони ин кохи ҳунар мекӯшад ва ният дорад, ки дар оянда онҳо тарғибгари фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик натанҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он, дар дигар мамолики ҷаҳон низ бошанд. Айни замон дар ФДТ ба номи А. Ҷӯраев дастаҳои ҳунарии зерин фаъолият доранд:

  • Ансамбли "Меҳтариён" - роҳбар Расул Юсуфов.
  • "Ансамбли фолклорӣ- этнографии Ганҷина" - роҳбар Файзигул Юсуфова.
  • Хори камеравӣ - роҳбар Елена Тиллоева.
  • Ансамбли тарона ва рақс - роҳбар Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдумаҷид Бердиев.
  • Ансамбли "Шашмақом" - роҳбар Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарифов.
  • Ансамбли камеравӣ - роҳбар композитор Шариф Бедаков.
  • Ансамбли бонувони рубобӣ "Чаман" - роҳбар Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳаётой Мӯминова.
  • Оркестри созҳои миллӣ - сардирижёр Давлат Қурбон.


                                     

4. Ҳунарпешагон

6 н. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

12 н. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон 3 н. Арбоби ҳунари Тоҷикистон

1 н. дорандаи ордени "Шараф" дараҷаи 2

5 н, Дорандаи медали "Хизмати шоиста"

3 н. Дорандаи "Ифтихорнома" -и Президенти ҶТ

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →