ⓘ Лоиқ Шералӣ - шоири тоҷик, эроншинос, яке аз бузургони адабиёти муосири тоҷику форс дар Осиёи Марказӣ. Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикис ..

Соли 1941

Соли 1941 дар гоҳшумории мелодӣ - несоли кабиса, оғоз дар рӯзи чоршанбе. Ин 1941 соли даврони ҳозир, 941 соли ҳазораи 2, 41 соли садаи XX, 1 соли даҳаи 5 садаи XX, 2 соли даҳаи 1940-ум.

30 июн

Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони рӯзи 30 июн 1968 - Беҳрӯзи Забеҳулло, шоир. 1926 – Пол Наим Берг, профессор ва зистшиноси амрикоӣ 1928 - Шаҳмар Абдумуродов, чӯпон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

Дар (пешоянд)

Дар ин диёр ҳаво зуд торик мешудааст Фазлиддин Муҳаммадиев; Дар охирҳои зимистон падарам ба Маҳаллаи Боло рафтан хостСадриддин Айнӣ; Дар работи Килич Халифа занон дар ӄолинбофӣ машғул буданд Садриддин Айнӣ; .номи ҳаӄиӄии Оймуллои Танбӯр Каримабону буд ва ӯ ҳам дар аӄл ва ҳам дар ҳусн ҳаӄиӄатан нодираи даврон ба шумор мерафт Ҷалол Икромӣ. Пешоянди андар муродифи пешоянди дар буда,дар назми имрӯза низ ба назар мерасад.

Тарҷумаи бадеӣ дар адабиёт

Тарҷумаи бадеӣ дар адабиёт Бо ҳидояти бевоситаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тарҷумаи осори гуногуни классикони адабиёти ҷаҳон роҳандозӣ шуда, хонандаи тоҷик бо намунаҳои сарвати маънавии халқҳои дигари олам ошнойии бештаре пайдо кардааст. Адибон, дар навбати худ, дар ҷараёни тарҷумаи осори бузургони адабиёти ҷаҳон дарси маҳорат омӯхтаанд Яке аз соҳаҳои муҳимми рушду такомули адабиёти тоҷик дар давоми 80 соли ахир тарҷумаи бадеӣ мебошад, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои пешрафти он пайваста диққату ғамхорӣ зоҳир намудааст. Дар ин давра намунаҳои зиёде аз осори классикони ада ...

Ҳасрат (шеъри Лоиқ Шералӣ)

Ту дигар ба пешвозам дами дар намебароӣ Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесароӣ "Писари азизам омад Писари ғазалнависам омад" Ту дигар наметавони,ки миёни пиразанҳо Зи ман ифтихор сози ба ҳазору як таманно "Писари азизам омад Писари ғазалнависам омад"

Шеърҳо: ЗАРАФШОН

Ман умри азизу самари ишқу умедам Бе обу насими ту тасаввур нанамоям. Саҳмест зи оби ту ба таркиби вуҷудам Кайфест аҷаб атри насими ту бароям. Чун сабзаи ду соҳили ту ман, ки зи хурдӣ Сабзида, муҳаббат ба Ватан сахт бибастам, Дар ҳар қадами умр чу оби ту давидам, Аммо чу зи ту суде наяфзуда зи дастам. Имрӯз зи ту хонаи ҳар деҳа мунаввар, Шодобу зарафшон шуда ҳар дашту биёбон. Аз ту дамани ташна шуд ободу ҷавонбахт Монандаи дилдодаи маҳҷур зи ҷонон. Бо оби ту андар дили дашту даману кӯҳ Рӯида ниҳолу гулу гулзор ба авҷанд. Алвонҷ зада майсаи навхези зироат, Сарсабз шуда, ҳушу хаёлам бирабуда ...

Модар

Модар - - яке аз нисбатҳои хонаводагӣ аст ва волиди табии ё иҷтимоӣ мунс гуфта мешавад. Ба далели печидагӣ ва тафовутҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ва мазҳабӣ таърифҳо ва нақшҳо, таърифи кулли калимаи модар мутафовит аст. Вожаи нана унвони баробар барои модар ба кор меравад ва маънии дигаре низ дорад аз решаи ҳиндуурупоии nan ба маънии модар ва парастор аст.

Ҳарф

Дар рафти тадқиқотҳо дар достонҳои назмию насрии шоиру нависандагони тоҷику форс басомади такроршавии ҳарфҳо ҳисоб карда шуд, ки бояд дар байни асарҳои муаллифон фарқият ёфта шавад, аммо натиҷаи дигар ба даст омад. Яъне дар назар дошта шуда буд, ки агар такроршавии ҳарфҳо дар матнҳои гуногуни адибон ҳисоб карда шавад, қиматҳои гуногун мебароянд, вале дар натиҷа қиматҳои баровардашуда, бо ҳам хеле наздик ва монанд буданд. Баъди чунин натиҷабарорӣ, барои муайян кардани ҳаққонияти ин нишондиҳандаҳои басомади такроршавӣ ҳам асарҳои насрӣ ва ҳам асарҳои назмӣ дида шуд. На танҳо асарҳои адибони ...

Басомади вохӯрии ҳарфҳои тоҷикӣ

Омории басомади вохӯрии алифбои тоҷикӣ бе ҳисобгирии фосила пробел: Омории басомади вохӯрии алифбои тоҷикӣ бо ҳисобгирии фосила пробел:

                                     

ⓘ Лоиқ Шералӣ

Лоиқ Шералӣ - шоири тоҷик, эроншинос, яке аз бузургони адабиёти муосири тоҷику форс дар Осиёи Марказӣ. Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.

                                     

1. Зиндагинома

Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми мактаби деҳааш ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент дохил шуда онро хатм мекунад. Баъд ба факултаи таъриху филологияи Донишкадаи педагогии давлатии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дохил мешавад ва онро соли 1963 хатм мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки дар он солҳо мутобиқи расму қоидаи маъмул ҳар адиб, ки мехост узви Иттифоқи нависандагон шавад, бояд то он дам ҳатман ками кам як маҷмӯа чоп карда бошад. Лоиқи ҷавон ва исрори устод Мирзо Турсунзода ӯро бе ҳеч маҷмӯае ба таври истисно ва аз қоида берун ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Соли 1965, дар 24-солагӣ, ба туфайли шеъри маъруфи "Ба модарам", бо тавсияи бевоситаи устод Мирзо Турсунзода, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст, ки ҳодисаи нодири таърихию адабист. Лоиқ Шералӣ солҳои 1963-1965 муҳаррири шуъбаи адабиёт, мусиқӣ ва драмаи Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон, 1965-1966 ходими адабии рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" солҳои 1967-1975 мудири шуъбаи назми маҷаллаи "Садои Шарқ", солҳои 1975-1991 мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири "Садои Шарқ", аз соли 1991 то рӯзҳои охири умраш раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ будааст. 30 июни соли 2000 соати 12 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ташйиъи ҷанозаи он гаронмоя 1 июли соли 2000 бо ҳузури ҳазорон мухлисаш баргузор ва пайкараш дар Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дар паҳлӯи бузургони адаб ва ҳунари Тоҷикистон ба хок супурда шуд. Мадфани шарифаш дар "Мазористони Лучоб" қарор дорад. Чандин мактабу маҳаллаву муассиса номишарифи ӯро ҷовидонӣ медоранд. Байти зеринро худи устод ҳанӯз соли 1998 барои санги мазораш васият карда буд:

                                     

2. Ҷойгоҳ дар адабиёт

Аз ибтидои солҳои шастуми асри гузашта, дар баробари навиштани очерку мақолаву эссеҳои проблемавии публитсистӣ ва тарҷумаи бадеӣ, пайваста ба таълифу чопи шеър иштиғол варзида таҳти сарпарастӣ ва ғамхориҳои падаронаи устодони шеъри муосири тоҷикӣ Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Мирсаид Миршакар ба воя расидааст. Аввалин гулчини ашъораш "Сари сабз" соли 1966, бо таҳриру раҳнамойӣ ва фотаҳаи неки Сотим Улуғзода аз чоп баромадааст, ки дар мактубаш унвонии нашриёти "Ирфон" овардааст: "Шоири ҷавон хеле боистеъдод ва маҷмӯаи ашъораш пурмазмун аст". Баъдан ашъори Лоиқ мунтазам дар авроқи матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳои "Илҳом" 1968, "Нӯшбод" 1971, "Соҳилҳо" 1972, "Ташнадил ба хати ниёкон, 1974, "Хоки Ватан" 1975, "Резаборон" 1976, "Марди роҳ" 1979, "Варақи санг" 1980, "Хонаи чашм" 1982, "Рӯзи сафед" 1984, "Хонаи дил" 1986, "Офтобборон" 1988, "Дасти дуои модар" 1991, "Ҷоми саршор" 1991, "Ману дарё" 1991, "Аввалу охири ишқ" 1994, "Гулчине аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ" Теҳрон, 1994, "Дасти дуои модар" Исфаҳон, 1995, "Фарёди бефарёдрас" 1997, 2003, "Рӯҳи Рахш" Теҳрон, 2000, "Куллиёт" 2001, 2008, "Ангораҳо" 2001, "Мунтахаби ашъор" 2004, "Девони дил" 2007, "Девони пирӣ" 2008, "Девони замон" 2011, "Саду як ғазал" 2013, "Илҳом аз "Шоҳнома" 2014 ва ғ. ба дасти чоп расидаанд. Истеъдоди фитриву зотии устод Лоиқ аз шеъре ба шеъре, аз силсилае то силсилае, аз маҷмӯае то маҷмӯае сайқалу такмил ва ҷилои тоза пайдо карда, шеъри садаи бистуми тоҷикро гардишу тобиши наве бахшида, раҳнамойӣ, таъсирбахшӣ ва зимомдорӣ кардааст. Офаридаҳояш мамлуву маъҷуни беҳин дастовардаҳои адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, эҷодиёти ғановатманди шифоҳию гӯйишҳои сараи мардумӣ ва адабиёти пешқадами ҷаҳон буда, барои пайдоиш ва густариши сабки хосу мактаби қавии шоирии ӯ заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Шеъри ҷаззоби ӯ шеъри ҳамзамони тоҷикро бо шеъри ноби ҳазорсола пайванди ҷовидона бахшид. Забони маснӯъ ва тарҷумазадаро аз маснади хеш фурӯ нишонда, забони бою пурғановат ва равону поки дариро ҷойгузинаш кард, сабки хуросонии Рӯдакию Фирдавсиро ҷилою тавонмандии дигаре бахшид. Рӯҳу ғурури шоистаи миллӣ ва эҳсоси волои ватанҳоҳию башардӯстии бузургони миллатро дар замону заминаи наве рангу ҷило ва парвози бештаре ато фармуд. Мақолаву гузоришоти ӯ дар боби таҷлилу тамҷиди Ватану забони модарӣ, посдошти таъриху фарҳанги миллӣ, манзалати волои шеъру шоирӣ, падидаҳои нодири адабӣ, истилоҳу вожасозии навин ва ғ. дар болобурди савияи худшиносии миллӣ ва рушду камоли забони модарӣ саҳми беназире гузоштаанд.

Намунаҳоеро аз ашъори беҳтарини А. С. Пушкин, Ҳ. Ҳайне, В. Ҳюго, И. В. Гёте, П.Неруда, В, Уитмен, С. Есенин, М. Светлов, Р. Ҳамзатов, Е. Евтушенко, С. Капутикян, Э. Межелайтис, Қ. Қулиев, Й. Милев, Г. Птитсин ва диг. ба тоҷикӣ гардондааст, ки аз зеботарину шевотарин намунаҳои тарҷумаи бадеӣ дар адабиётамон эътироф гардидаанд. Офаридаҳои ноби устод Лоиқ ба чандин забони мардуми оламу шӯравӣ, аз ҷумла, ба русӣ, дар маҷмӯаҳои "Улыбка зари" 1969, "Завещанная земля" 1972, "Струны дождя" 1978, "Встречаю солнце" 1984, "Чаша Хайяма" 1985, "Моленье о дожде" 1989, ба ӯзбекӣ дар гулчини "Муҳаббатим" Тошканд, 1985 ва ғ. тарҷумаву чоп шудаанд.

                                     

3. Мукофот ва ҷоиза

Дорандаи чандин ордену медалу ифтихорномаҳо. Устод соли 1978 барои маҷмӯаи" Хоки ватан” ва" Илҳом аз Шоҳнома” барандаи Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид. Ғайр аз ин ӯ унвони давлатии" Шоири халқии Тоҷикистон”-ро касб карда буд. Моҳи майи соли 1999 ба устод ҷоизаи байналмилалии" Нилуфар” эҳдо гардид.

                                     

4. Порчаҳо аз эҷодиёт

Бузургии Лоиқ Шералӣ дар он аст, ки ашъори сурудааш ҳамагӣ ҳамнавои дили мардуми одӣ, таъсирбахш ва хеле зиёд ширину равонанд. Меҳри Лоиқ ва муҳаббат ба шеъри баландпояи ӯ кай ҳост, ки марзи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсигӯйро убур намуда, берунтару фарохтар доман афкандааст.

Донандагони осори Лоиқ Шеръалӣ иҷмолан ӯро шоъири зан, замин ва зиндагӣ меноманд. Дар шеъри шӯравии Тоҷикистон беҳтарин тавсифи модару дилдор, сарзамину меҳан ва расотарин тасвиру таъбирҳо аз талхию ширинии рӯзгор дар девони Лоиқ нуҳуфтааст. Лоиқ мекӯшид на танҳо мазмуни офаридаҳояш мардумӣ бошад, балки тасвирҳое ҳам ки медод, аз дили одобу русуми мардумаш бархоста буд:

Расми модарони тоҷик аст, ки ба ҳангоми гусели фарзандашон ба хидмати сарбозӣ ба нишони бахти сапед бар шонаҳояш орд мепошанд ва нонеро, ки гоз зада, ҳифз мекунанд, бо ин ният, ки пас аз бозгашт мобақии нонро ҳам бихурад. Ишқи Лоиқ Шералӣ ба модараш мояи даҳҳо шеъри нағзи ӯ буда, ки баъдан дар маҷмӯъаи" Модарнома” гирди ҳам омад ва беандоза маҳбуб шуд. Овозхонони тоҷик бисёре аз ин ашъорро табдил ба суруду тарона кардаанд:

Дар давроне, ки сиёсатҳои ҳоким ҳувияти тоҷиконро дар ҳолае аз ибҳом қарор дода буд, Лоиқ қаҳрамонони" Шоҳнома”-ро дар маҷмӯъае дигар бозофаринӣ кард. Кова аз марги ҳаждаҳ писараш менолид ва Таҳмина аз марги Суҳробаш чунин шеван мекард:

Ашъори Лоиқ Шералӣ ойинаи тамомнамои мардуми давронаш буд ва дар солҳои поёнии умраш, ки бо туғёну ошӯбҳои пасошӯравӣ мусодиф шуд, саропо иҷтимоъию сиёсӣ шуда буд; мамлув аз ҳушдорҳову надоматҳо ва сарзанишҳову раҳнамунҳо ва ҳасрату андӯҳи орзуҳои бохта. Унвони вопасин маҷмӯъаи ашъори ӯ" Фарёди бефарёдрас” ҳокӣ аз бори андӯҳу навмедист, ки бар шонаҳои устод уфтода буд:

Ҷанги дохилӣ мояи ранҷи фаровони Лоиқ буд, ки дар шеърҳояш бозтоб ёфтааст. Вай дар он рӯзҳо бо ишора ба нақши тоҷу ҳафт ситора бар парчами Тоҷикистон навишта буд:

Лоиқ Шеръалӣ бо гиряҳояш рафт. Чеҳраи шодаш пажмурда шуда буд. Лоиқи маҳфилоро дигар камтар дар маҳофил дида мешуд. Гӯӣ интизори фарҷомашро дошт, ки дар остонаи қарни бисту якум суруд:



                                     

5. Пайвандҳо

  • Зиндагиномаи Лоиқ Шералӣ
  • Ҳазор сол пас аз Рӯдакӣ
  • Сӯҳбати ҳамсари Лоиқ
  • Аудио бо овози Лоиқ Шералӣ
  • Ғазалҳои Лоиқ Шералӣ овози аслии шоир MP3
  • Лоиқ Шералӣ - Субҳе ба тоҷи бесари миллат гиристам
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →