ⓘ Тоҷикистон - Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ..

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - дуюм вазифаи баланди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сарвазирро бино ба Моддаи 69 Сарқонуни Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин ё озод мешавад. Сарвазири кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мебошад, ки ба фармони президенти Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон

Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон - унвони фахрии кормандони санъат ва маданият, ки бо Укази Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон 28 марти 1939 таъсис ёфтааст. Мувофиқи низомнома ин унвон ба артистон, актёру коргардонҳои театру кино, дирижёрон, оҳангсозону мутрибон, кормандони эҷодии сирк ва намояндагони дигар бахшҳои фарҳанг, ки бо маҳорати баланд ва фаъолияти пурсамари эҷодиашон ба рушди санъати ҷумҳурӣ мусоидат намудаанд, эҳдо мегардид.

Шоири халқии Тоҷикистон

Шоири халқии Тоҷикистон - унвони фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон ба шоирон барои хизматҳои махсус дар рушди адабиёти тоҷик ва адабиёти дигар миллатҳо, офаридани асарҳои барҷастаи олимазмуни бадеӣ, ки сазовори эътирофи умум гардидаанд ва чун қоида, бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, дода мешавад.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфта, замони мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси Кумитаи марказии он дар амал роҳбари аввали ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 то соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов раиси ивазнашавандаи он буда, аввали моҳи июли соли 2016 Исмоил Талбаков, муовини аввали ӯ низ муддати солҳои тӯлонӣ раиси ҲКТ интихоб шуд. Исмоил Талбаков 17 декабри соли 2016 дар синни 61-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт. Аввали соли равон котиби ҳизб Мирзоазим Насимов муваққатан иҷрокунандаи раиси ҲКТ таъйин шуд ...

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон - унвони фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба шахсоне, ки дар инкишофи санъати театрӣ, мусиқӣ, кино ва сирки Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд ва чун қоида, на пештар аз панҷ соли баъд аз сарфарозгардонӣ бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дода мешавад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →