ⓘ Атахон Сайфуллоев - адабиётшинос, нависанда, шоир, доктори илмҳои филологӣ, профессор. Ходими шоистаи фарҳанги ҶШС Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони ҶШС Т ..

1 май

Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони 1 май 1929 - Гурминҷ Завқибеков 1928-2003, ҳунарпшаи театр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон. 1928 - Бобо Ҳоҷӣ 1928-2016, шоир. 1967 - Маҳмадтоҳир Нарзуллоев, муаррих. 1932 - Низом Баҳриддинов 1932-2002, доктори илмҳои географӣ, профессор. 1922 - Султон Маҳмудов 1922-1992, журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон. 1967 - Амиршо Тоштемиров, журналист. 1937 - Майрам Юсуфова, забоншинос. 1952 - Муҳаммад Маҳмадов, журналист. 1947 - Алмос Абдуллоев, мутриб, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон. 1937 - Марям Исоева, ҳунарпшаи театр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон ...

Драматургияи тоҷик

Драматургияи тоҷик - драматургияи касбӣ дар адабиёти тоҷик падидаи наве буда, песаҳои А. Усмонов "Мубориза", С. Саидмуродов "Раъно", Ғанӣ Абдулло "Вахш", Сотим Улуғзода "Шодмон" ва "Калтакдорони сурх", Ҷалол Икромӣ "Душман", ки воқеъияти солҳои 30-юмро бо рангомезиҳои романтикию реалистӣ тасвир кардаанд, барои пешрафти ин навъи адабӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Ҳамзамон, адибони тоҷик маҳз дар осори драматургӣ ба таҳқиқи мавзӯъҳои гуногуни таърих, фолклор ва классикаи миллӣ фаъолона рӯй оварда, қаҳрамонони шӯриши Восеъро ба саҳнаи театр кашиданд. Дар заминаи сужетҳои "Шоҳнома" осори д ...

                                     

ⓘ Атахон Сайфуллоев

Атахон Сайфуллоев - адабиётшинос, нависанда, шоир, доктори илмҳои филологӣ, профессор. Ходими шоистаи фарҳанги ҶШС Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони ҶШС Тоҷикистон.

                                     

1. Зиндагинома

Атахон Сайфуллоев факултаи филологияи тоҷики ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст 1954. Аспиранти ДДОД ба номи Т.Г.Шевченко 1955-1958, ходими калони илмии ПЗА АИ ҶШС Тоҷикистон 1958-1965, мудири кафедраи адабиёти тоҷики ДДОЛ ба номи С.М.Киров 1965-1968, котиби садорати ИН ҶШС Тоҷикистон 1968-73, докторанти Академияи улуми ҷомеашиносии назди КМ ХКИШ 1973-1975 сармухаррири сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик 1975-85, ходими пешбар ва сарходими илмии ПЗА АИ ҶШС Тоҷикистон1985-1989, директори Донишкадаи марказии такмили маҳорати муаллимони ҶТ 1989-90, мудири шуъбаи хамкори бо ташкилотҳои чамъиятию сиёси ва муносибатҳои миллии КМ ХК Тоҷикистон 1990-91, раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон 1991-92, котиби масъули шуъбаи суғдии ИН Тоҷикистон 1993-2002, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик аз с.1995, ҳамзамон раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар в.Суғд 1997-2007, муовини раиси Шӯрои мазкур аз с.2007, сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва ҷамъиятии" Паёми Суғд аз с.2002.

                                     

2. эҷодиёт

Муаллифи бештар аз 1000 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла тадқиқотҳои таърихӣ-адабӣ доир ба эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, Т.Асирӣ, С.Айнӣ, М.Турсунзода, Ҳ.Карим, Ҷ.Икромӣ, Р.Ҷалил, А.Шукуҳӣ, Ф.Мухаммадиев, П.Толис ва дигарон, ҳамчунин проблемаи таъсири мутакобилаи адабиётҳои миллиро ба тадқиқ гирифтааст. Яке аз муаллифони асари шашҷилдаи "Таърихи адабиёти шӯравии тоҷик" ва "Таърихи адабиёти сермиллати шӯравӣ" Маскав, муаллифи повест ва очеркҳои бадеӣ, тарчумони романи С.Баруздин "Такрори дарсҳои гузашта", очеркҳои М.Котов ва тадқиқоти Г.Ломидзе "Оҳанги интернатсионалӣ дар адабиёти шурави" мебошад. Як силсила мақолаҳояш дар Маскав, Киев, Минск, Алмаато, Бишкек, Тошканд ва Афғонистон ба чоп расида, қисме аз онҳо ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ тарҷума шудаанд. Таҳти рохбарии С. ҳафт нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.

                                     

3. Осор

  • Тафаккур ва образ. - Д., 1968;
  • Уфуқҳои тозаи наср. - Д., 2006;
  • Фуруғи маънавият. - Хуҷанд, 2005;
  • Мирзо Турсунзода. - Д., 1983;
  • Оинаи барқади сухан - Хуҷанд, 2013.
  • Халқаҳои пайванди адабӣ. - Хуҷанд, 2003;
  • Аз таърихи андешаи миллии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввалҳои аср XX - Хуҷанд, 2011ҳамроҳи Осим Каримов;
  • В единстве и родстве. - Д., 1989;
  • Дӯстии халқҳо – дӯстии адабиётҳо. - Д., 1975;
  • Меридианы поэзии. - Д., 1971;
  • Проблемы взаимодействия литератур. - Д., 1976;
  • Президент Эмомали Рахмонов. - М., 2000 бо хаммуаллиф;
  • Романи устод Садриддин Айни" Дохунда”. - Д., 1966;
  • Ҷону ҷаҳони наср - Хуҷанд, 2009; дар бораи эҷодиёти Абдулҳамид Самад;
  • Паямбари ишқ - Хуҷанд,2012, ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ;
                                     

4. Мукофот

Дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ буда, бо ифтихорномаҳои Раёсати ШО Ҷумҳурии Тоҷикистон, орденҳои Шараф, Дустӣ, медали тилои Кумитаи ҷумҳуриявии сулҳ, медали 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ғайра мукофотонида шудааст.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →