ⓘ Донишгоҳи техникии Тоҷикистон. Донишгоҳ соли 1956 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Дар замони Шӯравӣ номаш Институти политехникии Тоҷикистон буд. Мақоми донишг ..

Муҳандис

Муҳандис, Инженер - мутахасис, ки корҳои муҳандисиро иҷро мекунад. Муҳандис мутахасисе мебошад, ки корҳои муҳандисиро иҷро мекунад; тарҳрезӣ, истеҳсол, таъмири техникии равандҳо ва таҷҳизотҳои механикӣ. Муҳандис, коргари ихтисосманд ва кордоне мебошад, ки маълумоти касбии техникӣ дорад ва ба хизматрасонию таъмири техникаю асбобҳо машғул аст. Масалан: муҳандис-механик, муҳандис-тарроҳ ва ғ. Муҳандис аз рӯи қоида ба ҳама равандҳо, сохтҳои техникӣ, ки ба корҳои муҳандисию механикӣ дохил мешаванд, сару кор мегирад; тадқиқотҳо, банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, конструксиясозӣ, коркарди технологияи масну ...

TajSpell

TajSpell 1.0 ин модули тафтиши имлои забони тоҷикӣ ва аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо дар барномаҳои Microsoft Office ва дигар барномаҳо аст, ки дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии кормандони кафедраи "Таъминоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ" Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар ш. Хуҷанд ва мактаби илмии лингвистикаи тоҷикӣ дар назди Ташкилоти ҷамъиятии" Маркази рушди технологияҳои иттилоотӣ Зафар Усмонов” бо ҳамкорӣ бо ширкати умумиҷаҳонии Microsoft сохта шудааст. Тафтиш ва аз сатр ба сатр гузаронӣ бо имкониятҳои стандартие, ки дар ...

Факултаи Ҳуқуқшиносии ДДХБСТ

Факултети ҳуқуқшиносӣ соли 1994 дар асоси филиали шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шудааст. Асосгузор ва нахустдекани факултет, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент шодравон Солибой Ҳасанов буданд, ки саҳми он кас дар таҳкими базаи моддӣ-техникии факултет ва омода кардани омӯзгорони ҷавон ба масъалаи таълиму тарбия бениҳоят бузург мебошад. То соли 2000 факултет расман факултети ҳуқуқ ва муносибатҳои байналхалқӣ номида мешуд. Мақсади асосии фаъолияти факултет омода кардани мутахассисон-ҳуқуқшиносони баландихтисос барои ...

                                     

ⓘ Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Донишгоҳ соли 1956 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Дар замони Шӯравӣ номаш Институти политехникии Тоҷикистон буд. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Шумораи донишҷӯён 10700 наф., кормандони илмӣ-омӯзгорӣ 570 наф. аст.

                                     

1. Таърих

Бо Қарори кабинети Совети Вазирони СССР аз 6 январи соли 1956, 1 сентябри соли 1956 дар ш. Душанбе Донишкадаи политехникӣ кушода шуд политехникии Тоҷикистон 3 факултет: энергетикӣ, технологӣ ва сохтмон ташкил шуда, 8 ихтисосро дар бар мегирифт. ки ба ин ихтсосҳо 200 донишҷӯй қабул карда шуда буд. Соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд якумин филиал кушода шуд, ки соли 2010 ҳамчун донишкадаи политехникии мустақил дар ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон табдил дода шуд. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи политехникии Тоҷикистон соли 1992 ба Донишкадаи техникии Тоҷикистон табдил дода шуд, ва соли 1997 ба вай номи ректори аввалини донишгоҳ - академик Муҳаммад Осимӣ гузошта шуд. Соли 1996 дар ҳайати донишгоҳ факултети соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷмент, соли 2005 факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ташкил карда шуд. Дар 55 соли таърихаш, донишгоҳ зиёда аз 45 ҳазор мутахассис тайёр кардааст, ки онҳо дар вазорату, идораҳо, муассисаҳои саноатӣ, сохтмонии ҷумҳурӣ ва берун аз он кор ва фаъолият мекунанд. Дар 8 факултаҳои донишгоҳ аз рӯи 55 ихтисос мутахассис тайёр мекунанд. Ҳоло дар донишгоҳ зиёда аз 10700 донишҷӯ, аз он ҷумла дар таълими рӯзона 8000 донишҷӯён дониш меомӯзанд. Дар 50 кафедраҳои донишгоҳ зиёда аз 570 муаллимон, аз он ҷумла докторони илм, дотсентон кор ва фаъолият доранд.

                                     

2. Факултаҳо

Дар донишгоҳ 6 факулта фаъолият дорад:

  • Факултаи менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ
  • Факултаи нақлиёт
  • Факултаи сохтмон ва меъморӣ
  • Факултаи энергетикӣ
  • Факултаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ
  • Факултаи технологияҳои инноватсионӣ
                                     

3. Маъмурият

Сохтори ДТТ иборат аз - 6 факулта:

  • Маркази дистансионии таълимӣ
  • Факултети тайёрии ибтидои донишҷӯён
  • Коллеҷи техникии ш. Душанбе
  • Такмили ихтисос тахассус
  • Донишгоҳи политехникии Хуҷанд

Ректори донишгоҳ Узви пайвастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои техникӣ Ҳайдар Одиназода аз соли 2013 то ҳоло мебошад.

  • Нишонаи донишгоҳ: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо 10а.
                                     

4. Шуъбаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Хуҷанд

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд соли 2010 таъсис ёфтааст. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои литсензияҳои давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →