ⓘ Нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон - Силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш, Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Нерӯгоҳи барқи обии Бойғозӣ, НБО Сарбанд ..

Силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш

Дар НБО Сарбанд - се гидроагрегати иқтидорашон 45 ҳазор кВт ва се гидроагрегати иқтидорашон 35 ҳазор кВт насб карда шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи НБО Сарбанд 240 ҳазор кВт – ро ташкил медиҳад. Ду агрегати аввалини нерӯгоҳ соли 1962 ва 4 агрегати дигар соли 1963 ба кор даромадаанд.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин - Роғун соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад. Оид ба сохтани НБО Роғун соли 2005 байни Тоҷикистон ва Ширкати "Русский алюминий" "Русал"-и Федератсияи Русия шартномае имзо шуд, вале он амалӣ нагардид. Тоҷикистон 29 августи соли 2007 он шартномаро бо ширкати "Русал" бекор карда, азм кард, ки ин нерўгоҳро бо маблағи ...

Нерӯгоҳи барқи обии Бойғозӣ

Нерӯгоҳи барқи обии Бойғозӣ - дар дарёи Вахш сохта шудааст. Обанбори Бойғозӣ манбаъи обии нерӯгоҳ шудааст. Дар НБО Бойғозӣ 4 гидроагрегати иқтидорашон 150 ҳазор кВт. насб карда шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи нерӯгоҳ 600 ҳазор кВт- ро ташкил медиҳад. Се гидроагрегати аввалини нерӯгоҳ соли 1985 ва охиронаш – соли 1986 ба кор андохта шудааст. То 1 январи соли 2010- ум НБО Бойғозӣ 54.3 миллиард кВт.соат барқ истеҳсол кардааст.

Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2

Нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-2 - поёнтар аз НБО Сангтӯда-1 дар дарёи Вахш ҷойгир шуда, бо он дар якҷоягӣ амал мекунад ва он имконияти танзими ҳаракати обро дар давоми шабонарӯз медиҳад. Иқтидори 2 агрегати НБО Сангтӯда-2 - 220 МВт мебошад.

НБО Сарбанд

НБО Сарбанд дар дарёи Вахш сохта шудааст. Ба силсилаи нерӯгоҳҳои Вахш дохил мешавад. НБО Сарбанд се гидроагрегати иқтидорашон 45 ҳазор кВт ва се гидроагрегати иқтидорашон 35 ҳазор кВт насб карда шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи НБО Сарбанд 240 ҳазор кВт – ро ташкил медиҳад. Ду агрегати аввалини нерӯгоҳ соли 1962 ва 4 агрегати дигар соли 1963 ба кор даромадаанд.

Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1

Бо шарофати кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2004 соли аз нав ба фаъолият сар кардани сохтумони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 гардид. Ҳангоми боздиди расмии президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2004 аҳднома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи иштироки Федератсияи Русия дар сохтмони нерӯгоҳи баркии обии Сангтӯда-1 баста шуд. Мувофиқи ин аҳднома, хароҷоти умумии сохтмон – 482 млн. доллари ИМА муайян гардид. Ҳукумати Федератсияи Русия ба сохтмони нерӯгоҳи барки об ...

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →