ⓘ Тоҷикон. Кулли ҷамъият тақр. 22–35 млн Минтақаҳо бо ҷамъияти қобили таваҷҷуҳ Афғонистон 9.801.000–14.000.000 27–39% Тоҷикистон 9.000.000 Ӯзбекистон 1.420.000 ot ..

Либоси миллии тоҷикон

Маълумотҳои қадима оид ба либоси аҷдодони қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва чинӣ вомехӯранд. Бозёфтҳои археологӣ, суратҳои рӯи деворҳо ва тасвироти рӯи санг шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои намудҳои гуногуни каллапӯшу кулоҳ ва предметҳои ороишу зебу зинати миллӣ будаанд. Тадқиқоти бозёфтҳо, хусусан материалҳои садаи XIX ва аввали садаи XX гувоҳӣ медиҳанд, ки либоси тоҷикони қисми шимол ва ҷануби Тоҷикистони ҳозира аз якдигар андаке фарқ дошт. Ин фарқият ба иқтисодиёт ва шароити географӣ вобаста буд. Либоси занон аз курта, эзор, п ...

Либос

Либос, номи умумии чизҳое, ки инсон мепушад. Ба мафҳуми либос каллапӯш, пойафзол, дастпӯшак, кулоҳ, ҷӯроб, курта ва ғайраҳо дохил мешаванд. Асбоби зиннат ба либос танҳочизи иловагист. Либос баробари иқоматгоҳ ҳамчун яке аз василаҳои муҳофизат аз таъсири гуногуни беруна пайдо шуд. Либос яке аз ихтирооти қадимтарини инсон аст.

Сирк

Сирк - маънои калимаи "сирк" давра буда, саҳнаи давраи сирк, ки дар он ҳунармандон баромад мекунанд, ба дарозии 13-метр барои давиши аспон сохта шудааст. Инчунин сирк гуфта биноеро, ки номоиши сирки гузаронида мешавад, меноманд. Санъати сирки ниёгони тоҷикон таърихи бисёрасра дорад, ҳунарнамоии масхарабозҳои халқӣ, дорбозону чапандозон баъзе унсурҳои ин санъатро доштанд.

Меҳтар

Меҳтар,деҳаест дар ноҳияи Нови вилояти Суғд.Терр.к-зи ба номи С.М.Киров.Аз меҳтар то маркази Ҷамоати қишлоқ 8 км, то маркази ноҳия 14 км;роҳ асфалтпӯш.Аҳолиаш 960 нафар,тоҷикон ва ӯзбекон. Деҳа мактаби 8-сола,клуб,почта,АТС,магазин нонвойхона,чойхона дорад.

Куртаи чакан

Куртаи чакан - яке аз куратаҳои қадимаи тоҷикон буда асрҳои аср аз байн нарафтааст. Ин куртаро бо нахшу нигори қадима то ҳол нахшу нигори ҳозира дар матои холи бо кашидадӯзӣ оро медиханд. Мо чун оини қадимаи тоҷикии худро гум накарда то ҳол бо тахти фармони сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалии Раҳмон хар сол озмуни куртаи чаканро мегузаронем, то ин ки расму оини қадимаи худро фаромӯш накунем.

Гирдобӣ

Гирдобӣ - навъи нақш дар санъати ороиши амалӣ ва тасвирӣ, ки шакли гирдобро дорад. Ин нақш аз замонҳои қадим дар кандакорию гачкорӣ ва тасвири деворнигораҳо фаровон ба назар мерасад. Дар деворнигораҳои Панҷакенти қадим аспҳои обӣ дар гирдоби дарё тасвир ёфтаанд. Ҳамчунин мавҷҳои даврашакли дарё дар санъати гулкории тоҷикон мавқеи намоён доранд. Дар санъати гачкории Варахша гирдобҳое тасвир ёфтаанд, ки дар умқашон моҳиён шино доранд. Махсусан минётурнигорони асрҳои миёна мавҷи дарёро дар нусхаи нақшии гирдобӣ тасвир мекарданд. Гирдобӣ минбаъд дар ороиши ҳошияҳои гачкорию кандакорӣ васеъ ист ...

Гиристани муғон

"Гиристани муғон", навҳаи муғон - аз сурудҳои бостонии мавсимию маросимии тоҷикон, ки барои маросимҳои мардумӣ тасниф шуда, мардуми Бухоро онро дар рӯзи ёдбуди Сиёвуш иҷро менамуданд. Асоси ин сурудҳоро навҳаҳо ташкил мекарданд. Муаррих Муҳаммади Наршахӣ дар "Таърихи Бухоро" менигорад, ки "мардумони Бухороро дар куштани Сиёвуш навҳаҳост, чунонки дар ҳамаи вилоёт маъруф аст ва мутрибон онро суруд сохтаанду мегӯянд ва қавволон онро "Гиристани муғон" хонанд ва ин сухани зиёда аз се ҳазор сол аст". Дар "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ ин истилоҳ бо ибораи "Хурӯши муғон" омадааст: Гиристани муғон, гӯшаи т ...

                                     

ⓘ Тоҷикон

Кулли ҷамъият тақр. 22–35 млн Минтақаҳо бо ҷамъияти қобили таваҷҷуҳ Афғонистон 9.801.000–14.000.000 27–39% Тоҷикистон 9.000.000 Ӯзбекистон 1.420.000 other, non-official, scholarly estimates are 8 – 11 million Pakistan 1.220.000 Эрон 500.000 Русия 201.000 Олмон 100.000 ИМА 54.869 Қирғизистон 52.000 Хитой 51.069; Подшоҳии Муттаҳида 40 000 Қазоқистон 31 000 Шветсия 26 000 Канада 15.870 Туркманистон 5.300 Белгия 5.000 Итолиё 4.800 Украина 4.255 Забонҳо тоҷикӣ Дин Ислом

Тоҷикон - халқи ориёиасл буда, аз қадимулаём сокинони аслии Осиёи Марказӣ мебошанд. Тоҷикон аҳолии асосии Афғонистон - зиёда аз 10 то 14 млн., Тоҷикистон -9 млн., Ӯзбекистон - аз 1.7 то 11 млн., тақрибан 35 млн нафар.

                                     

1. Таърихи пайдоиш

Аз рӯи нуқтаи назари олимони Ғарб, мардуми тоҷик, ягона миллатест, ки насли аслии халқҳои бостонии эрониёни шарқӣ буда, суғдиён, хоразмиён, бохтариён ва дигар қабилаҳои шарқии эронӣ туронӣ, ки вуҷуди худро аз ҳазораи якуми пеш аз милод дар таърихи Осиёи Миёна пай намудаанд, дарбар мегиранд.

Забони бостонии тоҷикон, якчанд шева дошт ва шеваҳои асосиаш суғдӣ, хоразмӣ ва бохтарӣ буд ва ба ҳамдигар хешӣ дошт, ки ба гурӯҳи забонҳои эронии шарқӣ дохил мешуд. Дар вақти пойдор гардидани дини ислом ва паҳн шудани забони форсӣ, ки бо муҷоҳидони форс омада буд, ин шеваҳо аз байн мераванд ва забони тоҷикии ҳозира ба мисли забони мардуми форс ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ дохил мешавад.

То ҳол, забони яғнобӣ йағнобӣ зивок вуҷуд дорад, ки яке аз шеваҳои суғдӣ ба шумор меравад ва бисёр калимаҳои суғдӣ дар водии Зарафшон вақти суханронӣ истифода бурда мешаванд. Инчунин, забонҳои бостонии сакоиҳо дар мардуми Бадахшон эҳтиёт шудааст, ки забонҳои шуғнонӣ, рушонӣ, ишкошимиро дарбар мегирад.

Авалин бор номи тоҷикро ҳамчун "тожик", олим Маҳмуди Қошғарӣ, ки ҳамасри Ибни Сино буд, дар китоби худ сабт кардааст ва маънои онро ҳамчун форсзабонон маънидод кардааст. Дар ашъори шоирони порсигӯй ҳам, калимаи тоҷик бисёр вомехӯрад. Устод Саъдии Шерозӣ дар яке аз шеърҳояш чунин мегуяд:

شاید که به پادشه بگویند ترک تو بریخت خون تاجیک Шояд ки ба подшоҳ бигуянд: "Турки ту бирехт хуни тоҷик".

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи дӯстии худ бо шоир Алишер Навоӣ чунин нигоштааст:

او که یک ترک بود و من تاجیک، هردو داشتیم خویشی نزدیک. Ӯ, ки як турк буд ва ман тоҷик, Ҳарду доштем хешии наздик.

Лафзи тоҷик ё "тоҷак" ё "тожик" лафзест қадимӣ, ки ба мардуми ориёӣ ё Эрони кӯҳан ва ё Хуросони бузург таалуқ дорад. Нависандаи дигар гӯяд: Тоҷик шакли миёнаи калимаи ориёии тоифае аст. Н. Ханков мегӯяд, ки ин ном аз тариқи тоҷикӣ - дарӣ гирифта шудааст ва изофа мекунад, ки Зардушт тоҷро монанди салиби насоро ҳамчун аломат истифода мекард ва лафзи тоҷик аз калимаи "тоҷ", ки зиннати сар аст, гирифта шудааст. Хенри Фейлд баҳси тоҷик -ро чунин фушурда месозад:

Бояд ёдовар шуд, ки калимаи тоҷикро чун афроди "асилзода", "асилзодагон" гӯянд.

Садриддин Айнӣ маънои калимаи "тоҷик" -ро хеле муфассал ва аз ҷиҳати таърихӣ ва забоншиносӣ – этимологӣ таҳлил мекунад ва исбот менамояд, ки калимаи "тоҷик" аз "тоҷ" бармеояд.

Дурустии ин суханро нависанда ва олими эронӣ Алиакбар Деҳхудо тасдиқ мекунад. Асли ин калимаи паҳлавии "ТОҶИК" мансуб ба қабилаи "тоҷ" аст, ки аз қабилаи Эрон буда:

Халқи тоҷик дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ басо фарозу фуруди рӯзгорро дидааст. Тоҷикон аз асрҳои миёна инҷониб дар зери ҳокимияти сулолаҳои сершумори турку муғулнажод зиндагӣ кардаанд, вале забони тоҷикиро гум накардаанд. Хушбахтона халқи баору номуси тоҷик ба оламиён тоҷики тоҷдор будани худро ба фарҳангу маданияти худ исбот кардааст.

                                     

2. Мавқеъи зист

Аксарияти тоҷикон дар Осиёи Миёна зиндагӣ мекунанд. Мавқеъи асосии ҷои зист аз шарқ ва шарқу-шимолии давлати ҳозираи Эрон, дар шимоли давлати Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Покистон ҷойгиранд. Заминҳои расмии мардуми тоҷик, водии Фарғона, Чач Тошканд, водии Зарафшон аз Мастчоҳ сар карда то Самарқанду Бухоро, заминҳои хати резишгоҳи болооби Амударё дарёи Панҷ, Мурғоб ва Кобул, ва гирду атрофи ҳавзаҳои дарёҳои Ҳилмонду Арғандоб Афғонистон аст.

                                     

2.1. Мавқеъи зист Тоҷикон дар Тоҷикистон

Дар тамоми қаламрави Тоҷикистон тоҷикон сукунат доранд. Дар минтақаҳои Зарафшон ва Рашт омехташавӣ бо дигар миллатҳо кам дида мешавад. Дар минтақаи кӯҳии Кӯлоб ҳам омехташави тоҷикон ноаён аст.

                                     

2.2. Мавқеъи зист Тоҷикон дар Ӯзбекистон

Тоҷикони Ӯзбекистон то ҳоло симои тоҷикии худро ҳимоя кардаанд. Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Намангон, Термез ва ҳатто шаҳри Тошканд тоҷикон аксари кулли мардуми ин шаҳрҳоро ташкил медиҳанд.

                                     

2.3. Мавқеъи зист Тоҷикон дар Эрон

Дар Эрон ду гурӯҳи бузургнажоде вуҷуд дорад, яке тоҷикони навъи қадим, ки соли 640 ба Ҳиндустон рафтанд ва дигаре эрониёнанд. Тоҷикони даштӣ моҳрутар ва сафедтар аз тоҷикони куҳистонӣ ҳастанд. Тоҷиконе, ки дар марзи Шарқии Эрон, Хуросон ва Форс зиндагӣ доранд, ба лафзу симои тоҷикон дохиланд.

                                     

2.4. Мавқеъи зист Тоҷикон дар Русия

Тоҷикон дар Русия зиёда аз 350000 нафарро баҳои 2012 ташкил мекунанд, ки шаҳрванди ду давлат ба ҳисоб мераванд Русия ва Тоҷикистон. Аксарияти онҳо бо сохтумон ва тиҷорат машғул ҳастанд ба ғайр аз мардикорон.



                                     

3. Ташаккул ва инкишофи биологии тоҷикон нажод

Олимони ҷаҳон, шакли инкишофёбии биологии мардуми тоҷикро ба гурӯҳҳои Помиру-Фарғонагӣ ва Баҳри Миёназамин, ки дар дохили нажоди Аврупоӣ дохил мешаванд, ҷой кардаанд.

Дар донишномаи Брокгауз ва Эфрон, ки дар асри XIX ба нашр омадааст, дар бораи шакли зоҳирии тоҷикони кӯҳистон, чунин нависта шудааст:

                                     

4. Адабиёт

  • История таджикского народа в кратком изложении, т. 1. С древнейших времён до Великой Октябрской социалистической революции 1917 г. - М., 1949, 1952, 1955;
  • Тоҷикон. Таърихи қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1.2. - Душанбе,2008 870 с.
  • Таърихи мухтасари халқи тоҷик. - Сталинобод, 1947;
  • Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1.2. - Душанбе,1998. - 870 с.;
  • Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. - М., 1972. - 866 с.;
                                     

Найқалам

Найқалам олати китобатро гуянд, ки аз замонҳои бостон байни мардуми машриқзамин аз ҷумла тоҷикон маъмул буд. Онро аз най сахт тарошида, барои навиштан истифода мебурданд. Ручкаҳои ҳозира найқаламро аз истифода баровардаанд.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →