ⓘ Ноҳияи Исфара - яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Маркази ин ноҳия шаҳри Исфара форсӣ: اسفره ‎ аст ки 108 км ..

31 январ

Бознигаред: Гурӯҳ:Рӯйдодҳои 31 январ 1606 - "Сӯиқасди борутӣ": Гай Фокес барои сӯиқасдаш ба ҷони шоҳи Англия Ҷеймси 1 ва парлумон қатл карда шуд.

Катибаи Ворух

Катибаи Ворух хати замони ҳукмронии сулолаи Қарахониён дар ноҳияи Исфара. Байни деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух 2 катибаи дар руйи харсанг ба забони арабӣ навишташуда ёфт шуд, ки онҳоро В.В. Бартод ва М.с. Андреев соли 1896, Л.Половцев соли 1904, К.А Иностранцев 1925 ва Б.А Литвинский 1956 тадқиқ кардаанд.

27 май

Қирғизистон, Рӯзи китобхона. Нигерия, Рӯзи кӯдакон. Русия, Рӯзи таваллуди Санкт-Петербург; Рӯзи умумирусиягии китобхонаҳо.

10 январ

Бознигаред: Гурӯҳ:Рӯйдодҳои 10 январ 1927 - кумиҷроияи округи Хуҷанд дар маҷлиси худ ахбороти КИМ-и Ӯзбакистонро дар бораи ташкили ноҳияи Исфара ва муайян кардани сарҳади он шунида муҳокима намуд.

Нақшу нигори гулдузиҳои тоҷикӣ

Гулдӯзии тоҷикон ҳунари нафисаи қадима буда, ҳамчун навъи зуҳуроти муҳими ҳаёти инсоният ва як намуди санъати амалӣ-ороишии мардумӣ қисми муҳими мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки намунаҳои волои гулдӯзии тоҷикиро дар аксари осорхонаҳои Тоҷикистон ва инчунин дар баъзе осорхонаҳои машҳури олам дидан мумкин аст. Оғози пайдоиши кашидадӯзӣ ба давраи аввали ҳаёти инсонӣ-асри санг мансуб дониста мешавад. Зеро дӯхтан ва кук задан ҳангоми аз пӯсти ҳайвонҳо либос омода намудани инсони ҳамин давра пайдо шуда, бо гузаштан аз истифодаи бигизҳои сангӣ ба устухонӣ ва дертар аз ...

                                     

ⓘ Ноҳияи Исфара

Ноҳияи Исфара - яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳри Исфара форсӣ: اسفره ‎ аст ки 108 км шарқтар аз шаҳри Хуҷанд дар каронаи рӯди Исфарасой ҷойгир аст. Аз Исфара то Душанбе 410 км роҳ аст.

                                     

1. Ҷойгоҳ

Ноҳияи Исфара бо сарзамине 835.9 км² дар доманаи кӯҳсори Туркистон дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, дар шарқ ва ҷануб - бо вилояти Бодканди Қирғизистон ва дар ғарб - бо ноҳияи Конибодом аз бахшҳои вилояти Суғд ҳаммарз аст.

                                     

2. Таърих

Ин ноҳия 31 январи соли 1927 дар бахше аз округи Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ёфта аст. Дар моҳи октябри соли 1929 бахше аз вилояти Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон шуд.

                                     

3. Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Исфара Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Исфара Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Исфара барои 5 сол интихоб мекунанд.

                                     

4. Иқтисод

Ноҳияи Исфара 20 корхонаи саноатӣ, 392 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 368 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 4.3 ҳазор га, аз ҷумла 4.3 ҳазор га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия сабзавот, ғалла ва качолу картошка аст.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →