ⓘ Факултети география-экологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Факултети география-экология - яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби - со ..

                                     

ⓘ Факултети география-экологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Факултети география-экология - яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 2010. Соли 2010 факултети фанҳои табии ба факултетҳои "Биология ва химия" ва "География- экология" ҷудо шуданд.

                                     

1. Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият

Бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз 26.11.2010 ва фармони ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, профессор Ваҳоб Набиев аз 17.12.2010 факултети география-экология таъсис ёфта шуд.

Дар факултет 4 кафедра:

  • географияи табиӣ,
  • геоэкология ва методикаи таълим амал мекунад.
  • экология ва ҳифзи табиат,
  • географияи иқтисодӣ ва демография,

Факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин: "география", "география ва ҳифзи табиат", "география-демография", "география-биология", "географияи туризм ва менеҷмент", "экология", "экологияи умумӣ", "геоэкология" мутахассисонро тайёр мекунад. Аз рӯи ин ихтисосҳо дар шӯъбаи рӯзона 438 нафар ва дар шӯъбаи ғоибона 340 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.

Барои тайёр намудани мутахассисон 1 доктори илм ва 1 номзади илми мутахассиси соҳаи геоэкология, 2 номзади илми соҳаи геология, 4 номзади илми соҳаи география, 1 номзади соҳаи химия, 4 номзади илми соҳаи хоҷагии қишлоқ, 2 номзади илми соҳаи биология, 2 номзади илми соҳаи педагогика кор мекунанд.

Факултет дорои лабораторияи "Омӯзиши офатҳои табиӣ ва техногенӣ" аст, ки ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ экспедитсияҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил мекунад. Барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимии саҳроӣ дар массиви Палос базаи доимоамалкунанда дорад. Факултет бо Университети давлатии шаҳри Москва ба номи М. В. Ломоносов, Институти геологияи АИ Федератсияи Русия, Институти илмӣ-тадқиқотии "КАДАСТР" -АИ Федератсияи Русия, Университети "Дӯстии халқҳо" -и шаҳри Москва, Университетҳои Оренбург ва Перми Русия, Университети давлатии шаҳри Тошкент ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории илмӣ дорад.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →