ⓘ Осорхонаи маорифи Тоҷикистон - осорхона дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ки осори марбут ба мориф ва илми Тоҷикистонро фаро гирифтааст. ..

                                     

ⓘ Осорхонаи маорифи Тоҷикистон

Осорхонаи маорифи Тоҷикистон - осорхона дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ки осори марбут ба мориф ва илми Тоҷикистонро фаро гирифтааст.

                                     

1. Таърих

Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон соли 1960 дар назди Институти таҳқиқотӣ-илмии илмҳои педагогӣ ҳоло Пажӯҳишгоҳи рушди таҳсилоти АТТ бо номи "Музейи маорифи халқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон" таъсис ёфта буд. Осорхона то соли 1996 чун муассисаи алоҳида ва баъд ҳамчун шуъба дар назди Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ фаъолият кардааст. Пас аз таъсиси Академияи илмҳои педагогӣ соли 2002 ҳоло Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба ҳайати зерсохтори он дохил гардид. Сарварии осорхонаро дар солҳои гуногун 7 нафар ба уҳда доштанд, ки нахустини онҳо Аҳмад Раҳимзода солҳои 1960 - 1972 буд ва ҳоло Қурбоналӣ Зиёев аз соли 2016 ин вазифаро ба зима дорад.

                                     

2. Хазина

Осорхона дар тӯли фаъолияти худ ҳуҷҷатҳои нодири таърихӣ, нигораҳо, амсилаву аксҳоеро, ки рушду нумӯъ ва бурду бохти Тоҷикистонро инъикос менамоянд, гирд овардааст. Дар гирдоварии маводи илмиву таърихӣ саҳми пурарзиши роҳбарият ва кормандони осорхона назаррас аст.

Дар Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бисёр нигораҳои нодиру ҷолиб гирд оварда шудааст. Амсилаҳои "Мактаби куҳна", "Мадраса", асбобҳои хатнависии асрҳои XVIII- XIX, "фалоқ" - асбоби ҷазодиҳӣ, китобҳои Хоҷа Ҳофиз, Бедил, Фузулӣ ва ғайра, ки бо ҳуруфоти арабӣ навишта шудаанд ва аз рӯи онҳо дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро ва Ҳисор дарс мегуфтанд, аз ҳамин ҷумлаанд. Ҳамзамон, дар ин ҷо дастурҳои зиёде бо ҳуруфоти лотинӣ, ки ҳанӯз соли 1930 қабул карда шудаанд, маҳфузанд.

                                     

3. Вазифаҳо

Осорхонаи маориф бо осорхонаҳои мактабӣ ҳамкориҳои устувор дошта, ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ташкили осорхонаҳо ёрии амалӣ мерасонад.

Осорхонаи маорифи Тоҷикистон тарғибгари хизматҳои шоёни олимону маорифпарвони маъруфи шинохта, арбобони илму техника, омӯзгорони шоиста ва собиқадорони маориф мебошад. Гӯшаҳои махсус ба фаъолияти Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ Муҳаббат Маҳмудова, Ҳабиба Каримова, муаллимони ИҶШС Идӣ Халифаев, Фотима Самадова, олимон Лутфуллозода Муҳаммад, Шарифзода Файзулло, Убайд Зубайдов, Каримова Ирина, собиқадорони маориф Ҳабиб Искандаров, Ниёз Сафаров, Розиқ Ҳамидов ва дигарон бахшида шудааст.

Дар бораи фаъолияти аввалин омӯзгороне, ки барои маҳви бесаводӣ ва барқарор намудани Ҳокимияти Советӣ мубориза бурдаанд, маводи ҷамъовардашуда, расму ҳуҷҷатҳо маълумот медиҳанд. Макети қатли аввалин муаллимаҳо дар Ҳоит, ки 1 апрели соли 1929 рух додааст, барои тамошобинони осорхона сабақи зиндагӣ аст.

Кормандони осорхона дар ташкилу гузаронидани конфронсу семинарҳо, озмуну фестивалҳо, маҳфилҳои фаннӣ, экспедитсияҳои ҷумҳуриявӣ, сайёҳӣ-кишваршиносии мактаббачгон ҳиссагузор мебошанд.

Вазифаи осорхона тарғиби таърихи маорифи мамлакат, дастовардҳои он, таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ҷустуҷӯ ва ҷамъоварии маводи зарурӣ маҳсуб меёбад. Агар барои осорхона дар иртибот ба соҳаи маориф аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе мавод гирд оварда мешуд, муҳтавои он ғанитар мегардид. Инъикоси фаъолияти барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф низ ба мақсад мувофиқ аст.



                                     

4. Сарчашма

  • Теша Салоҳов. Осорхона – ифодагари соҳаи маориф. omuzgor-gazeta.tj. Нашрияи "Омӯзгор" 3 январи 2020. 1 марти 2021 санҷида шуд.
  • Ҷамолиддин Абдулов. Огоҳӣ аз таърих нишонаи худогоҳии миллист тоҷ. Рӯзномаи "Садои мардум" 20 ноябри 2018. 1 марти 2021 санҷида шуд.
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →