ⓘ Маориф дар Тоҷикистон - Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Маҷаллаи Олами маориф, Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон ..

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорáти маори́ф ва илми Ҷумҳури́и Тоҷикистóн - мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳия ва тат­биқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи маориф масъул аст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ...

Аълочии маорифи Тоҷикистон

"АЪЛОЧЍИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН" - нишони сарисинагӣ, ки бо он кормандони беҳтарини муассисаву корхонаҳои маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқи касабаи коркунони ма­ориф, мактабҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои илмӣ қадр карда мешаванд. Кормандони беҳтарини соҳаҳои дигар, ки дар кори маорифи халқ хидмати шоиста кардаанд, бо тавсияи вазоратҳо ва муассисаҳои дахлдор низ бо ин нишон сарфароз мегарданд. Соли 1944 бо номи "Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон" таъсис ёфт. Баъд "Аълочии маорифи Тоҷикистон" ном гирифт. Соли 2009 нишони "Аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон ...

Маҷаллаи "Олами маориф"

"Олами маориф" - маҷаллаи илмиву оммавӣ ва нашрияи Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ" - Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассис - Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ" - Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ношир - редаксияи маҷаллаи "Олами маориф" Маҷалла ба андозаи А - 4, 60 - 84 саҳифа ба забони тоҷикӣ русӣ ва узбекӣ нашр мешавад. Даврият – 4 шумора дар як сол. Мавзӯъҳои маҷалла – шарҳу тавзеҳи илму маориф дар Тоҷикистон ва нашри мақолаҳои таълимию методӣ доир ба мактаб мебошад.

Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон

Донишкада соли 2006 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъсис ёфтааст. Сарпарасти донишкада Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мебошад. Мақоми донишкада мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои литсензияҳои давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи маориф ва илм масъул аст. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф ва илм, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷл ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →