ⓘ Даргузаштагони Тоҷикистон - Атахон Сайфуллоев, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Лоиқ Шералӣ ..

Атахон Сайфуллоев

Атахон Сайфуллоев - адабиётшинос, нависанда, шоир, доктори илмҳои филологӣ, профессор. Ходими шоистаи фарҳанги ҶШС Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони ҶШС Тоҷикистон.

Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ - бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон.

Мирзо Турсунзода

Мирзо Турсунзода - шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, академики АИ ҶШС Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ. Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Қаҳрамони Тоҷикистон

Бобоҷон Ғафуров

Бобоҷон Ғафуров Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон, узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум - яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, дорандаи унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қаҳрамони Тоҷикистон,

Лоиқ Шералӣ

Лоиқ Шералӣ - шоири тоҷик, эроншинос, яке аз бузургони адабиёти муосири тоҷику форс дар Осиёи Марказӣ. Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.

Free and no ads
no need to download or install

Pino - logical board game which is based on tactics and strategy. In general this is a remix of chess, checkers and corners. The game develops imagination, concentration, teaches how to solve tasks, plan their own actions and of course to think logically. It does not matter how much pieces you have, the main thing is how they are placement!

online intellectual game →