ⓘ Нусратулло Махсум - яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, дорандаи унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикис ..

Даҳбеди Самарқанд (шаҳрак)

Шаҳраки Даҳбед - дар дувоздаҳкилометрии шимолу ғарби наздики Самарқанд воқеъ гардидааст ва бо номи Махдуми Аъзам ва Хоҷагони Махдуми Аъзамӣ, ки онҳоро Хоҷагони Даҳбедӣ низ мегӯянд, иртибот дорад.

                                     

ⓘ Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум - яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, дорандаи унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қаҳрамони Тоҷикистон,

                                     

1. Зиндагинома

Нусратулло Махсум Лутфуллоев – соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии бекигарии Қаротегин Аморати Бухоро дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст. Дар оғози ҷавонӣ ба шаҳрҳои Қуқанд ва Фарғонаи кишвари Туркистон сафар карда, чун ҳаммол кор кардааст. Дар давраи инқилоби якуми Русия, солҳои 1905-07 Нусратулло Махсум дар корпартоиҳо ва намоишҳои коргарони шаҳри Қуқанд ширкат варзидааст. Соли 1920 баъди инқилоби халқӣ - демократии Бухоро ва аз тахт афтодани амири Бухоро ба қатори муборизони роҳи таҳкими Ҳокимияти Шӯроӣ дар Бухорои Шарқӣ дохил мешавад. Соли 1921 то 1923 чун ваколатдори кумитаи озуқаи ҶХС Бухоро дар таъмини аскарони сурх ширкат карда, ҳамчунин дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе иштирок кардааст. Сипас ба ҳайси раиси коммисиюни фавқулодаи мутаадиди Бухорои Шарқӣ, раиси КИМ-и Бухорои Шарқ ва раиси кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст.

1 декабри соли 1926 дар анҷумани якуми муассисони Шӯроҳҳои умумитоҷикии коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх, Нусратулло Махсум, якдилона ба вазифаи раиси мақоми олии давлатӣ – Комитети Иҷроияи Марказии ҶМШС Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1929 баъди таъсиси Ҷумхурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб гардида, то декабри соли 1933 дар ин вазифа кор кардааст. Сипас ба ихтиёри КМ ВКП б фиристода шуда, дар академияи ба плангирии Москва таҳсил намудааст. Солҳои 1926-1930 аъзои КМ ҲК б Ӯзбекистон, 1930-1933 аъзои бюрои КМ ҲК б Тоҷикистон, 1927-1934 аъзои КИМ ИҶШС буд. Одамони ҳамзамону ҳаммаслакони Нусратулло Махсум: Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Шириншо Шотемур, Файзулло Хочаев, Абдулло Раҳимбоев, Ашӯров Урунбой, Абдуллоев Сайфулло, Исмоилов Иброхим, Анваров Саидаҳмад, Мавлонбеков Аҳмадбек, Абдураҳим Ҳоҷибоев буданд.

                                     

2. Ҷоизаҳо

Ӯ бо як қатор мукофотҳои Ҷумҳурии Бухоро, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ордени "Байрақи Сурх", мукофонида шудааст. Соли 1937 ба гирдбоди "душмантарошӣ" афтода, 1 ноябри соли 1937 ба қатл расонида шудааст. Декабри соли 1958 бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва хулосаи Прокурори Генералии ИҶШС бегуноҳ бароварда шуда, 26 июли соли 1964 дар сафи ҳизби коммунистӣ аз нав барқарор гардидасст.

                                     

3. Қаҳрамони Тоҷикистон

27 июни соли 2006 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 1773 ба Нусратулло Махсум унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →