ⓘ Водии Ҳисор - водиест, ки дар Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, қисмати марказии Тоҷикистон ҷойгир аст. Дар ҳудуди водии Ҳисор чунин воҳидҳои маъмурӣ ҷойгиранд: Шаҳринав, ..

Кофарниҳон (мазмунҳо)

Мазмунҳо: Кофарниҳон дарё - номи дарё дар водии Ҳисор Кофарниҳон - собиқ номи шаҳр солҳои 1992-2003 дар водии Ҳисор. Қалъаи Кофарниҳон - номи Қалъа дар Тоҷикистон

Саломнома (суруд)

"Саломнома" - як навъ суруди анъанавии ҷашну тӯйҳои арӯсии тоҷикон, ки ба муносибати қадам ниҳодани арӯс ба хонаи домод аз тарафи наздикони арӯс иҷро карда мешавад. Ҳангоми ба арӯсхона ворид шудани арӯс аз ҷониби бибихалифа "Саломнома" хонда мешавад. Занҳои дигар пас аз ҳар як сатр хондани ӯ ҳама якҷоя "ҳазор алек" гуфта, ҷавоб медиҳанд.дар маросими арӯсбарон Он дар шаҳру ноҳияҳои баъзе мавзеъҳои тоҷикнишини вилояти Фарғона, ва тоҷикони Бухорову Самарқанд, вилояти Қашқадарё маъмул буда, ҳамчун суруди муборакбодӣ маъруфу машҳур аст. Дар Вилояти Суғд, водии Зарафшону водии Ҳисор фаъол аст.

Ангури Бахтиёрӣ

Ангури Бахтиёрӣ, як навъ ангури маҳаллии қадимаи миёнасолиро гӯянд; селекцияи халқист. Бештар дар вилояти Ленинобод аниқтараш Суғд, води Ҳисор ва қисман дар вилояти Самарқанд-и ҶШС Ӯзбекистон парвариш мекунанд. Кундаи токаш тез сабз, 24 ё 27%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Гулаш ду ҷинса, 10 ё 15-уми май гул карда, авали сентиябр мепазад. Хӯшааш калони маҳрутшакл, шингилҳои болояш нағз инкишоф меёбанд.

Девзира

Девзира - биринҷи ҷойдорӣ. Калондонаи дарозрӯя, шаффоф, сурху сафед, оббардор аст ва кам равған мехӯрад, оши паловаш хуштаъм мешавад. Дар он витамини В-2 нисбат ба дигар биринҷҳо зиёд аст. Бештар дар ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Нову Пролетар ва дигар ноҳияҳои вилояти Суғд ва водии Ҳисор кишта мешавад.

"Аҷириқ ба дандон" (бозӣ)

"Аҷириқ ба дандон" Ин бозӣ дар фасли тобистон миёни бачаҳои миёнсол ва наврасон баргузор мешавад. Сардор чӯбчаеро ба андозаи 10-15 см гирифта, аз чор се ҳисаашро ба замини алафдор мегӯронад. Бозигарон бо навбат ба шикам ба замин дароз кашида, кӯшиш мекарданд, ки ба дандон чӯбро кашида гиранд. Дигарон дар ин вақт баробар мегӯянд: "Аҷириқ ба дандон меканад, хараке ҷон" мекананд". Ғолиб онест, ки чӯбчаро бо дандон аз замин берун оварад. Дар Водии Зарафшон, водии Ҳисор нимфаъол аст.

Cебайтӣ

Cебайтӣ - Себайта як навъи назми шифоҳӣ дар фолклори тоҷик мебошад, ки аз се байт иборат буда, дар мавзӯъҳои ишқию лирикӣ ва иҷтимоӣ эҷод шудааст. Бисёр себайтаҳо дар асоси рубоиву дубайтиҳо эҷод шудаанд ва аз нигоҳи мазмуну мундариҷа бо онҳо муштарак мебошанд. Дар Хатлон, водии Ҳисор фаъол аст.

                                     

ⓘ Водии Ҳисор

Водии Ҳисор - водиест, ки дар Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, қисмати марказии Тоҷикистон ҷойгир аст.

Дар ҳудуди водии Ҳисор чунин воҳидҳои маъмурӣ ҷойгиранд:

  • Шаҳринав,
  • Ҳисор,
  • Турсунзода,
  • Файзобод,
  • Ваҳдат,
  • шаҳрҳои Душанбе,
  • ноҳияи Ваҳдат
  • ноҳияи Рӯдакӣ,
  • ноҳияи Файзобод,
  • ноҳияи Варзоб,
  • ноҳияи Ҳисор,

Водии Ҳисор дорои чунин маскану мамнӯъгоҳҳои тарихиву табии мисли – дараи Варзоб, базаи лижаронии Сафедорак, Осоишгоҳи Хоҷаобигарм, мавзеъҳои табии дараи Варзоб, Қалъаи Ҳисор, дараи Қаратоғ, Париён кӯл, Ширкент, Қаратоғ, Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ, дараи Ромит, Истироҳатгоҳи Зайрон мебошад.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →