ⓘ Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон - асари дуҷилдаи донишномаӣ доир ба соҳаҳои кишоварзии Тоҷикистон. ..

Гулобӣ

Гулобӣ - навъи харбузаи тирамоҳӣ аст. Дукмонанд, тухмшакли борики дароз; дарозиаш 27-56 см, вазнаш 8-12 кг, баъзан то 40 кг мешавад. Пӯсташ сахт, сабзи баланд, зардча, суфтаи тӯр-тӯр аст. Бештар дар вилояти Суғд, водии Вахшу Ҳисори Тоҷикистон, вилоятҳои Хоразму Бухоро, Самарқанд ва Сурхандарёи Ӯзбекистон паҳн шудааст.

Каду

Каду - ҷинси гиёҳҳои як ё бисёрсолаи полизӣ аз оилаи кадуиҳо ; зироати маъмул. Поя, яъне палакаш дароз, баргаш соддаи яклухт ё панҷашакл, гулаш калон, гуногуншакл, зард, норанҷӣ, ҳосилаш калон. Дар дунё 27 намуди каду маълум аст. Асосан 3 намудашро мекоранд: Гаҳворакаду Cucurbita maxima Палавкаду Cucurbita moschata Ошкаду ё чӯбкаду Cucurbita pepo

Кабк

Кабк - паррандаи хушовоз ва шикорбоб. Ҷуссааш миёна, вазни модакабк 350 - 550 г, наркабк 450 - 750 г ; думаш 80 - 90 мм. Рангаш ҷигарии равшан, кабудтоб буда, дар паҳлӯ хатҳои кӯндаланги сиёҳ, сурхчаи тира ва сафед дорад; нӯлаш ва пойҳояш сурх. Кабк асосан дар нишебиҳои санглохи кӯҳсор зиндагӣ мекунад. Баъзан дар буттазори анбӯҳ ва дарахтзор низ вомехӯрад.

Аркони

Аркони - як навъи харбузаи тирамоҳӣ. Бештар дар водии Вахшу Ҳисор вилояти Суғд ва инчунин дар вилоятҳои Самарканд, Бухоро ва Тошканду Сурхандарёи Ӯзбекистон кишт карда мешавад. Баъди 110-120 рӯзи кишт мепазад. Ҳосилаш тухмшакли нугборик, дарозиаш 30-35см, вазнаш 4-7кг. Пӯсташ камтуру сабзи баланд, мағзаш сабз, хушлаззати сершира, то 9.1% қанд дорад. Дер нигоҳ доштан, хушконидан ва ба ҷойҳои дур бурдан мумкин аст.

Даҳана

Даҳана аз калимаҳои тоҷикии "Даҳана" ва форсии "دهانه" гирифта шуда, маъноҳои зеринро дорост: ҷои аз ҷӯи калон обгирии ҷӯи хурд ё замин аз ҷӯй даҳанаи кӯҳ Даҳана - номи деҳа, вобаста аз мавқеи ҷойгиршавиаш ба деҳа чунин номгузорӣ мекунанд. оҳани махсуси лаҷом, ки аз даҳони асп гузаронда мешавад. даромад ва мадхали ҳар ҷой даҳанаи дара даромадгоҳ, резишгоҳ, даҳона

Кайк

Кайк хуни ҳайвоноти гуногун -ро макида, баъзан ангезандаи як қатор бемориҳои хавфнок тоун, ҳасба ва ғайра-ро дар байни одамон паҳн менамояд. Оби даҳони кайк таъсири озурдасозӣ дорад. Кайк дар пашми ҳайвонот ва пару боли паррандагон тез ҳаракат карда, ҷуфти пои қафояш барои ҷаҳидан хизмат мекунад. Ранги кайк зардча ё ҷигарӣ аст. Кайки нарина аз модинааш хурд мебошад.

                                     

ⓘ Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон

"Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон" - асари дуҷилдаи донишномаӣ доир ба соҳаҳои кишоварзии Тоҷикистон.

                                     

1. Ҷилдҳо

Ҷилди 1-и он соли 1989 дар СИЭСТ нашр шудааст, ки аз 576 саҳифа бо 12 варақ тасвирот иборат буда, мақолаҳои бо ҳарфҳои А - М АБАЛАК - МУРҒ-ро дар бар мегирад. Дар ин ҷилд 24 замима бо тасвироти ранга мавҷуд буда, матнҳо 785 аксу нақшаҳо доранд. Ҷилди дуввум 1991 аз мақолаҳои сароғоз бо ҳарфҳои М - Ҷ МУРҒАК - ҶӮЯК ва аз 608 саҳифа бо 11 варақ тасвирот, 21 замимаи дорои тасвироти ранга иборат буда, матнҳо 749 тасвир ва нақшаҳо доранд. Ҳар ду ҷилд дар маҷмӯъ беш аз 8 ҳазор мақоларо фаро гирифтааст.

                                     

2. Мундариҷа

Дар донишномаи мазкур оид ба истилоҳот, ташкил, иқтисодиёт ва банақшагирии истеҳсолоти кишоварзӣ, рустанипарвариву обчакорӣ, деҳқониву чорводорӣ, зироаткорӣ, табиат ва муҳити зист маълумоти умумӣ ва аксу тасвирҳо дода шудаанд. Баъзе мақолаҳои донишнома доир ба ҳайвоноту набототи нодир, навъҳои меваву сабзавоти маҳаллӣ, қаҳрамонони Меҳнати Сосиалистӣ, олимони ватаниву хориҷие мебошанд, ки дар рушди илмҳои кишоварзӣ саҳм гузоштаанд. Як қисми мақолаҳо ба рушди минбаъдаи чорводорӣ, асосҳои илмии парвариши чорво, густариши зотпарварӣ, техникаи кишоварзӣ ва истифодаи он, таърихи деҳқониву чорводорӣ, тарзу усулҳои парвариши кулли зироатҳо бахшида шудаанд.

                                     

3. Муаллифон

Дар таълифи "Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон" олимону мутахассисони муассисаҳои илмии АИ ҶШС Тоҷикистон Институти зоология ва паразитология, Институти ботаника, Комитети давлатии агросаноатии ҶШС Тоҷикистон ва кормандони редаксияҳои Хоҷагии қишлоқ, Назорати илмӣ, Тасвирот ва харита, шуъбаҳои Истеҳсолот, Комлектонӣ, Тасҳеҳоти СИЭСТ ширкат кардаанд. Ҳар ду ҷилди донишнома ба забони тоҷикӣ бо теъдоди 10000-нусхагӣ дар Комбинати полиграфии Душанбе ба чоп расидааст.

                                     

4. Адабиёт

  • Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон Иборат аз 2 ҷилд. - Душанбе, 1989. - Ҷ. 1. - 576 с.
  • Энциклопедияи Советии Тоҷик: / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. - Д.: СИЭСТ, 1978 - 1988.
  • Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон Иборат аз 2 ҷилд. - Душанбе, 1991. - Ҷ. 2. - 608 с.
Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →