ⓘ Мирсаид Миршакар - шоир ва дроманависи шӯравии тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ. Ходими барҷастаи ..

23 апрел

- Рӯзи оби ҷави олмонӣ. - Сан-Хорди Рӯзи Сант Ҷорҷ Шаблон:Парчами Ҷазоири Бермуд - Рӯзи қаламфур. - Рӯзи Миллии Соҳибистиқлол ва Рӯзи кӯдакон

Дурахши як ахтари сӯзон

"Дурахши як ахтари сузон" –китобе аз рӯзгор ва корномаи илмии Лутфулло Бузургзода, ки соли 2001 дар арафаи xашни 90 солагии олим дар та"ия ва танзими В. Самад ва Д. Самад ба табъ расидааст. Ба китоб олимони маъруф М. Шакури ва Д.Саймиддинов мушовирb намудаанд. Китоб шаш фаслро дар бар мегирад: Фасли 1. Тадrиrоти В. Самад "Таърих ва фоxиаи зиндагии Л. Б.". Ин асар ал"ол xамъбаст ва натиxа"ои фаъолияти б–сии муаллиф дар зарфи зиёда аз 40 сол ба шумор рафта, бо такя ба бозёфт"о ва андеша"ои тозаи илми ба чоп омода шудааст. Фасли 2. Асар"ои Л.Б. Ин фасл 8 асари адаб–сиву заб–си ва фолк–сиву ше ...

                                     

ⓘ Мирсаид Миршакар

Мирсаид Миршакар - шоир ва дроманависи шӯравии тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ. Ходими барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, вакили Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, узви КМ ҲК Тоҷикистон, раиси Кумитаи республикавии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви Президиуми Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви бебадали раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

                                     

1. Зиндагинома

Мирсаид Миршакар 5 майи соли 1912 дар деҳаи Синдеви ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи деҳқони чорводор таваллуд ёфтааст. Дар мактаби миёнаи қишлоқи Поршнев ва баъд дар мактаб-интернати шаҳри Хоруғ таълим гирифтааст. Соли 1930 Мактаби партиявии Душанберо хатм карда, муддате дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" фаъолият бурдааст. Дар сохтмони Вахш иштирок намудааст, муддате муҳарририи рӯзномаи "Зарбдори сохтмони Вахш" -ро бар уҳда доштааст. Ба сохтмони Вахш достони "Байрақи озодӣ" -и ӯ бахшида шудааст. Аз соли 1937 котиби масъул, муҳаррири рӯзномаи "Васияти Ленин". Аз соли 1940 то 1943 котиби масъули Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ. Ҳамчун сардори кумитаи репертуарии идора оид ба корҳои санъати Шӯрои комиссарҳои халқии Тоҷикистони Шуравӣ фаъолият дошт. Аз соли 1946 то соли 1959 котиби масъули Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ ва муовини мудири шӯъбаи агитатсия ва пропагандаи Кумитаи марказии ҲК ҶШС Тоҷикистон. Се дафъа котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Солҳои зиёд раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст. Соли 1993 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.

                                     

2. Эҷодиёт

Аз охири солҳои 30-юм бештар барои бачаҳо шеър гуфтааст. Достони "Мо аз Помир омадем" 1939 беҳтарин асари барои бачагон офаридаи ӯст. Аввалин асари ҳаҷман бузургу шоистаи ӯ достони машҳури "Қишлоқи тилоӣ" -ст, ки пеш аз ҷанг ба навиштани он шурӯъ карда, соли 1942 ба итмом расондааст. Ин асар баробари нашраш ба фонди тилоии адабиёти шӯравӣ дохил гардида, ба ҳамаи забонҳои халқҳои ҷамоҳири бародарӣ тарҷума ва чоп шудааст. "Кишлоқи тилоӣ" дар таҳияи худи муаллиф борҳо дар саҳнаҳои театрӣ пешкаши тамошобинони ҷавон гардидааст. Мирсаид Миршакар соли 1950, барои достонҳои "Қишлоқи тилоӣ" ва "Панҷи ноором" сазовори Мукофоти давлатии СССР гардидааст. "Ленин дар Помир" 1955 аз достонҳои дигари муассири ӯст, ки нахустин бархӯрдҳои инқилобии кӯҳистони Бадахшонро бозгӯ мекунад ва дар заминаи он, дар таҳияи худи муаллиф ва И. Филимонова, филми ҳунарӣ бардошта шудааст. Солҳои пасин достонҳои нави ӯ "Дугонаҳо" 1961, "Дашти лаванд" 1961, "Ишқи духтари кӯҳсор" 1962, "Чашмони Ленин" 1964, "Авроқи муҳаббат" 1975, "Исёни хирад" 1979 "Зинда бод ханда!" 2012 ва ғ. Дастрас ва мақбули умум гардидаанд. Мирсаид Миршакар, ҳамчунин, муаллифи чандин қиссаҳои бадеию фантастикӣ, осори сершумори саҳнавӣ ва мақолаҳои проблемавӣ мебошад, ки мақоми ӯро дар адабиёти даврони шӯравии тоҷик устувору шӯҳраташро сазовор гардонидаанд.

                                     

3. Намунаи осор

  • "Панҷи ноором" 1949, Достон;
  • "Чашмони Ленин" 1964,Достон;
  • "Авроқи муҳаббат" 1975, Достон;
  • "Дашти лаванд" 1961, Достон;
  • "Қишлоқи тилоӣ" 1942, Достон;
  • "Дугонаҳо" 1961, Достон;
  • "Ленин дар Помир" 1955, Достон;
  • "Исёни хирад" 1979, Достон; ва ғ.
  • "Ишқи духтари кӯҳсор" 1962,Достон;
                                     

4. Ҷоизаҳо

  • Ду ордени "Парчами Сурхи мехнат",
  • ду ордени "Нишони фахрӣ",
  • ордени "Инқилоби Октябр",
  • ордени "Дӯстии халқҳо",
  • Ҷоизаи давлатии ИҶШС Сталинӣ 1950,
  • Шоири халқии Тоҷикистон 1962,
  • Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон 1972,
  • Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ 1964,
  • Ду ордени "Ленин",

медалҳо ва Ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

                                     

5. Фарзандон

  • Заррина Миршакар - композитор, омӯзгор, Зулфия Миршакарова - омӯзгор, ҳунарпешаи синамо дар Русия, Мирафзал Миршакаров - дипломат, Акмал Миршакаров - рассом, омӯзгор сокинони Душанбе
                                     

6. Пайванди беруна

  • Habib Borjian," MIRŠAKAR, MIRSAID” Encyclopædia Iranica, online edition, 2012, available at англ. www.www.iranicaonline.org. 16 сентябри 2019 санҷида шуд.


Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →